Пайроҳаи тақдир 🥀🕊️
    3 комментария
    151 класс
    Ишқи ду ҷавон (Дунёи бегонагон) Қисми 43. Мард аз пеш, саг аз думболам буд. Бо равшании чароғаш хеле роҳ паймуда ба кулбае расидем. Дуртар аз кулба як асп ва боз дуртар ароба ба чашм расид. "Боз ба кадом замон расидам" гуфтам дар дил. Вале чароғи равшан ва телевизори ҳамвори кулбаро дида дилам ором гирифт. Мард аввал чой пешниҳод кард, сипас таклиф кард, ки дар курсӣ шинам. Дар девор шохи калони гавазн овехта шуда буд. Тахмин кардам мард ҷангалбон аст. - Канӣ, нақл кун, - гуфт мард, - Чӣ ҳодиса рӯй дод? - Хостам роҳро кӯтоҳ кунам, - гуфтам, - аммо баръакс... Ба автобус дер кардам, ба ноҳия рафтанӣ будам... - Кай ба роҳ баромадӣ? То Грачёвка дур будани "роҳро” ба инобат гирифта: - Дина саҳар, - гуфтам. - Хеле роҳ гаштӣ, - гуфт мард ва дар болои миз чанд кулчақанд гузошт, - беҳтараш автобусро мунтазир мешудӣ. Ҳоло ҳаракати автобусҳо ба вақти зимистона нагузаштааст, - гуфта аз киса телефони тугмагиашро гирифт, - имрӯз бисту дуюм, ҳоло ҳашт рӯзи дигар ҳаст. - Мумкин аз телефонатон занг занам, - пурсидам ман, - ҳамсарамро огоҳ кунам, телефони худам гум шуд. Мард телефонашро ба дастам дод: - Алоқа суст, дар берун кор карданаш мумкин, ба болои ароба баро. Телефонро гирифта ба берун баромадам, ки саг ғуррос зад. Аз фурсат истифода бурда ба санаи телефон нигаристам: 22.11.22. Соат 22:11. Хурсандии маро ҳадду канор набуд, охир ман дар замони худам қарор дорам, каме дуртар деҳа, боз каме дуртар "Дом Павла".... Ва ана Ойгул, ана Зоя Павловна. Имшаб хоб намеравам, бо саг дӯст мешавам... Ҷангалро бонӣ мекунам... - Ҳаст алоқа? - гуфта ҷангалбон баромад. - Рақамаш дар хотирам нест, - гуфта телефонро баргардонилам. Мардро сахт ба оғӯш гирифтам. Мард дар ҳайрат шуд. - Шумо маро аз марг наҷот додед, - гуфтам, - намедонам некиатонро чӣ тавр баргардонам? Гумон кардам тамом, умрам ба охир расид... - Ин қадар воҳима кардӣ? Саг туро намехӯрд. - Саг не, гургу шағол мехӯрд. - Канӣ ҳамон гургу шағол? Соли гузашта як харгӯшро бо азоб ёфтам, тирам ба нишон нарасид, ҳамон ҳам гурехт. Ба фикрам дар ин беша аз ману сагу аспам дигар касе нест. Даро ба хона. Мехостам бо мард сӯҳбати доманадор дошта бошам, ҳамаи саргузаштҳоямро нақл кунам. Аммо худдорӣ кардам, аз ду сар бовар намекунад ва маро ақлбохта гумон мекунад. Ойгул чӣ? - Ин қадар вақт дар куҷо будед? - гуфта гиря мекунад, - Ман шуморо гумон кардам, ки тӯъмаи гургу паланг шудед. - Гургу паланг? Гургу паланг тӯъмаи ман мешаванд. Пазмон шудед? - Хеле... Ҷангалбон бароям дар як кунҷи кулбааш ҷо дод. - Ташаккур - гуфтам, - Ман хобиданӣ нестам. Маро бо сагатон Елисей ошно кунед, сагро дӯст медорам... агар нагазад. - Елисей агар газанда мебуд, туро дар ҷангал пора мекард, ҳатто ман огоҳ намешудам, - гуфта ҷангалбон аз яхдонаш каме гӯшту устухон гирифт. - То ин ҷо барқро чӣ гуна овардед? - Бо симчӯб. Коргоҳ як қадам. - Чӣ хел коргоҳ? - Коркарди чӯбу тахта. Надидӣ? - Надидам. - Вай танҳо рӯзона кор мекунад. Ман ҳам посбони коргоҳ ва ҳам ҷангалбон. Субҳ автобус кормандонашро меорад, бегоҳ гашта мебарад. Пагоҳ метавонам туро бо автобуси коргоҳ гуселонам, вале автобус то Грачевка намеравад. - Корманди бисёр дорад? - Ягон даҳ-дувоздаҳ нафар будагист. Ман нашуморидам. Кор кардан мехоҳӣ? - Агар қабул кунанд. - Қабул мекунанд, бо Витя маслиҳат мекунам. Калидашро дорам, мехоҳӣ тамошо кардан? - Мехоҳам. - Рафтем, аздусар хоб надорам. Ҳарду берун баромадем. Саг ҳам ба мо ҳамроҳ шуд. - Устухонро надодем-ку, - гуфтам ман. - Пас аз баргаштан. То коргоҳ ягон дусад метр масофа буд. Мо аз дари иловагии дар паси коргоҳбуда вориди он шудем. Аммо саг аз зери девор гузашт. - Роҳашро медонад, - гуфт ҷангалбон, - тез-тез омада хабар мегирад, маоши посбонро ба саг доданам лозим. - Бо гӯшт таъмин мекунед-ку, - гуфтам, - ҳамту не Елисей? Аммо саг ба суханони ман аҳамият надода, дар канори соҳибаш мегашт. Мо аз дарвозаи асосии цех, ки дар худ боз дари хурд барои одамон буд, даромадем. Ҳамагӣ дар як қатор дастгоҳҳо гузошта шуда буданд. Ҷангалбон ба шарҳи дастгоҳҳо гузашт. - Дастгоҳи аввал пӯсти дарахтро мегирад, - гуфт ӯ, - дуввумаш ба тахта ҷудо мекунад, севумаш ранда мекунад. - Тахтаро ранда ҳам мекунанд? - Алҳол барои сохтмони маъбад супориш гирифтаанд, Витя ҳамин тавр гуфт. - Витя кист? - Витя директор. Аз ин коргоҳ партов намебарояд, Ана дар дастгоҳи охирин тахтаҳоро майда карда, хишт месозанд, "авроҳезум" ном дорад. - Аз "авроҳезум" хариданам мумкин? - Албатта. Хонаро бо чӣ гарм мекунӣ? - Бо ҳезуму ангишт. - Ту ба ман муроҷиат кун, Витя ба ман арзонтар медиҳад. - Коргоҳро кӣ мерӯбад? - Худи кормандон. - Чунон тоза, ки хонаи истиқоматӣ барин. - Дар ин масъала Витя сахт талаб мекунад. Дарҳоро маҳкам карда, боз ба кулба баргаштем. - Мумкин устухонро ман ба саг диҳам? - Аз дасти ту намехӯрад., - гуфта ҷангалбон аз хона устухонро баровард, - канӣ, як имтиҳон кун-чӣ? Устухонро гирифта ба саг додам, як бӯй кашиду ба соҳибаш нигарист. - Дидӣ, - гуфт ҷангалбон, - ишораи маро интизор. Хӯр, - гуфт ба саг. Саг устухонро гирифту каме дуртар рафта нишаст. Луқмаашро миёни ду дасташ гирифта хӯрд. - Боз доред устухон? Ин дафъа бе иҷозати шумо ҳам аз дасти ман мехӯрад. Ҷангалбон боз як бурда устухон баровард. Ин дафъа худи саг аз дастам устухонро оҳиста гирифта ба сӯи беша рафт. - Устухонро куҷо бурд? - пурсидам ман. - Бурда дар ягон ҷо мегӯронад, ҳамчун захира. Аммо гург захираро намедонад, сайдашро то ба охир мехӯрад. Ту намехобӣ? - Не, шумо бемалол истироҳат кунед. Ҷангалбон ба хона даромаду овозаш баромад: - Соат чор мешавад, ман ҳам хоб надорам. - Хоб надошта бошед, рафтем, - гуфта ба хона даромадам. - Ба куҷо? - Ба Грачёвка. - Ақлатро хӯрдӣ? Ман соати ҳафт коргоҳро ба Витя месупорам. Ба ноҳия рафтанам даркор, ба Кондор ем меорам. - Кондор кӣ? - Кондор-аспи вафодорам. - Аспи вафодор зимистон дар куҷо мехобад? - Дар анбори Витя, соли гузашта ҳам дар ҳамон ҷо буд. - Оё дуруст аст, ки асп рост истода мехобад? - Не, рост истода истироҳат карданаш мумкин. Аспҳо ҳам ману ту барин мехобанд, аммо якпаҳлӯ. Онҳо аз се ё чор соат беш хобида наметавонанд, ҳатто хуррак мекашанд, - гуфта ҷангалбон хандид. - Мумкин аст бо Кондор шинос шавам? - Рафтем, - гуфт ҷангалбон, - аз ту рамиданаш мумкин. Аспи сурх дар назар ниҳоят бузург метофт, ман аспро бори аввал аз наздик медидам. Сумаш баробари чойники дар хобгоҳ доштаамон, пояшро мебардошту ба ҷангалбон дароз мекард. - Дидӣ, салом додан мехоҳад. Сари калонашро навозиш кардам, лаҳзае чашмонашро хуморӣ карда истод. - Кондор, Кондор, аз ман наҳарос, маро Грачевка мебарӣ, - гуфтам, - қоидаҳои ҳаракати роҳро медонӣ? - Медонад, - ба ҷои асп ҷавоб дод соҳибаш, - аксар вақт ба ихтиёраш мемонам, маро рост то ба хона мебарад. Мехобам дар ароба. Як рӯз ҳамин тавр шуд, бедор мешавам, ки дар назди дарвозаи ҳавлӣ истодаам. Инҳо танҳо забон надоранду халос, ақлашон аз баъзе одамҳо хубтар кор мекунад. Аспро хеле навозиш кардам, дур шудан мехостам, гарданашро ёзонда гӯшамро сабук даҳон мекард. - Боз навозиш кун мегӯяд, - гуфт ҷангалбон. Аммо субҳ медамид, субҳи умед, субҳе, ки дер интизораш будам. Субҳе, ки ғайричашмдошт чизе нашуд, кам монд ба дидори Ойгул, вақти кору масъулият мерасад. Вақти гуфтугӯ бо волидон ва ҳамсарам Нилуфар мерасад. Боз зиёд будани корамро сабаб оварда волидонамро тасаллӣ медиҳам, Нилуфарро ором мекунам... Таъмири хонаи Зоя Павловнаро идома медиҳам, то даме, ки соҳибхона зинда аст, софдилона хизматашро ба ҷо меорам. Аз пулу мол андеша намекунам, муддати чанд вақт чизе надоштам, аммо рӯзам гузашт, аз гуруснагӣ намурдам. Ҳар чӣ дорам, шукр мекунам, зиёд талаб намекунам... - Наҳорӣ мекунем, - гуфт ҷангалбон, - Ман коргоҳро ба Витя месупораму бармегардам. Дастонамро шуста наҳории хоксорона омода кардам. Чой, кулча ва шакар дошт ҷангалбон. Бо вуҷуди солхӯрда буданаш, ҷангалбон хеле пурқувват буд. Аробаро дар асп мустаҳкам баст. Аробаеро, ки ман то чанд қадам натавонистам кашола карда, як такон доду сӯи асп кашид. Ароба барои идора кардани асп махсус нишастгоҳ дошт, дар ҷои ронанда ду нафар бе мушкилӣ ҷо мегирифт. Дар паҳлӯи ҷангалбон баҳузур нишастам. Асп мунтазири фармони соҳибаш буд, баробари кашола кардани банд, ба ҳаракат омад. Ману ҷангалбон ва аробаро бе ягон мушкилӣ кашола карда мебурд. - Асп дар ҳақиқат пурқувват, - гуфтам аспро баҳо дода, - ин қадар борро мекашад. - Беҳуда қувваи мошинро бо қувваи асп чен намекунанд, - гуфт ҷангалбон, - як мошин доштам "Запорожец", сӣ қувваи асп буд, солҳои аввал хуб кор мекард, ягона камбудиаш - багаж дар пеш буд. Наметавонистам бори бисёрро ҷо дода. Бо мурури вақт нуқс пайдо мекард, камтар мегаштам, дар ҷояш меистод. То сард шудани муҳаррик мунтазир менишастам. Радиатор надошт, овозаш баланд буд, ба кор меандохтам, ҳамсояҳо бедор мешуданд. - Аз ман яксаду чилу панҷ қувваи асп дорад, - гуфтам, - шукр нағз мегардад. Аммо имрӯз мебинам, ки худи асп беҳтар аст. На садои муҳаррик, на ҳарҷи сӯзишворӣ, на ҳуҷҷатомодакуниҳо. - Не, мошин албатта беҳтар, асп ҳам ба худ муносиб хароҷотҳо дорад. Мошинро худат идора мекунӣ, бо кадом суръат мехоҳӣ-меронӣ, дар куҷо хоҳӣ-мегузорӣ. Бо аспу ароба наметавонӣ дар шаҳр гашта, қароргоҳ барои онҳо нест. Суръати ҳаракати аспу ароба суст. Бо мошин то хона дар ним соат мерасам, бо асп дар се соат ё бештар. Аспу ароба ҷои бисёрро ишғол мекунад. Бо мошин кафонокӣ рафта метавонӣ... Хулоса мошин беҳтар, дар умум шояд хароҷоти ҳарду як бошад. Мошинро наронӣ-сӯзишворӣ талаб намекунад, асп бошад, ҳар рӯз се-чор маротиба хӯрок мехӯрад. Ҷони зинда аст, бемор мешавад, мемирад... Бечора... - ҷангалбон як оҳи чуқур кашид, - то ин ҷонвар як аспи дигар доштам, хеле хизмат кард. Вафодор буд бечора, пурқуввату чолок, мепарид агар пару бол медошт. Як субҳ мехезам, дароз кашида мурдааст.... Дар марги падарам ин қадар нагириста будам... Зимистон буд, заминҳо ях баста, қариб як ҳафта барояш гӯр кофтам... Федя гуфт, ки трактор оварда чуқурӣ мекобад, розӣ нашудам. Одам барин гӯронидам ва чил рӯз дар азо будам. Кондорро Федя тӯҳфа кард, чархҳои аробаро нав кард... То ба ҳол шахсеро вонахӯрда будам, ки дар марги як ҳайвон ин қадар ба риққат омада бошад, ба назар чунин мерасид, ки ҷангалбон то имрӯз ба аспи собиқаш месӯзад. Бинобар, мавзӯъи гуфтугӯямонро дигар кардан хостам. - Дар деҳа, дар оилаатон чанд нафаред? - Ман дар саҳро, кампир бо набера танҳо. - Волидони набера дар куҷо? - Дар Маскав, моҳе як маротиба хабаргирӣ меоянд. Мехоҳӣ, ман туро бо кампир шинос кунам? Буз дорем, аз шираш менӯшӣ. - Ташаккур, дафъаи дигар. Шумо рақами телефонатонро медодед, занг мезадам бо масъалаи "авроҳезум". Мард аспашро канори роҳ гардонида қарор дод. Аз киса қаламу коғаз бароварда рақами телефонашро навишт. - Агар хато накарда бошам-ҳамин, - гуфт ӯ. Боз хеле роҳ паси сар шуд ва роҳи мумфарш баромад. - Ин тарафаш наздик, - гуфт ҷангалбон, - медонистагистӣ? - Не, намедонам. Ман набудам дар ин ҷоҳо. Кӯча бароям бегона буд. - Ҳозир ба роҳи калон мебароем, ту ба дасти чап мегардӣ, ман ба рост. Ягон ду километр меравӣ, аз рост деҳаи Грачевка мебарояд. Таҳаммул надоштам, мехостам аз ароба худро ҳаво диҳаму ба сӯи деҳа тозам. Асп шитоб надошт ё монда шуд, қадамашро мешумурд. То кӯча ҳам расидем, дасти мардро сахт фишурда ваъда додам, ки албатта аз ӯ хабар мегирам. Аз ароба фаромада каме гаштам, ки истгоҳ намудор шуд. Ин ҳамон истгоҳе, ки то харидани мошин аз он истифода мекардам. Ниҳоят ба кӯчае, ки "Дом Павла" қарор дошт, гашта, то қувва доштам, давидам. Аллакай бинои чорошёнае, ки Зоя Павловна ва Ойгулро сарпаноҳ аст, намудор гашт. Худро аз дарвоза не, аз паси бино, ки мошинам қарор дошт, ба ҳавлӣ гирифтам, то маро набинанд. Аз давиданҳову ҳаяҷон нафасам базӯр мебаромад. Дар паси хона дақиқае дам гирифтам. Дидам, ки дар назди партовгоҳ ҷавоне аробаро дошта меистад. "Ин кӣ бошад? Корманди нав? Кадом партовро баровард? Ё Алинур омада бошад? Дар ҳақиқат бо Ойгул муросо кардааст... "Ҷавон бе ҳаракат меистод, гӯё хоб буд. Оҳиставу бесадо наздаш рафтам. Ҷавон сурати маро дошт. - Ту кистӣ? - пурсидам аз ӯ. - Ман ту ҳастам, - гуфт ҷавон аз забони ман. - Дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ? - боз пурсидам аз ӯ. - Дар андеша ҳастам. Ба хона баргардам ё ба беша равам? То кӯча роҳ дур нест, бешаро миёнабур карда дар ним соат баргаштанам мумкин... - Не, дар назарат чунин метобад, ин бешаҳо канор надоранд, беҳтараш ба хона баргард. - Чор салиб дорам, аз тиллои холис. Бурда мегӯронам, ҳангоми зарурат бурда мефурӯшам. - Салиб аз ту нест, соҳиби салиб дар тобут мехобад. Сониян, салиб аз имони мо нест, ба эътиқоди дигарон дахолат накун. - Чашмонатро пӯш ва пас аз ҳафт сония дунёро чӣ тавре, ки ҳаст, қабул кун. Чашмамро пӯшидам, аз куҷое садои ҳуд-ҳуд омад. Ҳафт маротиба паи ҳам хонд. Чашмамро кушодам, ки ҷавон нест. Ба гирду атроф нигаристам, ҳама оромӣ. Аробаро гирифта ба назди бино омадам. Бино чӣ тавре буд, дигар тағйир наёфтааст, ҳамагӣ нӯҳ тиреза иваз шуда буд, ҳатто чойники мисӣ, ки субҳ рӯямро бо оби ширгармкардаи Ойгул шуста будам, дар ҷояш буд. Як чакра борон дар сарам зад. Ба осмон нигаристам, абрҳои сиёҳ парешон гашта, осмони кабуд падидор мешуд. Бо зинаҳо боло шудам. - Ойгул? - Лаббай? - аз ҳуҷраи Зоя Павловна садояш баромад. - Шумо дар ҳамин ҷо? Ойгул сарашро аз дар баровард: - Зоя Павловна ҳам ба шаҳр рафтанӣ, кӣ будани набераашро донистан мехоҳад. - гуфт ӯ. - Як дақиқа шуморо мумкин? Ойгул дарро пӯшида барун баромад. Ӯро сахт ба оғӯш гирифтам. - Шуморо хеле пазмон шудам, - гуфтам. - Дар даҳ дақиқа? - Нав даҳ дақиқа шуд? - Шумо ҳам омода шавед, қабули духтур соати ёздаҳ, - гуфта Ойгул ба телефонаш нигарист. - Ман телефонамро гум кардам. - Ана, дар болои ҷойгаҳатон мехобад. Ба ҳуҷраи худам гузаштам, телефон дар ҷояш буд... (поёни қисса) муаллиф Ю. Ашуров Таҳияи М. Юсупов
    24 комментария
    15 классов
    0 комментариев
    17 классов
    Аз падар танҳо ситам дидам Падари ман дар гузашта баъди аз ду зан ҷудо шуданаш бо модари ман хонадор шудааст. Дар вақташ падарам коргари орган, одами баобрӯ буд. Аммо аз дасти аз ҳад зиёд нӯшидани арақ ҳаёташро сӯхт шаъну шарафи худро поймол карда, хонашин шуд. Ӯ хонашин шуду рӯзи аҳли оила сиёҳ шуд. Дар ҳавлии бобоям се оила зиндагӣ мекардем. Падарам ҳар рӯз маст омада, бо бародаронаш ҷангу ҷанҷол мебардошт. Модарамро лату кӯб мекард. Ҷони модарам ниҳоят аз дасти ин майхора ба лаб расиду ману бародарамро, ки ҳамон вақт яке шашсолаю дигаре чорсола будем, партофта ба Русия назди бародаронаш коркунӣ рафт. Мо кӯдакони бе модар дар зери мушту лагади падари бадмасту янгаю амакҳоямон ба хорию зорӣ ба воя мерасидем. Аз модарам дигар ягон хату хабар набуд. Дар ин хона ману бародарам фармонбардори хурду калон будем. Ҳанӯз чашми рӯз кушода нашуда, молҳоро ба чаро мебурдему намози шом баргашта, гоҳе серу гоҳе гурусна хоб мерафтем. Нигоҳубини падари бадмаст ба дӯши мани хурдакак буд. Мабодо ягон рӯз либосҳояш нашуста монад, рӯзи ман сиёҳ мешуд. Падарам маро бераҳмона мезад. Мактаб намехондам. Ҳисобу китобро кам-кам аз даҳони бародарам ёд мегирифтам. Ягона пушту паноҳам дар хона бародарам буд. Аммо мутаассифона дар синфи панҷумиаш ӯро ба мактаб-интернати шаҳр бурда монданд. Акнун ман духтари падардори бепадар тамоман бесоҳиб мондам, дигар касе набуд, ки маро пуштибонӣ кунад. Аз зарбаи мушту лагади падари бадмаст ҷонам ба лаб расида буд. Моҳҳову солҳо сипарӣ мегаштанду ман ба як духтари зебою паричеҳра табдил ёфтам. Афсӯс мехӯрдам, ки бо ин ҳусни зебо савод надорам. Баъзан ба худ андеша мекардам, ки агар дар оилаи тинҷу осуда ба воя мерасидам, мактаб хонда соҳиби ягон касб мешудам. Як рӯз падарам аз ҳад зиёд нӯшида ба хона омаду ҳама шишаҳои дару тирезаҳои амакамро зада майда кард. Амакҳоям низ аз падарам безор шуда, аз байни ҳавлӣ девор бардошта, хонаи моро ҷудо карданд. Акнун нигоҳубини падарам пурра ба дӯши ман буд. Танҳо янгаи хурдиям гоҳ-гоҳ ба мо хӯрок меоварду аз ҳоли ман хабар мегирифт. На дугона доштаму на ягон хешу табор аз дари мо медаромад. Мисли кабки дар қафас будам. Як рӯз падарам дар хона набуду янгаам маро ба тӯй бурд. Дар ҳамон маърака ҷавоне маро таги чашм карда, талабгор шудааст. Чанд рӯз пас он ҷавон ба хонаи мо хостгор фиристод, вале падарам рози нашуд. Чунки имконияти тӯй карданро надошт. Хостгорҳои он ҷавон, ки Шерзод ном доштааст, дари хонаамонро охурча карданд. Онҳо ваъда доданд, ки хароҷоти тӯйро пурра ба гардан мегиранд. Ниҳоят падарамро розӣ кунониданд. Шаби никоҳ аз танҳоиву бемодариям мегиристаму сахт парешонхотир будам. Фаромӯш кардам, ки дар болои сарам мулло истодасту розигии маро мепурсад. Овози ғазабноки падарам маро ба ҳуш овард. “Барои чӣ муллоҳоро ин қадар мунтазир мекунӣ” гӯён, падарам дар пеши меҳмонҳо ду-се мушт ба сарам зад. Он шаб баъди рафтани меҳмонҳо падарам маро чунон лату куб кард, ки аъзои баданам сиёҳу кабуд шуд. Шабро ба гиря рӯз кардам. Касе надоштам, ки ба ӯ рози дил бигӯям, танҳо янгаи хурдиям огоҳӣ дошту халос. Хулас, маро бо ду курпаю ду курта ба хонаи бахтам гусел карданд. Шукр мекардам, ки аз азобу машақати хонаи падар халос шудам, вале... Шаб ҳодисаи нохуше рӯй дод, ки азобҳои кашидаам дар пеши ин ҳодиса ҳеҷ буд. Домод бо дидани бадани сиёҳу кабуди ман якбора оташ гирифта, ба сарам дод зада гуфт: -Ту фоҳиша будаӣ, мо бехабар. Кадом буқа туро ба ин ҳол овард? Шерзод маро лату кӯб карда, номи ошиқамро мепурсид. Шарм медоштам, ки бигӯям ин кори падарам аст. Шерзод аз фиқ-фиқ гиристани ман асабӣ шуда, аз ҳеҷ кас маслиҳат напурсида, худи ҳамон шаб маро оварда, ба хонаи падарам партофт. Ҳама ҳайрон монданд, ки ин духтар тамоман аз хона берун намебаромад, ба ӯ чӣ шуда бошад. Воқеаро ба янгаам нақл кардам. -Падари майхораат ҳаёти духтарашро бо дасти худаш сӯхт,- мегуфт янгаам. Болои сухта намакоб гуфтагӣ барин, падари беномусам “маро шарманда кардӣ гӯён, шабона маро аз хонааш пеш кард. Янгаам маро дар хонааш ҷо дод. Аз шарми ҳамсояҳо дар ҳавлӣ гаштугузор намекардам. Як бегоҳ мошине назди хонаи падарам қарор гирифт ва хусуру хушдоманам аз мошин фаромада, назди падарам даромаданд. Онҳо то паси шаб аз падарам бахшиш пурсида, зораю тавалло карданд, ки мо келинамонро гирифта мебарем. Ӯ гуноҳ надоштааст, инҷо иштибоҳе шудааст. Онҳо аз саргузашти талхи ман дертар огаҳ шудаанд. Хулас, хусуру хушдоманам падарамро розӣ кунонида, дубора маро ба хонаи бахтам бурданд. Шавҳарам аз ман узр мепурсид. Аҳли хонавода бо ман чунон меҳрубон буданд, ки бори аввал медидам чӣ гуна будани меҳрубониро. Аз тӯям ду-се моҳ гузашту касе ба хабаргириам намеомад. Аз хусуру хушдоманам шарм дошта, аз бекасиям мегиристам. Хушдоманам тассалӣ дода мегуфт, ки “ту келин не, балки духтари мо ҳастӣ”. Тоқат накарда, рӯзе ба падарам занг задам. Падарам дар ҷавоб гуфт, ки ба хона зан овардаасту дигар сари ӯро гаранг накунам. Телефонро хомӯш карда, зор-зор гиристам. Хушбахтона рӯзе бародарам ҳамроҳи модарам бо тӯҳфаҳои зиёде ба суроғам омаданд. Модаре, ки 15 сол боз ӯро надида будам, ниҳоят аз дар даромаду сари маро ба осмон расонд. Азобҳои кашидаам дар як лаҳза аз пеши чашмонам дур шуданд. Хурсандиам ҳадду канор надошт. Шукрона мекардам, ки дер бошад ҳам, Худованд чашми раҳмат ба сӯи ман боз кард ва маро ба чашидани шарбати бахт муяссар гардонид. С.Рабиева Бозгашр аз оила
    15 комментариев
    53 класса
    Шавҳарам фатта пушиданамро намебахшад.. Салом! Ман як наврарӯси семоҳа мехоҳам дарди диламро ба шумо гуфта, маслиҳат пурсам. Аслан духтари шаҳрӣ ҳастам, вале як хеши дури падарам, ки дар як деҳаи дурдаст зиндагӣ мекунад, маро ба писараш келин кард. Вақти хостгорӣ омаданашон падару модарам гуфтанд, ки аввал ҷавонон як бор ҳамдигарро дида, сӯҳбат кунанд, вале модари домод “ ман пеш аз ин се писарамро хонадор кардам. Ягонтоашон арӯсро қабл аз никоҳ надида буданд, вале шукри худо зиндагиашон хуб аст. Бачаҳоям аз хати кашидаам берун намебароянд ва духтареро, ки ман маъқул кардам, қабул мекунанд. Ҳоҷат ба вохӯри духтару бача нест” гӯён, гапи худашро гузаронд. Ҳамин тавр мо ҳамдигароро над фотиҳа шудем ва тарафи қудо ҷиҳози арӯсиамро оварданду тӯй сар шуд. Азбаск аксари духтарони шаҳрӣ дар рӯзи тӯйи арӯсиашон “фата” мепӯшанд, ман ҳам орзу ҳавас карда, бо пули қимат либоси арӯсӣ гирифтам ва ба кошонаи ҳусн рафтам, то к рӯю мӯямро оро диҳам. Домод аз вақти таъйиншуда пештар омадааст, падарам дам ба дам занг зада, тезтар омаданамонро талаб мекарданд, вале ороиши рӯю мӯйи ман ҳанӯз нотамом буд. Бехабар аз хислату хӯйи домод мисли дигар арӯсакон ман ҳам ноз карда “Бигзор интизор шавад” гуфта, телефонамро хомӯш кардам, вале... Ниҳоят машшотаҳо корашонро ба анҷом расониданд ва ман бо либоси сап-сафеди арӯсӣ амсоли ҳур зебо шуда ба хона омадам. Гумон доштам, ки бо дидани чунин ҳусну ҷамол шаҳбача ба ваҷд меояд, аммо хаёлам хом баромад. Домод маро дидан замон қошу қавоқ гиронд ва бо оринҷаш ба китфам зада гуфт: “Ҳоло ист, барои нописандиат рӯзатро сиёҳ мекунам!” Ҳуш аз сарам парид, ки наход дар рӯзи тӯй шаҳ ба арӯсаш чунин гапҳои сахт занад. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, апаи домод ҳам бо қошу қавоқи овезон ба наз омада “додари ман бачаи намозхон аст, ба чӣ ту розигии моро напурсида фата пӯшид гӯён, хеле сарзанишам кард. Аламам омад гиряолуд “апаҷон, одам як бор тӯй мешава охир ҳар як духтар дар дилаш орзую ҳавас дорад...” гуфтам. Апаи домод ранҷида “эй очаи ман кофта-кофта як арӯси гапгардону катагинок ёфтааст” гуфту бо кароҳат аз наздам дур шуд. Ҳамин тавр мани арӯсак бо дили пурғам ба хонаи домод омадам. Хонаи шаҳ ба тӯйхона ҳеҷ монандӣ надошт, на садои мусиқӣ буд, на карнаю сурнай. Бо як дег ош меҳмононро гусел карданд ва бо ҳамин тӯй ба охир расид. Шаби дигар домодро ба наздам дароварданд. Ба ҷойи он ки ба арӯс меҳрубонӣ кунад, шаҳбача аз аввалин лаҳзаҳои зиндагӣ бо гапҳои қабеҳаш диламро сиёҳ кард. Ба гуфти домод, гӯё фата пӯшидани ман обрӯйи ӯро дар байни бачаҳо ва мардони маҳаллаашон резондааст. “Бо ин кафани пӯшидааш маро дар назди ҷӯраҳоям шарманда кардӣ. Бачаҳо “арӯсат девонача будаст-ку” гуфта, маро масхара карданд” гуфта, дар шаби аввал домод маро ду-се шаппотӣ зада, таъкид кард, ки ҳаргиз ин корамро намебахшад. Ҳамин тавр ҳаёти оилавии ман аз рӯзи авв бо талхи сар шуд. Зиндагиямро се моҳ шу бошад ҳам, то ҳол шавҳарам фата пӯшиданамро намебахшад. Шабе нест, ки диламро сиёҳ накунад. Ҳайронам, ки чӣ ко кунам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, гӯшамро ба карӣ зада гардам ё аз баҳри чунин ҳаёти пур аз дарду ранҷ гузашта, ба хонаи падару модарам баргардам? Бознашр аз Оила
    106 комментариев
    38 классов
    Ишқи ду ҷавон Қисми 6. Як гурӯҳи калони кормандон дар болои хона истода хонаро меафтонанд, касеро миёни онҳо намешиносам. Аллакай ошёнаи охирини бино фурӯ меравад. - Шумо чӣ кор мекунед? Хонаро барқарор бояд кард, кӣ шуморо фармоиш дод, - гуфта дод задам. Аммо касе маро намешунавад. Ҳама андармони кори худ. Хиштҳои калону хурд дар барам омада меафтанд. - Истед! Чаро хонаро валангор кардед? Кӣ ҳастед шумо? Сардоратон кӣ? Ғалоғулаи онҳо чунон баланд, ки касе ба ман аҳамият намедиҳад. - Дар хона одам ҳаст, баровардед ба берун? Кампир канӣ? Зоя Павловна! Зоя! Зоя канӣ? Ойгулро надидед? Куҷо шуданд онҳо? - Ба шумо чӣ шуд? - нигарам ҳамсарам дар пасам истодааст. - Канӣ Зоя, мешиносӣ Зояро? Зоя Павловна! - бо тамоми овоз фарёд кардам, - куштед кампира, вай зери хишту хок монд. Ин дафъа ҳамсарам маро чунон сахт такон дод, ки ба болои хиштҳо афтидам. - Ба шумо чӣ шуд? Натарсонед одама, - чашм кушодам, ки дар сарам Ойгул меистад. - Зоя канӣ? Зоя Павловна канӣ? - Дар ҳуҷрааш... Хезед... Хонаро ба сар бардоштед... Нигарам дар фарш мехобам, оҳиста худро дар ҷогаҳ гирифтам. Ойгул рафта оби сард овард: - Як ҷуръа нӯшед, кампирро хабар гиред, бечора тарсид. Ягон хоби бад дидед магар? Обро ба пуррагӣ нӯшида ҳамроҳи Ойгул ба ҳуҷраи кампир гузаштем. - Бубахшед, ки шуморо нороҳат кардам , - гуфта ғайриихтиёр кампирро ба оғӯш гирифтам. - Тарсидӣ? - пурсид кампир. - Хоб дидам, ки шумо... бемори сахт шудед. Зоя Павловна низ бо як дасташ маро ба оғӯш кашид. - Бибӣ дорӣ? - Не, ман умуман бибӣ надоштам. Ҳарду ҳам солҳои ҷанг фавтидаанд. - Маро ҳамчу бибиат қабул кун, минбаъд мо бегона нестем. - Худи пагоҳ ба шумо аробача мехарам ва шуморо ба саёҳати гирду атроф мебарам. - Аробача дорам, - гуфт кампир, - танҳо усули истифодаашро Оля нафаҳмид. Писарам ғун карда буд, занг зада пурсидам, фаҳмонд. Аммо ду зан сарфаҳм нарафтем. - Дар куҷост? - пурсидам аз Ойгул. - Дар анборхона, ҳозир биёрам? - Ман худам мебиёрам, шумо роҳашро нишон диҳед. Ойгул калидро гирифта ҳамроҳам баромад. Анбор дар худи бино, дар паҳлӯи ошхона ҷойгир шудааст, аммо ман то ҳол намедонистам. - Ин ҷоро ҳам ба тартиб оварданамон лозим, - гуфт ӯ ва аробачаро нишон дод. - Ин ҳоло нав-ку. - Як маротиба Зоя Павловна нишастааст. - Писараш кай бори охир омада буд? - То ман бо кампир як зани рус будааст. Зояро ман аз ӯ қабул кардам. Аввалҳо метавонист гирди диванаш гашта... - Шумо писарашро надидаед? - Не, наомадааст. Аробачаро гирифта дар ҳуҷраи кампир рост кардам, ҳеҷ мушкиле надошт. Ойгул латтаеро гирифта аз гард тоза кард. - Хӯш, кӣ таксиро даъват кард? - гуфтам ба Зоя. - Ман, - хандид ӯ. Аробачаро наздиктараш гузошта бо кӯмаки Ойгул Зояро дар аробача шинонидем. - Тасмаи бехатариро бандед, ҳозир мепарем, - гуфтам ҳазл карда. Аробачаро тела карда ба долон баровардам. Ду-се маротиба то охири долон рафта баргаштам. - Берун ҳанӯз торик, аробачаи шумо чароғ надорад, - гуфтам. - Барои имрӯз кифоя, ташаккур. Каме ҷон гирифтам, - гуфт Зоя Павловна. - Рӯзҳои наздик махсус барои аробаи шумо роҳ месозам, бо зинаҳо поён фаромада наметавонем. - Ихтиёрат. Минбаъд тамоми корҳои хоҷагиро ба зиммаи ту месупорам. Баргашта дар ҷогаҳ ёзидан маъно надошт, хеле рӯи ҷойгаҳ нишастам. Соат ҳанӯз чор, на хоб дорам ва на машғулияте. Чароғи ҳуҷраи кампир низ фурӯзон, онҳоро ҳам хоб намебарад. Рафта дарашонро ба нохун задам. - Даро, - гуфт Зоя Павловна, - хобат намебарад? - Шояд наҳорӣ кунем? - Мо ҳам дар ҳамин ақида будем, - гуфт Ойгул хандида. - Чӣ кор кунам? Метавонам дар омода кардани дастурхон кӯмак кунам. Ҳамроҳ ба берун баромадем. Имрӯз бори дуюм Ойгул аз чойники мисӣ ба дастам об мерезад. - Медонед-чӣ Ойгул, ман дигар нияти фурӯхтани чойники шуморо надорам. - Нав ақлатон даромад. - Баръакс, мехоҳам ҳарчӣ бештар хонаро аз ин гуна нодириҳо ғанӣ гардонам. Гап байни ҳардуямон монад. Аз зери зинаҳо як самовар ёфтам, намедонам чи тавр ба кампир гӯям. - Чӣ мушкилӣ доред? - Охир ман гуфтам таҳхона пурра озод шуд. - Имрӯз анборхонаро ба тартиб мебиёрам, мегӯем, ки ёфт шуд. - Фикри хуб. Ҳамроҳ ба тартиб меорем. Пас аз ношто бо ҳамроҳии Ойгул дари анборхонаро кушода, ҳар чӣ дошт, берун баровардем. Якчанд курсичаҳои пояҳояшон мунаққаш низ пайдо шуданд. Шумораашон баробари шумораи ҳайкалчаҳо. Ойгул ҳамаро аз чангу гард тоза карда, ба ҳуҷраи Зоя Павловна даровард. Ман дар болои ҳар яке як донагӣ ҳайкалчаҳоро гузоштам. Кампир ин амали моро дида хеле хурсанд мешуд. Фармуд, ки аробачаашро оварда худашро шинонем. Аз чархҳояш дошта, худ ин тараф-он тараф ҳаракат мекард, гӯё моро кӯмак мерасонд. Латтаеро гирифта, то метавонист, ҳайкалҳоро тоза мекард. - Минбаъд хонаро ҳам худам рӯбучин мекунам, - гуфта ману Ойгулро хандонд. Фурсатро муносиб дида, номаълум аз таҳхона самоварро овардам ва салибро дар дарунаш ниҳодам. Гӯё нав дарёфт карда бошам, аз анбор истода Ойгулро наздам хондам. - Вақташ расид, - гуфтам, - ҳамроҳ мебарем. Кампир дар дастам самоварро дида ҳайрон шуд. - Аз куҷо ёфтед? - Аз анбор, - гуфтам, - андарунаш чизе дорад, - ва аз даруни самовар салиби тиллоиро гирифтам. - Оҳо, аз тилло ку. Самовар аз шумо, аломати ҷамъ аз ман. - Вай салиб аст, ин ҷо деҳ, - Зоя Павловна дасташро ҷонибам дароз кард. - Ҳазл кардам, медонам, ки салиб аст. Мо мусалмон ҳастем, ин бошад, аз насрониҳо, - гуфта салибро дар дасти кампир додам. - Аниқ аз тилло, - гуфту салибро дар рӯ ба рӯяш нигоҳ дошт, сипас даст ба пешона ва ду китфаш бурда каме таъзим кард, - инро дар болои сарам мустаҳкам мекунӣ. Аввал тарсидам, ки кампир аз дидани ин миқдор тилло гурдакаф мешавад, аммо ӯ ором буд. Маълум, ки дар ҳақиқат сарватманд аст. Ман бошам, чӣ тавр рабудани чойники мисиро меандешидам. - Шумо боре аз самовар чой нӯшидед? - пурсид Зоя Павловна. - Не, - гуфтем ҳарду баробар. - Ангишт надорем? - пурсид аз Ойгул. - Надорем. - Ба ноҳия кай меравӣ? - кампир ба ман рӯ овард. - Намедонам рости гап, либоси тоза надорам. Либоси танамро дина ҳангоми кор ифлос кардам. - Барвақттар нагуфтед, мешустам, - гуфт Ойгул. - То хушкиданаш луч гардам? Кампир хандид. - Як маротиба аз танат бадар куну афшон, рафта як қабат либоси нав ва як кабат либоси корӣ хар. Ангиштро ҳам фаромӯш накун. Сипас ба Ойгул ишорат кард. Донистам, ки кампир маро пул доданӣ, назди дар рафтам, ки маро боздошт. - Куҷо меравӣ? - Дар долон истам... - Ту сазовори бовариам гаштӣ, дигар чизе аз ту пинҳон намекунам. Ҳатто метавонам ин дафъа туро ба бонк фиристам. - Бонк бе боварнома ба ман хизмати шуморо намерасонад. - Дар ин бора андеша накун, бонк кам ман барин мизоҷ дорад, гуфтугӯ мекунам. Пулро гирифта озими сафар будам, ки Ойгул омад. - Ман ҳамроҳатон. - Боз барои чӣ? - Зоя гуфт, ки либосро ман интихоб кунам. - Хеле хуб мешуд. Ойгул дар назди кампир чой дам карда гузошт ва ҳамроҳ ба кӯча баромадем. - Ман тамоми пуламро гирифтам, - гуфтам ба Ойгул, - ба ҳамсарам мефиристам. - Ба кадомаш? - Ман як ҳамсар дорам. - Гуфтед модараш дар филармония кор мекунад... - Ҳазл кардам. Ҳама занҳо гумон доранд, ки шавҳарашон боз зан ё маҳбубаи дигар доранд. - Аммо ман Алинурро бо чашми худам дидам. - Ҳар мард зани зеборо дида, ҳамсарашро фаромӯш мекунад. - Аз таҷриба мегӯед? - Не. - Ман зебоям? Ба симои Ойгул нигаристаму: - Тоқат кардан мумкин, - гуфтам. Аммо ин бор ӯ наранҷид. Баръакс чунон хандид, ки чанд паррандаи дар шохи дарахт буда парид. Ман ҳам ба хандаи ӯ ҳамроҳ шудам. Аммо дар асл, дар назарам Ойгул рӯз аз рӯз мешукуфт. Эътибор додам, ки каме лабонашро сурхӣ молидаст, ба мижгони кӯтоҳаш ҳам сиёҳӣ илова кардааст. - Ман, ростӣ, ба занҳо наметавонам баҳо дода, - гуфтам. - Чӣ тавр хонадор шудед? Ҳамсаратонро дӯст медоштед? - Ман бо ӯ шаби никоҳ шинос шудам, духтари муқаррарӣ, ду чашму як даҳон дошт. - Чанд-то гӯш дошт? - Дар хотир надорам, аммо як ҷуфт гӯшвора харида будам. Ойгул аз таҳти дил, беандоза хандид. Даҳонашро бо кафи дастонаш пӯшида, худро аз ханда нигоҳ дошта наметавонист. - Агар аз Алинур маро пурсед, шояд ӯ ҳам маро чунин васф кунад. - Аниқ ҳамин тавр мегӯяд. То истгоҳ расидем, ки телефони ман занг зад. - Хомӯш шудӣ рафтӣ, - гуфт овоз, - Ман интизори зангат ҳастам. - Медонӣ дар куҷои ноҳия ангишт мефурӯшанд? - Медонам, ангишти сангӣ сари роҳ. - Цемент-чӣ? - Ту чӣ кор карданӣ? - Роҳро ҳамвор мекунам. - Худат? - Агар ёрӣ доданӣ бошӣ - биё. Пандус медонӣ-чист? - Медонам, роҳ дар паҳлӯи зинаҳо барои маъюбон. - Э, офарин. Пандус сохтан лозим барои кампир. - Чанд пул медиҳӣ? - Ин қадар пула дӯст медорӣ? Аввал омада кора бин, нарху наворо гап зан, маслиҳат кунем. - Мешавад ҳозир равам? - Ҳозир ноҳия меравам, агар имконият дошта бошӣ, як-ду рафикатро даъват кун. Имрӯз қолаб месозед, пагоҳ бетон. - Тез биё. - Математикаро хуб медонед? - пурсидам аз Ойгул. - Математика чӣ лозим? - Баландии пойдевор як метру ҳафтод сантиметр. Чӣ қадар дарозӣ лозим аст, ки таҳти ҳафт дараҷа ба замин рафта расад? Ойгул лаҳзае ба андеша рафт, сипас абрӯвонашро чин карда пурсид: - Яку ҳафтод - катет, катети дуюм - икс, гипотенуза номаълум... Намедонам, аз хотирам фаромӯш шудааст. - Ба мо дарозии катети дуюм лозим. - Э, катет гӯеду гардед, - хандид Ойгул, - ба фикратон устоҳо ба катету гипотенуза сарфаҳм мераванд? - Як мардро мешинохтам, дар Маскав кӯча мерӯфт. Чӣ шуду чӣ монд ӯро дар идора ба кор гирифтанд, галстук мебастагӣ шуд. Боре дар кӯча дидам, аҳвол пурсидам, гуфт, ки дар идора ҳамчун муҳосиб фаъолият мекунад. Маълум шуд, ки пештар дар коллеҷ аз фанни ҳисоботи бухгалтерӣ дарс медодааст. Камбудиҳои мухосиби пешинро ошкор кардааст. (давом дорад) Муаллиф Ю.Ашуров таҳияи М.Юсупов
    1 комментарий
    21 класс
    5 чизро ғанимат дон..
    1 комментарий
    32 класса
    Ҳар раҳгузаре маҳрами асрор нагардад..
    1 комментарий
    46 классов
    Лабрети ишқ Қисми 19 ... Аз гиро шудани чароғи ҳуҷра Алёна бедор шуд. Антон такя ба девор зада меистод. - Чӣ шуд, падар? - Дима канӣ? - Дима? Хабар надорам. Дар ҳуҷрааш нест? - Ман гумон кардам... Хайр, фаромӯш кун. - Чӣ шуд? - Ҳеҷ гап не. Оби хунук дорӣ? - Дар ошхона... Биёрам? - Худам меравам. Ту хоб кун. Узр, ки бедор кардам. Аммо Алёна бархоста ҳамроҳи падар то ошхона рафт ва аз оби ҷӯшонидашудаи сардгашта ба Антон дод. - Маро ҳар гуна... фикрҳои... ором намегузорад. Аз ту як чиро пурсиданӣ будам. Дарро маҳкам кун. Алёна дари ошхонаро пӯшида баргашт. - Шин, - курсиро ишора кард Антон. Алёна дар рӯ ба рӯи падар нишаст. - Акнун рӯирост иқрор шав, аз ман пинҳон накун. Димаро дӯст медорӣ? - бо овози пасти нимшунаво гуфт Антон. - Бениҳоят. Ҷавоби Алёна гӯё ба сӯҳбати онҳо хотима гузошт. Антон дида аз симои духтар намеканд, боз ҳарфи гуфтание дошт ва ғарқи андеша буд. - Чӣ ҳодиса шуд? - пурсид Алёна. - Ҳеҷ. Ман танҳо... донистан мехостам, ки муносибати ӯ бо ту чӣ гуна аст. - Пештара барин. - Пештар чӣ гуна буд? - Хуб. - Оё ту бовар дорӣ, ки ӯ туро дӯст медорад? - Шубҳа дорӣ? - Аммо ӯ дар ин бора ба ман ҳарфе нагуфтааст. - Чаро ба ту гӯяд? - Охир ман падар ҳастам. - Медонад, ки падарам ҳастӣ. Шояд фурсаташ нарасида бошад? - Донишгоҳ мехонӣ? - Не. Дар ягон вазифа кор карданӣ ҳам нестам. - Диплом медоштӣ, туро дар ягон вазифаи роҳбарикунанда мегузоштам. - Дима ҳам диплом надорад. Гуфтӣ, ки директори ферма мешавад. - Ту ҳам директори ферма шуданӣ? Мо як ферма дорем. - Говдӯш мешавам. - Ақлатро хӯрдӣ? Ман директори генералӣ, ту говдӯш? - Ту диплом дорӣ. - Меҳри падарӣ ҳам дорам. - Чӣ гуфтан мехоҳӣ? - Димаро бедор кун! - Соат нав се шуд. - Мо бояд тақдирро ҳаллу фасл кунем. - Соати сеи субҳ? - Соати фаро расидани маргро медонӣ? Ё марг ҳам расидани рӯзро мунтазир мешавад? - Ту Димаро куштанӣ? - Ақл надорӣ духтарам, рав Димаро даъват кун. - Бешӯхӣ? - Ман ҳазл намекунам. Алёна то назди дар рафт ва ба падар нигарист, ки шояд ӯро баргардонад. Аммо ӯ ба як нуқта назар дӯхта меистод. Алёна оҳиста рафта чароғи ҳуҷраи Дамирро гиро кард. Дамир бедор буд. - Хоб нестӣ? - Не. Чаро омадӣ? Рав, ки падарат бохабар мешавад. - Падарам туро даъват дорад. Агар дар бораи муносибатамон пурсад, "дӯст медорам" гӯй. - Ақлат дар ҷояш? Ман наметавонам ин тавр гуфта. - Роҳ гард, падарам мунтазир. Дамир аз ҷо бархоста аз паси Алёна то ошхона рафт. Антон дар ҳақиқат онҳоро интизор буд. - Барои маълумот ва барои маҷлис як ду чизро аз ту пурсиданӣ будам, - гуфт Антон. - Марҳамат. - Ҳамроҳат чанд нафар кор мекунанд? - Панҷ нафар. Се мард ва ду зан. - Ду зан бо чӣ кор машғуланд? - Занҳо ба корҳои шавҳарашон кӯмак мекунанд, хӯрок мепазанд, рӯбучин... - Ту ба ман даҳ нафар ваъда додӣ. - Меоянд рӯзҳои наздик. Мо дина дар ин бора маслиҳат кардем. Шояд аз даҳ нафар ҳам бештар шаванд. - Даҳ нафар кифоя. - Мо маслиҳат кардем, ки... албатта бо иҷозати ту... ва маблағгузориат... Агар имконият бошад. - Чӣ маслиҳат кардед? - Дар назди ферма гармхона созем, пору ҳаст, аз басандагӣ бештар. Бо маҳсулотҳои кишоварзӣ аққалан ошхонаи коргоҳро таъмин кунем. - Ақидаатон бад не, аммо дар гармхона чиро парвариш мекунед? - Помидор, бодиринг, карам, кабудӣ ва ҳатто лимонро. - Ман ин масъаларо пагоҳ дар маҷлис мегузорам. Албатта маблағ мегузаронем. Чӣ қадар маблағ лозим? Оё мутахассис дорем? - Мутахассис дорем, ки таҷрибаи зиёди корро дорад. - Пас аз як ҳафта чорворо меорем, мо ваъда додем, ки аз якуми октябр говҳо аз мо мешаванд. Чунки онҳо захираи хӯроки чорворо надоранд. Барои дастрас кардани хӯрока ба хоҷагиҳо рафта шартнома мебандӣ, ҳарчӣ арзонтар бошад ба нафъи худамон. - Фаҳмидам. Антон хомӯш монд. Алёна сабаби ба дигар мавзӯъ рафтани сӯҳбатро намефаҳмид. - Гармхонаро дар як гектар ба нақша гир. Алёна роҳбараш мешавад. Чӣ қадар масолеҳ лозим маълумот пешкаш кун. - Алёна ҳоло ҷавон аст, - ба Алёна нигарист Дамир, - масофа дур, ранҷ мекашад. - Дар хобгоҳ ҷо медиҳӣ. - Хобгоҳ хунук, айвонро оинабандӣ кардан лозим меояд. - Оинабандӣ кун! Шароити хуби кору истироҳатро таъмин кун, ба ҳар хона телевизор гузор, печка хар, ҳезуму ангиштро захира кун. Ту директори ферма, ман не-ку. - Ман маблағ надорам. - Ба ман муроҷиат кун. Сарфакорона истифода бар, истеҳсолотро зиёда гардонед, талаб карданро омӯз, корро ба ҳоли худаш нагузор. - Мекӯшам. - Инак, ферма ва гармхона тобеи коргоҳи мо мешавад вале мустақилона амал мекунад. Ҳама гуна нақшаву чорабиниҳо бо иҷозат ва дастгирии коргоҳи "Шахерзад" доир мегардад. Сипас ба Алёна рӯ овард: - Имтиҳони хатм кай сурат мегирад? - Ба фикрам моҳи июль. - Аз якуми август ту роҳбари гармхона. Аз мавзӯъи асосӣ дур рафтани суҳбат Алёнаро дар ҳайрат гузошт. Хеле мунтазир шуд, ки падар аз Дима муносибаташро бо духтараш мепурсад, аммо ҳайҳот. Шояд донистан ҳам нахоҳад, ки Дима дар ҳақиқат ӯро дӯст медорад ё не. - Боз ягон масъалае ҳаст, ки кӯмак карда тавонам? - пурсид Антон ва ин сухан дар дили Алёна шарораеро фурӯзон кард. Дамир ба андеша рафт. "Ҳозир мегӯяд, ки ман Алёнаро дӯст медорам" - андешид Алёна. Аммо Дамир хомӯширо ихтиёр карда буд, шояд ҷуръат намекард. - Ягон гуфтание надорӣ, - ниҳоят бо овози ларзон пурсид Алёна. - Барои таъмири хобгоҳ оё маблағ ҷудо шудааст? Мо қисми масолеҳи сохтмониро дастрас кардем. То фарорасии зимистон мехостам айвон оинабандӣ шавад. "Ландаҳури тарсу" - қариб ин суханро Алёна ба забон оварда буд. - Тиреза фармоиш диҳем? - пурсид Антон. - Ба мо танҳо оинаву тахта лозим, усто дорем, гуфт, ки дар як моҳ ба пуррагӣ оинабандӣ мекунад. Сониян агар имконият бошад поруи кӯҳна дар худамон боқӣ монад. Поруҳои навро дар ягон чуқурӣ мепӯсонем то барои солҳои минбаъда нуриҳои минералӣ аз худамон бошад. - Мо даҳ гектар заминро ба иҷора гирифтем. Як гектар барои гармхона, ним гектар барои пору, магар молро бо хӯроки худӣ таъмин карда метавонем? - Наметавонем. Боз даҳ гектари дигар аққалан лозим аст. - Ман худи пагоҳ бо Миша маслиҳат мекунам. Боз понздаҳ гектар хоҳиш мекунам. - Шумо бемалол сӯҳбататонро идома диҳед, - гуфта Алёна ба хонаи худ баргашт. - Ту ҳам рав, каме истироҳат кун, - гуфт Антон ба Дамир, - ман барои баромадам матн бояд чоп кунам. Дамир ба ҳуҷраи худ гузашт, то каме ёзида истироҳат кунад. Чароғро хомӯш карданӣ буд, ки Алёна омад. - То ин дараҷа беҷуръат буданатро нав фаҳмидам, - гуфт пичиррос зада, - безор кардед бо поруятон. - Поруи мо не, аз говҳо. Чаро ман беҷуръат будаам? - Нагуфтӣ-ку аз муҳаббатамон? - Ӯ аз ман дар масъалаи кор пурсон шуд. Сониян, пас аз хатми мактаб ба наздам меравӣ. Он гоҳ ману ту озод, кабӯтар барин. - Ман донишгоҳ мехонам. - Хон, рӯзона донишгоҳ, шабона бошишгоҳ. - Худи ҳозир рафта гӯй, ки маро дӯст медорӣ! - Не, ҳоло фурсаташ нарасидааст. Каме сабр бояд кунем. Ту ба Алёша ваъда надодӣ? Ин дам дар кушода шуду Антон даромад. - Шумораи умумии коргаронро чанд нафар нависам? - пурсид аз Дамир, гӯё Алёнаро намедид. - Гуфтам-ку, мо шаш нафарем. - Не, дар нақша чанд нафар коргар ба ҳисоб гирем, бисту панҷ нафар ва ду роҳбар? - Ҳамин қадар будагист? - паси сар хорид Дамир, - Пас барои мо боз нуздаҳ коргари дигар лозим? - Бале, тезтар дар ҷустуҷӯяшон шав, - гуфт Антон ва аз дар берун шуд. - Маро шарманда кардӣ, - гуфт Дамир, - шарт буд ҳозир омаданат? - Пагоҳ ба ферма меравӣ, Худо медонад кай бармегардӣ. - Ту ҳам "Худо" гуфтӣ-ку?! - Мегӯям минбаъд. Боз талаби онро мекунам, ки дар дилат каме меҳр пайдо кунад. - Аллакай пайдо кард, ба қудратат гардам, - Дамир Алёнаро сахт ба оғӯш гирифт, - бовар кардӣ? - Бовар кардам, имрӯз занг мезанам, ҷавоб деҳ. Бегоҳ бармегардӣ? - Не, кор ниҳоят бисёр, вале фурсат кам. Хобгоҳ, ки тайёр шуд, туро ба тамошояш мебарам. - Рӯзи якшанбе рафта дар корҳоят кӯмак мекунам. Ранг молида метавонам. - Айни муддао, фарши хонаро ранг мемолӣ. Маслиҳат пухт? - Пухт! ... Нисфирӯз Антон Дамирро ба идора даъват кард. Бояд барои оинабандӣ кардани айвон масолеҳ барад. - Ёрдамчӣ ёфтед? - пурсид аз Ӯрмон-амак, - раис барои оинабандӣ кардани айвон иҷозат дод ва маҳсулоти заруриро ҷудо кардааст. - Ёрдамчӣ - ҷияни худам, рӯзҳои шанбе ва якшанбе омада кӯмак мекунад. - Хеле хуб, пагоҳ шанбе, биёяд. Барои ҳар рӯзи кораш якуним ҳазор дастмузд мегирад. - Мо чӣ? - Пас аз ба анҷом расидани таъмир маош мегиред. Аз шумо рӯзбайъ не. Дамир ба квадроциклаш савор шуда рафт. - Дар охир фиреб надиҳанд хуб мебуд, - гуфт Ӯрмон-амак ба ҳамроҳаш, - Ман чанд маротиба ба дасти фиребгару қаллоб, миёнараву маошхӯрҳои иловагӣ афтидаам. - Ҷавони хуб барин метобад, чӣ вазифа дорад? - Ин ҳам як началник, корчаллон барин. Медонӣ, ӯро бори аввал дар шаҳр дида будам. Дар ҳамин чорчархааш як духтарчаи русро савор карда мегашт. - Духтарчаи русро аз ҳисоби заҳмати мову ту обу дон медодагист? - Албатта, боз аз куҷо мешуд? Кадомеро фиреб карда чорчарха харидааст, чорчарха пагоҳ мошини калони арзишманд мегардад. Мову ту аҳмақ, ба як бурда нон қаноат мекунем. - Агар маошамонро надиҳад, чорчархаашро савор мешаваму меравам. Мефурӯшам ва пулашро тақсим мекунем. - Инҳо гурги борондида, рӯзи маош даҳ нафар шуда меоянд, лом гуфта наметавонӣ... Дамир бегоҳ бо як мошини боркаш баргашт. Мошин аз тахта ва оина лаболаб буд. То як поси шаб ҳамаро зери айвон ҷо карданд. Нав дар сари дастархон нишаста буданд, ки Алёна занг зад. - Ҳозир мошинро гуселонидем, - гуфт Дамир, - фурсати занг задан надоштам. Бегоҳи шанбе меравам ва субҳи якшанбе туро меорам. - Ба русӣ тоза ҳарф мезанӣ, - гуфт Ӯрмон-амак, - ин ҳамон духтари чорчархасавор нест? Ё боз дигараш? - Худи худаш, - хандид Дамир, - мехоҳад дар корҳоям кӯмак кунад. Ваъда додам, ки рӯзи якшанбе меорам. - Охир, вай кӯдак аст, чӣ кор карда метавонад? - Дарвоқеъ, ҳамин кӯдак директори гармхона мешавад. - Кадом гармхона? - Аз хотиратон баромад? Дина маслиҳат кардем-ку? - Боз хандид Дамир, - пир шудед-чӣ? - Наход барои як гармхона директор лозим бошад? - Гармхона дар масоҳати як гектар, ба маблағи ҳаштод миллион сохта мешавад. - Инро ба ту кӣ гуфт? - Шаб то дер маҷлис доштем. Раис аз нақшаҳо пурсид. Маслиҳатамонро баён кардам. Розӣ шуд, гуфт, ки тезтар коргар ҷамъ кунем. Тӯрахон кай меояд? - Пагоҳ. Аммо танҳо бо Тӯрахон кор ҳал намешавад, вай ҳамагӣ як тракторист. - Хешу табор бошанд, даъват кунед, ба мо боз ҳаждаҳ нафар коргар лозим. Танҳо кӯшишу ғайрат дошта бошад. Фарқ надорад, зан аст, мард аст, духтар ё писар. - Пас кор нав сар мешавад гӯй? Дар ду рӯз ҳаждаҳ нафар ёфта меорам. Тӯрахон омаду дар ду рӯз тамоми тракторҳоро ба кор андохт ва "завгар" (заведующий гаража) ном гирифт. Минбаъд ҳама ӯро Завгар ном мебурдагӣ шуданд. Бегоҳи рӯзи шанбе Дамир ба хонаи Антон баргашт. Алёна аз дигар навъи хӯроки фирмавиаш омода карда ӯро мунтазир буд. - Падарат кай меояд? - пурсид Дамир. - Занг задам. Гуфт, ки имрӯз наметавонад ва барои ҳамроҳат рафтанам розӣ шуд. - Шахерзад-чӣ? - Ҳамин-ҳоло бояд расад. Дастонатро шӯй. - Аввал мӯъҷизаи техникаро ба қувва пайваст мекунам, то пагоҳ дар нимароҳ намонем. - Аввал, - Алёна ангушташро ба лабонаш бурд, - як бӯса! - Дастонамро шӯям... - Ту бо дастонат мебӯсӣ? Дамир уқобвор қанот кушода дар назди Алёна қарор гирифт ва аз лабонаш бӯсаи кӯтоҳе гирифту пас гашт. Аз ин амали Дамир Алёнаро ханда гирифт. - Дастонат ифлос, барои ҳамин бол баровардӣ? - Бале. Аммо қаноташ ҳанӯз кушода буд, ки Фараҳноз омад. - Кӯшиши паридан дорӣ? - пурсид ӯ. Аммо Дамир сир бой надода дар ҳамин аҳвол назди хоҳараш рафт ва аз рухсораи ӯ низ бӯса гирифт. - Ба додарам имрӯз чӣ шуд? - хандид ӯ, - париданро меомӯзад? - Гуфтам, ки дастонат ифлос, ба парвоз омад, - хандид Алёна. Фараҳноз дар хотир надошт, ки кай додараш то ин дараҷа хушҳол буд. Кайфияти Дамирро дида мондагии корро фаромӯш кард. То дер чорнафарон сӯҳбати самимӣ карданд. Имшаб ҳама хушҳол буд... Дар омади гап Дамир аз аҳволи Муҳиб пурсон шуд. - Нияти тӯйро надоред? - пурсид ӯ. - Ҳанӯз не. Шояд соли модарашро интизор бошад. Ҳар гоҳ маро мебинад, туро мепурсад. - Бисёр вомехӯред? - Моҳе як маротиба, - Фараҳноз бо овози баланд хандид, - лекин то ҳол изҳори муҳаббат накардааст. - Ҷавонони имрӯза латтакӯҳна, - ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд Алёна ва ба Дамир ишора кард, - ана як намуна, воситаи аёният. Садои ханда боз баланд шуд. - Ман як дӯстдошта дорам, арзи дилро ба ӯ мегӯям, - гуфт Дамир ба Фараҳноз чашмак зада. - Дидам, чашмак задӣ, пас дурӯғ мегӯӣ, - гуфт Алёна, - маро фиреб дода наметавонӣ. - Чӣ ном дошт он духтар? - пурсид Фараҳноз, - Сабрина буд ё Шарлотта? - Шаппотӣ ном дошт, - Алёна дасташро то манаҳи Дамир бурд. Дамир аз банди дастони нозуки Алёна дошта хандид: - Дастчаро бинед, бо ин дастон шаппотӣ ҳамчу навозиш аст. Ин дастҳо аз хӯрокпазӣ дигар ба боқӣ корҳо истифода нашудаанд. - Чунон занам, ки аз рӯят шарора парад! - Алёна ҳарчанд кӯшид, аммо дасташро раҳо карда натавонист. Бинобар бо дасти дуввумаш дасти Дамирро пучид, - пӯсти Дима аз чарм бошад, ки таъсир надорад. - Сар деҳ дастонашро, пӯсти сафед дар як лаҳза кабуд мешавад, - гуфт Фараҳноз. Дар ҳақиқат банди дастони Алёна аллакай кабуд шуда буд. - Бар падарам нишон медиҳам, ана бурҳон, ки бар ман зӯроварӣ кардӣ. - То саҳар гум мешавад, - гуфт Дамир. - Ман сураташро гирифта мемонам, ё ба дӯстдоштанат иқрор мешавӣ ё ҷазо мегирӣ, - Алёна телефонашро гирифта дасташро аз ҳар тараф аккосӣ кард. - Хуб, пагоҳ ҳама ба кор мераванд. Ту ҳам барвақттар хоб кун, субҳ соати ҳафт ба роҳ мебароем, - гуфт Дамир ба Алёна ва худ ба ҳуҷраи худ гузашт... Роҳи ферма дар назари Алёна ниҳоят дур намуд. Қариб як соат дар паси Дамир нишаста ӯро мустаҳкам дошт. Аз насими саҳар ва боди суръати чорчарха танаш ба ларза омад ва худро ба Дамир ҷафс кард. Дар ферма аллакай кор меҷӯшид. Се ҷавони навомада поруро дар прицеп бор мекарданд. - Монда набошед! - гуфт Дамир квадроциклашро дуртар қарор дода ва ба Алёна фармуд, ки ҳеҷ ҷо наҷумбад. Худ рафта бо ҳар яке гарм аҳволпурсӣ кард. - Барои кори доимӣ омадед ё муваққат? - Доимӣ. Аммо биргад (бригадир) мегӯяд, ки ҷои хоб намерасад. - Чӣ хел намерасад? Даҳ хона дорем. - Таъмир мекунанд ва ҷойгаҳ надорад. Нав ба хотири Дамир расид, ки онҳо ҳамагӣ даҳ ҷойгаҳ доранд. - То бегоҳ ҳал мекунем, - гуфт Дамир ва боз пурсид - Шумо чанд нафаред? - Намедонам, дар назди бино боз бист нафари дигар ҷамъ омадаанд. Мо дуредгар нестем, бинобар ба порукашонӣ фиристоданд. - Бист нафари боқимонда ҳама дуредгаранд? - Ба фикрам ҳамин хел... - Цехи дуредгарӣ надорем мо, - Дамир квадроциклашро савор шуда назди хобгоҳ омад. Дар ҳақиқат дар назди хобгоҳ ягон ҳашт нафар занон ва даҳ-дувоздаҳ нафар мардон ҷамъ омада буданд. Дамирро дида Ӯрмон-амак наздаш омад. - Раис, мо ба гумонам ниҳоят бисёр шудем. - Ба гумонатон не, аниқ бисёр шудед, - сипас назди ҷамъомадагон рафта ба ҳама саломи умумӣ дод. - Ассалому алейкум ҳамватанон. Чанд нафар шудем? - Бисту ду нафар, - гуфт Ӯрмон-амак. - Кӣ метавонад тиреза сохта? Қариб аксари мардон садо баланд карданд. - Ин ҳеҷ имкон надорад, ки ҳама дуредгар бошем. Кадоме аз шумо асбобҳои дуредгарӣ дорад? Ду нафар аз мардон назди Дамир омаданд. - Канӣ асбобҳоятон? - Дар хонаи иҷора, метавонем худи ҳозир орем. - Дар шаҳр зиндагӣ доред? - Бале, мошини шахсӣ дорем, дар ду соат бармегардем. - Равед, фурсат ғанимат, - Дамир ду нафарро гуселонида ба занҳо муроҷиат кард: - Шуморо шавҳаронатон дар куҷо? Маълум шуд, ки шаш нафар зану шавҳар омадаанд. - Занҳо дуредгар нестед? - Не, - ҳама хандиданд. - Тракторист нестед? - Мо тракторист, - гуфта ду марди дигар назди Дамир омаданд. - Ин кас завгари шумо, - Тӯрахонро ишора кард Дамир, - равед ба ферма ҳамроҳашон. - Мо либоси корӣ надорем. - Ҳо дари ҳуҷраи охирин кушода, мувофиқи андозаи танатон либосу мӯза гиред. Экскаватор ба кор даромад? - пурсид аз Завгар. - Соат барин. - Ковш дорем? - Дорем. - Дар паҳлӯи бинои ферма чуқурӣ мекобед. Чуқуриаш се метр, паҳноияш панҷ метр. Барои гӯронидани пору. - Дарозиаш чӣ? - То қади кӯча. Поруи хушкидаро дар дигар ҷо ҷамъ мекунем. Ин барои поруҳои нави имсола. Сипас боз ба занон муроҷиат кард. - Кадоме аз шумо бо дастгоҳи ширдӯшӣ кор кардааст? Танҳо як зан даст бардошт. - Шумо хола дигаронро меомӯзонед. Ба мо даҳ нафар зани ширдӯш лозиманд. Шумо чанд нафар? - Ҳафт нафар. - Метавонед дусад сар говро дӯшида? - Кӯшиш мекунем. - Корро аз камаш сар мекунем. Пагоҳ панҷоҳ сар говро тариқи таҷрибавӣ дастрас мекунанд. Бо ҳамин шумора се рӯз дугонаҳоятонро омӯзонед. Розӣ? - Розӣ. Дамир дар дафтарчааш чизеро кайд кард ва боз ба занон рӯ овард: - Ба ягон хонаи таъмиршуда дароед, мо бо мардон сӯҳбати мардона дорем. - Дима! - ниҳоят дилтанг шуда фарёд кард Алёна, - шинам ҳамин хел? Монда шудам. - Туро қариб фаромӯш кардам, - хандид Дамир, - фарову як гирду атрофро саёҳат кун. Сипас ба мардон муроҷиат кард: - Ман Дамир ном дорам, аз Тоҷикистон. Бо супориши директори генералӣ ва дастгирии шумо албатта, роҳбарии кори фермаро ба дӯш гирифтаам. Мо ҳама муҳоҷирем, як луқма нон гуфта, зану фарзандонро ба паноҳи Худованд супорида омадем. Ферма ҳам ҷои корамон аст ва ҳам истиқоматамон. Бо ҳам дӯсту тифоқ бошем ва ҳалол меҳнат кунем. Дуздӣ накунем ва бо сари баланд ба Ватан баргардем. Ҳамдигарро дастгирӣ кунем ва маоши баландро насибамон гардонад. Касе аз мардон "омин" гуфта монд. - Дар назди мо се вазифаи муҳим истодааст. Якум сохтмони анбор барои маҳсулоти хом, анбор барои нигаҳдории дастгоҳҳои ширдӯшӣ. Дуюм омодагӣ ба қабули чорво, омода кардани ҷо барои хӯрокаи чорво ва ниҳоят сохтмони гармхона. Нақшаи рӯзонаи истеҳсоли шир панҷ тонна муқаррар шудааст, бештар истеҳсол кунем маошамон зиёд мешавад. Барои камтар шудани хароҷот пешниҳод мекардам, ки як бинои фермаро анбори маҳсулоти хом кунем. Дастгоҳҳоро муваққатан дар яке аз ҳуҷраҳои хобгоҳ ҷой медиҳем. Бо ин роҳ мо имконият пайдо мекунем, ба сохтмони гармхона то оғози фасли сармо асос гузорем. Интихоби касбҳоро ба ихтиёри худатон мегузорам. Мутахассис бояд кори сохтмонро роҳбарӣ кунад. Миёни мардон таклифу пешниҳодҳо сурат гирифт. Аз фурсат истифода бурда Дамир ба Антон занг зад. - Бисту панҷ нафар коргар аллакай машғули кор ҳастанд. Ҷойгаҳ намерасад. - Рафта аз мағоза хар, маблағашро мо ба суратҳисобашон мегузаронем. - Дигар масъала: имрӯз қисми зиёди ферма аз пору тоза мешавад. Оё имкон дорем, ки панҷоҳ сар говро пагоҳ дастрас кунем? Занҳо таҷриба мекарданд. - Метавонем. Панҷоҳ сар худи пагоҳ дастрас мегардад. Алёна ҳамроҳат? - Бале, дар паҳлӯям. - Эҳтиёт кунед. Вазифаҳо муайян, ҳама ба кори худ шурӯъ кард. Пас аз баргаштани дуредгарон Дамир хоҳиш кард, ки ӯро бо ҳамроҳии Алёна то шаҳр расонад. Дуредгар-ронанда розӣ шуд. - Маро гуфтӣ, ки ранг мемолам, ба куҷо меравем? - пурсид Алёна дар паҳлӯи Дамир ҷо гирифта. - Рангмолиро фаромӯш кун, намебинӣ чӣ қадар коргар дорӣ? - Дорам гӯй. - Воқеан, ин кас директори гармхона ҳастанд, - Алёнаро ба ронанда шинос кард Дамир, - Алёна Антоновна. - Тоҳир, - худро муаррифӣ кард ронанда, - вале амакам ҳам маро Тоха ном мебарад. Аз тарзи суханронӣ ва рафтори ҷавонмард маълум буд, ки ӯ солҳои зиёд дар муҳоҷират аст. - Пештар дар куҷо кор мекардед? - пурсид Дамир. - Мо аксар аз як маҳаллаи тоҷикнишини Қаршӣ ҳастем, бо ҳамдигар хешу табор. Амакам даъват кард, аввал дар сохтмони як завод кор кардем. Заводро ба истифода доданд, болопӯши хонаҳоро истеҳсол мекард. Тасаввур кунед, дар як заводи калон даҳ нафар коргар. Ҳамаи корҳоро техника иҷро мекунад. Сипас ба фабрикаи истеҳсоли дару тирезаҳо гузаштем. Бинобар ҳамин ҳама худро дуредгар гуфт. - Дару тиреза сохта бошед, дар ҳақиқат дуредгаред. - Дар сари дастгоҳ дувоздаҳ соат рост меистодем. Дар он ҷо низ ҳама корро техника иҷро мекунад, аз мо танҳо андоза гузоштану ҷои қулфу дастакро сӯрох кардан ва дар қуттӣ ҷо кардан. Ҳар смена сесаду панҷоҳ дона норма. Мушкилаш бардору фарор, бурда дар анбор таҳ кардан. - Хеле хуб! - Ҳеҷ ҷои хубӣ надорад. - Хешу табор буданатон хуб. Хислати ҳамдигарро медонед ва якдигарро дастгирӣ карда метавонед. Айвонро ҳамчун филиали гармхона истифода мебарем. Тухмиро дар ҳамин ҷо омодаи кишт мекунем. Бинобар, бояд зери айвон ҳавои гарму мӯътадил ва равшании дастрас дошта бошад. - Ящикҳои парвариши тухмӣ дорем? - Дувоздаҳ нафар дуредгар дорем. Ҷавоби саривақтии Дамир Тоҳирро писанд омад магар, ки табассум кард. Ҷойгаҳ, зарф, сару либоси махсус, хӯрокаро харида бо мошини боркаши коргоҳ гуселониданд. - Алёна Антоновнаро то хонаашон мерасонем, сипас ба ферма бармегардем, - гуфт Дамир. - Ман ҳамроҳат, - рад кард Алёна, - бояд аз раванди кор ошно шавам. - Ту бояд ҳисоботро барои кори имрӯза тартиб диҳӣ, - Дамир ба Алёна чашмак зад. Аз рӯи нишондоди Дамир то хонаи Антон расиданд. Дамир Алёнаро то дари хона гуселонд. - Антон фармуд, ки тарҳи сохтмони гармхонаро аз интернет дастрас кунӣ ва нақшаашро дар коғаз чоп кунӣ. Масоҳат як гектар. - Бегоҳ бармегардӣ? - Албатта. Маро мунтазир шав. Дамир шитобон омада дар мошин нишаст. - Ин хонаи Антоновна аст? - пурсид Тоҳир. - Бале. - Ин қадар маблағро аз куҷо меёбанд? - Шабу рӯз заҳмат мекашанд, шунидӣ Антоновна чӣ гуфт? Фарши хобгоҳро рангмолӣ омада буд. Ман нагузоштам. - Духтар хеле ҷавон барин. - Хеле ҷавон, вале кордон. * * * Дамир як нафарро ошпаз таъин кард. Ин зан нисбатан солхӯрда менамуд. - Шумо сарошпази мо, хола, дастурхони бисту панҷ нафарро саришта мекунед. Соати ҳафт наҳорӣ, дувоздаҳ нисфирӯзӣ, бегоҳ ба кайфиятатон вобаста. Гӯштро ба андозаи гӯшашон медиҳед. Дамир мекӯшид, ки бо ҳама ҳазл кунад. Аммо дар ҳама ҷо шахсоне ёфт мешаванд, ки ҳаҷву ҳазлро намефаҳманд, ин гуна эҳсосот барояшон бегона аст. - Миёни русҳо гашта ҳурмату эҳтиромро намедонӣ! - гуфт марде, ки ба андозаи ҷисмаш мувофиқ либос намеёфт, - ин зан ҳамсоли модарат аст, шояд бузургтар. - Ман чӣ гуфтам? Ягон сухани беҷо задам? - Ҳазлу шӯхиро бо ҳамон оимчаи ҳамроҳатбуда кун. - Ака, ҳамон оимча - директори шумо. Хоҳиш мекардам, ки ба иззати нафси ҳамдигар нарасем. Ман бо ҳама ҳазл мекунам. - Бо ман ҳазл намекунӣ. Ман писари аммаат намешавам. - Тоҳирако, - ронандаро наздаш даъват кард Дамир, - амакатон ҳамин кас мешаванд? - Не, лекин бегона нестанд. - Ба забони худатон фаҳмонед, ки ин ҷо макони муайян кардани эҳсосот нест. Ман намехоҳам касеро ранҷонам, аммо тарзи муомилаашон агар дигар нашавад, метавонанд ба танашон либос интихоб накунанд. Тоҳир мардро дуртар бурда ким-чӣ маънидод кард. Дамир ду ҳуҷраи мобайниро интихоб кард ва фармуд, ки қисми девори мобайниро кушода барои занҳо ошхонаи алоҳида созанд ва барои ин кор ду рӯз мӯҳлат дод. - Дар ду рӯз наметавонем, - гуфт Тоҳир. - Ман кӯмак мекунам. - Не, раис, шумо бемалол аз паи коратон бошед. - Ӯрмон-амак канӣ? Ман гуфтам, ки як нафарро барои ҳамин гуна корҳои ғайринақшавӣ гузоранд. Канӣ ҳама? Аз понздаҳ нафар мард се нафар боқӣ мондаанд. - Ҳама дар ферма. Дамир ҷониби ферма раҳсипор шуд. Дид, ки ду нафар кор мекунанд, дигарҳо тамошобин. Касе дар миён чизеро бо шавқ нақл дорад, ҳама хушҳол. - Шунавандаҳо дар ин ҷо, ман ҳазламро бо киҳо дорам? Кӣ бекор? Киро ҳазлҳои намакин хонам? Ҳама хомӯш шуданд. - Чор нафар дар ин ҷо басанда, рафтем ҳамроҳи ман. Дамир бо қалам дар девор ҷои барканданро ишора карду фармуд, ки деворро афтонанд. - Бом ба сарамон фурӯ меравад, - гуфт ҷавоне. - Ин девор борбардор нест, хавотир нашавед. Хишташро ҷудо карда оташдон созед, ҳо дар ана кунҷ. Цементу рег дорем. Дар як лаҳза ҳамаро чанг пахш кард. Дастобадаст хиштҳоро аз девор ҷудо карда дар як тараф таҳ карданд. Танҳо як қисми девор, ҷое, ки оташдон дар назар дошта шуда буд, боқӣ монд. - Сохтани оташдон вазифаи ҳардуи шумо, - ду нафарро ишора кард Дамир ва боз ду нафари дигарро фармуд, то аз паи мӯрӣ (дудбаро) бошанд. Худ квадроциклро савор шуда ба хона баргашт. * * * - Сарам ҳеҷ чизро намегирад, ба дард даромад, - баробари Дамирро дидан гуфт Алёна, - аз ин хатҳо чизеро нафаҳмидам. - Ту донишгоҳ хонданӣ будӣ-ку? - Биё, беҳтараш кӯмак кун. - Ман ҳамагӣ маълумоти нӯҳсола дорам. Канӣ, ба кадом саҳифа даромадӣ? Ду нафар дар сари компютер нишаста хеле саҳифагардонӣ карданд. Дамир дар дафтари худ қайдҳо мекард. Сипас аз Алёна хоҳиш кард, ки яке аз расмҳоро дар коғаз чоп кунад. - Айнан ҳамин гуна гармхона ба мо лозим меояд. Ин чоряки гектар. Аз ҳамин гуна гармхона чор дона месозем. Ана ин номгӯи материалҳое, ки барои сохтмон лозим мешаванд. Ҳамаи ин рақамҳоро ба чор зарб зан. Арзиши масолеҳро бо дастрас карданаш ҷӯё шав, ҳарчӣ арзон бошад, боз хубтар. - Ман бояд хӯрок пазам. - То ҳол напухтӣ? - Фурсат надоштам. - Шахерзадро хоҳиш мекунам, ягон чӣ меорад. - Лозим нест! Ман имрӯз як намуди нави хӯрокро омӯхтам, дар ним соат омода кардан мумкин. - Аҳа, туро гуфтам нақшаи гармхонаро бин, ту бошӣ... Боз дарди сар шудам мегӯӣ. - Гармхона кори ман не. Ман директор! - Барои директор будан аққалан пойдевор лозим. Э, нодонаке, рав, аз паи хӯрок шав! То баргаштани хоҳараш Дамир тамоми лавозимотро бо арзишаш ҳисоб кард. Ҳатто арзиши корро муайян намуд. Маълум шуд, ки васлгари газу барқ ҳам лозим меояд. Ба амаки Ӯрмон занг зад. - Сварщик дорем Амак? - Дорем. Аммо дастгоҳ надорем. - Дастгоҳ мехарем, худи усто интихоб мекунад. Аз рӯи ҳисоби Дамир арзиши сохтмон наздик ба сивушаш миллион расид. Антон бошад ба ӯ аз шаст миллион ёдовар шуда буд. - Марҳамат профессор, хӯрок тайёр, - гуфт Фараҳноз, - имрӯз хеле серкор метобӣ? - Ғайричашмдошти ман, - компютерро хомӯш карда гуфт Дамир, - имрӯз ферма аз коргар пур буд. Ман ҳам дар такопӯ шудам. Ҳамаи онҳоро бо кор таъмин карда маош додан лозим. - Ташкили кор мушкил, фермаву гармхона, ки ба кор даромад, он тарафаш осон. Барори кор, додарам! - Ташаккур. Дамир дар ҷогаҳ ёзида нақшаи кори фардоро мекашид. Панҷоҳ сар гови дӯшоиро меоранд, дастгоҳҳои ширдӯширо меоранд. Занҳо бо кори худ, таҷриба меомӯзанд. Зани таҷрибадор бригадири онҳо мешавад. Чор нафар аз ҷавонон барои пойдевори гармхона хандақ мекобанд. Чор нафар бо сохтани қолаб машғул мешаванд. Чор нафари дигар бо таъмири хобгоҳ ва сохтмони ошхона... ... Кор дар ферма ва гармхона дар авҷ буд, Антон супориш дод, ки то омадани барф гармхона ба истифода дода шавад. Барои кӯмак аз ферма низ кормандон ҷалб мешуданд. Дусад сар гов наздик ба чор тонна шир медод. Панҷ тоннаи нақша иҷро намешуд ва аз ин Антон норизо мегашт. Чанд маротиба бо Михаил телефонӣ сӯҳбат карда ӯро дар фиребидан ҳам гунаҳкор кард. - Говҳои пирро ба мо фурӯхтӣ, - мегуфт ӯ, - гӯсолаашро гирифта ширашро хушк карда ба мо фиристодӣ. Антон Михаилро вазифадор кард, ки тамоми говҳояшро сунъӣ бордор кунад ва дар парвариши минбаъда ба коргарон маслиҳатҳо диҳад. - Камомади истеҳсоли ширро аз даромади гармхона рӯпӯш мекунед, - гуфт ба Дамир, - ё аз ҳисоби маошатон. Эҳтимоли кам шудани маошро шунида қариб аксари мардон ба сохтмони гармхона пардохтанд. Дастгоҳҳои гармкунӣ ва равшанидиҳанда харидорӣ ва насб гардиданд. Хоки ҳосилхезро паҳн намуда дар ду гармхонаи омодашуда помидору бодиринг шинониданд. Аз сабаби серкорӣ Дамир низ дер ба хона меомад. Ҳуҷрае, ки дар хобгоҳ барояш ҷудо карда буд, ҳамчун анбори хӯрок ва сару либосҳои коргарон истифода мешуд. Минбаъд бо квадроцикл барояш мушкил буд. Бинобар сардии ҳаво қувваи аккумулятор танҳо ба як самт мерасид. (давом дорад)
    5 комментариев
    25 классов
    🌊Кафши кӯдакеро дарё бурд, кӯдак рӯи соҳил навишт: Дарёи дузд... Он тарафтар марде, ки сайди хубе дошт, рӯи об навишт: Дарёи саховатманд... Модаре, ки писараш дар он дарё ғарқ шуда буд, навишт: Дарёи қотил... Пирамарде, ки марвориде сайд карда буд, навишт: Дарёи бахшанда...🌊 🌊МАВҶ ОМАД ВА НАВИШТАҲОРО ШУСТ ВА ДАРЁ ОРОМ ГУФТ:😌 🗣️Ба қазовати дигарон эътино макун, агар мехоҳӣ дарё бошӣ бар он чи гузашт, он чи шикаст, он чи нашуд ҳасрат нахур...👌 🌗ЗИНДАГӢ АГАР ОСОН МЕБУД БО ГИРЯ ОҒОЗ НАМЕШУД...🌓
    1 комментарий
    35 классов
Фото
  • Класс

Телефон шуморо ба одамхое ки аз шумо

Телефон шуморо ба одамхое ки аз шумо - 947389035046
Телефон шуморо ба одамхое ки аз шумо - 947389035046
  • Класс

5 чизро ғанимат дон..

5 чизро ғанимат дон.. - 947290822950
5 чизро ғанимат дон.. - 947290822950
  • Класс
  • Класс
Показать ещё