(Дунёи бегонагон)
Қисми 36.
Баробари ворид шудан, овози марде баромад:
- Либосҳоятонро кашед.
- Худам медонам чӣ кор карданамро, - гуфтам ба гирду атроф нигариста.
- Аз рӯи нишондодҳои мо кор мекунед, - боз аз куҷое овоз баромад.
- Хуб, - гуфтам, - маро ба навор намегирӣ?
- Не.
- Хайрият. Беҳтараш дар дарё оббозӣ мекардам.
- Оби дарё хунук, алҳол шаш дараҷа.
- Метавонӣ хомӯш буда?
- Метавонам.
- Тавонӣ дам шин, бодаш набарояд.
- Бод аз самти шимол дар ҳар сония ду метр мевазад.
- Ман аз ту маълумоти боду ҳаво пурсидам?
- Ҳарорат дар шаҳр айни ҳол мӯътадил, дувоздаҳ дараҷа гарм.
- Ту ҳама чиро медонӣ?
- Он, чӣ ба ман омӯзонданд.
- Дар куҷо будани Краснополянскро медонӣ?
- Медонам, аз мо дар масофаи як ҳазору чор саду наваду ду километр ҷойгир аст.
- Ин дар куҷо?
- Дар Краснополянск.
- Краснополянск дар куҷо, каду?
- Дар масофаи як ҳазору чор саду наваду ду километр.
- Туро кадом аблаҳ ихтироъ кард?
- Аблаҳ Руслан Шамиев ном дорад. Рақами патенташ сифр сифр шаш...
- Э, безор кардӣ, хомӯш шав. Аз ту бӯи умед нест.
- Дуруст ман бӯ надорам.
- Мусиқӣ дорӣ?
- Дорам.
- Канӣ шунавем?
- Аз кадом жанр?
- Шашмақом.
- Чанд мақом?
- Ту маро масхара дорӣ? Беҳтараш хомӯш бош.
Пас ман ихтироъкори ҳамин гуна роботҳо ҳастам. Аниқтараш ман неву Руслан. Пас худи Руслан дар куҷост? Дар куҷо гум шуд? То пайдо шуданаш худро Руслан мегирам, то омадани табар кунда меосояд. Дар куҷо будани Краснополянск маълум, қариб якуним ҳазор километр... Аммо ба кадом тараф? Оё наметавонам ба Тоҷикистон сафар карда? Шиносномаи Русланро мегирам, роҳи сафед! Лекин ҳозир намешавад, аввал ба замони худ мерасам, суратамро мисли Бобо месозам...
Аз ҳаммом баромадам, ки ду духтар маро ҳанӯз интизор.
- Акнун ба куҷо, оимчаҳо? - гуфта пурсидам.
- Аз рӯи барнома ба сартарошхона.
Аз паси духтарон ба сартарошхона рафтам, духтарон ҳамоно хиромон мегаштанд.
- Шуморо кӣ ихтироъ кард, - пурсидам аз духтарон, - як ҷурм надоредэээ.
- Арина Марковна, рақами патент...
- Лозим не, номаш бо мушкилӣ дар хотир мемонаду...
- Номи кӣ? - пурсид садои Арина.
- Номи не, рақами патент. Ту маро хуб мешунавӣ?
- Мешунавам.
- Либоси навам канӣ?
- Пас аз сартарошхона мепӯшӣ.
Дар сартарошхонае, ки маро раҳнамоӣ карданд, зане омодаи қабули мизоҷ меистод. Ин зан ҳам зебо, ба ҳар ҳол ба нишони сарисинагиаш муроҷиат кардам.
- Арина маро мешунавӣ?
Зан хандид.
- Ман одамам, - гуфт, - аз хотир фаромӯш кардед магар Руслан?
Пӯсти дастонашро палмосида дидам.
- Одами ҳақиқӣ.
Усули хизматрасонӣ дар сартарошхона боз аҷибтар буд, ҳарчанд зани ҳақиқӣ кор мекард, аммо аз рӯи барнома буд. Аввал каме дуртар аз ман галограммаи Руслан ҳувайдо гашт. Сипас танҳо сарашро наздик оварда як маротиба пурра давр гардониданд. Ман аллакай медонистам, ки пас аз сартарош суратам чӣ гуна мешавад. Аз боло чизе тухммонанд поён фаромад ва кушода шуд. Сарамро пурра пӯшонид ва овоз маро истироҳати хуш таманно кард. Худро дар толори калону барҳаво дидам, мусиқии форами Чайковский садо дод. Сурат чунон бо сифати баланд буд, ки ҳаракатҳои ҳар як мусиқанавозро дар алоҳидагӣ дида мешуд. Садо тоза, гӯё ман ҳам дар дохили оркестр будам. Мусиқӣ хотима ёфту саҳна торик шуд. "Тухми" дар сарам буда кушода шуда боз боло рафт. Галограмма аллакай намуди ҳозираи сари маро нишон медод.
Одатан пас аз сартарош дар тан мӯй мемонад, ё дар гардан, ё дар биниву пешона, аммо имрӯз чунон тоза "заҳмат" кашидаанд, ки тораи мӯ боқӣ намондааст. Ба зан миннатдориамро баён карда берун баромаданӣ шудам, ки "духтарон" ишора карданд, ба ҳуҷраи дар паҳлӯ буда дароям.
- Либосҳоятон дар ин ҷо, - гуфт яке аз онҳо.
- Чӣ шуд, ки ҳардуятон баробар нагуфтед? Батарея паст шуд? - гуфтам хандида.
- Не, ман батареяро захира мекунам, - гуфт дувумӣ, - хабар расид, ки пагоҳ ҳаво абрнок шуда нури офтоб кам мешавад.
- Шумо бо нури офтоб мегардед?
- Нури офтоб бепулу беминнат.
- Вой доночаҳое, ҳама чизро медонед шумо, - гуфта ба ҳуҷра даромадам.
Хайрият ин ҷо на одам буду на техника, вале ҳама либос якрангу якхела, ба либоси марде, ки маро аз ҳушёрхона овард, монандӣ дошт. Дар як лаҳза андозаи мувофиқамро ёфта ба бар кардам. Кафш чунон сабук, ки пойлуч гаштагӣ барин.
"Духтарҳо" боз пеш гузаштанд.
- Шумо то кай маро ҳамроҳӣ мекунед? - пурсидам аз онҳо.
- Шуморо аз рӯи барнома то назди Арина Карповна мебарем.
- Лозим нест, шумо озод.
- Мо фармонҳои шуморо иҷро намекунем.
- Аз кай?
- Аз ҳафтуми июли соли ду ҳазору бисту шаш, соати дувоздаҳу сиву се дақиқа.
- Шумо ҳама чиро медонед?
- Он чи дар барнома дорем.
- Краснополянск дар куҷо?
- Дар масофаи як ҳазору чор саду наваду ду километр.
- Ин дар куҷо?
- Дар Краснополянск.
Чизе, ки дар ҳаммом овози мардона мегуфт, "духтарон" низ айнан ҳамонро такрор мекарданд. Пас, ҳамаи инҳо маълумотро аз як база мегиранд. База дар куҷо бошад?
То дари Арина ҳамроҳи "духтарон" рафтам. Яке аз онҳо дарро кушода:
- Арина Карповна, Руслан Шамиев дар ҳамин ҷо, - гуфт.
- Ана акнун суратат ба одам монанд шуд, - гуфта Арина ба наздам омад ва маро ба оғӯш гирифт.
- Ман туро чӣ ном мебурдам? - пурсидам аз ӯ.
- Аринка, чӣ аз хотират рафт?
- Аринка, хотираам мустаҳкам нест, бисёр чизҳоро фаромӯш кардаам. Шояд таъсири май бошад... Лекин ҳоло ҳам бовар надорам, ки ман Руслан бошам, - гуфта ба сурати оинаи барқад нигаристам, - Ман худро Бобо гуфта мегаштам... Метавонӣ хотираамро барқарор карда?
- Туро як ҳафта истироҳат медиҳам, ба асабшинос муроҷиат мекунем. Хотираат қавӣ мешавад, боз ба ҳаёти муқаррариамон бармегардем.
- Маро чӣ тавр ёфтӣ?
- Шаби гузашта аз ахбори криминалӣ навореро пахш карданд, ки дар он ту ширкат доштӣ.
- Ин қадар сол дар куҷо будам?
- Инро ман бояд аз ту пурсам. Якбора нопадид шудӣ, дар хотир дорам, ҳамон рӯз ҳарду баҳс кардем.
- Ҳафтуми июли ду ҳазору бисту шаш?
Арина каме андешиду:
- Бале, ба ёдат расид? - гуфта пурсид.
- Не, "духтарҳо" гуфтанд, ки аз ҳамин сана дигар фармони маро иҷро намекунанд.
- Эҳ духтарҳо, робот бошанд ҳам, хислати занона доранд, ҳамаашро гуфтанд? - хандид Арина, - рости гап, аз ту ранҷидам. Кадом барномае, ки дастрасӣ доштӣ, маҳв кардам. Ҳозир қариб ҳафтод робот кор намекунанд. Чанд мутахассисро даъват кардем, сарфаҳм нарафтанд. Қаҳр кардагӣ барин... барномаҳои навро қабул намекунанд.
- Чанд робот дорем?
- Ҳамагӣ? Чорсаду чорта.
- Чорсаду чор рақами хуб нест. Агар дар маълумот ҳамин адад бошад, ё чорсаду се навис ё чорсаду панҷ.
- Дар назди андоз чӣ ҷавоб медиҳам? Маълумотро бе иҷозати онҳо наметавонам тағйир дода. Калиди маълумот дар мо, андоз ва бонки марказӣ меистанд.
- Аз кай ин хел шуд?
- Ду сол шуд, фармон баромад.
- Набошад ё як тояшонро фурӯш ё якто хар.
- Ту наметавонӣ роботҳоро ба кор андохта? Ин қадар ба чорсаду чор часпидӣ?
- Чорсаду чор наҳс аст, гурбаи сиёҳи аз роҳат гузашта барин.
- Як роботро сӯзонем? Дилам намешавад... Барномаи худнобудсозиро барқарор кунем?
- Не, аввал рақами чорсаду чорро гум кардан даркор. Як бор кӯшида бинем-чӣ?
- Ихтиёрат, - Арина аз киса идоракунаки фосилавиро бароварда кадоме тугмаашро пахш кард, ки миз рост шуда ба экрани компютер мубаддал гашт. Ман ин гуна мӯъҷизаро бори аввал медидам.
- Рӯихати роботҳоро ёб.
- Намебинӣ?
- Канӣ?
- Хотират дар ҳақиқат хароб, ниҳоят хароб. Ин барномаи худат-ку. Мана, - ангушташро болои як нишон бурда гуфт ӯ..
- Канӣ рақам?
- Кифоя, - гуфта Арина мизро мисли пештара сохт, - хӯрок мехурем?
- Ман пул надорам.
- Ман ҳам надорам, Руслан, маро натарсон. Пулро ҳозир касе надорад, рафтем.
Дари Арина ҳам мисли дари мошинам аз фосила меҳкам мешуд, вақте дастгоҳи фосилавиро сӯяш гардонд, "дар маҳкам карда шуд" овоз баромад.
- Арина, як саволи аблаҳона медиҳам, ту гуфтӣ "ҳозир касе пул надорад", ин чӣ маъно дорад? Коммунизм шуд?
- Коммунизм-вақте ҳама коммунист мешавад, ақидаҳои коммунистӣ дар ҳама ҷо ҷорӣ мешавад. Ман таърихро хуб омӯхтаам, медонӣ Ленин чӣ гуфта буд? "Коммунинизм-ин ҳукумати шӯро ва электркунонии тамоми мамлакат". Чил сол муқаддам мо аз ин шиор даст кашидем. Имрӯз шиори мо "электроникунонии тамоми мамлакат".
- Пул дар кортҳо?
- Пул дар ангуштонат. Наход аз хотират фаромӯш шуда бошад?
- Надорам дар хотир.
- Ҳозир мебинӣ, ба хотират мерасад.
Ҳарду ба ошхона даромадем.
- Омад ба хотират?
- Чӣ?
- Ин ошхонаи мо, барнома аз ту, маблағгузорӣ аз падарам буд.
- Ман аз сар пул надоштам, агар маблағҳо аз падарат бошанд?
- Доштӣ, пул беш аз як сол мешавад, ки дар муомилот нест умуман.
Ҳарду дар сари як миз нишастем. Баробари нишастан аз миёни миз ба таври электронӣ номнӯи хӯрокҳо баромад.
- Аз номи ту ҳам ман интихоб мекунам, - гуфта Арина дар болои чанд намуд хӯрок ангуштонашро гузошт. Дар поён ду даврачаи хурдакак буд, ҳарду ангушти сифаташро дар болои он фурсате нигоҳ дошт, то даме, ки овози духтарона "пардохт қабул шуд" гуфт.
- Ана, ҳамааш ҳамин, - гуфт Арина.
- Ҳамаи маблағ дар ду ангуштат?
- Бале. Пештар аз рӯи нақши ангушт танҳо шахсиятат маълум мешуд. Алҳол дар нақши ангуштонат тамоми маълумотҳо дар бонк, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳатто маориф маҳфуз мемонанд.
- Пас, ҳоло нақши ангуштони ман дар базаи ягон ташкилот нест?
Пешхизмат хӯрокҳои супоришшударо оварда дар назди Арина гузошту "иштиҳои том" гуфта баргашта рафт.
(давом дорад)
Муаллиф Ю.Ашуров
таҳияи М. Юсупов
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев