(Дунёи бегонагон)
Қисми 39.
... Саидалӣ дар ароба чанд буханка нонро оварда дар болои партов холӣ кард.
- Ту чӣ кор мекунӣ? Чаро нонро оварда дар ин ҷо мепартоӣ? Аз хотират рафт рӯзҳои гуруснагиат? Ба як бурда нон зор буданат?
- Гузаштанд вай рӯзҳо, дигар барнамегарданд.
- Бовар дорӣ? Чархи гардун, имрӯз дорӣ пагоҳ не, кӯр мешавӣ.
- Ман доротарин шахс дар курраи замин ҳастам, барои Люда "Мосфилм"-ро бо тамоми коргаронаш харидам. Ҳозир ман режиссёр, ҳама мунтазири ишораи ман ҳастанд.
- Кино ин ҷо чӣ дахл дорад?
- Даҳ "Оскар" аз мо шуд, Люда-ситораи синамо. Чаҳор тобути таҳхона пур аз тилло будааст. Нав якаш нима шуд, биё ягон дона бароят мебахшам, барои хотира.
- Ман аз ту нонро мепурсам, убол аз хотират рафт?
- Ношуд будӣ, ношуд мемонӣ. Ин нонҳо барои ту, то дами маргат мерасад. Ойгулро бошад, ман мегирам, ба болои Люда. Люда розӣ.
- Ойгулро ба ҳолаш гузор ва аз назарам дафъ шав.
- Натарс, чаро меларзӣ?
- Хунук хӯрдам.
- Бин, чӣ гуна нотавон шудаӣ, қудрати аз ҷо хестанро надорӣ, лекин ман ба ту, ба хотири Люда кӯмак мерасонам. Туро дар паҳлӯи Зоя мехобонам, шумо муносиби ҳамдигар ҳастед....
Бедор шудам, ки андаруни қаиқ ҳанӯз торик, аммо аз берун садои ду мард меояд:
- Захираи барои зимистон ҷамъкардаам то баҳор мерасад. Моҳиҳои имрӯз доштаамро ба ту мебахшам. Гӯсолаҳоро ҳамсару духтарам бонӣ мекунанд, танҳо дар дастрас кардани хошок мушкилӣ мекашам. Чӣ мешуд, ки дар ҳамин масъала ба ман кӯмак кунӣ?
- Чанд гӯсола дорӣ? - пурсид дуввумӣ.
- Дувоздаҳто.
- Ба гӯшт супор, дар сармо молат на гӯшт мегирад на равған. Ба хошоки харидаат зиён мекунӣ.
- Чанд харидор омад, нархи арзон пешниҳод кард надодам. Вазни зинда дусадрублӣ.
Хостам қаиқро каме бардошта нигарам, аммо маълум шуд, ки ду нафар дар болои он нишастаанд. Агар тӯрро ба об партофта бошанд, метавонанд то бегоҳ нишаста, ман бошам аз сардӣ ҷон медодам. Аз дарун киштиро ба ангушт задам:
- Кӯмак кунед, мемурам..
Ҳарду як лаҳза хомӯш шуданд, сипас "овоз аз ҳамин ҷо" гуфта як тарафи қаиқро бардоштанд.
- Ту кистӣ? Чӣ кор мекунӣ дар ин ҷо? - гуфта яке аз онҳо пурсид:
- Аввал ёрӣ диҳед, ки рост шавам, - гуфтам дастамро боло карда.
Яке қаиқро бардошта истод, дигаре аз ҳарду дастам дошта берун кашид. Аз дасти яке дошта бо азоб рост шудам. Вақте қаиқро гузоштанд, дарҳол дар болояш нишастам. Зери қаиқ ноқулай буд, шояд барои ҳамин тамоми ҷисму ҷонам дард мекард.
- Ту аз куҷо пайдо шудӣ? - пурсид яке.
- Раҳгум задам...
- Аз кучоӣ, ба куҷо равона будӣ!
- Ба Краснополянск рафтанӣ будам. Намедонам ҳоло дар куҷо? Се рӯз пиёда гаштам, на пул дорам, на бурдаи нон..
- Краснополянск? - ҳарду ба ҳамдигар нигаристанд, - ин дар куҷо?
- Агар медонистам, мерафтам охир... Ягон бурда нон доред?
Нав дидам, ки дар як тараф дуртар аз мо ду асп баста шудааст, яке рафта аз наздаш термос бардошта омад.
- Чойи гарм нӯш, - гуфта чой рехта дод.
- Се рӯз мегӯӣ? Аз кадом самт омадӣ?
- Аз куҷо медонам, бароям аллакай фарқ надорад.
- Реги либосатро афшон, ман туро ба хона мебарам, - гуфта дигаре либосамро афшонд, - либосат ҳам тар. Шамол нахӯрда бошӣ.
Бо кӯмаки ҳарду ба асп савор шудам, дар аспи дуюм яке аз онҳо нишаст ва ваъда дод, ки тез бармегардад. Намедонам чӣ қадар роҳ гаштем, деҳа намудор гашт. Хонаи марде, ки ҳамроҳам мерафт, аввалин ҳавлӣ буд. Даромадан ҳамон писарашро даъват кард:
- Дима, баро ин тараф.
- Шумо чӣ ном доред, марди хуб? - пурсидам дар ҳоле, ки ҳамин ҳоло аз болои асп афтиданам мумкин буд.
- Фёдор Иванович, - кутоҳ ҷавоб дод мард, сипас боз як маротиба фарёд кард, - Дима!
Ёрои мустаҳкам нигоҳ доштани узангуро надоштам, ҳатто банди асп аз дастам баромада поён рафта буд. Ниҳоят худи мард аз аспаш фаромада банди аспи худро низ раҳо кард ва маро гуфт, то ба китфаш бор шавам. Мард пурқувват буд, маро озод бардошта ба хонааш даромад.
Зане, ки ҳатто симояшро надидам, кӣ будани маро пурсид:
- Раҳгум задааст, се шаб зери қаиқи мо хобидааст, - гуфта маро дар болои дивани нарм хобонд.
- Дорӣ ягон чиз? - пурсид аз зан.
- Аввал ширҷӯш медиҳам, - гуфт зан.
- Дима канӣ?
- Ба хонаи рафиқаш рафт.
- Ман назди Серёга меравам, ин ҷавон истироҳат кунад, баъд маслиҳат мекунем.
Чашм кушодам, ки зани солхӯрдае дар сарам истодааст, дар дасташ коса.
- Камтар шир овардам, нӯш, - гуфт.
Бархоста қулайтар нишастам ва аз дасти зан косаро гирифта ширро нӯшидам.
- Ба танат мувофиқ либос овардам, иваз кун, - гуфта зан дарро аз берун пӯшида баромад.
Либоси худам лойолуд будааст, пас аз иваз кардан дидам, ки ҷойгаҳро расфо кардаам. Шир каме дар танам қувват бахшид, аммо тамоми баданам дард дошт.
- Шудӣ? - овози зан аз берун омад.
- Шудам, - гуфтам базӯр овозамро бароварда.
Зан омада либосҳои кӯҳнаамро ҷамъ карда гирифт.
- Ба фикрам каме хобидам, - гуфтам.
- Панҷ дақиқа хобидӣ, - табассум кард зан.
- Маъзарат мехоҳам, - гуфтам, - ҷойгаҳро ифлос кардам.
- Метавонӣ хеста? - пурсид зан, - рӯпӯшашро иваз кунам.
- Метавонам, дар назди шумо ва шавҳаратон як умр қарздор ҳастам.
- Фаромӯш кун, - гуфт зан, - аммо Фёдор шавҳарам нест, вай бародарам аст.
- Дима чӣ?
- Дима фарзанди ман.
Зан меҳрубон буд, мулоим сухан мегуфт, бинобар хостам каме дар наздам бошад.
- Истироҳат кардан намехоҳӣ? - пурсид ӯ.
- Не, чанд муддат бо касе сӯҳбати самимӣ надоштам.
- Ҳозир ман либосатро дар мошини ҷомашӯӣ ҳавола карда бармегардам, - гуфту аз дар берун шуд.
Дар назар зан панҷоҳсола метофт, "Дима агар писараш бошад, ҳамсоли худам будагист, ҷӯра мешавам" гуфтам дар дил. Зан курсиеро ҳамроҳаш оварду дар рӯ ба рӯям нишаст.
- Хӯш, нақл кун, чӣ тавр раҳгум задӣ?
- Ин қисса дароз, агар фурсат дошта бошед, нақл мекунам.
- Маро "шумо" нагӯ, меранҷам, - гуфт зан.
- Хуб, - гуфтам, аммо лозим омад боз дурӯғ гӯям, - маро ду нафар сахт фиреб доданд. Ҳамроҳ дар сохтмон кор мекардем, музди маоши шашмоҳаро гирифта ба хона баргаштан хостам.
- Хона дар куҷо?
- Дар Краснополянск.
- Ин вилояти мо не.
- Не, вилояти шумо не, рафиқам мошин дошт, маро гуфт то вокзали роҳи оҳан бурда мегуселонад. Тамоми пул дар сумкаам буд, дар нимароҳ яке аз онҳо гуфт, ки наметавонад дигар тоқат карда, заҳраш танг кардааст. Ману ронанда дар мошин будем, вай рафту барнагашт. Хеле мунтазир шудем, ниҳоят ронанда гуфт, ки аз мошин фаромада, рафиқамонро фарёд кунам. Садояш намебаромад. Паси дарахтон гузаштанашро дида будам. Ба ҷустуҷӯяш рафтам, ки садои мошин баланд шуд. Ба кӯча баромадам, ки аллакай ҳарду ғайб задаанд.
- Рақами мошинаш дар хотират буд?
- Мутаассифона не, торик мешуд, ба чанд мошин даст бардоштам, наистод.
- Вокзал аз мо хеле дур, бо мошин қариб дусоатина роҳ, - гуфт зани зудбовар, - дар вокзал ҳам чӣ кор мекардӣ, пул надошта бошӣ.
- Хайр, бало ба пасашон, - гуфтам, - тақвим дорӣ?
- Чӣ кор кардан мехоҳӣ?
- Ҳисоб кунам, чанд рӯз дар хона набудам.
- Дар телефонам ҳаст, - гуфта зан бархост.
"Телефон дошта бошад, пас ба замонам наздик мешавам".
Зан телефонашро оварду дар сарам рост истод, телефонаш нав, тугмадор не, хурсанд шудам.
- Кай аз хона баромада будӣ? - пурсид ӯ.
- Иҷозат деҳ ман худам бинам.
Телефонро гирифтам, ки аллакай саҳифаи тақвим кушода:
- Аз бистуми май, - гуфтам, - эҳе хело шудааст-ку...
Аз тақвим баромада санаро дидам: 22.11.2019. "Се соли дигар дар пеш, ба ҳар ҳол наздик мешавам".
- Чаро ба андеша рафтӣ?
- Ин сурати дар телефон доштаат аз кист?
- Ин Дима. Писарам.
- Чандсола ин?
- Дар синфи чорум мехонад.
- Марди калон шудаст-ку, - гуфта телефонашро баргардонидам.
- Ба ман монанд?
- Монандӣ дорад.
- Падараш ҳам ҳамин хел мегуфт.
- Падараш ҳоло дар куҷо?
- Рафт, - оҳи чуқур кашида гуфт зан, - қаҳр карду рафт.
- Ҳеҷ гап не, як рӯз бармегардад.
- Вай дигар барнамегардад, хислаташро медонам... Ягон чӣ мехурӣ?
- Албатта, лекин мехостам, аввал дастонамро шӯям.
- Биё аз пасам, метавонӣ роҳ гашта?
- Кӯшиш мекунам, - гуфтам бархоста. Аммо пойҳоям маро итоат намекарданд, ҳангоми иваз кардани либос дида будам, ки ҳарду поям аз зону поён сурх шуда варамида буданд. Пири барҷомонда барин то дар расидам.
- Ана ин дар, - гуфта зан дареро ишора кард ва худ ба ошхона гузашт.
Шароити деҳа аз шаҳр фарқият дорад, ин ҷо ҳар кас ба имкону маблағаш вобаста хонаашро обод мекунад. Дар шароити Фёдор ванна ва ҳоҷатхона дар як кулбачаи танг ҷойгир шудааст, то дар сармо гарм карданаш осону камхароҷот гардад. Дастшӯяки оддӣ, оина... Ин чӣ сурат аст, ки ба ман менигарад? Наход ҳамин ман бошам?
Дарро аз пасам пӯшидам, то маро дигар набинанд. Наход мани бистуҳаштсола чунин сурат дошта бошам? Мӯйҳо мошубиринҷ, рухсора пурожанг.. Не, бо ин сурат маро на Нилуфар қабул мекунаду на Ойгул. Ин чӣ рӯз, ки ба сарам омад? Ин дафъа ба оина менигарам-ҳафтодсола... Дафъаи сеюм шояд ба оина ҳам назар карда натавонам. Поям сиҳат шавад, дигар Краснополянск намеҷӯям, рост ба Тоҷикистон мепарам. Аққалан ягон рӯз бо Нилуфар будан мехоҳам... Фарзандамро дидан мехоҳам. Дар паҳлӯи падар-ҳамсоли падар мегардам. Чӣ қадар вақт гузашта бошад, ман вақти гузаштаи умрамро аз кадом тақвим бинам? Соли сӣ ҷавон будам, соли нуздаҳ пир...
Беихтиёр сурати оина ба гиря пардохт, ашки чашмонаш шорид. Рухсорааш боз пурожангтар шуд...
Дастамро бо оби сард шустам, рӯямро низ, мешустаму ба оина менигаристам, умед доштам, ки ин ҳама фиреби назар аст. Не, сурати мард дар оина тағйир намеёфт...
(давом дорад)
Муаллиф Ю.Ашуров
Таҳияи М.Юсупов
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1