(Дунёи бегонагон)
Қисми 42.
Маро ханда гирифт, аммо фурсати хандидан нашуд, Дима либоси маллоҳиашро пӯшида омад ва дар назди дар мисли аскарҳо рост истод. Миёнашро бо тасма мустаҳкам бастааст, дар тан либоси маллоҳ ва дар сар сарпӯши беайвони кабудро ба як тараф хамонда пӯшидааст.
- Маллоҳи тайёр-ку, биё ба оғӯш гирам, - гуфта дастонамро кушодам.
Дима калон-калон қадам гузошта наздам омад. Ӯро ба оғӯш гирифтаму аз пешонааш бӯсидам.
- Ватанро ҳимоя мекунӣ? - пурсидам аз ӯ.
Дима сар ҷумбонд.
- Аз кӣ?
- Аз фашистон!
- Дуруст, фашист-душман, - гуфтам.
- Шуд, либосатро иваз карда биё, - гуфт Лена, - хобиданамон лозим.
Дима шитобон ба хонааш рафт.
Ҳамроҳи Лена то дер аз ҳар боб сӯҳбат кардем, Димаро дар ҷойгаҳам хобаш бурд. Лена хоҳиш кард, ки бурда дар ҷойгаҳаш хобонам. Озод бардошта ҳамроҳи Лена ба хонааш бурдем. Лена табассум карду "хоби хуш" талабид, ғайриихтиёр аз рухсори ожангдораш бӯсида, ҳуҷраро тарк кардам. Боз танҳо будам, поямро хеле маҳс карда дар ҷойгаҳ ёзидам. Чӣ шуд, ки дар як лаҳза маро хоб бурд. Чашм кушодам, ки аллакай берун равшан шудааст, аммо ман дар хонаи Лена мехобам. Кай омада ин ҷо хобидам, дар хотир надоштам.
- Баро, наҳорӣ тайёр, - овози Лена аз ошхона баромад.
Варами поямро маҳс кунам гуфта дидам, ки нишоне аз варам боқӣ намондааст, поям мисли пештара, дард ҳам надошт. Хурсанд шуда берун баромадам. Дар ошхона духтаре ба Лена монанд, қаҳва омода мекард. Хоҳар доштани Ленаро намедонистам.
- Лена канӣ? - пурсидам аз духтар.
- Ана ман, - гуфт ӯ, - гуфтам бисёр нанӯш.
Наздиктараш рафта бовар надоштам, ки ӯ Лена бошад.
- Хеле ҷавон шудӣ, - гуфтам.
- Нав мебинӣ? - хандид духтар, - дастатро шуста биё, ба ман дер мешавад.
- Ба рӯят ягон чӣ молидӣ?
- Ба ферма зебо шуда равам? - ҷиддӣ гуфт духтар.
Ба гирду атроф нигаристам, хона-хонаи Лена.
- Мо ҳарду шаб якҷоя будем?
- Дидӣ, дар хотир надорӣ! Наметавонам дигар тоқат карда, ҳар рӯз як гапи нав...
Дар ҳайрат будам, чӣ тавр духтари зебо бо мани пир зиндагӣ дорад? Ба ванна рафта ба оина нигаристам: "Не, боз ҳаминаш насерасид, гашта ман ҳам ҷавон будам". Баромада ба ҳуҷраам нигаристам, кампире мехобид. Чанд сол ба қафо рафтам?
- Дима канӣ?, - аз духтаре, ки худро Лена мегуфт, пурсидам.
- Кадом Дима? Кадом Дмитрий? - шӯрид духтар, - маро аз субҳ зиқ накун, бароям зарар дорад.
Дидам, ки шиками духтар каме дамида...
- Пас, Дима ҳанӯз дар батнат?
- Кӯдакамонро Дима ном гузоштӣ?
- Бале, - гуфтам ва баргашта ба ванна даромадам. Дар назди оина хеле истодам, аз дидани сурати худам нафратам меомад. Намедонистам бо ин духтар чӣ тавр муносибат кунам, дина унс гирифта будем бо ҳамдигар. Наход ман бо ӯ то ҳол зиндагӣ дошта бошам? Дар ин синну соле, ки аз тақвими ҳақиқӣ бармеояд, ман бояд чандсола бошам?
- Баромадӣ? - боз пурсид духтар, - Чӣ кор мекунӣ дар назди оина? Ба ту ҳам дер мешавад!
- Ман ба куҷо рафтанӣ будам? - пурсидам аз ванна баромада.
- Дар хотир надорӣ? Бо Федя қитъаи охиринро шудгор мекунӣ, пас аз ду рӯз барф меборад.
- Федя дар куҷо?
- Вай наҳорӣ карда шуд, дар хонааш будагист.
- Имрӯз бисту дуюми ноябр?
Духтар аз болои миз телефони тугмагиашро гирифта як назар карду боз ба ҷояш гузошт.
- Бисту дуюм... Бисту дуюм? - бо ҳайрат пурсид аз ман, - бояд ба қабули духтур мерафтам.
- Соати ёздаҳ?
- Фарқ надорад, - духтар қаҳваашро пурра нӯшида ба хонааш даромад ва дар як лаҳза либоси гармашро ба бар карда баромад.
- Чӣ шах шудӣ? - боз пурсид аз ман, - цигил-цигил ай лю-лю. Ман аввал ба ферма меравам, сипас рост ба духтур.
Ба сари миз омадаму саргаранг мондам, қаҳва аллакай хунук шуда буд. Бо як нафас дам кашида берун баромадам. Ҷавоне тракторро ба кор андохта мунтазири ман буд. Ин Фёдор бояд бошад, танҳо даҳ сол ҷавонтар, маро чунин ҷавон дида дар ҳайрат мешудагист. Аммо ӯ дарро кушода суол дод:
- Термосро гирифтӣ?
Баргашта ба ошхона рафтам, термоси дар рӯи миз бударо гирифта, як маротибаи дигар ба кампир нигаристам, ҳанӯз мехобид.
- Ба бибӣ кӣ нигоҳ мекунад? - пурсидам аз Фёдор дар паҳлӯяш ҷо гирифта.
- То ин дам кӣ нигоҳ мекард? - гуфту тракторро ба ҳаракат даровард.
Деҳа дар пас монд, ба саҳроҳои беканор расидем. Саҳро аз як тарафи роҳ то беша мерасид, аз дигар ҷониб то ба дарё. Дарёи Кама, чӣ тавре, ки Лена гуфта буд... Ва ману Дима бояд киштичаашро дар ҳамин дарё мерондем. Аммо имрӯз ӯ ҳанӯз ба дунё наомадааст... Аҷаб корҳое, дилгир шудам аз дар дигар замонаҳо бедор шудану ба худ омадан. Роҳи гурез надорам...
Фёдор тракторро ба самти беша гардонд ва хеле пеш рафт. Заминҳо ҳамвор ва аллакай шудгоршуда буданд.
- Имрӯз агар хотима диҳем, пулро бегоҳ меоранд, бегоҳ ба Лена занг зада мегӯӣ, ки "хӯрок напазад". Як шиша аз шароби қимат ва як шиша аз май мегирем, май барои Лена.
- Лена наменӯшад, - гуфтам, - вай ҳомила.
- Наход? Муборак шавад! - гуфта Фёдор маро ба оғӯш гирифт.
- Эҳтиёт кун, роҳро нигар, - гуфтам.
- Натарс, дар саҳро садама нест, мо соҳиби саҳро! Ҷияндор мешавам? Офарин!
- Чӣ, то ҳол хабар надоштӣ? Шикамчааш дамида мондааст-ку?!
- Аҳамият надодаам, - Фёдор зери лаб сурудеро замзама карда, мошинро ин-тарафу он тараф мегардонд. Хурсанд буд. Мехостам гӯям, ки номаш Дима мешавад, аммо худдорӣ кардам.
Наздиктари беша расидем.
- Ана ҳамин қитъа, - гуфту қарор нагирифт ва роҳашро идома дод.
- Мо ба куҷо? - гуфта пурсидам.
- Плугро пайваст кунем, ё бе плуг шудгор кунем?
Зери аввалин дарахти бузурги тӯс плуг мехобид. Ман аз трактор фаромадам, Фёдор тракторро қафонокӣ ронда ба плуг ҷафс кард. Ҳарду плугро бо азобе ба трактор насб кардем.
Диққати маро беша ба худ ҷалб мекард. Ин ҳамон манзарае, ки... Чанде пеш ё солҳои минбаъда аз ҳамин макон берун омада будам. Айнан ҳамон дарахтон, ягон фарқият надоранд. Дил мегуфт таваккал вориди беша шавам ва рост аз дасти тақдир гираму пеш равам.
Дар паҳлӯи Фёдор менишастам, паҳноии замин ниҳоят васеъ, ҳар дафъа сӯи беша мерафтему бармегаштем. Вақте сӯи беша мерафтем, ба пеш менигаристам, ҳангоми аз беша дур шудан ба пас. Русҳо як мақол доранд: "Гургро ҳарчанд парвариш кун, боз сӯи беша менигарад." Айни ҳол ман ҳамон гург будам, ки тӯъмаам дар беша мондааст. Ман омода будам, ки боз ду рӯзи умрамро дар беша гузаронам, ранҷ кашам, аммо аз ин ҳаллосзаниҳоям аз замони гузашта ба оянда ва ё баръакс, халос шавам. Ман дигар қудрати дидани пешомадҳои ғайриинтизорро надоштам, мехостам аз ҷойгаҳи хобидаам саломат дар замонам бархезам, намехостам ҳар рӯз атрофиёнам иваз шуда истанд. Бароям тӯъмаи шеру паланг будан беҳтар буд, назар ба оне, ки имрӯзҳо дар сарнавишт доштам.
- Бо ин сурат имрӯз наметавонем корро хотима дода, - гуфт Фёдор, ки аз субҳ Федя гашта буд.
- Барои чӣ?
- Масоҳат ҳоло калон.
- Ба фикрам нимашро шудем-ку.
- Не, сеяки замин нав шуд, ман соли гузашта ҳам ин ҷоро шудгор карда будам. Ҳо ҳамон арчаи хушкида, ченаки ман аст.
Федя дигар чӣ гуфт, намешунидам. Ин магар ҳамон арчае нест, ки дар миёни решаҳояш монда будам? Агар дар зераш нишебӣ бошад, ин аниқ ҳамон арча. Вай ҳам хушкида буд...
- Худат ронда ист, ман як бешаро хабар гирам, - гуфтам ба Федя вақте боз ба беша наздик расидем.
- Чӣ гум кардӣ дар беша?
- Заҳр танг овард.
- Ана, дар қафои трактор гузар.
- Не, наметавонам, ба ҳар ҳол ба ту язна мешавам, - гуфтам хандида.
- Хайр майлаш, танҳо дур нарав, - гуфту дар наздикии беша истод.
Фаромада ишора кардам, ки тракторро ронад.
- То баромаданам як бор рафта меоӣ, - гуфтам.
Федя тракторро гардонида корашро идома дод. Ман бошам зери арча давидам.
Бале, ин ҳамон арчае, ки зераш лағжида будам, ҳатто нақши дастонам ҳоло истодаанд. Шохаҳои часпидаам, решаҳои ба ҳам печида дар нишебӣ...
- Алвидоъ Фёдор, - гуфта тахмин ба пеш давидам. Аз байни шохаҳои шикаста, аз болои решаҳои берундамида мепаридам, бо тамоми суръат медавидам. Медонистам, ки имрӯз наметавонам аз он сӯи ҷангал баромада, ҳар дақиқаву ҳар сонияро ғанимат медонистам. Хеле рафтам, аллакай маро Фёдор наметавонист пайгирӣ кунад. Монда мешудам, ба дарахте такя мезадаму боз роҳамро идома медодам. Ҳаво хушк, заминҳо хушк, ин ба ман имконият медод, ки бисёр наафтам, дар ҳамин ҳолат ҳам меафтидам, аммо сабук дар болои қабати ғафси хазон. Манзараҳо такрор меёфтанд ё дар назар чунин метофт. Аз тарси он, ки дар як майдон давр нагардам, ҳар гуна нишонаҳо гузошта роҳамро идома медодам. Ҳис кардам, ки гурусна мемонам, ҳар чӣ мевамонанд дар дарахт буд, ба даҳон мехастам, зеро шаб дар пеш буд, шаби дарози рӯзҳои охири тирамоҳ...
Аз куҷое садои аккоси сагро шунидам. Қарор гирифта, гӯш андохтам ки садо аз кадом тараф меояд. Зеро саг дар ҷоест, ки одам ҳаст. Маълум кардан мушкил буд. Лаҳзае гӯш андохтам, садо аз дуродур меомад, муайян карда натавонистам, тахмин боз ҷониби аккоси саг рафтам. Рӯз бегоҳ мешуд, садои саг ҳам намебаромад дигар. Бар нақша доштам, камтари дигар пеш меравам, то он даме, ки чашм роҳро дида тавонад. Сари роҳ барои худро дар дарахт бастан алафҳо ҷамъ меовардам. Яке аз дарахтҳои бузургро интихоб карда, аввал каме дар зераш шишастам, то истироҳат кунам. Дар дарахт худро баста хобидан, табиист, ки ноқулай, ҳам барои мувозинатро нигоҳ доштан қувва сарф мешавад. Торикӣ ҳам фаро расид, часпида боло баромадам, "як шаб-ҳазор шаб нест" худро тасаллӣ медодам ман. Дар шохаи баландтарин, ки метавонист маро бардорад, қулайтар нишастам. Аз дуродур равшании чароғро дидам, ки гоҳ пайдо мешуд, гоҳ ғайб мезад. Ғайб заданаш аз ҷумбидани шохаи худам нишаста буд. Аввал гумон кардам, шояд кирми шабчароғ бошад. Не, чароғи барқӣ месӯхт. Агар дар торикӣ то чароғ нарасам, субҳ расиданам ба гумон буд, метавонистам боз раҳгум зада. Аз дарахт фаромада, тахмин ба самти чароғ рафтам, зеро аллакай дар поён вай наметофт. Роҳгардӣ дар торикӣ миёни шохаҳо ва болои решаҳо душвор буд. Лозим меомад ҳам ба зери по нигарам ва ҳам ба пеш, эҳтиёткорона пеш мерафтам, ки якбора саг аккос зад, аз миёни шохаҳо шохае дастрас карда натавонистам, ки худро ҳимоя кунам. Ҳар лаҳза садои саг баланд мешуд, медонистам, ки торафт ба ман наздик мешавад. Бехабар мондам чӣ тавр саг худро дар болоям ҳаво дод, гурсос ба замин афтодам, рӯямро бо кафи дастонам пӯшида худро мисли сангпушт ба дарун кашидам. Саг аз банди поям мекашиду аккос мезад. Аз гургу шағол дида саг айни ҳол бароям беҳтар буд, медонистам, ки ҳоло соҳибаш мерасад. Саг як маром аккос мезаду вазнашро пурра ба болоям партофта буд. Дигар маро хатар таҳдид намекард. Ноҷумбон дар интизори омадани соҳиби саг будам. Ниҳоят овози мардона:
- Елисей, ба наздам, - гуфта фарёд кард.
Аммо саг аккос мезаду соҳибашро наздаш мехонд, мехост маро ба соҳибаш таслим кунонад.
- Кист дар ин ҷо? - гуфт мард.
- Ман, - гуфтам, - сагро гиред.
Мард бо чароғи дастиаш маро равшан кард:
- Фу Елисей, - гуфт. Аммо саг аз ман дур намешуд.
- Кистӣ ту? - маро ба по рост гузошта чароғашро дар рӯям рост кард мард, - шабона дар беша чӣ кор мекунӣ?
- Раҳгум задам, - гуфтам.
Гуфтугӯи ҳардуямонро шунида саг ҳам ором шуд, дар гирдам гашта танҳо маро бӯй мекашид.
- Аз куҷо меоӣ?
- Сагро гиред, бемалол мефаҳмонам, - гуфтам.
- Натарс, ман дар ҳамин ҷо.
- Ба ман деҳаи Грачёвка лозим буд.
- Грачёвка? Хеле дур рафтӣ. Аз пасам биё, - гуфта мард пас гашт.
(давом дорад)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3