ҒАМИ ИШҚ...
Ту надидӣ, ки ғами ишқи ту ин бор чӣ кард,
Ё шабе бо дили ман гиряи бисёр чӣ кард.
Боз имшаб ба таби сахт гирифтор шудам,
Оқибат оташи ғам ба мани бемор чӣ кард.
Боз дар оташи ишқат ҷигарам месӯзад,
Бо дили ғамзадаам ҳасрати дидор чӣ кард.
Дарди захме, ки ба қалбам задаӣ, бисёр аст,
Ханҷари ишқи ту дар саҳнаи пайкор чӣ кард.
Қаламам дар дили шаб яксара аз дард навишт,
Бо саранҷоми ману бо ғами дилдор чӣ кард.
Комментарии 1
ДИЛАМ МЕСУЗАД АЗ УМРЕ КИ ДА ПОЯТ ФЕХОН КАРДАМ
БА УМЕДЕ КИ СОЗАМ МЕХРАБОНИ НОМЕХРАБОНЕРО
ТАМОМИ МЕРАБОНОНРО БА ХУД НОМЕХРАБОН КАРДАМ
БЕ БОЛИ НУР ДАР СУБХИ ХУНАК БОДИ ФАЗОН ГАШАМ
ГУЛИ ЯХ БУДИЮ АТРИ ТУРО ХАР СУ РАВОН КАРДАМ
САМАР ДАР ГАШТАМУ УМРЕ БЕ ГЕРДИ ОТАШАТ ГАШТАМ
ХУДАМРО СУХТАМ АММО ВАФОРО ЧОВИДОН КАРДАМ