🔸 Матни пурсиш:
Оё ёд гирифтани сеҳр ва ҷоду ба манзури ботил кардан ва бе асар кардани он ва ё истифода дар ҷиҳати машрӯъ (масалан зарба задани ба душманони Ислом) ҷойиз аст?
🔸 Матни посух:
Ҳамчунонки оташ бо оташ хомӯш намешавад, ҷоду бо ҷоду ботил намешавад, балки бо дуъо ба даргоҳи Худованд ва тиловати оёти Ӯ ботил мешавад; Чунонки фармудааст: ﴾قَالَ مُوسَى مَا جِئْتُمْ بِهِ السِّحْرُ ۖ إِنَّ اللَّهَ سَيُبْطِلُهُ﴿[п/1]; «Мӯсо гуфт: Чизе ки овардед ҷоду аст, ҳаройина Худованд онро ботил хоҳад кард». Вонгаҳе чизе ки ба душманони Ислом зарба мезанад ҷоду нест, балки иқомаи Ислом аст ва бо ин васф, ҷодугарӣ мутлақан ҷойиз нест, ҳар чанд огоҳӣ ёфтан аз равишҳои он барои пешгирӣ аз он ё тамйизи он аз мӯъҷиза дар мавоқеъи зарурат, ишколе надорад; Чунонки Худованд дар бораи Ҳорут ва Морут фармудааст: ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/4093/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев