ХОҲИШҲО АЗ СОЛИ НАВИ МИЛОД...
Ман аз Соли Нави милод, канори дӯст мехоҳам, Муҳаббатҳои ширине, ба дил бисёр мехоҳам.
Ман аз Соли Нави милод, паси сар карда ин соле,
Ба ҳар як одами дунё, барори кор мехоҳам.
Ман аз Соли Нави милод, ба зориву таваллоҳо,
Шифои комили ҳар бандаи бемор мехоҳам.
Ман аз Соли Нави милод, тани солими одамро,
Ба саркӯбӣ, Худогӯӣ, ба сад зинҳор мехоҳам.
Ман аз Соли Нави милод, барои кулли сайёра,
Фазои беғубори орӣ аз куштор мехоҳам.
Ман аз Соли Нави милод, сари ҳар як муҳоҷирро,
Ба рӯйи зонувони модарони зор мехоҳам.
Ман аз Соли Нави милод, аз тарси Худовандӣ,
Каме инсоф, ба ҳар савдогари бозор мехоҳам.
Ман аз Соли Нави милод, ба истиқболи На
Комментарии 1
Бо ними нигоҳат ба дили мо назар куни.
Огаҳ бигарди зи дили хастаи аз ишқ,
Мушкил, набувад дар бари мо имшаб сахар куни.
Ялдо гузашт шаб, ки дароз несту андак аст,
Аз суфраи бичидаи мо ҳалқ тар куни.
Ту масти шароб гардиву мо маст зи ишқат
Ғофил аз онем, ки дигар шаб саҳар куни.
Афгор бигардида зи ишқат ҷигари мо,
Муҳточи давоем кай давои ҷигар куни.
Сахти накашидем зи ҳеҷ дард ба чуз ҳичрон,
Ланат бар ин заҳмати ишқ гар ҳазар куни.