Агар рӯи об равӣ, хас бошӣ
Дил ба даст ор, то кас бошӣ!
Агар калби касеро нохоста шикастам.
Агар хотири касеро нохоста парешон сохтам.
Агар ба касе нохоста ҳарфи қабеҳ гуфтам
Агар боиси парешон гаштани хобҳои касе шудам.
Агар бо паёме хоставу нохоста дилеро озурдам.
Дар ин омад омади моҳи Шарифи Рамазони хоҳишам аз барои Аллоҳ маро бубахшед..
Медонам на он қадар хубам ки лоиқи бахшишҳои қалбҳои меҳрубони шумо бошам.
Аммо чуноне ки медонед одами ҷоизулхатост.
Хоҳишам хатоҳои маро аз барои Аллоҳ нодида бигиред..
Омад омад моҳи шарифи Рамазон ба кули мусалмонони дунё муборак бод мегуям.
Илоҳо дар ин моҳи муборак қалбу руҳи моро шод гунҳоямонро пок ва тоаъату ибодатамонро қабули ҳақ бифармои..
Илоҳо баркатро дар ин моҳи муборак дар хонадони ҳар яки мо зиёда бигардони.
Илоҳо ҳамаи моро расидан ба ин моҳи муборакро насиб бигардони.
Илоҳо қалбҳои моро аз кибру бахлию бадбини дар ин моҳ дурбагардони.
Илоҳо ҳар ки сафар ба зиёратгоҳи хонаат дар ин моҳи муборак дорад сафарашонро бе хатар гардони.
Зиёратҳояшонро қабул ва дуоҳояшонро мақбул гуноҳҳояшонро пок бигардони..
Омин.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 4
Чи қадр суханҳои хуб гуфтен.
Омад-омади ин моҳи шарифро ба шумо ва азизонатон низ табрик мегӯям!!