(Дунёи бегонагон)
Қисми 41.
Бо азобе кафшро пӯшиданӣ будам, ки Лена як ҷуфт попӯши Фёдорро овард.
Барои киштича се дона батарея истифода мешуд, як нусхаашро ҳамчун намуна гирифта кӯча баромадем, ки Фёдор ҳам бо аспу як халта моҳӣ омад.
- Имрӯз шикор хуб-ку, - гуфт Лена.
- Аз Серёгаро ҳам гирифтам, - гуфт, - фардо ба хонааш хошок мебарам. Шумо ба куҷо?
- Камтар роҳ гардем, - гуфт Лена, - пояш хунук задагӣ барин.
- Дима канӣ?
- Хобидааст. Камтар ист, мо бармегардем.
Мағоза асосан аз хӯрокворӣ иборат будааст, ки дар яке аз ҳавлиҳои сокини деҳа ҷойгир шудааст. Ба фурӯшанда батареяро нишон додем.
- Дорам , - гуфт хушбахтона, - чанд дона лозим?
Барои мо се дона лозим буд, аммо фурӯшанда гуфт, ки "қуттиҳо ду донагӣ доранд". Шаш дона гирифтем. Лена боз як дона нон ва як маска гирифт.
- Шир аз ферма, маскаро худат тайёр карда наметавонӣ? - пурсидам дар роҳ.
- Ҳамкорам гуфт, ки аз як сатил шир як маска намебарояд, ба мо танҳо се литр медиҳанд.
- Маошат чанд пул?
- Дигар илоҷ надорам, шикоят карда наметавонам. Мебинӣ, дар деҳа дигар ҷои кор нест. Мо шаш нафар ширдӯшон кор мекунем, гов бошад ҳамагӣ яксаду сӣ сар.
- Ферма дар куҷо?
- Аз деҳа берунтар. Ба фикрам хароҷоташро базӯр рӯпӯш мекунад. Даҳ нафар мард ва мо шаш нафар занҳо, хошокро мехаранд аз ноҳияҳои гирду атроф. Кори ферма-кор не, танҳо машғулият.
- Пас, барои ман дар деҳа кор нест?!
- Одамон чӣ тавр зиндагӣ мекунанд? Масалан Фёдор дар саҳро кор мекунад, трактор аз худаш, касе ҳар кор фармояд, рафта иҷро мекунад, пулашро мегирад. Фасли зимистон бекор, моҳӣ медорад ва ба ноҳия бурда мефурӯшад.
- Ман Фёдорро пештар дар куҷое дидагӣ барин, симояш дар хотирам нест, аммо овозаш ба ман касеро ёдрас мекунад. Ҳеҷ наметавонам ба хотир оварда.
- Ту пештар дар ноҳияи мо будӣ?
- Чӣ ном дорад ноҳия?
- Краснокамск. Дарё Кама ном дорад.
- Як велосипед доштам, номаш Кама буд. Краснополянск дар куҷо?
- Ман намедонам, нашунидаам. Краснокамск шаҳри бузург нест, мо дар ноҳияаш.
- Агар ман чизеро нақл кунам, бовар мекунӣ?
- Нақл кун аввал.
- Ба фикрам Фёдор маро бори дуввум наҷот медиҳад. Бори аввал маро ҳангоми аз ҷангал баромаданам гирифта ба беморхона бурд. Лекин ин дертар, пас аз се сол дар ҳаёти ӯ рух медиҳад. Дар беша раҳгум задам, як шабу ду рӯз дар беша мондам.
- Ин кай буд? Фёдор дар хотир дорад?
- Не, ин ҳодиса дар ҳаёти ӯ пас аз се сол... Исто, ман чӣ мегӯям? Ҳозир соли нуздаҳ... Соли бисту ду... Маро бо трактор ба беморхона бурд.
- Бобо, Фёдорро гӯям, як бор туро ба духтур барад.
- Не, лозим нест, ман сиҳат ҳастам...
- Бобо, сардӣ ба сарат ҳам асар гузоштааст.
- Биё, имшаб ҳамроҳам хоб кун, ман ҳамаашро ба ту мефамонам. Димаро ҳам гир.
- Ту сиҳат нестӣ Бобо.
- Дидӣ, ту ҳам бовар надорӣ.
Ба назди дарвоза расидему қарор гирифтем. Лена ба симоям хеле бодиққат ва ҷиддӣ нигарист, шояд бемориамро муайян кардан мехост.
- Нагӯ, ки духтури шинос дорӣ, - гуфтам.
- Надорам духтури шинос. Маро хуб мешунавӣ?
- Мешунавам.
- Маро хуб мебинӣ?
- Ту аз ман формулаҳои математикиро пурс, то субҳ дар дафтар менависам, маълумоти олӣ дорам...
- Пас чаро суханонат подарҳаво? Дар назди Фёдор ҳар гуна гапро назан, ки бароварда дафъ мекунад. Аз куҷо овард, ба ҳамон ҷо баргашта мебарад.
- Хуб - гуфтам, - мумкин бегоҳ ҳамроҳ тановул кунем?
- Бо кӣ?
- Бо ту...
- Ҳама баробар тановул мекунем. Танҳо илтимос, дар назди...
- Фаҳмидам ман.
Дима ҳанӯз мехобид. Фёдор моҳиҳоро чок карда дарунашро тоза мекард. Наздаш рафта то имкон доштам кӯмак кардам. Рӯдаву шикамбаҳои моҳиҳоро ҷамъ карда, аз рӯи нишондоди худаш дар сатили махсус гирифтам. Моҳиҳоро дар як ящики тахтагӣ чида, дар болояш намак пошидам.
- Сатилро чӣ кор кунам? - :пурсидам аз Фёдор, ки аллакай дастонашро мешуст.
- Аз дарвоза берун гузору дарвозаро маҳкам кун. Сагҳои кӯча то саҳар мехуранд.
Дима бедор шуда, аллакай киштича дар дасташ буд.
- Раҳмат барои батарейка, пагоҳ ба об сар медиҳем, - гуфт хурсандона.
Маълум буд, ки Лена батареяҳоро аз номи ман тақдим кардааст.
"Аввал моҳӣ сонӣ хӯрок хӯрдан"-и Фёдор сабаб доштааст. Пеш аз хӯрок Фёдор аз шароби истеҳсоли худ менӯшид, маро ҳам даъват кард.
- Дардатро сабук мекунад, - гуфт ӯ, - нағз мехобӣ.
Аммо ман дигар намехостам, ки хобам бараду дар дигар замон пайдо шавам. Аз чанд замоне, ки будам, беҳтарин аш имрӯза буд, ҳарчанд ранҷ мекашидам, аммо кадом қуввае маро дар ин хонадон нигоҳ медошт. Димаро аз рӯзи аввал фарзандвор дӯст доштам, боз метарсидам, ки Лена охирин занест, ки ҳамроҳаш метавонам муносибат дошта. Фёдор дар намуд аз ман бузургсол буд, аммо суратамро дар оина дида, меандешидам, ки даҳ сол аз ман кӯчак аст. Акнун ба фарқияти на танҳо вақт, балки ба синну соли атрофиён намерасидам. Агар Лена панчоҳсола бошад, писараш даҳсола, Фёдори бародараш аз ӯ хурд, ҳоло зан надорад. Ба нафақа баромада зан мегирад ин шахс?
Қадаҳро ба даст гирифтаму ба Дима нигаристам, ӯ андармони машғулияти худ, гӯё мехостам, ки нӯшиданамро набинад.
- Фёдор, ман туро имрӯз ҳамчун бародар пазируфтам, гуфтан мумкин ту маро аз марг наҷот додӣ. Аз ту ва Лена то абад миннатдор хоҳам буд. Намедонам чӣ тавр подоши некиатонро баргардонам, танҳо метавонам дар ҳаққатон таманноҳои нек кунам.
- Гуфтам фаромӯш кун, - гуфт Фёдор, - дар ҷои ман дигар кас ҳам ҳамин хел амал мекард, хӯш, барои саломатӣ, ҳеҷ гоҳ дигар бемор нашав ва ба чунин вазъият нафаро.
Шароб бадбӯ ва ниҳоят мушкил ба гулӯ рехт. То бодирингро ба даҳон бурдам, қариб нафасгир шудам. Инро Лена хуб дарк кард.
- Барои ту кифоя, - гуфт.
- Камтар мушкил гузашт, - гуфтам нафасамро бароварда.
- Пештар ҳам нӯшида будӣ? - пурсид Фёдор.
- Албатта - гуфтам, - лекин аз ин хелаш бори аввал менӯшам.
- Ин дафъа камтар дараҷааш баланд шуд, бехабар мондам, - хандид Фёдор.
- Бехабар не, - гуфт Лена, - худат махсус ҳамин хел сохтӣ. Аз шароби мағоза нӯшида маст намешавад, - гуфт ба ман нигариста.
Аз тарси он, ки сархуш шуда суханҳои ноҷо назанам, пас аз хӯрок дарҳол ба хонаи бароям ҷудошуда гузаштам. Фёдор ҳам ба хонаи худ рафт. Сарамро ба болин намегузоштам, мехостам худро бо арғамчин ба ягон ҷо бандам, то гум нашавам. Поямро маҳс кардам, миёнамро то расидани дастам молиш додам. Чароғи ошхона ҳам хомӯш шуд. Боз тани танҳо бо фикру андешаҳои худ мондам. Курсиро гирифта боз дар назди тиреза гузоштам, гӯш андохтам, ки оё сагони кӯча аз сатили гузоштаам мехуранд? Кӯча ором буд. Равшании чароғи дар симчӯби кӯча овехташуда то ба хона медаромад.
Русия ҳамаи кӯчаҳои мавзеъҳои аҳолинишинашро шабона бо равшанӣ таъмин мекунад, аз кадом ҳисоб ҳарҷи онро мепӯшонад, бароям торик буд. Дар зодгоҳам рӯзона ҳам барқ надоштем, дуздиву ғоратгарӣ дар авҷ. Субҳ мехезӣ, ними дороият ба яғмо рафтааст... Даратро маҳкам куну ҳамсояро дузд нагир. Дузд ба дар не, аз девор меояд. Дузд шиносат, рафиқат ва оне, ки дар куҷо будани молу амволатро медонад, дузд аз ноҳияи ҳамсоя намеояд...
Дари хона кушода шуду касе даромад.
- Ман дар ин ҷо, - гуфтам.
- Мумкин аст ҳамроҳат хобам? - овози Дима баромад.
- Модарат чӣ мегӯяд?
- Напурсидам, ба хоҷатхона гуфта омадам.
- Агар модарат розӣ шавад биё, вагарна ба суроғат мебарояд.
Дима рафту дарҳол баргашт.
- Розӣ шуд, - гуфт ва ба диван баромад.
Курсиро гирифта наздаш рафтам.
- Имрӯз ба мактаб рафтӣ? - пурсидам аз ӯ.
- Ба автобус дер кардам.
- Мактаб дар куҷо? Бо автобус меравӣ?
- Автобуси мактаб мебарад.
- Чаро бо дигар автобус нарафтӣ.
- Гуфтам-ку дер шуд.
- Ба соати якум дер кардӣ, ба дувумаш мерафтӣ.
- Петя нарафт, ман ҳам нарафтам.
- Дидӣ, аз рафиқонат қафо мондӣ. Акнун вайҳо аз ту бештар медонанд.
- Пагоҳ меравам, варзиш дорем.
- Агар имрӯз варзиш мешуд, мерафтӣ? Ба автобус дер намемондӣ?
- Не, - гуфт Дима, - Дер намемондам.
- Агар дарсҳоро хуб нахонӣ, маллоҳ шуда наметавонӣ. Мехоҳӣ маллоҳи зӯр шавӣ?
- Мехоҳам.
- Маллоҳ дурӯғ намегӯяд, модарашро намеранҷонад, нағз мехонад, бо рафиқонаш дӯст мешавад.
Дарро оҳиста касе ба ангуштонаш зад.
- Мо бедор, - гуфтам.
- Дима дар ҳамин ҷо? - овози Лена баромад.
- Ҳамроҳам, - гуфтам.
- Дима баро! - хитоб кард Лена.
- Ман ҳамин ҷо мехобам, - гуфт Дима.
- Ту аз модарат иҷозат нагирифтӣ?
- Ба ҳоҷатхона гуфта баромад, - гуфта Лена хост Димаро ҳамроҳаш барад.
- Бигузор хобад, - гуфтам, - ман аз танҳоӣ метарсам.
- Ман чӣ? Наметарсам? Бархез, - гуфта аз дасти Дима кашид.
- Илтимос, ба ҳолаш гузор, - гуфтам аз дасти Лена дошта.
Лена дасти фарзандашро раҳо карда дар кунҷи диван нишаст.
- Маро деви дарё гирифта барад майлаш? - пурсид Лена аз Дима.
- Дев аз дарё намебарояд, ту ҳам биёву бо мо хоб кун.
Лена хандид, маро ҳам ханда гирифт, аммо тавонистам онро дар торикӣ пинҳон дошта.
- Кайҳо ваъда дода будӣ, ки ба ман додарча мехарӣ, - гуфт норозиёна Дима, - модари Петя овард-ку.
- Хоҳарча биёрам? - хандид Лена, - Женя хоҳарча дорад-ку, дидӣ?
- Женя духтар, ман писар. Ман ба духтар киштиамро нишон диҳам? Духтарҳо зочабозӣ мекунанд. - Димаро чизе ба хотираш зад ва ҷаста аз ҷо бархост - Ман либоси маллоҳиамро пӯшида меоям.
- Пагоҳ, - гуфта Лена аз дасти Дима доштанӣ шуд, аммо ӯ худро ба фарш ҳаво дода сӯи хонааш давид. Лена аз пасаш рафтанӣ шуд, лекин ман ӯро нигоҳ доштам.
- Ба ихтиёраш гузор, - гуфтам, - Дима гуфт, ки бибиаш ҳамин ҷо хоб мерафт, дар беморхона гуфт, аммо ман фаҳмидам, ки ӯ...
- Бале, дуруст фаҳмидӣ, пас аз сари модарам Дима танҳо монд, гоҳ-гоҳ назди ҳамсинфаш Петя меравад, дар деҳа ҳамсоли зиёд надорад, як духтарча ва Петя. Бо духтарҳо алоқа надорад, зиқ мешавад дар хона.
- Ба воя расад, бештар бо духтарҳо муносибат мекунад, - гуфтам хандида, - аз таҷрибаи худам мегӯям.
Лена ҳам хандид.
- Чароғро гиро кунам? - пурсид ӯ, - дар торикӣ либоси маллоҳиро чӣ тавр мебинем?
- Гиро кун, - гуфтам.
- Дар деҳа одам торафт кам мешавад, - гуфт Лена, - ҷавонон ба шаҳр мекӯчанд, пештар чӣ хел хуб буд? Бегоҳӣ ба кӯча мебаромадем, писарҳо футболбозӣ мекарданд, духтарҳо андармони бозии худ. Мардон шашкаву шоҳмот, занҳо дар нишастгоҳ рафтори ҳамаро муҳокима мекарданд. Дар симчӯб радио овезон буд, суруд мехонд... Ҳозир ҳама ёбоӣ барин, дар кӯча одамро намебинӣ... Рости гапро гӯям, Фёдор хуб кард, ки туро ба хона овард. Суханҳои подарҳаво мезанӣ, ё дигар... Метавонам бо ту сӯҳбат карда. Гӯш дорӣ ҳеҷ не...
(давом дорад)
Муаллиф Ю. Ашуров
Таҳияи М. Юсупов
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2