(Дунёи бегонагон)
Қисми 43.
Мард аз пеш, саг аз думболам буд. Бо равшании чароғаш хеле роҳ паймуда ба кулбае расидем. Дуртар аз кулба як асп ва боз дуртар ароба ба чашм расид. "Боз ба кадом замон расидам" гуфтам дар дил. Вале чароғи равшан ва телевизори ҳамвори кулбаро дида дилам ором гирифт.
Мард аввал чой пешниҳод кард, сипас таклиф кард, ки дар курсӣ шинам. Дар девор шохи калони гавазн овехта шуда буд. Тахмин кардам мард ҷангалбон аст.
- Канӣ, нақл кун, - гуфт мард, - Чӣ ҳодиса рӯй дод?
- Хостам роҳро кӯтоҳ кунам, - гуфтам, - аммо баръакс... Ба автобус дер кардам, ба ноҳия рафтанӣ будам...
- Кай ба роҳ баромадӣ?
То Грачёвка дур будани "роҳро” ба инобат гирифта:
- Дина саҳар, - гуфтам.
- Хеле роҳ гаштӣ, - гуфт мард ва дар болои миз чанд кулчақанд гузошт, - беҳтараш автобусро мунтазир мешудӣ. Ҳоло ҳаракати автобусҳо ба вақти зимистона нагузаштааст, - гуфта аз киса телефони тугмагиашро гирифт, - имрӯз бисту дуюм, ҳоло ҳашт рӯзи дигар ҳаст.
- Мумкин аз телефонатон занг занам, - пурсидам ман, - ҳамсарамро огоҳ кунам, телефони худам гум шуд.
Мард телефонашро ба дастам дод:
- Алоқа суст, дар берун кор карданаш мумкин, ба болои ароба баро.
Телефонро гирифта ба берун баромадам, ки саг ғуррос зад. Аз фурсат истифода бурда ба санаи телефон нигаристам: 22.11.22. Соат 22:11. Хурсандии маро ҳадду канор набуд, охир ман дар замони худам қарор дорам, каме дуртар деҳа, боз каме дуртар "Дом Павла".... Ва ана Ойгул, ана Зоя Павловна. Имшаб хоб намеравам, бо саг дӯст мешавам... Ҷангалро бонӣ мекунам...
- Ҳаст алоқа? - гуфта ҷангалбон баромад.
- Рақамаш дар хотирам нест, - гуфта телефонро баргардонилам. Мардро сахт ба оғӯш гирифтам.
Мард дар ҳайрат шуд.
- Шумо маро аз марг наҷот додед, - гуфтам, - намедонам некиатонро чӣ тавр баргардонам? Гумон кардам тамом, умрам ба охир расид...
- Ин қадар воҳима кардӣ? Саг туро намехӯрд.
- Саг не, гургу шағол мехӯрд.
- Канӣ ҳамон гургу шағол? Соли гузашта як харгӯшро бо азоб ёфтам, тирам ба нишон нарасид, ҳамон ҳам гурехт. Ба фикрам дар ин беша аз ману сагу аспам дигар касе нест. Даро ба хона.
Мехостам бо мард сӯҳбати доманадор дошта бошам, ҳамаи саргузаштҳоямро нақл кунам. Аммо худдорӣ кардам, аз ду сар бовар намекунад ва маро ақлбохта гумон мекунад.
Ойгул чӣ?
- Ин қадар вақт дар куҷо будед? - гуфта гиря мекунад, - Ман шуморо гумон кардам, ки тӯъмаи гургу паланг шудед.
- Гургу паланг? Гургу паланг тӯъмаи ман мешаванд. Пазмон шудед?
- Хеле...
Ҷангалбон бароям дар як кунҷи кулбааш ҷо дод.
- Ташаккур - гуфтам, - Ман хобиданӣ нестам. Маро бо сагатон Елисей ошно кунед, сагро дӯст медорам... агар нагазад.
- Елисей агар газанда мебуд, туро дар ҷангал пора мекард, ҳатто ман огоҳ намешудам, - гуфта ҷангалбон аз яхдонаш каме гӯшту устухон гирифт.
- То ин ҷо барқро чӣ гуна овардед?
- Бо симчӯб. Коргоҳ як қадам.
- Чӣ хел коргоҳ?
- Коркарди чӯбу тахта. Надидӣ?
- Надидам.
- Вай танҳо рӯзона кор мекунад. Ман ҳам посбони коргоҳ ва ҳам ҷангалбон. Субҳ автобус кормандонашро меорад, бегоҳ гашта мебарад. Пагоҳ метавонам туро бо автобуси коргоҳ гуселонам, вале автобус то Грачевка намеравад.
- Корманди бисёр дорад?
- Ягон даҳ-дувоздаҳ нафар будагист. Ман нашуморидам. Кор кардан мехоҳӣ?
- Агар қабул кунанд.
- Қабул мекунанд, бо Витя маслиҳат мекунам. Калидашро дорам, мехоҳӣ тамошо кардан?
- Мехоҳам.
- Рафтем, аздусар хоб надорам.
Ҳарду берун баромадем. Саг ҳам ба мо ҳамроҳ шуд.
- Устухонро надодем-ку, - гуфтам ман.
- Пас аз баргаштан.
То коргоҳ ягон дусад метр масофа буд. Мо аз дари иловагии дар паси коргоҳбуда вориди он шудем. Аммо саг аз зери девор гузашт.
- Роҳашро медонад, - гуфт ҷангалбон, - тез-тез омада хабар мегирад, маоши посбонро ба саг доданам лозим.
- Бо гӯшт таъмин мекунед-ку, - гуфтам, - ҳамту не Елисей?
Аммо саг ба суханони ман аҳамият надода, дар канори соҳибаш мегашт. Мо аз дарвозаи асосии цех, ки дар худ боз дари хурд барои одамон буд, даромадем. Ҳамагӣ дар як қатор дастгоҳҳо гузошта шуда буданд. Ҷангалбон ба шарҳи дастгоҳҳо гузашт.
- Дастгоҳи аввал пӯсти дарахтро мегирад, - гуфт ӯ, - дуввумаш ба тахта ҷудо мекунад, севумаш ранда мекунад.
- Тахтаро ранда ҳам мекунанд?
- Алҳол барои сохтмони маъбад супориш гирифтаанд, Витя ҳамин тавр гуфт.
- Витя кист?
- Витя директор. Аз ин коргоҳ партов намебарояд, Ана дар дастгоҳи охирин тахтаҳоро майда карда, хишт месозанд, "авроҳезум" ном дорад.
- Аз "авроҳезум" хариданам мумкин?
- Албатта. Хонаро бо чӣ гарм мекунӣ?
- Бо ҳезуму ангишт.
- Ту ба ман муроҷиат кун, Витя ба ман арзонтар медиҳад.
- Коргоҳро кӣ мерӯбад?
- Худи кормандон.
- Чунон тоза, ки хонаи истиқоматӣ барин.
- Дар ин масъала Витя сахт талаб мекунад.
Дарҳоро маҳкам карда, боз ба кулба баргаштем.
- Мумкин устухонро ман ба саг диҳам?
- Аз дасти ту намехӯрад., - гуфта ҷангалбон аз хона устухонро баровард, - канӣ, як имтиҳон кун-чӣ?
Устухонро гирифта ба саг додам, як бӯй кашиду ба соҳибаш нигарист.
- Дидӣ, - гуфт ҷангалбон, - ишораи маро интизор. Хӯр, - гуфт ба саг.
Саг устухонро гирифту каме дуртар рафта нишаст. Луқмаашро миёни ду дасташ гирифта хӯрд.
- Боз доред устухон? Ин дафъа бе иҷозати шумо ҳам аз дасти ман мехӯрад.
Ҷангалбон боз як бурда устухон баровард. Ин дафъа худи саг аз дастам устухонро оҳиста гирифта ба сӯи беша рафт.
- Устухонро куҷо бурд? - пурсидам ман.
- Бурда дар ягон ҷо мегӯронад, ҳамчун захира. Аммо гург захираро намедонад, сайдашро то ба охир мехӯрад. Ту намехобӣ?
- Не, шумо бемалол истироҳат кунед.
Ҷангалбон ба хона даромаду овозаш баромад:
- Соат чор мешавад, ман ҳам хоб надорам.
- Хоб надошта бошед, рафтем, - гуфта ба хона даромадам.
- Ба куҷо?
- Ба Грачёвка.
- Ақлатро хӯрдӣ? Ман соати ҳафт коргоҳро ба Витя месупорам. Ба ноҳия рафтанам даркор, ба Кондор ем меорам.
- Кондор кӣ?
- Кондор-аспи вафодорам.
- Аспи вафодор зимистон дар куҷо мехобад?
- Дар анбори Витя, соли гузашта ҳам дар ҳамон ҷо буд.
- Оё дуруст аст, ки асп рост истода мехобад?
- Не, рост истода истироҳат карданаш мумкин. Аспҳо ҳам ману ту барин мехобанд, аммо якпаҳлӯ. Онҳо аз се ё чор соат беш хобида наметавонанд, ҳатто хуррак мекашанд, - гуфта ҷангалбон хандид.
- Мумкин аст бо Кондор шинос шавам?
- Рафтем, - гуфт ҷангалбон, - аз ту рамиданаш мумкин.
Аспи сурх дар назар ниҳоят бузург метофт, ман аспро бори аввал аз наздик медидам. Сумаш баробари чойники дар хобгоҳ доштаамон, пояшро мебардошту ба ҷангалбон дароз мекард.
- Дидӣ, салом додан мехоҳад.
Сари калонашро навозиш кардам, лаҳзае чашмонашро хуморӣ карда истод.
- Кондор, Кондор, аз ман наҳарос, маро Грачевка мебарӣ, - гуфтам, - қоидаҳои ҳаракати роҳро медонӣ?
- Медонад, - ба ҷои асп ҷавоб дод соҳибаш, - аксар вақт ба ихтиёраш мемонам, маро рост то ба хона мебарад. Мехобам дар ароба. Як рӯз ҳамин тавр шуд, бедор мешавам, ки дар назди дарвозаи ҳавлӣ истодаам. Инҳо танҳо забон надоранду халос, ақлашон аз баъзе одамҳо хубтар кор мекунад.
Аспро хеле навозиш кардам, дур шудан мехостам, гарданашро ёзонда гӯшамро сабук даҳон мекард.
- Боз навозиш кун мегӯяд, - гуфт ҷангалбон.
Аммо субҳ медамид, субҳи умед, субҳе, ки дер интизораш будам. Субҳе, ки ғайричашмдошт чизе нашуд, кам монд ба дидори Ойгул, вақти кору масъулият мерасад. Вақти гуфтугӯ бо волидон ва ҳамсарам Нилуфар мерасад. Боз зиёд будани корамро сабаб оварда волидонамро тасаллӣ медиҳам, Нилуфарро ором мекунам... Таъмири хонаи Зоя Павловнаро идома медиҳам, то даме, ки соҳибхона зинда аст, софдилона хизматашро ба ҷо меорам. Аз пулу мол андеша намекунам, муддати чанд вақт чизе надоштам, аммо рӯзам гузашт, аз гуруснагӣ намурдам. Ҳар чӣ дорам, шукр мекунам, зиёд талаб намекунам...
- Наҳорӣ мекунем, - гуфт ҷангалбон, - Ман коргоҳро ба Витя месупораму бармегардам.
Дастонамро шуста наҳории хоксорона омода кардам. Чой, кулча ва шакар дошт ҷангалбон.
Бо вуҷуди солхӯрда буданаш, ҷангалбон хеле пурқувват буд. Аробаро дар асп мустаҳкам баст. Аробаеро, ки ман то чанд қадам натавонистам кашола карда, як такон доду сӯи асп кашид. Ароба барои идора кардани асп махсус нишастгоҳ дошт, дар ҷои ронанда ду нафар бе мушкилӣ ҷо мегирифт. Дар паҳлӯи ҷангалбон баҳузур нишастам. Асп мунтазири фармони соҳибаш буд, баробари кашола кардани банд, ба ҳаракат омад. Ману ҷангалбон ва аробаро бе ягон мушкилӣ кашола карда мебурд.
- Асп дар ҳақиқат пурқувват, - гуфтам аспро баҳо дода, - ин қадар борро мекашад.
- Беҳуда қувваи мошинро бо қувваи асп чен намекунанд, - гуфт ҷангалбон, - як мошин доштам "Запорожец", сӣ қувваи асп буд, солҳои аввал хуб кор мекард, ягона камбудиаш - багаж дар пеш буд. Наметавонистам бори бисёрро ҷо дода. Бо мурури вақт нуқс пайдо мекард, камтар мегаштам, дар ҷояш меистод. То сард шудани муҳаррик мунтазир менишастам. Радиатор надошт, овозаш баланд буд, ба кор меандохтам, ҳамсояҳо бедор мешуданд.
- Аз ман яксаду чилу панҷ қувваи асп дорад, - гуфтам, - шукр нағз мегардад. Аммо имрӯз мебинам, ки худи асп беҳтар аст. На садои муҳаррик, на ҳарҷи сӯзишворӣ, на ҳуҷҷатомодакуниҳо.
- Не, мошин албатта беҳтар, асп ҳам ба худ муносиб хароҷотҳо дорад. Мошинро худат идора мекунӣ, бо кадом суръат мехоҳӣ-меронӣ, дар куҷо хоҳӣ-мегузорӣ. Бо аспу ароба наметавонӣ дар шаҳр гашта, қароргоҳ барои онҳо нест. Суръати ҳаракати аспу ароба суст. Бо мошин то хона дар ним соат мерасам, бо асп дар се соат ё бештар. Аспу ароба ҷои бисёрро ишғол мекунад. Бо мошин кафонокӣ рафта метавонӣ... Хулоса мошин беҳтар, дар умум шояд хароҷоти ҳарду як бошад. Мошинро наронӣ-сӯзишворӣ талаб намекунад, асп бошад, ҳар рӯз се-чор маротиба хӯрок мехӯрад. Ҷони зинда аст, бемор мешавад, мемирад... Бечора... - ҷангалбон як оҳи чуқур кашид, - то ин ҷонвар як аспи дигар доштам, хеле хизмат кард. Вафодор буд бечора, пурқуввату чолок, мепарид агар пару бол медошт. Як субҳ мехезам, дароз кашида мурдааст.... Дар марги падарам ин қадар нагириста будам... Зимистон буд, заминҳо ях баста, қариб як ҳафта барояш гӯр кофтам... Федя гуфт, ки трактор оварда чуқурӣ мекобад, розӣ нашудам. Одам барин гӯронидам ва чил рӯз дар азо будам. Кондорро Федя тӯҳфа кард, чархҳои аробаро нав кард...
То ба ҳол шахсеро вонахӯрда будам, ки дар марги як ҳайвон ин қадар ба риққат омада бошад, ба назар чунин мерасид, ки ҷангалбон то имрӯз ба аспи собиқаш месӯзад. Бинобар, мавзӯъи гуфтугӯямонро дигар кардан хостам.
- Дар деҳа, дар оилаатон чанд нафаред?
- Ман дар саҳро, кампир бо набера танҳо.
- Волидони набера дар куҷо?
- Дар Маскав, моҳе як маротиба хабаргирӣ меоянд. Мехоҳӣ, ман туро бо кампир шинос кунам? Буз дорем, аз шираш менӯшӣ.
- Ташаккур, дафъаи дигар. Шумо рақами телефонатонро медодед, занг мезадам бо масъалаи "авроҳезум".
Мард аспашро канори роҳ гардонида қарор дод. Аз киса қаламу коғаз бароварда рақами телефонашро навишт.
- Агар хато накарда бошам-ҳамин, - гуфт ӯ.
Боз хеле роҳ паси сар шуд ва роҳи мумфарш баромад.
- Ин тарафаш наздик, - гуфт ҷангалбон, - медонистагистӣ?
- Не, намедонам. Ман набудам дар ин ҷоҳо.
Кӯча бароям бегона буд.
- Ҳозир ба роҳи калон мебароем, ту ба дасти чап мегардӣ, ман ба рост. Ягон ду километр меравӣ, аз рост деҳаи Грачевка мебарояд.
Таҳаммул надоштам, мехостам аз ароба худро ҳаво диҳаму ба сӯи деҳа тозам. Асп шитоб надошт ё монда шуд, қадамашро мешумурд. То кӯча ҳам расидем, дасти мардро сахт фишурда ваъда додам, ки албатта аз ӯ хабар мегирам. Аз ароба фаромада каме гаштам, ки истгоҳ намудор шуд. Ин ҳамон истгоҳе, ки то харидани мошин аз он истифода мекардам. Ниҳоят ба кӯчае, ки "Дом Павла" қарор дошт, гашта, то қувва доштам, давидам. Аллакай бинои чорошёнае, ки Зоя Павловна ва Ойгулро сарпаноҳ аст, намудор гашт. Худро аз дарвоза не, аз паси бино, ки мошинам қарор дошт, ба ҳавлӣ гирифтам, то маро набинанд. Аз давиданҳову ҳаяҷон нафасам базӯр мебаромад. Дар паси хона дақиқае дам гирифтам. Дидам, ки дар назди партовгоҳ ҷавоне аробаро дошта меистад.
"Ин кӣ бошад? Корманди нав? Кадом партовро баровард? Ё Алинур омада бошад? Дар ҳақиқат бо Ойгул муросо кардааст... "Ҷавон бе ҳаракат меистод, гӯё хоб буд. Оҳиставу бесадо наздаш рафтам. Ҷавон сурати маро дошт.
- Ту кистӣ? - пурсидам аз ӯ.
- Ман ту ҳастам, - гуфт ҷавон аз забони ман.
- Дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ? - боз пурсидам аз ӯ.
- Дар андеша ҳастам. Ба хона баргардам ё ба беша равам? То кӯча роҳ дур нест, бешаро миёнабур карда дар ним соат баргаштанам мумкин...
- Не, дар назарат чунин метобад, ин бешаҳо канор надоранд, беҳтараш ба хона баргард.
- Чор салиб дорам, аз тиллои холис. Бурда мегӯронам, ҳангоми зарурат бурда мефурӯшам.
- Салиб аз ту нест, соҳиби салиб дар тобут мехобад. Сониян, салиб аз имони мо нест, ба эътиқоди дигарон дахолат накун.
- Чашмонатро пӯш ва пас аз ҳафт сония дунёро чӣ тавре, ки ҳаст, қабул кун.
Чашмамро пӯшидам, аз куҷое садои ҳуд-ҳуд омад. Ҳафт маротиба паи ҳам хонд. Чашмамро кушодам, ки ҷавон нест. Ба гирду атроф нигаристам, ҳама оромӣ. Аробаро гирифта ба назди бино омадам. Бино чӣ тавре буд, дигар тағйир наёфтааст, ҳамагӣ нӯҳ тиреза иваз шуда буд, ҳатто чойники мисӣ, ки субҳ рӯямро бо оби ширгармкардаи Ойгул шуста будам, дар ҷояш буд. Як чакра борон дар сарам зад. Ба осмон нигаристам, абрҳои сиёҳ парешон гашта, осмони кабуд падидор мешуд. Бо зинаҳо боло шудам.
- Ойгул?
- Лаббай? - аз ҳуҷраи Зоя Павловна садояш баромад.
- Шумо дар ҳамин ҷо?
Ойгул сарашро аз дар баровард:
- Зоя Павловна ҳам ба шаҳр рафтанӣ, кӣ будани набераашро донистан мехоҳад. - гуфт ӯ.
- Як дақиқа шуморо мумкин?
Ойгул дарро пӯшида барун баромад. Ӯро сахт ба оғӯш гирифтам.
- Шуморо хеле пазмон шудам, - гуфтам.
- Дар даҳ дақиқа?
- Нав даҳ дақиқа шуд?
- Шумо ҳам омода шавед, қабули духтур соати ёздаҳ, - гуфта Ойгул ба телефонаш нигарист.
- Ман телефонамро гум кардам.
- Ана, дар болои ҷойгаҳатон мехобад.
Ба ҳуҷраи худам гузаштам, телефон дар ҷояш буд...
(поёни қисса)
муаллиф Ю. Ашуров
Таҳияи М. Юсупов
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 24