🔸 Матни пурсиш:
Тоъат ва ибототатон мақбул ин шоъ Аллоҳ. Чизе дар бозор ривоҷ дорад ба унвони хариду фурӯши пул; Яъне шахсе сомони медиҳад ва долар мехарад ва баъд долар медиҳад ва йевро мехарад ва ба ҳамин шакл бо тағйири қимати пулҳои ройиҷи кишварҳои мухталиф суде ба даст меварад. Оё ин суд ҳалол аст?
🔸 Матни посух:
Муъовизаи пулҳо, ба ду сурат анҷом мешавад:
1 . Муъовизаи ду пул аз як воҳиди пулӣ, монанди сомони ба сомони ё долар ба долар бо тафосули яке бар дигарӣ ки хӯрдани мол ба ботил маҳсуб мешавад ва ҷойиз нест; Чунонки фармудааст: ﴾يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَأْكُلُوا أَمْوَالَكُمْ بَيْنَكُمْ بِالْبَاطِلِ﴿[п/1]; «Эй касоне ки имон овардед! Амволатонро миёнатон ба ботил нахуред» Ва ҳақ он аст ки дар ин замина фарқе миёни хурд будан ё кӯҳна будани яке ва дурушт будан ё набудани дигарӣ вуҷуд надорад; Зеро мақсуди уқало аз пул қудрати харид аст ки дар хурд ва дуршт ва нав ва кӯҳнаи он яке аст. Фориғ аз онки муъовизаи ду пул аз як воҳиди пулӣ бо тафозули яке бар дигарӣ, агар ба сурати насия анҷом шавад ба ин тартиб ки масалан сад ҳазор сомони нақдро ба саду бист ҳазор сомони як моҳа бифурӯшад, дар ҳукми рибо аст ва дар ҳурмати он баҳсе нест. ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/2237/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев