Предыдущая публикация
Қавл додам, ба касе баъди ту одат накунам,
Ҳарчӣ ояд, ба сарам, ҳеҷ шикоят накунам.
Аҳд кардам, ки агар ишқ таъоруф карданд,
Ба худам лофи ин бори хиёнат накунам.
Рафтани талхи ту бад буд, вале боис шуд,
Ки дигар бо аҳаде майли рафоқат накунам.
Рафтӣ, аз пешаму омӯхтам ин таҷрибаро,
Ки ба ҳар шакле гадои муҳаббат накунам.
Гуфта будам, ки агар умр кафофам бидиҳад,
Пеши ҳар бе сару по арзи иродат накунам.
Тавба кардам, ки агар қисмати ман чизе нест,
Дар ба даст овариаш ҷангу самоҷат накунам.
Ва қасам хӯрдам, агар ишқ ба додам нарасид,
"Хешро шӯҳраи ҳар шаҳру вилоят накунам ".
Бор Иллоҳо, агар имрӯз чунин танҳоям,
Дилам омӯхт, ки бар халки ту одат накунам.🖤
---
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2
ГУЛ БУТТАХОЯШ ДОХИ НОМАХСУС ДОРАД
МАН ДИДАМ ДАР ТОБ МИОЯД МОХ ПОИЗ
СОАТ ХАМ ИНЧО ГАРДИШИ НОМАХСУС ДОРАД
ТУРО АЗ ЙОД ХОХАМ БУРД КАМ КАМ
БОРХО ГУФТАМ БЕ ХУД КАЙ МЕРАСАМ
АММО БА КАМ КАМ ХОИ БАД АЗ ТУ
ТУРО АЗ ДАСТ ДОДАМ ОЙ ОДАМХОИ БАД АЗ ТУ
ЧИ КУЧАК МЕНАМОЯД БАДИ ТУ ХАМХОИ БАД АЗ ТУ
БИЙО БАРГАРД БО ХАМРОХ МОРО ДУР АЗ ТУ ХОХАД КУШТ
АММО БА КАМ КАМ ХОИ БАДАЗ ТУ