(Дунёи бегонагон)
Қисми 37.
Аз ман канӣ? - гуфтам аз пасаш.
- Супоришро ман додам-ку, - гуфта хандид Арина, - барои ҳамин дар наздам гузошт.
Арина табақҳои маро дар наздам тела кард.
- Робот будани пешхизматро ҳам фаромӯш кардӣ?
- Ин ҷавон ҳам робот? - дар ҳайрат шудам ман.
- Дар ошхона ҳама робот. Танҳо ману ту ва он се чор нафар мизоҷи дигар одаманду халос.
- Дар кӯча будагон-чӣ?
- Вайҳо одам, - хандид Арина, - хӯрокро гир.
Тамъи хӯрок ширин буд ё дар назар метофт, гурусна будам, ҳамаашро пок-покиза хӯрдам.
- Оби маъданӣ доранд ё ин ҳам манъ шудааст?
- Барои имтиҳон супориш деҳ, ку бубинем аз туро қабул мекунанд?
Аввал "нӯшокиҳо"-ро пахш кардам, сипас "оби маъданӣ"-ро, рӯйхати обҳо баромад, ёздаҳ намуд. Тахмин якеро пахш кардам. Ду ангушти сифатро тавре Арина гузошта буд, рӯи даврачаҳо гузоштам. Дар як лаҳза маълумот баромад: "саҳв".
- Қабул накард, - гуфтам.
- Ман намедонам чӣ кор карданамро, - гуфт Арина.
- Ду ангуштатро гузор, масъала ҳал мешавад.
Арина ду ангушташро гузошту гирифт.
- Ман дигар чизро дар назар дорам.
- Чиро?
- Ин қадар муддат дар куҷо будӣ? Чӣ тавр нақши ангуштонатро дар база монем? Аз сарҳад нагузашта бошӣ, нав зода нашуда бошӣ. Аз осмон фаромадӣ?
- Наход ҳама дар база нақши ангуштонашро дошта бошад?
- Доранд, ҳамаи дусад миллион аҳолӣ, ҳатто бомжҳо..
- Во, бомжҳо чӣ тавр зиндагӣ доранд? Агар пул надошта бошанд...
- Бомж надорем, ман дар омади гап гуфтам.
- Ман аз сарҳад гузашта будам, ба фикрам соли 2017 буд...
- Нақши ангуштонатро гирифта буданд?
- Не. Лекин дар базаи корҳои дохилӣ доштам, патент месупоридам солҳои аввал?
- Чӣ хел патент?
- Патенти корӣ... Арина, Аринка, намехоҳам туро ранҷонам, лекин дурӯғ гуфта наметавонам, метавонам як умр дар хизматат бошам, аммо ман Руслан нестам, ман Бобо ном дорам... Аз Тоҷикистон.
- Дарвоқеъ, ба Маша занг заданам даркор, - гуфт Арина ва дастгоҳи хурдакакро дар гӯшаш гузошт.
- Мария Викторовна неврология - гуфт.
- Ту ба касе занг мезанӣ? - пурсидам ман.
Арина бошад ангушти ишораташро болои лабонаш гузошт, ки ишора ба хомӯш буданам буд.
- Маша салом, ин ман. Маро шинохтӣ? Ташаккур, дер боз занг назада будам, кор бисёр. Саломатиат хуб аст? Дар хотир дорӣ, аз гум шудани Руслан гуфта будам. Ёфт шуд, майзада шудааст...
- Ман майзада нестам, - гуфтам бо овози паст.
- Метавонӣ қабул карда? Асабаш хароб, чизеро дар хотир надорад. Барқарор кардан лозим... Аққалан то қадри имкон... Не, то ҳол нанӯшидааст. Соати шонздаҳ ба утоқат равад? Хуб, ҳамроҳаш меравам. Хуб, мунтазир шав. Не, наменӯшад,.. Кӯшиш мекунам.
- Ту рақам начида гап задӣ?
- Замони рақамгириҳо гузашт. Ному насабаш ва вазифаашро мегӯӣ, тамом.
- Ту маро майзада ном набар, хоҳиш мекунам, ман умуман наменӯшам... Менӯшам гоҳ-гоҳ, дар чил сол як маротиба.
- Чандсола шудӣ?
- Дар наздат сиву шаш, аслан бисту ҳашт. Ман ягон хел майхора ё ақлбохта нестам, бовар мекунӣ? Ман ҷавони сиҳати тоҷик, коркунӣ омадам, зан дорам дута, кӯдак дорам... Дута... Тасодуфан ба замони ту афтодам... Ман аз гузашта... Аз соли бисту ду... Краснополянск... Медонӣ, шаҳри начандон калон...
- Бори охир кай нӯшидӣ?
- Намедонам, ду шаб шуд ба фикрам, соли ҳаштоду ҳафт... Ду шаб пеш соли ҳаштоду ҳафт буд, тасаввур кун... Ман шаҳрҳоро не, солҳоро саёҳат дорам, дар соли ҳаштоду як ҳам будам... Хоҳиш дорам маро ба Маша надеҳ, вай маро калла-поча карда мефурӯшад.. Ман аллакай аз сар гузаронидам ин хел рӯзҳоро...
- Бо ман кор кардан мехоҳӣ?
- Бо ҷону дил...
- Антошкаро дидан мехоҳӣ?
- Мехоҳам, ман кӯдаконро аз аввал дӯст медорам.
- Чаро моро гузошта рафтӣ?
- Ман ҳеҷ куҷо нарафтам, ман дар пулис будам.
- Чор сол?
- Аринка, аздусар бовар намекунӣ... - дидам, ки ҷавонзан ба ман бовар надорад, хомӯш шудам.
- Ин қадар муддат дар куҷо буданатро гӯй, ба духтур намеравем.
Агар ба сухани ростам бовар надошта бошад, беҳтараш дурӯғ мегӯям, - ба хулоса омадам ман.
- Дар назди маъшуқаам будам...
- Вика?
- Бале.
- Вика чор сол пеш дар садама фавтида буд, ман рақиб доштан намехоҳам.
- Ӯро ту...
Арина оромона чашмак заду табассум кард.
- Бечора Вика... Маша ҳам робот аст?
- Не, одами ҳақиқӣ, лекин вай солхӯрда.
- Ту ҳамроҳам меравӣ?
- Ман туро мебарам
Ин дам курсиам ба ларза даромад.
- Мехезем, - гуфта Арина бархост.
- Курсии ту ҳам ларзид? - гуфтам хеста .
- Сӣ дақиқа шуд, - гуфт, - барномаи худат.
Ҳарду ба офис баргаштем. Аммо дар даромадгоҳ Арина бозистод. Асбобашро дар гӯш гузошта "нақлиёти сабукрав барои ду нафар" гуфт.
- Ба куҷо меравӣ? - пурсидам аз ӯ.
- Меравем, - гуфт Арина, - назди Маша меравем.
- Соат чанд шуд?
- То мерасем шонздаҳ мешавад.
Як мошини сиёҳи кабудтоб омада дар назди бино қарор гирифт. Ҳарду дар қафо ҷо гирифтем.
- Клиника шонздаҳ, - гуфт Арина.
- Клиника шонздаҳ, хиёбони Сталин бисту ду, - садо аз мошин омад.
- Дуруст, - гуфт Арина, - ҳаракат кун.
Мошин ба ҳаракат даромад, ронанда надошт, аммо ҳамаи қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя мекард: ба пиёдагард роҳ медод, ҳангоми фурӯзон шудани чароғаки сурх бозмеистод, ҳангоми гардишаш чароғакҳои гардишро гиро мекард.
- Барномаҳои мошинро ҳам ман сохтам? - пурсидам аз Арина.
- Не, инро то ману ту, чанд сол пеш ба роҳ монданд.
- Як суол дорам, мумкин?
- Бемалол.
- Мошин намешунавад?
- Инашро намедонам.
- Ин қадар ронандаҳои таксӣ куҷо шуданд? Бекор монданд?
- Пешхизматҳои собиқи мо куҷо шуданд?
- Намедонам.
- Ҳама машғули кору фаъолият, дар Русия шахси бекор намонд, ҳама аз синни ҳаждаҳсолагӣ кор мекунад, рӯзи ҳаждаҳуми таваллудаш ба ӯ маълумот мерасад оиди рақами мушаххаси андоз ва вобаста ба хоҳишаш номгӯи коргоҳҳо. Пас аз як моҳ аз ҳисоби ӯ ба андоз фоизи муайян дошта мешавад.
- Агар донишҷӯ бошад-чӣ?
- Маълумот аз маориф мерасад.
- Агар маҷрӯҳ бошад?
- Аз тандурустӣ.
- Пас ман дар назди андоз қарздорам?
- Ту нестӣ дар ҳеҷ куҷо, чӣ хел қарздор мешавӣ?
- Ман набошам, чӣ тавр маро аз пулис ҷавоб доданд?
- Мӯҳлат доданд барои дар қайд гузоштан. Ин қоидаҳо нав як сол шуд, ки амалӣ мегарданд.
- Пас на ҳамаи бомжҳо дар қайд меистанд?
- Ман ин гуна маълумотҳоро надорам.
- Маро ҳамчун шахси бе хонаву бекас дар қайд гузор.
- Ана ин фикрат олиҷаноб, ақлат оҳиста ба кор медарояд. Се моҳи аввал андоз ҳам намесупорем.
Кӯчаҳои ноошно, ниҳоят васеъ, биноҳои сарбафалак, аммо дар кӯча касе наметобад.
- Чаро дар кӯча касе нест? - пурсидам аз Арина.
- Кӣ бояд шавад?
- Мардум. Канӣ одамон?
- Одам дар кӯча чӣ кор мекунад? Ин кӯчаҳо танҳо барои нақлиёт. Одамон паси бино, зиндагӣ дар паси биноҳо, нав мебинӣ?
- Нақлиётҳои ҷамъиятӣ канӣ?
- Нақлиётҳои ҷамъиятӣ то даромадгоҳи шаҳракҳо мераванд, дар кӯчае, ки мо меравем, нақлиётҳои чамъиятӣ ҳам мегарданд, аммо истгоҳашон танҳо дар мавзеъҳои аҳолинишин.
- Барои ҳамин биноҳо дар масофаи дур аз кӯча сохта шудаанд?
- Мо дар шоҳроҳ меравем, Руслан, нагӯ, ки кӯчаро ҳам бори аввал мебинӣ.
Мошин моро то назди дари клиника бурд, Арина ду ангушташро дар болои экрани аз боло фаромада гузошт.
"Ташаккур, муваффақият дар фаъолиятатон мехоҳем" - гуфт мошин.
- Ман ҳеҷ намефаҳмам, - гуфтам аз мошин фаромада, - тасаввур кун, ман пул надорам, намедонам чӣ гуфтанам мумкин... суратҳисобам холӣ, таксиро даъват кардам, чӣ тавр пардохт мекунам?
- Ҳисобат манфӣ меравад.
- Агар моҳи дигар пардохт накунам-чӣ? Ё ба мағоза даромадам, аллакай суратҳисобам манфӣ, чӣ кор мекунам? Аз куҷо мебинам, ки киса холӣ, агар ба забони пешина гӯем?
- То шаш моҳ ту бемалол хӯрока, доруворӣ харида метавонӣ. Аммо наметавонӣ ба такси нишаста, ба театр рафта, дар шабнишиниҳои хушҳолкунанда иштирок карда.
- Пас аз шаш моҳ-чӣ?
- Туро пулис дошта мебарад.
- Пулис аз куҷо медонад, ки ман дар куҷо?
- Таксӣ аз куҷо донист, ки ман дар куҷо?
- Аз телефонат, ё чӣ ном дорад асбоби дар гӯшат буда?
- Вақте нақши ангуштонатро мегиранд, сурати чашматро ҳам мегиранд. Аз гавҳараки чашмат меёбанд
- Чашмамро пӯшида гардам-чӣ?
- Барои хӯроки шашмоҳаат туро ҳабс намекунанд, чӣ хеле, ки оинаҳои ту шикастаро ман пардохт кардам.
- Узр, ман бармегардонам маблағи шишаҳоро, - гуфтам худро ранҷида нишон дода.
Утоқи Маша дар ошёнаи дуюм ҷойгир будааст, навбат электронӣ, бемор ҳам надоштааст магар, ки моро дарҳол духтаре ҳамроҳӣ карда то утоқ бурд. Маша бо Арина гарм аҳволпурсӣ карда маро ба болои як курсии мулоим шинонид.
- Хӯш гурезпо, ба даст афтодӣ? - гуфта Маша хандид.
- Афтодам, - гуфтам.
- Монда шудӣ?
- Хело.
- Ягон ҷоят дард намекунад?
- Не.
- Дардро мефаҳмӣ?
- Мефаҳмам.
Маша остинамро боло бурду банди дастонамро дид.
- Нашъа қабул кардӣ ягон маротиба?
- Не, Худо нигаҳ дорад.
Маша ба ангуштам чизе халиду гирифт.
- Не, осори спирт нест, - гуфт, - кай бори охир нӯшидӣ?
- Агар ҳозир ҷавоб диҳам, маро девона гумон мекунед. Мумкин ҳардуямон ошкор сӯҳбат кунем? Бе Аринка.
- Арина, моро панҷ дақиқа танҳо гузор.
Арина ба долон баромад.
- Ман ақлбохта нестам, - гуфтам, - аммо касе ба ман бовар карданӣ нест, ҳатто Арина. Шумо Русланро дида будед?
- Кадом Руслан?
- Айни замон маро. Арина гумон дорад, ки ман шавҳараш, лекин ман ӯро имрӯз бори аввал дидам. Ин сурати ман не, ман сиёҳ, ман тоҷик. Аз кӯҳистон... Нақши ангуштам нест... Дар ҳеҷ куҷо...
- Ба сарат зарб хӯрдӣ?
- Не, боре ҳам нахӯрдаам.
- Чанд муддат паи ҳам шароб менӯшӣ?
- Шояд бароятон афсона тобад, чил сол, ҳатто чилу се сол пеш, як маротиба ҳангоми Брежнев зинда буданаш, бори дуввум соли ҳаштоду ҳафт, бо як нависандаи машҳур. Шумо китоб мехонед? Шояд шунидагистед, Коля ном дорад, Николай.
- Островский?
- Аниқ дар хотирам намондааст, шояд ҳамон бошад.
- Островский соли 1936 вафот кардааст.
- Не, ман соли сиву шашро дар хотир надорам. Ман набудам он солҳо... - оҳ кашидам ман, - мехоҳам ба замони худам баргардам, ин ҷо ҳама бегона.
- Сигор мекашӣ?
- Не. Умуман.
- Бо варзиш машғул мешавӣ?
- Фурсат надорам. Дар сохтмон кор мекунам, варзиш чӣ лозим?
- Шаб чанд соат мехобӣ?
- Намедонам, шояд ним соат ё бештар.
- Дигар гуфтанӣ надорӣ? Аринаро даъват кунам?
- Шумо бо вай дугона-а?
- Чӣ буд?
- Ба ман кӯмак кунед. Гӯед, ки ман Руслан нестам, агар хоҳед дар наздатон рақси тоҷикӣ мекунам, суруди тоҷикӣ мехонам. Ман ҳеҷ гоҳ Руслан набудам, пули шишаҳои шикастаамро бармегардонам, танҳо назди Достон... Чӣ буд номи кӯдакаш... Антошка набарад, ман кӯдакчаҳоро дӯст медорам, худам ҳам кӯдак дорам дута... Бемораш вазнин гӯед, табобат гирад, сиҳат шавад гӯед, илтимос...
(давом дорад)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1