Предыдущая публикация
Манзили бас дуру роҳи пурхатар дорем мо.
💫
Сад ҳазорон сол, агар гардем, дар ин дунёи дун,
Бар сирот ал - мустақим охир гузар дорем мо.
💫
Номаи аъмоли мо гашта, сияҳ аз маъсият,
Зикри Ҳақро монда, фикри симу зар дорем мо.
💫
Тӯшае ҳосил нагашт, бар мо аз ин киштзор,
Не намозу рӯзаву, не чашми тар дорем мо.
💫
Бигзарад, умри азизи мо ба ғафлат рӯзу шаб,
Аз ҳисоби рӯзи маҳшар кай хабар дорем мо?
💫
Мерасад, рӯзе аз ин дунёи фонӣ меравем,
Дар даруни қабр хиште зери сар дорем мо.
---
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев