Нома пеш аз марг...
Ин сатрҳоро рўзе мехонӣ, ки муаллифаш хуфта зери хок, орзую ҳавасҳои ҷавониро надида, бо ормонҳои зиёд рафта аз ин дунёи бевафо.
Бо орзуҳои неку ҳавасҳои ҷавонӣ ба шавҳар баромадам. Шавҳарам Ҳофиз дўст медошт марою ман ўро, меҳрубон буд бо ман. Диламро пур намуд, ки бахтамон завол намеёбад то охири умр, шодию ғамро бо ҳам мебинем, нигаҳбон мешавем якдигарро дар солимию маризӣ. Зиндагии бо муҳаббати пок оғоз ёфта ширин асту гуворо ва фаромўш ношуданӣ. Тавлиди тифлаки якум шавҳарро боз меҳрубону пурнавозиш намуд бо ман, олами афсонавие кушод ба рўямон. Самари умр дида, меболидам аз бахту шукр мегуфтам насибаи тақдирро. Фарзанди дуюм ҳам ба дунё омаду зиндагӣ рангу таровиши хуштаре гирифт. Гули навшукуфтае будам барои шавҳар. Бо як меҳрубонӣ варақгардон мекард саҳифаҳои афсонаи муҳаббатамонро. Имрӯзам беҳтар буд аз рӯзи гузашта. Вале тани гарм бедард нест, гуфтаанд. Соҳиби кудак шудаму кору бори пайвастаи рузгор ба сарам омад. Шояд аз беэҳтиётӣ бошад, ки дилу ҷигарамро хунук гирифт. Духтурҳо баъди муоина ба шавҳарам гуфтаанд; “Занат касали шуш шудааст!”
Ин шумхабар дардамро боз ду чанд намуд. Бисёр ғам мехӯрдам аз ин маризӣ, фикрҳои ҳамарӯза беҳолам менамуданд. Ба беморхонаи маризиҳои сил хобидам муддати тўлонӣ. Аз хонаводаи шавҳар ба аёдатам намеомаданду бемеҳриҳои Ҳофиз маро мекушт. Волидонам ҳам дертар хабар ёфтанд ба касалхона афтида монданамро. Маризро дилбардорию сухани нек, аёдати нафаре қуввати дил мешаваду шифояшро ҳам метезонад. Вале ман намедидам ин ҳамаро, аз сўхтану танҳоӣ ва раҳпоӣ афгор мешудам. "
Муолиҷа беҳбудӣ овард, ба хона баргаштам. Шодиҳо доштам, ки боз худро дар байни фарзандону назди шавҳар мебинам. Вале истиқболи сарде доштанд маро. Шаб расид, боз сад андеша дар сар бор шуд. Ҷойгаҳи хоб партофтам бо ҳавас, чун ҳамешагӣ. Шавҳарам вориди ҳуҷра шуда, девонавор ғуррид ба сарам, ғазаб намуду ҷойгаҳи хобашро ба ҳуҷраи дигар гузаронд. Сабаб пурсидам, бо дағалӣ посух дод: “Касалиат ганда, боз ба ман нагузарад!”
Дилам таҳ зад, замин мерафт аз зери поям. Асабонӣ шудам аз ин гап, беморӣ боз хуруҷ кард. Сулфаи дуру дароз дилу ҷигарамро кофт аз пой афтодам.Саҳарии рузи
дигар боз ба беморхона баргаштам. Рўзу ҳафтаҳо мегузаштанд, чашмонам чор монда дар роҳи шавҳару тифлаконам, аммо касе намеомаду ёдам намекард, бесоҳиберо мемондам. Баъди якуним моҳ ба аёдатам Ҳофиз омад. Ташрифаш қувватам дод, гўё навакак ба дунё омада бошам, шодӣ доштам. Шитофтам ба истиқболи бахт ва раҳораҳ ба худ мегуфтам: “Шукр, ғайбати мардумро гўш надодам, охир ў маро дўст медорад, намепартояд маро, мани маризро”. Ин бовариҳо ба муҳаббати шавҳар таскинам мебахшид. Нафаҳммда мондам расиданамро ба наздаш. Даст дароз намудам барои вохўрдӣ. Мехостам ба атрофиён, ки ҳама гўшу ҳуш буданд ба мо, бо ифтихор нишон диҳам муҳаббату дўстдориҳои шавҳарро.
Ў бошад дастҳояшро гиреҳ намуда, ба ҷайбаш андохт, дасти ман муаллақу ҳайрон монд. Аз шарм лоласон гашт рӯям, дар ҳавои сард арақ карда будам.
Ман ба гуфтани гапе омадам наздат, - забон хоида гуфт Ҳофиз. Чашм аз даҳонаш намекандам, ҳушу гўшам ба ӯ буд. Боз илова намуд: “Дигар ба хона барнагард, ман зан мегирам. Фарзандонат лозим бошанд, бигир онҳоро, мо боз фарзанд меёбем!”
Сари роҳаш гирифтам, ба зону задам пеши пояш, ба зорӣ даромадам.
-Ҳар коре мехоҳӣ кардан гир, зани дигар бигир, майлаш, танҳо маро напарто, шарманда накун. Дар кунҷаки хонаат ҷое те бароям, саги дарат барин зиндагӣ мекунаму ба зиндагии шумо монеъ намешавам. Ҷудоӣ аз туву фарзандон маро мекушад, - гуфтам. Ӯ раҳме накарда ба ҳолам, гўш надод ба зориҳои қалбам, гўё намедид ашкрезию азобҳоямро.
Аз беморхона баромада, ба хона баргаштам. Касе ба руям дарро накушод.
- Ту дигар хона надорӣ дар ин ҷо, - садо дод хушдоманам, Бо қалби шикаста омадам ба хонаи волидонам. Ёд карда будам тифлакони ширинамро, муштоқи дидорашон шудам. Хун мехўрдаму азоби гўрро доштам ҳамон рӯзҳо. Модарамро зорӣ намудам, ки то рафта дили шавҳару хушдоманро ёбад, маро роҳ диҳанд ба хонаам. Ў хоҳишамро ба замин намонд, рафт бо сад умеду баргашт бо дили шикастаю озурда. .
- Духтари ҷигарсўхтаат лозим нест моро, писарам зани дигар ёфтаасту ба қарибӣ келин мефарорам, - гуфтааст модаршўй.
Ин таҳқиру носипосӣ маро боз ба бағали ғам партофт.
- Ҳамин ки будааст, тифлаконамро гирифта меомадӣ, - дубора хоҳиш намудам аз модар.
Ў рангу рўи кандаамро дида, зери лаб ғур-ғуркунон вориди ҳуҷра гашт. Боз чанд моҳи дигар гузашт бо сўхтану пухтанҳо. Модар хабари рўзи тўйи Ҳофизро шунида, аз кўча алов гирифта омад.
- Касофатат зан гирифта истодааст, шунидӣ? - бо ғазаб пурсид
Не! -кўтоҳакак посух додам.
- Ман тўйро ба вай нишон медиҳам, рўзаша шабу айшаша шўр нагардонам, номама мегардонам.
- Монед, ихтиёраш, худатона ганда накунед, очаҷон.
- Ана, боз тарафдориаш мекуни. Ту ҳамеша тарафаша мегирифтӣ, имрўз ҳам. Вай, пирсаг қадрат надонист, бемориатро дастак карда, зани солим мегирифтааст, насиб накунадаш.
Дуо накунед, оча, таваккалаш ба Худо. Не, ин тавр намемонам, пагоҳ якҷоя ба хонааш меравем, дар рўзи тӯяш рафта, дар назди мардум шармандагиаша мебарорам. Дар ҳузури зани наваш талоқата пурс, баъди ҷавоб додан, бало ба пасаш.
Ман намеравам, зиндагии зўракӣ баҳра намедиҳад, - рад намудам.
Меравӣ, меравию байни мардум талоқ мепурсӣ! - аз гапаш намегашт модар.
Ба ҳуҷра даромада, дарро бастам ба рӯям, мегиристам аз аламу берўзигӣ ва Худоро зорӣ менамудам, ки шабам рўз нашавад. Ҳарсоат дар ҳисоб буд, тиқ-тиқи ақрабаки соат маро наздик менамуд ба ҷудоӣ. Магар осон аст аз даст додани бахт. Чӣ чора, тақдирро тадбире намеёфтам, менолидам аз дарду ғам ва бевафоию бераҳмиҳои дунёи каҷрафтор. Чаро ин тавр, охир? Кӣ мефаҳмонад ин ҳама нобарориҳои зиндагиро, кӣ? Ҷавону зебо ва солим будаму ба шавҳар маъқул гаштаю дўстам медошт, ба ҳам медидем шаҳди зиндагиро. Ва ў фаромўш намуд хушиҳои зиндагӣ, ёд надорад дардҳои кашидаи хешро. Буд рўзҳое ў ҳам бистарӣ шуду ман беморбон. Ба садамаи автомобилӣ афтода, сахт ҷарроҳат бардошт, дасту по ва миёнаш маъюб гашт. Ба тахтапушт хобида рўи кати беморӣ, мисли тифлаки навзод мўҳтоҷи кўмаке буд. Ба даҳонаш об мечакондему умед намонда ба зиндагӣ. Духтурҳо “Одам намешавад!” гуфтанд. Рўзҳои башумор мондани умрашро фаҳмида, ўро дар ин ҳол напартофтам, баробараш дард кашидам, азоб дидам, нахўрдаму на“хуфтам аз ғам, болои сараш менишастаму дуои зудтар шифо ёфтанашро мекардам. Баьди шиканҷаи тулони шифо ёфт сари по шуд.
Шаб гузашт бо бехобию ёди он рўзҳо. Овози модар баланд шуд. “Хез, тараддудатро бин, меравем гуфтани ў банди хаёлотамро барканд. Қарибиҳои бегоҳ ба тӯйхона расидем. Дар ҳавлӣ, мисли тўйи худам, мизҳои пурнозу неъмат гузошта шудаю меҳмонҳо паси онҳо нишаста. Арўсу домод мисли гулдастае дар тахт нишастаю лаззати бахт мебурданд. Ҳофиз якбора Дар миёнаҷои туйгоҳ пайдо шудани моро дида бесаранҷом шуд ва наздамон омад меҳмонҳои нохондаро аз маьрака берун кардани шуд. - Аввал ҷавоби духтарама те, баъд меравем! - талаб мекард модар сина сипар намуда.
-Майлаш, дар вақти дигару ҷои дигар , - мефаҳмонд Ҳофиз аз шармандагӣ дурӣ ҷустанӣ шуда. Модар розӣ нашуд.
- Ана дар ҳамин ҷо, худи | ҳамин лаҳза, пеши чашмони одамон, назди арўси қанчиқат се талоқ мекунӣ!
Ҳофиз дигар сабру қарор гум кард, “се талоқам” намуд.
- Бачаҳоятро ҳам гирифта бар гуфт.
Мани аз ҳуш рафтаро аз байни одамон берун бароварданд. Модар баъди шўри қиёмат бардоштан аз дастам кашолакунон рафтанӣ шуд.
- Бачаҳоямро гирем, - гуфтам.
- Бачаҳо сари падарашонро хӯранд. Тухми ин зоти ҳаромро дар хонаам роҳ намедиҳам, - рад намуд модар ва боз таъкид дошт: “Интихоб кун! Ё ман ё бачаҳо! Онҳоро гирӣ, изи поятро месўзонам, ки ба хоки ҳавлиам нарасад, оқ мекунам!”
..АЗ бахт мондаю аз хона ронда шудам, ғами ҷудоӣ аз фарзандон соат ба соат дилу ҷигарамро, хокистар менамуд. Як сол аст гўё занҷирбандам болои кати беморӣ, умедам канда шуда аз зиндагию дил монда аз одамон. Танхо сўхтану ғам маро напартофта, ёри ҳамешагиам шуда монданд. Медонам, рӯзҳои башумор монда аз умрам. Бо ормонҳои зиёд тарк мегўям ин дунёи бе
вафою ҷоҳилро, Шояд зери хок ором шавам аз ғаму дард ва сухтанҳо.
Таскинамро имрўз дар навиштани ин сатрҳои ғамнома, ки бо хуни дил рўи коғаз омадааст, мебинам. Онро бихону худ баҳо бидеҳ, хонандаи азиз, ба ном вафодориҳои мардони номардро!.. Дар паноҳи Худо бош, дард ошнои ман, “Ишқ ва дарду ғам"
Бо эҳтиром Холида...
Таснифи Сатор КАРАХОНОВ.
Нависанда_Тири_нуқрагин
Бознашр аз газетаи Чархи гардун...
Комментарии 19
Зан агар дуст дорад оташ гирифта дуст медорад,
Мардак дуст дорад бози карда дуст медорад.