______СОЛИ НАВ______
Имрӯз, зи мо соле агарчӣ ба сар ояд,
Як соли наве аз пайи ӯ пушти дар ояд.
Бо тозагиву дабдабаву шаъну шаҳомат,
Бо ҳусни барозандаву бо карру фар ояд.
Бар ошиқе, ки соли куҳан ранҷҳо кашид,
Бошад, ки дар ин сол нигораш ба бар ояд.
Бар синае, ки як гуле аз шодӣ нарӯид,
Шояд, ки ба гулбоғи умедаш самар ояд.
Эй кош, намонад ба ҷаҳон тухми сияҳкор,
То сулҳу адолат ба тамоми башар ояд.
Ҳар нақшаи нопоки разилони ҷаҳонсӯз,
Аз байн талаф ёбаду зеру забар ояд!
Порина, агар зулмгаре буд, залил бод,
Имсол ба ҳар навъи бало ғӯтавар ояд!
Соли фараҳу шодӣ расад, халқи ҷаҳонро,
Фавтад, бадиву некиро бар ӯ зафар ояд!
Бар халқи ғарибу, зи ватан дуру парешон,
Як соли пур аз м
Комментарии 2
__ Хотираҳо ҳеҷ вақт аз байн намераванд, фақат зери хотираҳои ҷадидтар дафн мешаванд..
На ба васл мерасони, на ба қатл мераҳони!