Предыдущая публикация
Гулҳо ҳама хор аст, агар оча набошад.
Дунёи туро меҳру вафопеч кунанд ҳам,
🌹Инҳо ба чӣ кор аст, агар оча набошад.
Ҳар рӯзи ту шодиву тарабнок шавад, лек,
🌹Чун мотами пор аст, агар оча набошад.
🌹Танҳо шавию бо аламат қисса бигӯӣ,
Навмедӣ шиор аст, агар оча набошад.
Дил гиря кунад, пеши ҳамин қисмати талхам,
🌹Бас хаставу зор аст, агар оча набошад.
Сархам биравӣ байни ҳама хешу таборон,
🌹Дунё ҳама тор аст, агар оча набошад.
---
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 8
Мисли шабу кӯр аст,агар оча набошад,
Гуе ки даруни гур аст,агар оча набошад,
Суҳроб бе нур аст,агар оча набошад.