✨Моҳи шавқу лаззати имон куҷо ҳастӣ, биё.⚡
✨Моҳи пурфайзу ниёйишҳо ҳаросонем биё,⚡
✨Мо ҳама бар суфраат меҳмон куҷо ҳастӣ, биё.⚡
✨Эй шабистони қалби муслимин охар биё,⚡
✨Эй гузаргоҳи мусалмонон куҷо ҳастӣ, биё.⚡
✨Мо ҳавои тоза мехоҳему дилтанги туем,⚡
✨Эй баҳори тозаи Қуръон куҷо ҳастӣ, биё.⚡
✨Аз гуноҳу маъсиятҳо хаставу дармондаем,⚡
✨Моҳи авфу бахшиши Раҳмон куҷо ҳастӣ, биё.⚡
✨Мо ҳама муштоқи ҳар лаҳза зи шабҳои туем,⚡
✨Эй фазилатҳои бепоён куҷо ҳастӣ, биё.⚡
✨Дар фироқат ҳамчу мурғе нолаҳо сардодаем,⚡
✨Мо чу шамъи дар ғамат сузон куҷо ҳастӣ, биё.⚡
✨Эй маҳи некон биёву дасти шайтонро бибар,⚡
✨Моҳи итқ аз оташи нийрон куҷо ҳастӣ, биё.⚡
✨Муслимин дар хоби ғафлат моҳи бедори биё,⚡
✨Эй моҳи бедории виҷдон куҷо ҳастӣ, биё.⚡
✨Моҳи руза моҳи тамрини убудият биё,⚡
✨Моҳи сабру тарки ҳар исён куҷо ҳастӣ, биё .⚡
✨Эй шаби қадрат шаби таҷдиди паймон асту амн,⚡
✨Мо пур аз дарду туӣ дармон куҷо ҳастӣ, биё.⚡
✨Шавқи ифтору саҳаргоҳат басардорем биё,⚡
✨Моҳи шаъбон асту мо ҳайрон куҷо ҳастӣ, биё!!⚡
---
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 4
Маҳи ихлосу имон хоҳад омад.
Маҳи таҳлилу тасбеҳу таровеҳ,
Маҳи такрори Қуръон хоҳад омад.
Дар аввал раҳмат асту мағфират пас,
Дар охир итқи нирон хоҳад омад.
Маҳи рӯза, маҳи хайру саховат,
Маҳи тақвою бурҳон хоҳад омад.
Маҳи лутфу карамҳои Илоҳӣ,
Маҳи ҷуди фаровон хоҳад омад.
Маҳи мискиннавозӣ ағниёро,
Закоту фитру эҳсон хоҳад омад.
Маҳи шодии атфолу ҳақирон,
Маҳи ифтору меҳмон хоҳад омад.
Маҳе, к-аз мабдаи анфоси қудсаш
Ба ҷисму рӯҳ дармон хоҳад омад.
Маҳи омурзиши нуқсону ғуфрон
Барои рӯзадорон хоҳад омад.
Маҳе, к-андар шаби қадраш ҳазорон
Маҳи дигар чу мизбон хоҳад омад.
Ҳар он кас шод бошад з-омади ӯ,
Азизи хоси Раҳмон хоҳад омад.
Касе к-аз мақдамаш орад навиде,
Чу нуре сӯйи ризвон хоҳад омад.
Бикун, Наққош, табрики азизон,
Муборак бар азизон хоҳад омад..