Падараш чанд сол пеш ба як ҷавонзан шинос шуда уро ба никоҳаш даровард. Бинобар ин ба хона бисёр шабҳо намеомад. Ба онҳо қариб ки аз ҷиҳати модди ёри намерасонд. Ба болои ин бо модараш бо ҳар баҳона ҷанҷол намуда у ва хоҳару додараконашро зери мушту лагат мегирифт. Рафта рафта аҳволашон бадтар шуд. Падар ба хона дигар чизе намеовард. Онҳо аз ҳисоби шири фурухтаи модар зиндаги мекарданд. Воқеаи тасодуфие рух доду аҳволашон бадтар шуд. Рузе модар чун ҳарвақта бо додараш ба шир фуруши рафтанд. Аз чи бошад мизоҷон кам меомаданд. Ин дам як зани ширфуруш нишониеро ба модар медиҳад ва таькид мекунад, ки он мард серпул аст ва бе чуну чаро ширатро мехарад. Ҳангоме ки ба он ҳуҷра рафту дарро куфт дарро шавҳараш кушод. Ҳуш аз сараш парид. Нафрат ва рашку тоб занро аз худ бурд. Вай акнун шавҳарашро бо дастонаш мекуфт. Шавҳар уро ҳақорат карда чунон тела дод ки аз зинаҳо пешпо хурда ғелида рафт. Шавҳар бори дигар суханҳои қабеҳ гуфта дарро пушид. Модар бо писараг ба хона баргашт. ҲАМОН бегоҳ падар омад ва модарашро дар сутуни оҳанин сахт баста авал уро хуб азоб дод. Баьд фарзандонашро якояк пеши чашмонаш мезаду бо дарзмоли сузон дастонашонро месузонд ва қатьиян талаб мекард ки у бо нуҳ нафар фарзандонаш хонаро холи кунанд. Пас аз хунук кардани дил у баромада рафт. Кудакон модарро аз сутун раҳо карда гирдаш нишаста аз қисмати талх мегиристанд. Чунин аҳвол чанд моҳ давом кард. Рузе модар тоқаташ тоқ шуду ба раисони деҳ арз кард. Раисони деҳ якҷо бо мардум падарро иҷборан аз қишлок пеш карданд. Аз он дам то имруз як сол гузашту дигар падари маст ба хона бознагаш.
Акнун у духтари калон ва зебо шуда то ҳануз аз хислати инчики даст накашида буд. Ба хона ва рузгори вазнини он бо дили нохоҳам ёри мерасонд. Барьакс сару либоси замонави пушидан сарсари гаштанро дуст медошт. Аз руи ҳавою ҳаваси ҷавони ба шаҳр ва шабнишиниҳо бо дугонаҳояш мерафт. Ба аёдати хешон рафта чанд шаб беҳуда ончо меистод. Ҳол онки вакти падар будан у ба ҳеч чой намерафт. Чун ҳарвакта имруз низ хост бо дугонааш ба бозор равад вале модар ба ин монеь шуд. Аз инру аз субди содик духтару модар баҳсу талош оғозиданд. Мода уро ба бепарвои ва булҳаваси айбдор мекард ва ҳатто хислату рафторашро ба падар нисбат медод. Хобҳои мубҳами шабона маломати модар дилашро сиёҳ кард. Нигоҳаш ба пои урён ва калушҳои даридаи модар афтод. Руймол палто ва почомааш фарсуда ва рангпарида буданд. Модар ба ашки резон широ гирифта аз дарун берун шуд. Додараш шапкаашро чуқур ккашида бо таги чашм уро месоид. ва аз ақиби модар рафт. Маҳбуба оҳиста дар ҷояш нишасту ба хоҳару додарони хурдаш ки дар хоби ноз буданд.Маьюсона нигарист қатраҳои ашки сузон аз чашмонаш беист ба рухсораҳояш ҷори шуданд. У аз ҷой хесту суи хони дугонааш рафт. Ҳамроҳ ба бозор рафтанд Дар бозор колои зебое ҳушашро чалб намуд вай акнун аз байни растаҳр гузашта истода буд ки касе аз дасташ гирифта сахт такон дод. Ин.. падар буд. Аз муяш гирифта аз кадом ҳисоб мондани дандонҳои тиллояш пурсон шуд. Чун фаҳмид тиллои уст. Як шапоти ба руяш зада аз худ дур карда таҳдид намуд. Бегоҳ рафта амбур дандонҳоятро канда мепартоям. Ин амали падар издиҳом дар гирдашон чамь кард. Маҳбуба дар як ҳоли ногувор монда буд. Дарвозаро кушода ба ҳавли даромад. Аз гардани модар ҳалка зада аз у бахшиш пурсид. Баьдан вокеаи бозоро ба модар накл карда алами бетолеи кард. Боке не рузе ин ғаму андуҳро поён аст. Шаб расид у ҳамон хел чизе нахурд ва тамоми шаб нимхоб буд. Фардо пеш аз ҳама аз хоб хеста берун баромад. Маҳбуба оҳиста оҳиста ба кори хона даст зад. Модар рафтори духтарро дида худ ба худ шукрона кард ки духтараш сари акл омадаст. Чун пешина модар ба ширфуруши рафт. Кори хонаро анчом дода ба либосшуи пардохт. Модар аз шаҳр баргашт хама чо тоза либосҳо шустаги буд ин ҳолат модаро хурсанд кард. Маҳбуба аз хона баромада бо лабханди ширин модаро пешвоз гирифт. Вале чашмонаш поёг наефтани аламашро гувоҳ буд. Пас аз тановул Модару додараш барои харид ба бозор рафтанд. У аз акиби модар то дергоҳ нигариста баьд дарвозаро махкам кард. Руи ҳавли касе набуд. Фурсатро ғанимат дон суи оғил рафт. Овози хоҳараш ки берун кушодани дарро талаб мекард уро саросема кард. Баьди чанде хоҳараш аз руи девори ҳамсоя ба ҳавли даромад дилашро ваҳм гирифт чеҳраи маҳзуну суханҳои апаш назараш пайдо шуд. Авал хона баьд ошхона ахиран оғилро кушод. Дар шифти оғил чисми апаро овезон дид. Вай худро овехта буд.У ҳануз чон меканд ва аз даҳонаш кафкоба меомад.
Тарсиду акибноки суи ҳавлии ҳамсоя омад у кайҳо ҷон дода буд. Мардуми зиёде чамь омаданд. Модар дарак ёфта аз ҳуш рафт. Аз шаҳр падарро оварданд вай шарм надошта ба додараш дод зада гуфтаст ки ҳамат нобуд шавед хуб аст. Баьди маросими дафн падар на танҳо аз деҳа аз шахр низ баромада барои кор ба Русия рафтаст. Ба модар аз ҳар тараф ёри мерасонанд ҳамсояҳо дилбардори мекунанд вале ғаму андуҳаш интиҳо надорад. Ва ҳар замон пеши худо аз толеи бад менолад. Касе ба фочиаи марги Маҳбуба аҳамият намедод. Нанги қасос аз онҳо фарсахҳо дур монда буд. Хешу акрабо хотир медиданд модар чазои падаро ба худованд ҳавола карда буд. Мардум гоҳе духтаро ба худсари айбдор мекарданд гоҳе падарро ба сангдили ва бемасулияти. Ба ҳар ҳол мардуми мо дар ҳоли мушкили ба парвардигор нола мекунанд ва тамоми ҳодисаҳои ҳаётиро аз такдир мебинанд. Дар ҳоле ки инсон дар таьини сарнавишти худ ихтиёр дорад ва дар ҳамин дуңё метавонад ба ҳақ расад. Бинобар ин наздикону ақрабои Маҳбуба низ худкушии ин ҷавон духтарро аз такдири бадфарҷоми у дида даьвогари накарданд ва аз инру гунаҳкорони чунин фочиаҳои ғамангезу пурдаҳшат аксар беҷазо мемонанд...
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев