Предыдущая публикация
🍁Бар мазорам гиря кун,ашкат маро ҷон медиҳад,
🍁Нолаҳоят буи ишқу, буи борон медиҳад.
🍁Даст бар қабрам бикаш то ҳис куни марги маро,
🍁Дастҳоят дардҳоямро тасалло медиҳад.
🍁Бо мани дармондаву шайдо суханро тоза кун,
🍁Ҳарфҳоят таъми ширини баҳори медиҳад.
🍁Вақти рафтан лаҳзае баргарду қабрамро бубин,
🍁Ин нигоҳи охират умеди мондан медиҳад.
🍁Рафтиву чашмам ба дунболи қадамҳоят гирист,
🍁Захмҳои мурдаамро рафтанат ҷон медиҳад.
🍁Нест аз ман қудрати бусидани чашмони Ту,
🍁Бод мебусад ба ҷоям қалб имон медиҳад.
---
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1