Илтимос хонеду хулоса бароред.
Рӯзе субҳи барвақт аз хоб бархестаму хостам ҳавои тоза гирам баромадам ба ҳавли бӯи хуше аз шимоли деҳа меомад ончунон ҳавои дилкаше буд ки гӯё ба занҷир касе маро доштаю ба он тараф бурдаистода бошад бо хаёлҳои ҷавони ғарқ шуда рафтам то ҷойе расидам ки ҳамаи ошиқон ҳаваси рафтан доштанд.
Дар шимоли деҳа дарёе буд номаш дарёи Ишқ буд вақто расидам бинам ин субҳ дарё ончунон софу шаффоф аст ва ончунон пасту баланд шуда бо садояш касро мафтун мекард дар соҳил харсанги азиме буд болояш баромада нишастаму рӯ сӯи осмон карда ба офтоби нимпора баромада нигоҳ кардам оҳ Худоё чи зебост табиат ҳама сабзу гулпуш бубулон бо чаҳ чаҳи худ хоби касро меоварданд. Як лаҳзае чашмамро пӯшидам чуқур нафас гирифтам. Ногоҳ дарё аз нағма монд фикр кардам хушк шуд аммо чашм во кардам бинам дарё бо ҳамон тарзу сози худ ҳаракат дорад аммо садое ба гӯш намерасид, чашмонам равшан шуду бархестам аз ҷой баробари хестанам садое шунидам ист!! Ҳайрон шудам ва дар ҷой шах шудам бинам як махлуқе рӯ ба рӯям ба масофаи на он қадар наздику ва ҳам на он қадар дур истодааст. Чеҳраашро дида наметонистам пур аз нӯру равшани буд тоқат накадаму гуфтам ту кисти? Ҷавоб дод ман фариштаи Ишқ!!!
Дубора суол кардам чи мехоҳи?
Гуфт: чизе намехоҳам, аммо маълум ки чизе нафаҳмиди аз омаданам.
Гуфтам. Бале намедонам.
Ҷавоб дод. То имруз чи касе ба ин соҳил омадааст бо ҳаваси ошиқ шудан омадааст, яқин ки ту низ ҳавасҳо дори.
Ҳайрон шудаму гуфтам аммо ман маъшуқе надорам.
Гуфт бале. Сабр кун ба наздики ту ошиқ мешави. Худоро шукр кардам ки ба орзуям мерасам. Акнун суолҳоям пайи дар пай шуд чи касест ки ман ӯро дӯст медоштаам, ӯ кист, чи гуна инсон аст?
Фариштаи Ишқ дар ҷавоб гуфт, маъшуқаи ту худ чун фариштагон аст, ҳуснаш беҳамто, хушгуфтор, хушқаду қомату бо рассост.
Гуфтам чи гуна мисли фариштагон буда метавонад? Дар ҷавоб чизе нагуфту андаке сукут кард ногаҳон ғайб зад. Ба худ афсус хурдам чаро ин суолро кардаму ғамгин шудам. То нисфи руз мунтазир шудам аммо дубора барнагашт.
Бо руҳи ғамгин роҳи хонаро пеш гирифтам чаро ин хел шуд чи кадам ки Фаришта ғайб зад гуфта то хона омадам. Аз байн мудате гузашт акнун ошиқ шудам ба як паричеҳра ки вуҷудамро ишқаш фаро гирифтабуд.
Як шабе намози бисёр хондаму дуо кардам Худоё якбори дигар маро ба он Фариштаат ру ба рӯ кун то ба вай як чанд суоле кунам. Хулас субҳи барвақт аз хоб бархестаму ру сӯи соҳил шитофтам, аммо аз чи буд ки ин маротиб дарё дар як ҳолате ҳаракат мекард, ки гӯё мотам доштабошад ғамгин шудаму боз болои харсан баромадам, мкнтазир шкдам баъди гузашти лаҳзае фаришта аён шуду салом дод. Саломашро ҷавоб гирифтаму дар ҳол илтимос кардам ин маротиб бе огоҳи нарав гуфт бошад.
Суол кардам чаро дафъаи аввал суоле кардам аз ту ҷавобе надода ғайб зади гуфт акнун ҳамин суханатро мунатизр будам ки кай ба забон меори. Набошад ҷавобашро гӯш дорам гуфта хомуш шудам, гуфт маъшуқаи ту барои он мисли Фариштагон аст ки баъди бо ту буданаш мудате гузарад ҳаминтавр ғайб мезанад, аммо мисли ман дубора баргаштанаш аз имкон дӯр аст. Гирён шудам гуфтам чаро? Оё вай дуруғгӯй буд?
Гуфт на афсус ту андешаи оқибати ишқро накарди. Магар ту аз дунё ишқро наомухти ки бо ин ҳама бузургиаш бозшам бевафост ба ҳеҷ чизу, ба ҳеҷкас вафо ҳам раҳм надорад. Пас чи гуна ишқи кучаки ту вафодор бошад.
Дигар забонам лол шуда буд аз сухан гуфтан боз мондаму чун санг сахт шуда будам. Ҳангоми видоъ бо фариштаи Ишқ мутаасифона чизеаш гуфта натавонистам аммо вай ба ман нидо кард.
Гӯфт: ' Бархезу рав ҷисми бе ҷони маъшуқатро ба хок супор...
Илтимос бародарону хоҳарон пеш аз ошиқ шудан аввал фикри ояндаро кунед то пасфардо пушаймон нашавед...
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев