ЯК ТУЛӮЪИ ТОЗА, ЯК САЛОМ
Барои меҳрубонӣ вақт ёбед,
Барои сабзҷонӣ вақт ёбед.
Барои “Дўст дорам” гуфтани ёр,
Барои дилфишонӣ вақт ёбед.
Ба як сӯҳбат, ба як лабханди зебо,
Ба васлу комронӣ вақт ёбед.
Дилам аз кӯҳнагӣ озор дидаст,
Барои навҷавонӣ вақт ёбед.
Пас аз атри гули ёре шамидан,
Барои гулнишонӣ вақт ёбед.
Тамоми орзуҳо ормонист,
Ба умри ормонӣ вақт ёбед.
Ману ту ҷовидон ҳаргиз набудем,
Ба ишқи ҷовидонӣ вақт ёбед!
Нет комментариев