مسلم
¤¤¤¤¤¤¤¤¤¤¤¤¤¤¤¤¤¤¤¤¤¤ الله ФАЗИЛАТИ ЗИКР الله ¤¤¤¤¤¤¤¤¤¤¤¤¤¤¤¤¤¤¤¤¤¤¤
الله Худованд мефармояд " Пас маро ёд кунед, то шуморо ёд кунам ва шукур кунед маро ва ношукрии ман накунед." ( БАҚАРА )152.
الله Ва низ мефармояд " Эй касоне, ки эмон овардаед, Худоро зикр кунед, зикр кардани бисёр." ( Аҳзоб ) 41.
الله Инчуни дар ҷои дигар мефармояд: " Мардон ва заноне, ки Худоро бисёр ёд мекунанд, Худованд барои эшон омурзиш ва музди бузурге муҳаё сохта аст " ( АҲЗОБ ) 35.
الله Худоро адр дили худ бо тазарруъ ва пинҳониӣ бидуни оввози баланд дар субҳ ва шом ёд кун ва аз ғофилон мабош. ( АЪРОФ 205 )
الله Паёмбар ( с) мефарояд: " Сифати касе, ки зикри Парвардигорашро мекунад ва он ки зикр Парвардигорашор намекунад, монанди зинда ва мурда аст "
الله Инчунин он ҳазрат ( с ) мефармоянд: " Оё шуморо ба беҳтарин ва поктарин кирдоратон назди моликатон ( Аллоҳ ) хабар надиҳам Аъмоле, ки дараҷаи шуморо боло мебарад ва бароятон бештар аст аз тиллову нуқра ( дар роҳи Худо ) ва аз даргирӣ бо душманатон, то ҷое, ки гарданошонро бизанед ва онҳо гарданатонро бизананд. ГУФТАНД: Оре. Расулуллоҳ ( с ) фармуд: "Зикри Худои таъоло" Ва низ Паёмбар ( с ) фармуд: Ман назди гумони банда нисбат ба худам мебошам ва ҳаргоҳ маро зикр кунад, ман бо ӯ ҳастам ва агар маро дар дилаш зикр кунад, ман ӯро низ назди худам зикр мекунам ва агар маро дар гурӯҳе зикр кунад, ман ӯро дар гурӯҳе беҳтар аз он гурӯҳ зикр мекунам ва ҳар гоҳ ба ман як ваҷаб наздик шавад, як газ ба ӯ наздик мешавам ва агар як газ наздик шавад, як боз ба ӯ наздик мегардам ва агар бо роҳ рафтан ба сӯи ман ояд ман шитобон сӯи ӯ меравам. "الله أكبر
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев