"ё худ киссаи талхи зане, ки
безурёт монду шавхари худро
аз даст дод"
У бо Н.аз синни 20 солаги
шинос шудаасту дилбохтаи
ишки якдигар шудаанд. Дар
зиндаги чи лахзахои
фаромушнашавандаеро аз сар
гузаронидаанд. Ки Сайёда худ
бовариаш намеояд, ки окибат
ба чунин рузи шум омада
расиданд.
Зиндагиашон хуб буд,
гарчанде пас аз чанд муддати
берарпанох монданашон бо
шиканчахои зиёде сохиби
сарпанохе гардидаанд. Аммо
афсус он хама гаму гуссахое,
ки нисбати бесарпаноха
кашида буд, сафсата будаасту
хамааш афсона барин аз пеши
назараш гузашта рафт. Чуноне
ки худ мегуяд сохиби хона
гардидам ва аз хурсанди чои
нишаст надоштам. Бо
шавхарам монанди ду рафики
наздике ки хеч гох дар дил
кина надоштанд умр ба сар
мебурдем. Хатто дар ин
лахзахо фарзанд хам ба
ёдамон намерасид. Худ бо як
машаккати зиёде донишгохро
хатм намудам. Пас аз хатми
донишгох ба кор даромадам.
Ва таи ин муддат аз паи
табобат шудему бо шавхарам
аз назорати духтурхо
табибхои мардуми гузаштем.
Аммо афсус. Сад афсус ки пас
аз нишон додани натича ба
чунин хулоса омадам, ки айб
аз ман, балки аз шавхарам
будааст. Хамоно аз шавхарам
илтимос намудам, ки аз
духтурхо гузараду зиндагии
хубашонро вайрон накунанд.
Аммо у ба монанди оне, ки ду
пойро дар як муза андохтааст
катъи чавоб медод, ки айб аз у
нест ва намехохад аз назорати
духтур гузарад.
Пас аз кор баргаштаму
тарадуди хурокпази шудам.
Ногох дар занг зад. Дарро
кушодам ва шавхара ба хона
даромад. Чун харвакта салом
дода бо мехрубони ба хона
даъват намудам. Лек хамин
лахза пай бурдам, ки у дигар
ба мисли пештара нисбати
ман дилгарм набуд. Рафтораш
хулку атвораш дигар ва
суханхояш низ дурушт дагал
мебаромаданд.
Пас аз сукути чандинсоата ба
сухангуи огоз намуд.
Сайёдачон медони чи маро
падарам мачбур карда
истодааст, ки бори дигар
хонадор намояд. Барои ман
духтари 16 соларо интихоб
карда номзад намудаанд. Чи
кор кунам, аз дастам хеч кор
намеояд ба чуз аз ризоги
доданд. Пас аз шунидани
чунин суханхои ногахони
худро тамоман дигар хел хис
кардам. Ва сабабашро
пурсидам у хамоно чавоб дод
фарзанд намекуни?! Ин сухан
маро дар ин олами хасти хам
хаёт карду хам нест. Гуё аз
сарам касе як сатил оби
хунукро рехт.
Имруз шавхари мехрубони
ман бо забчаи нав оила барпо
намуда зиндагии нав бурда
истодааст. Аммо мани мискину
ноком талхихои хаётро
чашида ба худ фуру бурда
истодаам. Хамин кадараш ба
ман аламовар аст, ки
шавхарам чавоби маро
надода аз хона баромада
рафт. Ва то хол интизори рохи
уям, чунки дусташ медора.
Баъдан намехохам, ки паси ин
кор бо ба шавхари дуюм
расам. Охир барои ман бахти
аввал ширин ва азиз аст ва
хеч гох намехохам бо каси
дигаре такдирамро
пайвандам.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев