АССАЛОМУ АЛЕЙКУМ ДӮСТОНИ АЗИЗАМ ҶУМЪА МУБОРАКАТОН БОШАД!!
Ҷумъа – боз омад чӣ қадар бобаракат аст,
Ҷумъа – сар то сар шукӯҳу неъмат аст.
Ҷумъа – иди аҳлу имону сафост,
Ҷумъа – рӯзе дар ҳузури Мустафост.
Рӯзи такбиру дуруду ваъзат аст,
Рӯзи ихлос асту рӯзи ваҳдат аст.
Ҷумъа – рӯзи ҳамдиливу ҳиммат аст,
Рӯзи танзили ҳумои раҳмат аст.
Рӯзи хуршед асту, нур асту сафост,
Рӯзи ҷумъа рӯзи хосони Худост.
Рӯзи иқбол ва қабули дуъост,
Рӯзи неки истимоъи хутбаҳост.
Рӯзи панду ваъзу рӯзи раббаност,
Рӯзи ҷуду раҳмати бемунтаҳост.
Ҷумъа – мухтаси ҳабиби кибриёст,
Рӯзи васли хешу вораҳми шумост.
Ҷумъаро Аҳмад чӣ зебо васф кард,
Ҷумъаро, иди мусокин расм кард.
ИЛЛОҲО ФАЙЗ ВА БАРАК
Комментарии 11
Ба ҷуз аз дилбари худ дил зи хамма баргиранд
Шояд, ки мебини хайри ту дар он бошад.