БУЗУРГТАРИН МУСИБАТЕ, КИ ДАР ТАРИХИ ИСЛОМ ШУДААСТ:
Вафоти паёмбар саллаллоху алайхи васаллам
Баъди баланд шудани офтоби рузи душанбеи 12 рабъул-аввали соли 11 хичри пеш аз намози пешин паёмбар саллаллоху алайхи ва саллам дар синни 63 солаги вафот карданд, ки ин бузургтарин мусибат дар тарихи ислом мебошад.
Анас ибни Молик Аллох рози бод мегуяд: Хеч рузро аз омадани расулуллох (с) дида зеботар ва равшантар рузро надидам. Ва хеч рузро безебтар ва ториктар аз рузи вафоти паёбар (с) надидам. Ривояти Ад-дорами ва Багави.
Анас (р) ин рузро чунин хикоят мекунад: Хангоме, ки м о дар намози бомдод будем, Абубакр (р) имомати мекард, ки паёмбар (с) пардаи хучраи Оиша (р) кушода бо табассум суи намозгузорон назар мекарданд, ки онхо дар сафи намоз буданд. Абубакр (р) гумон карданд, ки паёмбари Аллох касди ба намоз баромаданро доранд аз ин хотир Абубакр (р) ба окиб ба саф омаданд. Ва кариб буд, ки намозгузорон ба хурсандии паёмбар (с) аз шоди ба намозашон халал эчод кунанд. Пас паёмбар (с) бо дасташон ишора карданд, ки намозатонро пурра кунед. Баъд ба хучраашон даромада пардаро пушиданд. Ривояти Имом Бухори.
Баъди ин намоз вакти дигар намоз (пешин) наомада паёмбар саллаллоху алайхи ва салламро вафот наздик шуд. Оиша (розияллоху анхо ) паёмбар (с)-ро ба худашон такя кунонданд. Оиша (р) гуфтанд: Аз неъматхои илохи бар ман ин аст, ки паёмбар (с) дар хонаи ман ва дар рузи ман байни зону ва кукараки (садри) ман вафот карданд. Пеш аз вафоташон Аллох оби дахони маро бо оби дахони паёмбар чамъ кард. Абдурахмон писари Абубакр (р) ба хона даромад, ки паёмбар (с) бар ман такя зада буданд. Дар дасти Абдурахмон мисвок буд, ки паёмбар ба он нигох мекарданд, медонистам ки паёмбар (с) мисвокро дуст медоранд, гуфтам: Бароятон дихам бо сарашон ишора карда ха гуфтаннд. Пас мисвокро гирифта барои паёмбар (с) додам, ки он барояшон сахти кард гуфтам оё бароятон мулоим карда дихам паёмбар (с) бо сарашон ишора карда ха гуфтанд. Пас онро бо дахонам мулоим карда додам. Ривояти Имом Бухори.
Паёмбар саллаллоху алайхи ва саллам каме мисвок карданду дасташон ё ангушташонро бардошта суи шифт назар мекарданд лабонашонро ба харакат дароварданд. Пас Оиша (р) гуш карданд, ки паёмбар (с) чи мегуянд. Паёмбар мегуфтанд: Хамрохи ононе, ки барояшон неъмат додаи аз паёмбарон, сиддикин, шахидон ва накукорон. Парвардигоро маро магфират кун рахм бикун ва ба рафики аъло бирасон, ин охарин калимаро се маротиба такрор карданд. Дасташон моил шуд ва ба рафики аъло пайваст шуданд. Мо аз чониби Аллох хастем боз ба суи У мегардем.
Инчунин паёмбаре, ки Аллох ба оламиён мехрубон карда фиристодааст дар охарин лахзахои хаёт умматонашонро васият карда фармудаанд: Намозро барпо доред ва базери дастонатонатон ахмият дихед.
МОЁН, КИ УММАТИ ПАЁМБАР САЛЛАЛЛОХУ АЛАЙХИ ВА САЛЛАМ ХАСТЕМ ОЁ НАСИХАТУ ВАСИЯТИ ОН ШАХСРО ИЧРО КАРДА ИСТОДАЕМ?! АЛЛОХ МОЁНРО АЗ ХАКИКИ ПАЙРАВОНИ МУХАММАД САЛЛАЛЛОХУ АЛАЙХИ ВАСАЛЛАМ ГАРДОНИДА РУЗИ ЧАЗО БА ХАМНИШИНИ БО ОН КАС НАСИБАМОН ГАРДОНАД. ОМИН.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2