Предыдущая публикация
❖Биҳишти ҷовидон хоҳӣ, биё Қуръон тиловат кун,❖
❖Ҳузури ломакон хоҳӣ, биё Қуръон тиловат кун.❖
❖Зи гулҳои гулистонаш, муаттар кун димоғи дил,❖
❖Сафои ҷисму ҷон хоҳӣ, биё Қуръон тиловат кун.❖
❖Бувад то ҳафтсад аз даҳ,савоби ҳар ҳуруфи он,❖
❖Ту ганҷи шойгон хоҳӣ, биё, Қуръон тиловат кун.❖
❖Сифоти Холиқи ҷонро румузи аҳли инсонро,❖
❖Агар шарҳу баён хоҳӣ, биё Қуръон тиловат кун.❖
❖Агар сад муддао дорӣ, тариқи илтиҷо дорӣ,❖
❖Ту коми дил аён хоҳӣ, биё Қуръон тиловат кун.❖
❖Чу хоҳӣ бо Худо гӯӣ сухан, руй бар намоз овар,❖
❖Каломи безабон хоҳӣ, биё Қуръон тиловат кун.❖
❖Чаро Наққош мағрурӣ, зи ҳикматҳои Ҳақ дурӣ,❖
❖Зи дӯзах гар амон хоҳӣ, биё Қуръон тиловат кун.❖
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев