ҷавони зангир!
Ҷавоне хост пеш аз он ки оила барпо намояд аз 100 нафар одаме ки аз ру ба руяш барояд дар ин масъала албатта маслиҳат бигирад. Ҳамин
тавр у бо 99 нафар мардумон савол мекард ва онон ба у маслиҳатҳои гуногун медоданд. Акнун ҳамон як нафар монда буд. Ин замон дар ру ба руи ин ҷавон як девонае болои чубе савор пайдо шуд. Девона чубро (аспашро) тозиёна мезаду аз назди
ҷавон мехост гузарад.
Ҷавон ба худ фикр кард ки «охир аз девона чи маслиҳат гирам»- аммо он ки у ба худ қавл дода буд уро ма ҷбур сохт то девонаро боздорад ва аз у маслиҳат бигирад:
- Эй бандаи Аллоҳ, ба ман маслиҳате бидех! Ман мехоҳам оила барпо намоям. Пас ту чи маслиҳат медихи : аз кадом тоифа аз занон ба худ ҷуфт интихоб намоям?
Девона ҷидди ба ҷавон нигаристу гуфт:
-Гар тавони ба худ аспи сурх бихар! Аммо агар туро имконийят нест-пас аспи сафед бихар! Гар ба ин ҳам имконийят надори-аспи сиёх бихар!
Девона ин маслиҳатро доду ба «аспаш» қамчин заду равона шуд.
Ҷавон каме истоду маънии маслиҳати додаи девонаро нафаҳмид
ва у низ аз паси девона давиду уро боздошт. Ҷ авон боз аз у пурсид ки хубтар маслиҳати додаашро фаҳмонад. Девона гуфт:
-Он ки ман ба ту маслиҳат додам аспи сурх бихари –яъне гар тавони бо
духтари сурху тозае ки шавҳар накардааст оила барпо намои. Чунин духтар бо хости Илоҳи туро ҳурмату эҳтиром мекунад ва дар зиндагии дуняви туро такягоҳат хоҳад шуд. У аз фармудаҳову хоҳишат набарояд-пас ту аз чунин зан дилпур хоҳи буд!
-Аммо гар туро имконийяти ба чунин духтар оила барпо кардан нест- ман маслиҳат додам то ба худ аспи сафед бихари. Яъне ба зане ки боре шавҳар карда ҷудо шудаасту аммо фарзанд назоидааст оила барпо намои. Чунин зан дар аввал баъзан дар фикри шавҳари аввалааш хоҳад буд- аммо дар охир уро фаромуш карда туро ҳурмату эҳтиром хоҳад кард. Ин зан ҳам шояд ба ту такягоҳе дар зиндаги хоҳад шуд.
- Боз ман маслиҳат додам ки гар имкон надори аспи сиёҳе бихар-яъне ба зане ки шавҳар карда ҷудо шудааст ва кудак дорад оила барпо намои. Чунин зан дар зиндаги зиёд фикри шавҳари аввалаашро хоҳад кард. Аз чунин зан ё бурд менамои - ё ба бохт ру ба ру хоҳи шуд. Гар чунин зан аз аҳли «та қ во» ва Худотарс бошад пас ту бурд менамои. Чун чунин зан албатта шавҳари худро ҳурмату эхтиром хоҳад кард- ва дар молу ҷонаш хиёнат нахоҳад кард. Фарзанде ки аз зани «бота қ вову парҳезгор» бошанд тарбияи хуб доранд –пас туро низ чун падари худ
ҳурмату эҳтиром хоҳанд кард!
-Аммо зане ки аз моли ту бихурад ва бипушад , аммо ҳама вақ т дар фикри шавҳари аввалааш бошад- пас ту бохт хоҳи кард!Фарзандонаш ҳам туро ҳурмату эҳтиром кофи нахоҳанд кард, чун падари худашон. Чунин зан ба ту ба зуди одат нахоҳад кард.
Ҷавон асли маслиҳати «девона»-ро фаҳмиду саволи дигар дод:
- Ай бандаи Аллоҳ! Охир ту ку марди боақ лу хирадманде ҳасти-пас чаро болои ин чуб чун асп савори? Охир ман аз он 99 нафаре ки ба ман дар масъалаи оила барпо намудан маслиҳат доданд туро беҳтарин ҳисобидам. Пас ман мутмаинам ки а қлу шуури ту беҳ аз олимони ин замон аст! Сабаби ин «девона» худро вонамуд кардан дар чист?
«Девона» ба ҷавон бо ҳайрат нигаристу пурсид:
- Магар ту намедони?
-Не намедонам! Чиро ман бояд медонистам?-пурсид ҷавон.
- Охир муфтии кишвар дируз мурду дар тамоми шаҳр нафареро ҷустуҷуй доранд то уро иваз намояд. Ман метарсам ки онҳо маро боз интихоб нанамоянд. Барои ҳамин беҳтараш
дар ин замони мо ман девонае бошаму-аммо муфтии икшвар не! Ин «аҳволам» барои ман беҳтар аст! – инро гуфту у роҳашро давом дод болои «аспаш»!
Тасинифи√Тири нуқрагин
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 29
ягон маслихати аник надодааст хаммаи тоифахои номбаркардаашро таъриф кардааст ва дар охир факат бечора тоифаи сеюмро хатарнок гуфта аст.
Ин мард кадом маслихаташро кабул карда бошад?
ай руи миллион гуфтагиай
обод боши