(Дунёи бегонагон)
Қисми 40.
- Баро, хӯрокатро овардам, - садои зан аз берун омад.
- Мумкин ҳамроҳ хӯрок хӯрем? - пурсидам аз ванна баромада.
- Метавонӣ ба ошхона рафта?
- Метавонам.
Дар ошхона писарчаи тахмин даҳсола менишаст.
- Салом Амак, - гуфта дастчаҳои майдаҳакашро сӯям дароз кард.
- Салом, - гуфта аввал дасташро фишурдам, сипас ғайриихтиёр ӯро ба оғӯш гирифта аз пешонааш бӯсидам, нав эҳсос кардам ки фарзанди худамро чӣ қадар пазмон шудаам. Натавонистам ашки чашмонамро нигоҳ дошта.
- Ба ту чӣ шуд? - гуфта зан маро аз кӯдакаш ҷудо кард, - Дима, ба хонаи худамон гузар, ман туро даъват мекунам.
Рӯямро ба дигар тараф гардонидам, ки зан сарамро тоб дод.
- Чӣ шуд? Чаро гиря мекунӣ?
- Фарзандамро пазмон шудам, ашкам шорида рафт, - гуфтам, - узр, намехостам Димаро тарсонам.
- Зиқ нашав, шаш моҳ гуфтӣ набудӣ дар хона?
- Не, дар хона.. Дар хотирам нест, кай бори охир будам.
- Ту ҳам қаҳр кардӣ?
- Ҳамин тавр гуфтанам ҳам мумкин.
- Ҳеҷ гап не, сиҳат шав, худам гусел мекунам.
- Намеронӣ? Ба фикрам поямро хунук задааст.
- Намеронам. Худам бурда дар дасти ҳамсарат месупорам.
- Фёдор кай бармегардад?
- Бегоҳ, чӣ буд?
- Миннатдориамро баён карданӣ будам. Вай дар куҷо мехобад?
- Хонаи вай алоҳида, ошхонаамон умумӣ.
- Менӯшад?
- Дар деҳа кӣ наменӯшад? Шаробро худашон месозанд.
- Ту чӣ, менӯшӣ?
- Бо ту нӯшиданам мумкин.
- Биё, барои шиносоӣ, як ҷуръагӣ. Менӯшем, баъд Димаро даъват кун.
Зан дарҳол аз куҷое шишаи сурхеро бо ду қадаҳ бардошта овард.
- Биё, ман хизмат расонам, - гуфта шишаро аз дасташ гирифтам, - Чӣ ном дорад ин?
- Инро худам тайёр кардаам, - гуфт хандида зан, - дар деҳа ҳама усули худро дорад, ман аз кӣ кам?
- Ман пурсиданӣ, ки агар дараҷааш боло бошад, сархуш шуда наафтам.
- Не, вино барин.
- Пур карда метавонам?
- Метавонӣ.
Қадаҳҳоро лаболаб кардам.
- Акнун метавонам исматро пурсам?
- Лена, - табассуми хоса кард зан.
- Чӣ хел номи зебо, ба зани зебо-номи зебо. Ман Бобо ном дорам. Барои шиносоӣ! - гуфта қадаҳро дар як нафас холӣ кардам. Лена ҳам қадаҳро бардошту нимашро фурӯ бурд.
- То қаъраш, - гуфтам норозигиамро нишон дода.
Лена боқимондаи соғарро пурра нӯшид.
- Акнун Димаро даъват кун, - гуфтам, - танҳо нашинад.
- Дима, баро, - гуфт аз ҷои нишасташ Лена. Дима дар паси дар буд магар, ки дарҳол баромад. Ӯро назди худам хондам, омаду дар паҳлӯям нишаст.
- Аз ман наранҷидӣ? - пурсидам аз ӯ. Дима бо аломати инкор сар ҷумбонд.
- Медонӣ-чӣ, ман ҳам мисли ту як писар дорам, хело шуд надидам. Вай ҳам ту барин, қадаш, сураташ.. Калон шавӣ кӣ мешавӣ?
- Маллоҳ!
- Дидӣ, вай ҳам маллоҳ шуданӣ. Ҳардуятон дӯст мешавед? Киштиро ҳамроҳ меронед?
- Ман киштичаи барқӣ дорам, - гуфт Дима ва ҷаста аз курсӣ фаромад, - ҳозир оварда нишон медиҳам, - гуфта сӯи хонааш шитофт.
- Ӯ падарашро дар хотир надорад, гӯй, ки ту ҳам маллоҳ ҳастӣ, - гуфт Лена.
Дима дарҳол баргашт, дар дасташ киштичаи сабз.
- Оҳо, айнан киштии ман барин, - гуфтам ман, - Ман ҳам маллоҳ, киштӣ меронам. Мана дар ин ҷояш меистаму, - тахмин як ҷоро ишора кардам, чунки аз киштӣ чизеро намефаҳмам, - тез меронам.
- Ин ҳам тез мегардад, лекин ҳозир батарея надорад.
- Пагоҳ мехарем ва ба об сар медиҳем. Чӣ гуфтӣ?
- Ман боз либосашро дорам...
- Пагоҳ нишон медиҳӣ, - гуфт Лена, - бо амакат хӯрокатро хӯр.
Лена боз дар қадаҳҳо нимагӣ вино рехт. Онро ҳам чой барин фурӯ бурдам. Кайфияти Лена чоқ менамуд. Пас аз таом миннатдориамро баён карда, лангон ба ҷогаҳ рафтам. Пой ва миёнам дард мекард. Мехостам ҳамроҳи Лена каме сӯҳбат кунам, то каме дардро фаромӯш кунам, аммо ӯ дигар наздам надаромад. Либосамро дар берун паҳн карду гум шуд. Каме ёзидам. Кафшамро пӯшида берун баромадан хостам, варами поям поён фаромад магар, ки кафшам нағунҷид. Аз тиреза назар кардам, ки Лена хошокро бардошта ба оғил мебарад.
Ҳозир Нилуфар ҳам мисли Лена буд, ба гӯсолаҳо худаш нигоҳубин мекунад, фарзандамонро танҳо ба воя мерасонад. Эҳ Бобо, Бобо, чӣ кор кардӣ? Ҳамаро партофта омадӣ, мӯҳтоҷи фарзанд, сухани хуш, меҳрубониҳо шудӣ. Гумон кардӣ ҳамеша ҷавон мемонӣ. Гумон кардӣ шахси бадавлат мешавӣ, алҳол барои харидани як ё ду батарея пул надорӣ. Дар хонаи бегонагон меҳмони нохондаю маъюб нишастаӣ, дастнигари касеву бурдаи ноне...
Аммо ман аз дигар чиз метарсидам: мабодо хобам барад, бедор мешавам боз дар дигар замон, ба пирӣ-ку тан медиҳам, аммо ба Дима ваъда додам, ки ҳарду киштиро ба об сар медиҳем, ноумед мешавад кӯдак... Падараш ҳам ман барин, ягон фарқият надорем аз ҳамдигар. Ман ҳам бартарӣ надорам аз ӯ. Тавре бояд кунам, ки муддате дар ин хонадон монам, дар корҳои хоҷагӣ ёрирасон бошам..
Боз аз тиреза ба берун нигаристам, ҳавлӣ ниҳоят васеъ ба назар мерасид, дар як кунҷ трактор меистод, прицеп дар бараш. Дар кунҷи дигар теппаи баланди хошок. Аз паси хошок қисми кулбае намудор буд, тахмин кардам, ки ин анборхонаи Фёдор бояд бошад, барои қисмҳои эҳтиётии трактор. Ҳар шахсе, ки бо техника сарукор дорад, албатта тӯдаи оҳану асбобҳои таъмирӣ дорад. Трактори Фёдор нав нест, табиист, ки ӯ бо трактор бештар машғул мешавад. Воқеъан, аз боби оилаи Фёдор аз Лена напурсидам... Поям ба дард омад, намехостам хобидан, бинобар курсиро назди тиреза оварда нишастам. Нав дидам, ки хонаҳо бо об гарм мешаванд. Зери тиреза батареяи қабурғагии обӣ насб шудааст ва қубурчааш ба хонаи паҳлӯӣ мегузарад. Хонаҳо аз хишти сафед, анбори Фёдор тахтагӣ.
- Хунук хӯрдӣ? - гуфта Лена даромад.
- Не, ҳаракатҳои туро тамошо дорам. Агар сиҳат мешудам, дар корҳоят ёрӣ мерасондам.
- Корам мушкил нест. Ту метавонӣ бо ҳамроҳии Дима буда? Ман ба ферма меравам, говҳоро дӯшида бармегардам.
- Дар ферма кор мекунӣ?
- Субҳу бегоҳ. Рӯзона дар хона.
- Ферма дур нест?
- Понздаҳ дақиқа роҳ.
- Дима меояд ё ман равам?
- Димаро мефиристам.
Курсиро назди диван бурдам, то Дима дар рӯ ба рӯям шинад. Аммо ӯ омаду дар паҳлӯям нишаст.
- Ҳозир модарам равад, ҳамроҳ рафта поездамро меорем, - гуфт Дима, - танҳо модарам нафаҳмад.
- Барои чӣ?
- Поезд тамоми хонаро мегирад, чӣ хел пайваст карданашро медонам. Танҳо роҳашро дуруст пайваст кардан лозим.
- Ту аз оина нигар, модарат равад, ба ман хабарашро расон.
Дима назди тиреза рафта ба берун нигарист.
- Шумо аз духтур метарсед? - пурсид Дима чашм аз берун наканда.
- Не, чӣ буд?
- Ман ҳам наметарсам. Модарам духтур. Духтури гов. Гуфт, ки шуморо табобат мекунад.
- Ман гов не-ку?!
- Ба шумо чӣ шуд? Ана, модарам меравад. Рафтем.
Оҳиста бархоста лангон ба хонаи Дима рафтам.
- Ана, аз болои шкаф қуттиро гиред, - Дима курсиро бароям омода кард. Поямро бардошта дар болояш гузошта натавонистам.
- Ман наметавонам, Дима, поездро сонитар бозӣ кунем намешавад?
- Барои чӣ наметавонед? Фёдор-тағо метавонад.
- Ин пояма бин, - гуфта шимро болотар бардоштам, - дидӣ? Варам кардагӣ.
- Чаро ин хел шуд?
- Дар оби хунук оббозӣ кардам.
- Бад чаро дигар ҷоятон варам накард?
- Ман то ҳамин ҷои поям ба об даромадам, - гуфтам зонуямро нишон дода.
- Шино карда метавонед?
- Метавонам.
- Ман ҳам метавонам.
- То миёни дарё нарав.
- Деви обӣ маро гирифта мебарад?
- Аз куҷо медонӣ?
- Модарам гуфт. Шумо девро дидагӣ?
- Дидам, танҳо як маротиба.
- Чаро шуморо набурд?
- Фёдор маро наҷот дод.
- Бо заврақаш?
- Бо заврақаш... Дима, биё ба хонаи ман меравем, поям дард кард.
- Вай хонаи шумо не, хонаи бибӣ.
- Ба хонаи бибиат меравем. Бибиат дар куҷо?
- Дар беморхона. Бибиям ояд, шумо ҳамроҳи мо мехобед?
- Бибият кай меояд?
- Намедонам.
- Кай рафта буд?
- Кайҳо буд. Ман нав ба мактаб рафта будам.
Дар диван нишаста каме поямро молидам.
- Дард мекунад?
- Кам-кам. Боз миёнам дард мекунад.
- Хобед охир, миёни бибӣ дард мекард, мехобид.
- Не, Дима, дарди ман дарди бибият барин не. Аз ман сабуктар. Моҳӣ дошта метавонӣ?
- Метавонам. Мо моҳиҳои хушкида дорем. Мехуред? Лекин қадам намерасад.
- Не, нав хӯрок хӯрдем-ку.
- Фёдор-тағо аввал моҳӣ мехурад, баъд хӯрок.
- Модарат ҳам мехурад?
- Модарам пухта мехурад, ман ҳам.
- Моҳӣ пухта метавонӣ?
- Не, модарам мепазад.
Бо кӯдак андармон мешудам ва дардро фаромӯш мекардам. Мехостам бисёртар гап занад, то хобам набарад, то дар дигар ҷову дигар замон бедор нашавам. Дар ҷогаҳ дароз кашидам, ки ӯ низ баромаду дар паҳлӯям хобид. Дар мактаб бо кӣ дӯст буданаш, кадом фанҳоро писандиданаш, муаллими беҳтарин, ҳатто бори охир чӣ тавр дастаи ҳарифро дар футбол мағлуб карданашро нақл кард. Ниҳоят хобаш бурд.
Лена ҳам баргашта омад, дар як сатилча шир овард, инро ман аз тиреза дидам. Ба пешвозаш баромадам.
- Дима канӣ? - пурсид ӯ.
- Хобидааст, - гуфтам овозамро паст карда, - нороҳат накун.
Лена оҳиста дарро кушода:
- Ин рӯзона намехобид-ку, - гуфт.
- Монда нашудӣ? - пурсидам аз Лена.
- Не, кори ҳаррӯзаам. Пои ту чӣ хел?
- Беҳтар, - гуфтам ва аз банди дасташ гирифта ошхона бурдам. Лена дар ҳайрат буд.
- Лена, дар назди Дима ваъда додам, ки барои киштичааш батарея мехарам... Метавонӣ... бисёр не... намедонам чанд пул арзиш дорад вай, қарз дода. Лекин баргардонида наметавонам, дар назди туву Фёдор қарздорам... Ҳар чӣ фармоӣ мекунам. Хошокро наздиктари оғил мебарам, ҳезум мекафонам, заминатро побел мекунам..
- Ман барои хушнудии фарзанди худам қарз диҳам?
- Охир ман ваъда додам...
- Дар деҳа мағоза дорем, аммо намедонам, ки...
- Аввал андозаи батареяро дидан даркор. Намунаашро бурда мепурсам.
- Агар хоҳӣ ҳамроҳ меравем, дур нест. Танҳо дар роҳ наафтӣ. Ё худам биёрам?
- Не, ман роҳ гаштан мехоҳам.
(давом дорад)
Муаллиф Ю.Ашуров
таҳияи М.Юсупов
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев