🔸 Матни пурсиш:
Ҳукми шаръӣ дар хусуси фарзанддор шудан чист? Оё мустаҳаб аст ё мубоҳ? Дар ин замон бештари афрод фарзанддор намешаванд ё ба як фарзанд иктифо мекунанд. Таклиф чист? Тавзеҳ фармойед.
Ман фарзандӣ се сола дорам. Дар хусуси намоз ва сойири ибодоти марбут ба эшон аз кай ва чи тавр амал намоям?
Агар ба аллома дастрасӣ доред ва ё бо восита, саломи ин ҷавони гуноҳкорро ба эшон бирасонед ва бифармойед дуъо кунанд ин ҳақирро.
والسلام علیکم و السلام علیه
🔸 Матни посух:
«Фарзанддор шудан» як амали оддӣ аст ки метавонад воҷиб, мустаҳаб, макрӯҳ ва ҳаром бошад; Ба ин тартиб ки агар барои саломати худ ва ҳамсар ё бақоъи навъ ва хонавода ё қуввати мусалмонон ва аҳли ҳақ зарурӣ бошад, воҷиб ва агар барои он зарурӣ набошад, вале муфид бошад, мустаҳаб аст; Ҳамчунонки агар бо занни ба зарарӣ ҷиддӣ монанди маълул шудани фарзанд ё осеб дидани модари ӯ бошад, макрӯҳ ва агар бо қатъ ба чунин зарае ё аз тариқи зино бошад, ҳаром аст. Ба илова, «Фарзанддор шудан» барои касе ки бо он аз анҷоми вазифаи Исломии худ боз мемонад ё дар муҳаррамот воқеъ мешавад, ҷойиз нест. Бо ин ҳол, сиқт кардани ҷанин –ҳатто агар «Фарзанддор шудан» ҷойиз набуда бошад– ваҷҳе надорад; Ҳамчунонки худдорӣ аз «Фарзанддро шудан» ба далили тарс аз фақр шойиста нест ва бар хилофи таваккал бар Худованд аст, дар ҳоле ки Худованд фармудааст: ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/3151/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев