(Дунёи бегонагон)
Қисми 38.
Маша бархоста дари як кабинаро кушод, маро даъват кард, ки дароям. Дар ҳар ҷои сарам ҳар гуна ноқилҳоро часпонида дар болои як курсӣ шинонд. Дастамро дар дастгузораки курсӣ мустаҳкам карда ба дастонам низ ноқил пайваст.
- Худатро озод гир, ҳозир мағзи саратро меомӯзем, чизеро андеша накун, - гуфту дари кабинаро маҳкам кард. Гӯшҳоям аввал мисли садои хомӯшак виззос заданд, сипас ҳарчанд кабина торик буд, дар пеши чашмонам рахҳои ранга пайдо шуданд, ки ба матои атлас шабоҳат дошт. Бо суръати баланд аввал аз поён ба боло, сипас аз боло ба поён ҳаракат карданд. Дар охир садо ҳам хомӯш шуду рангҳо ҳам гум шуданд. Мунтазири кушода шудани дари кабина истодам. Хеле нишастам, гумон кардам Маша маро аз хотир баровард.
- Маша, - гуфтам, - санҷиш ба охир расид?
Касе аз берун дарро кӯфт.
- Дар аз берун маҳкам, - гуфтам, - Шумо маро маҳкам кардед.
- Кушо гуфтам, - садои марде аз берун омад, чунин ба назар расид, ки кабинаро касе алвонҷ медиҳад.
- Кистед шумо, маро барои муолиҷа ин ҷо оварданд, Маша канӣ?
Кабина як маром меҷумбид, гаҳвора барин. Аз тарси он, ки бо кабина наафтам, палмосида дастаи дарро ёфтам, поён кашидам, ки кушода шуд.
- Мурдӣ-чӣ? - гуфта марде маро берун кашид ва худ ба кабина даромад. Ноқилҳои сару дар дастам буда дар дохил монд, хостам Машаро чӯям, толори тангу тор, равшании хираи чароғҳо... худро дар вагони дарози поезд дидам. Қатора як маром алвонҷ мехӯрд. Ба куҷо равонаам? Берун торик, аз тирезаи нимкушодаи вагон шамоли сард медарояд...? аз тирезаи нимкушодаи вагон шамоли сард медарояд...
Худро дар қатора дида хурсанд шудам, ман аллакай имкон доштам, ки ба куҷо равона буданамро аз роҳбалад пурсам, дуюм ва аз ҳама асосӣ - аз Арина халос хӯрам. Дар танам либоси аз Арина гирифтаам набуд, пас симоям ҳам аз худам бояд бошад. Арина Викаро нобуд кардааст, метавонист бо ягон роҳ маро аз байн барад... Чӣ хел? Пас чаро маро аз пулис овард? Ман на танҳо шавҳараш, балки барномасозе будам, ки чорсаду чор роботро идора мекардам. Ҳозир ҳамроҳи Маша маро мекобанд, аммо ман дар ин ҷо... Воқеан, сол чанд бошад? Бигузор бисту дуюми ноябр бошад, аммо соли бисту дуи худам. Бисту ду... Чаро ман дар ҳамин рақам дармондаам? Сол бисту ду, сана бисту ду, моҳ ёздаҳ... Ин ҷо ягон асрор бояд бошад...
Мард аз кабина баромаду маро тела кард:
- Меистӣ дар ҳамин ҷо? Картаро тақсим кун, навбати ту.
- Ҳозир, як дақиқа, - гуфта баргашта ба кабина даромадам. Симоямро дар оина дида хурсанд шудам - Бобои ҳақиқӣ, Руслан будан ба ман назебид. Дастамро як маротиба шуста дар ҷустуҷӯйи картабозон шудам. Аз як купе садои мардон мебаромад, нигаристам, ки марди шикамдард оё ҳамин ҷо бошад.
- Биё, - гуфт маро дида, - ҷои аҷиби бозӣ нав сар шуд.
Дар умри сарам картабозӣ накарда будам, "ман дигар наметавонам" - гуфтам, дидам, ки болои миз шаробу моҳӣ меистад. - моҳӣ зарар кард ба фикрам, - гуфтам.
- Моҳӣ зарар надорад, пул зарар кард гӯй, - гуфта мард хандид
Дидам, ки рӯи миз пулҳо паҳну парешон мехобанд. "Хайрият, ба замони пул расидам" - гуфтам дар дил, ҳарчанд ҳамонро надоштам. Аммо пулҳо аз замони ман фарқ доштанд, рубли русӣ, аз наздиктар дидан хостам. Наздиктараш рафтам, ки марде:
- Пулатро гашта гирифтан мехоҳӣ? Бохтӣ, аз мо шуд, - гуфт.
- Ман дар боло мехобам, - гуфтам, - бепул тамошо ҳам шавқовар нест.
- Мумкин не, картаи моро мебинӣ, - гуфт марди дигар.
Барои тамошои берун ба долон баромадам, хостам торик ҳам, ки бошад, дар куҷо раҳсипор буданамро фаҳмам. Аз дуродур ягон-ягон чароғҳо милтос мезаданд, ба гӯш танҳо садои чархҳои қатора - тарақ-туруқ ва овози мардони картабоз ба гӯш мерасид. Дигар ҳама дари купеҳо маҳкам, дар хоби ғафлат буданд. Дар рӯ ба рӯи кабинаи раҳбалад об меҷӯшид, дар наздаш дар сатиле ангишт буд. Дари раҳбалад кушода, ба куҷо равона буданамонро пурсидан хостам.
Дар кабина як духтари хушандоме либоси махсуси роҳиоҳанчиён ба бар карда машғули мутолиаи китоб буд.
- Бубахшед, - гуфтам, - то Краснополянск кай мерасем?
Духтар китоби дасташро рӯи миз чаппа гузошт, то саҳфааш гум нашавад.
- Мо то Краснополянск намеравем, - гуфт ӯ, - ин дар куҷо? Шояд аз наздикаш гузарем.
- Ҳозир ба куҷо расидем?
- Пас аз ду соат бояд дар Зеленогорск шавем.
Ин номро бори аввал мешунидам, бинобар чӣ гуфтанамро надониста вақтро пурсидам.
- Соат се, қариб, - гуфт духтар ба соати дасташ нигариста.
- Имрӯз сана чандум?
Медонистам, ки духтар рақами "бисту ду"-ро ба забон меорад.
- Бисту дуюм.
- То соли нав ҳам фурсат кам монд, - гуфтам, - соли навро дар куҷо пешвоз мегиред?
- Дар хона, боз дар куҷо мешуд? Боз намедонам, инро аз тақвим дидан даркор. Шояд дар смена бошам, - духтар сумкачаашро аз паҳлӯяш гирифта тақвими хурдакакро баровард ва ба ҳисоб кардани рӯзҳо даромад. Аз фурсат истифода бурда ба тақвим нигаристам, соли 1996...
- Чаро мепурсед? - пурсид духтар.
- Духтари зеборо дар шаби соли нав дар хонааш бошад мегӯям. Оила, кӯдак доштагистед охир...
- Дорам, шавҳарам ҳам роҳбалад, - хандид духтар, - Ман дар хона бошам вай дар смена, вай дар хона бошад ман дар кор.
- Намешавад ҳарду дар як смена бошед?
- Мо ҳам дар маслиҳати ҳамин, се рӯз дар сафар чунон монда мешавам, ки ду рӯз ба худ намеоям.
- Се рӯз дар сафар, се рӯз дар хона.
Дар назди дар қарор доштам, марде маро тела карда, шитобон гузашт ва ба дигар вагон рафт. Гумон кардам ҳамон марди шикамдард.
- Як маротиба дар ним соат ҳочатхонаро хабар мегирад, - гуфтам.
- Ҳамроҳатон?
- Бале.
Купеи ман ором, омадани "шикамдардро" мунтазиранд. Надоштам дигар сухане ба духтар, бинобар хостам қаҳва омода карда нӯшам. Ба купе баргаштам, ки ду мард каҷпаҳлӯ хобидаанд, ҳарду оғуштаи хун, пулҳои дар рӯи мизбуда нест. Дарҳол ба раҳбалад хабарашро расонидам.
- Нохушӣ дар купеи мо, ду нафар оғуштаи хун...
- Зинда? - ҷаста аз ҷо бархост духтар ва ҳамроҳам то купе рафт. Аҳволро дида: - ба машинист хабар додан лозим, - гуфту ба кабинааш баргашт.
- Шумо дур наравед, дар ҳамон ҷо бошед, - сарашро аз кабина бароварда гуфт духтар.
- Сурудатонро хонда шудед, - гуфтам ба ду марди хобида, - фалокат аз таги по.
Дарҳол ду марди либоси роҳиоҳанчибабар давида омаданд.
- Чӣ шуд? Канӣ онҳо?
- Мана дар ин ҷо, - гуфтам, - куперо ишора карда.
- Оҳҳо, кӣ инҳоро ба ин ҳолат расонд? - гуфта нафаре ба купе даромад ва набзи ҳардуро санҷид, - дер кардем. Кӣ ҳамроҳи онҳо буд?
- Як марди дигар буд, гурехт. Дар миз пули бисёр мехобид, гирифтааст.
- Ту дар куҷо будӣ, ту аз кадом купе?
- Ман ҳам аз ҳамин купе, лекин ман бо раҳбалад будам.
- Ӯ маро ба гап гирифт, - гуфт духтар, - Ман ҳатто садои онҳоро нашунидам
Дар як лаҳза чанд нафар аз дигар купеҳо баромада дар назди купеи мо ҷамъ омаданд. Ҳар кас ҳодисаро ба таври худ шарҳ медод.
- Ин ҷавонро сар надиҳед, - гуфт марде маро ишора карда, - ӯ махсус раҳбаладро ба гап гирифтааст, бо қотил ҳамдастӣ дорад.
- Ту андеша карда ҳарф зан, - гуфта аз байни одамон муште дар сараш задам, - маро чӣ гунаҳкор мекунӣ? Ман инҳоро бори аввал мебинам. Ҳатто ба бозӣ ҳамроҳ нашудам.
- Дидед, аз дасти ин ҳама кор меояд.
Дар вагон ғулғула хест, маро ба танг оварда, дар байн гирифтанд. Ду марди роҳиоханчӣ маро аз чанги мардум раҳо карда, дар кабинаи раҳбалад тела доданд ва дарро аз берун қулф карданд.
- Ором шавед, дар вокзал милиса моро мунтазир аст, - гуфт нафаре, - гунаҳкор мувофиқи кирдораш дар назди қонун ҷавоб мегӯяд.
- Шумо он мардро дастгир кунед, - гуфтам фарёд кашида, - Ман ӯро намешиносам, бори аввал дидам.
Аммо дар берун касе маро нашунид. Асабонӣ мешудам, ҳозир дар вокзал ба дастам завлона зада рост ба шӯъба мебаранд. Дар пурсиш албатта ман шоҳид буда наметавонам, ҳамдаст мешавам. Бо марде, ки намешиносам, номашро намедонам. Даст ба кисаи нимтана бурдам, ки ғафс, берун баровардам, чанд бастаи пули хунолуд. Кай фурсат ёфт, ки пулҳоро ба кисаам халад? Оинаро фароварда пулҳоро ба берун ҳаво додам, ки пош хӯрда рафт. Нимаш ба берун, ними дигараш дар кабина парешон шуд. Ягона роҳи халосӣ - маро аз ин ғамхона гурехтан буд. Аммо суръати поезд ниҳоят тез, аз сад ҷон яке дар амон нахоҳад монд. Ҳар чӣ бодо бод, бо тамоми қувва стоп-кранро кашидам. Қатора садои гӯшхарош бароварда суст шуд. Худро аз тиреза берун ҳаво додам. Дар ҳамин ҳолат ҳам чанд маротиба дар замин чарх зада пастӣ рафтам ва ду поямро дар кадом як ҷисми сахт задам. Дард ҷонкоҳ буд, аммо ман бархоста худро миёни майдони алафҳои хушкида гирифтам. Ба пасам нигоҳ накарда медавидам, то маро дунболагир набошанд. Поезд қарор гирифт, дар торикӣ медидам, ки дари ягон вагон кушода мешавад ё не. Сарамро боло карда нигаристам, қатора хеле дур буд. Аммо дигар ҳаракат накард. Аз шиддати дард буд ё сардӣ ва ё аз тарс, дасту поям меларзид. Гавак кашида пеш мерафтам, аллакай дар ин қитъа қади алаф ниҳоят паст буд, ҳатто ҳангоми хоб рафтан маро гӯронида наметавонист. Ниҳоят алафзор ҳам ба охир расид, эҳсос кардам, ки зери по аз рег иборат аст. Поезд аллакай наменамуд. Дар пеш дарё, дигар наметавонам пеш рафта. Манзара ба манзарае, ки маро ду мард мехостанд дар лаби дарё гӯронанд, шабоҳат дошт. Лекин ман натарсидам, вақт дигар буд. Алҳол намедонистам, ки боз дар кадом замона қарор дорам.
Дар соҳил қаиқи чаппагаштаи чӯбӣ ба назар расид, ки шояд аз моҳигирон буд. Дар болояш каме нишаста, ҷои зарбхӯрдаи пойҳоямро молиш додам. "Ин аҳвол то кай идома меёфта бошад? Тақдир маро мисли тӯб аз ин дарвоза ба дарвозаи дигар лағад мезанад. Касеро нақл кунӣ, туро ақлбохта гумон мебарад. Ҳамаи ин аз чӣ сар зад? Намефаҳмам. Ҳоли Нилуфару фарзандам, волидонам, Ойгулу Достон чӣ шуда бошад? Зоя Павловна чӣ, аллакайҳо зери хок будагист".
Ин гуна қаиқҳоро одатан моҳидорон пеш аз фасли сармо, қабл аз ях кардани об дар соҳил чаппа мегузоранд, то напӯсад. Баҳорон, вақте яхҳо об мешаванд, боз гирифта истифода мебаранд.
Ҳаво сард буд, насим мевазид ва сардиро ду карат бештар месохт. Қаиқро бо азобе бардошта, худро зери он гирифтам. Айни ҳол маро қаиқ аз ҳар гуна даррандаву хазанда муҳофизат мекард.
Чанд муддат гузашт, дар ҳамин ҳолат ҳам маро хоб бурд.
(давом дорад)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2