Писаре дар болои кат бемор хобида буд, ки аҷалаш расид.
Баъд ба назди ӯ як фариштае аз осмон меояду мегуяд:
- Ту дар ҳаётат бисёр хубиҳо карди ва акнун дар назди ту ду роҳ ҳаст, яке роҳ ба сӯи Биҳишт дигаре умр. Агар ба Биҳишт рафтан хоҳӣ танҳо 4 қадам мон.
Писар ба сӯи Биҳишт қадами аввалро мемонд, ки ногоҳ ба гӯшаш фиғоне мерасад.Ба фаришта мегӯяд:
- Инҳо кистанд, ки гиря доранд?
Фаришта мегӯяд:
- Инҳо дӯстони туанд, ки аз барои вафоти ту 3 рӯз азодорӣ мекунанд ва туро фаромӯш мекунанд.
Писарак қадами дуюмро ба сӯи Биҳишт мемонад, боз фиғоне ба гӯшаш мерасад. Писарак аз фаришта мепурсад:
- Инҳо кистанд, ки гиря мекунанд?
Фаришта мегӯяд:
- Инҳо хешу ақрабои туянд,ки барои мурдани ту 40 рӯз азодорӣ мекунанду пас туро фаромӯш мекунанд.
Писар қадами сеюмро ба сӯи Биҳишт мезанад боз фиғоне ба гӯшаш мерасад. Аз фаришта мепурсад:
- Ин кист, ки гиря дорад?
Фаришта мегӯяд:
- Ин ҳамсари ту аст, ки барои мурдани ту танҳо 1 сол азодорӣ мекунад ва туро фаромӯш мекунад.
Писар қадами чорумро ба сӯи Биҳишт мемонад. Ногоҳ фиғоне ба гӯшаш мерасад, ки ин фиғон аз дигар фиғонҳо фарқ мекард.
Писар аз фаришта мепурсад:
- Ин кист, ки ин кадар гиря дорад?
Фаришта дар ҷавоб мегӯяд:
- Ин модари ту аст, ки барои мурдани ту як умр гиря мекунад ва туро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад.
Писар ин суханро шунида аз роҳ бармегардад ва ба фаришта мегӯяд:
- Ман умрро интихоб мекунам.3еро намехоҳам пеш аз модарам вафот кунам ва дар дили ӯ алами фарзандӣ бимонам.
Он ки нури дидаву тоҷи сар аст,
Модар асту модар асту модар аст...
Умрат дароз бошад, модарам!!!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев