Худованд ( ч-ч) мефармояд, ки: ( ْﻥِﺇَﻭ ْﻢُﺘْﻨُﻛ ﺎًﺒُﻨُﺟ ﺍﻭُﺮَّﻬَّﻃﺎَﻓ) ( ﻩﺪﺋﺎﻤﻟﺍ 6: ) « Ва агар бошед чунуб, пас худ пок кунед» ( сураи Моида ояти-6) Аз чанобат чунуб ба сабаби гусл тохир мешавад. Агар об пайдо нашавад ё зарараш кунад, пас ба сабаби таямум пок мегардад. Аз хамин чихат донистани ахкоми гусл ва сабабхои вочиб шудани он, амри зарурист. Сабаби аввал: Фуруд омадани мани ба вачхи чахидан аз шахсе, ки вакти чудо шудани мани аз маконаш, шахват дошта бошад. Аммо агар дар ин вакт шахват надошта бошад, гусл вочиб намешавад. Масалан агар аз баланди бичахад ё бори зиёдеро бардорад, ки дар натича мани аз маконаш бидуни шахват чудо шавад, гусл вочиб намешавад. 2 . Гоиб шудани хашафа; яъне сари олати таносули мард дар кубул; яъне дар шармгохи зан ё дар дубур; яъне кафои марду зан. Дар ин ду сурат ба харду; яъне марду зан гусл вочиб мешавад, агарчи дар пушти зану мард расидан харом аст. Чунончи Расулуллох ( алайхис-салом) мефармояд: « ﻥﻮﻌﻠﻣ ﻦﻣ ﻲﺗﺃ ﻩﺃﺮﻣﺍ ﻲﻓ ﺎﻫﺮﺑﺩ » ( ﻩﺍﻭﺭ ﺪﻤﺣﺃ ﺩﻭﺍﺩﻮﺑﺃ ﻭ ) «Малъун аст; яъне аз рахмати Худованд махрум ба азоб гирифтор мегардад, шахсе, ки дар пушти занаш бирасад. Пас ту мусалмонзода чи гумон мекуни дар шаъни касоне,ки дар пушти мардон мерасанд; яъне ливота мекунанд. Вакте, ки ливота дар зан харом аст ва холо он ки зан шаръан махалли адои шахват мебошад, пас дар мард ба тарики авло харом мебошад. Чуноне Расули Худо ( алайхис-салом) фармудааст: « ﻦﻣ ﻩﻮﻤﺘﻳﺃﺭ ﻞﻤﻌﻳ ﻞﻤﻋ ﻡﻮﻗ ﻁﻮﻟ ﺍﻮﻠﺘﻗﺎﻓ ﻞﻋﺎﻔﻟﺍ ﻝﻮﻌﻔﻤﻟﺍ ﻭ ﻪﺑ » ( ﻩﺍﻭﺭ ﺩﻭﺍﺩﻮﺑﺃ ﻭ ﻢﻛﺎﺤﻟﺍ ﻭ ﺢﺤﺻ ﻲﺒﻫﺬﻟﺍ ) «Касеро дидед, ки амали кавми Лутро анчом медихад, кунанда ва кардашуда; яъне хар дуро, бикушед!» « ﻻ ﺮﻈﻨﻳ ﻪﻠﻟﺍ ﻲﻟﺇ ﻞﺟﺭ ﻲﺗﺃ ﻼﺟﺭ ﻭﺃ ﻩﺃﺮﻣﺇ ﻲﻓ ﺮﺑﺪﻟﺍ» ( ﻱﺬﻣﺮﺘﻟﺍ ﻩﺍﻭﺭ ) « Аллох таъоло ба марде, ки дар кафои зане ё марде расида бошад ба назари рахмат, назар нахохад кард.» Худованд моён ва чумлаи мусалмононро аз чунин афъоли зишт нигах дорад. 3 . Дидани шахси аз хоб бедор шуда мани ё мазиро; яъне агар шахс аз хобаш бедор шавад хох мард бошад ё зан, дар либос ё дар бадани худ мани ё мазиро бинад, гусл бар вай вочиб мешавад. Мани оберо гуянд, ки Худованд (ч-ч) аз он адам халк мекунад ва мази оберо гуянд, ки аз мани тунуктар ва аз бавл ( пешоб) гализтар буда, ба мани шабохат дорад. Дар ин ду холат; яъне дар холати дидани мани ва мази гусл вочиб мешавад. Аммо мази ки дар холати бедори хангоми бози кардани мард бо занаш хорич мешавад гуслро вочиб намегардонад. Фарк байни хуручи мани ва мази дар он аст, ки баъди хуручи олати мард тагир ёфта чисмаш заъиф мешавад. Аммо мази бидуни ин, ки хабар шавад, мебарояд. 4 . Тамом шудани муддати хайзу нифос; яъне баъди тамом шави хуне, ки аз даруни зан хар мох хорич мешавад, ки онро мохёна гуянд ва катъи хуни баъди вилодати фарзанд, чори буда. Аммо гусл аз барои намози чумъа, иди фитру курбони, аз барои шуруъ кардани хач, ва дар ( Арафот ) суннат аст. Тарикаи гусл. Баъд аз вочиб шудани гусл бавл ( пешоб) кунад ва сипас дастонашро то банди даст бишуяд. Баъд аз он дар кадом мавзеъи баданаш, ки мани расида бошад онро шуста ва мисли вузуи намоз вузу бигирад; яъне ба чуз пояш дахону бин, руи ва ду дасташро то оринч бишуяд. Баъд вузу ба тарафи росту чапи худ об бирезад. Баъд аз ин аз болои сараш об рехта тамоми баданашро бушуяд. Агар микдори як тори муй аз баданаш хушк бимонад, гуслаш дуруст намешавад. Аммо заноне, ки муйхояшон дар вакти вочиб шудани гусл бофта бошад чоиз аст кокулхояшонро, набиш кофанд. Балки танхо бехи муйхояшонро тар созанд. Чуноне Наби ( алайхис-салом) модари муъминон умми Салламаро фармуданд: « ﻚـﻴﻔـﻜﻳ ﺍﺫﺇ ﻎﻠﺑ ﺀﺎﻤﻟﺍ ﻝﻮﺻﺃ ﻙﺮﻌﺷ » ( ﻩﺍﻭﺭ ﻢﻠﺴﻣ ﻭ ﻩﺮﻴﻏ ) « Кифоят мекунад туро, хар вакто расад об ба бехи муйят.» Аммо инро бояд донист, ки агар дар вакти вочиб шудани гусл муи зан набофта бошад, бояд тамоми муйяшро бишуяд. Агар дар чунин холат ба тар сохтани бехи муй иктифо кунад, аз чанобат пок намешавад. Аммо агар мард кокул дошта бошад иктифо кардан ба тар сохтани бехи муйяш чоиз нест, балки бар вай вочиб аст, то кокули худро кушода ва тамоми муяшро бишуяд. Агар об пайдо нашавад ё чунубро об зарар кунад, дар ин холат ба чои гусл таямум кунад чоиз мешавад. Ба ин тарика, ки дастони худро ба хок бизанаду ба руяш масх бикашад. Инчунин бори дигар бизанад ва хаду дасташро бо хамрохи оринч бимолад. Ин таямум чунубро аз чанобат, то пайдо намудани об басанда мебошад. Аммо вакте, ки об пайдо кард, вочиб аст, ки гусл бикунад. Инро бояд донист, ки дар холати чанобат Куръон хондан ва ё онро ба даст гирифтан ва дар масчид дохил шудан чоиз нест. Агар чунуб пеш аз гусл кардан ба хурдан мухточ шавад, дасту дахон ва бинии худро бишуяд. Агар занро дар холати чанобат ба шир додан зарурат пеш ояд, синаашро мешуяд, сипас шир медихад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1