Предыдущая публикация
Боварат шояд наояд, ҳамдами мағрури ман,
Ҳар куҷо, гар ишқ мегӯям, туӣ манзури ман.
Гуфта будам, боз мегӯям, ки то дорам туро,
Ханда мерақсад, даруни хонаи пурнури ман.
Ҳадяи бисёр лозим нест, "Хушбахтӣ" биёр,
Бар дили андӯҳгину ҳолати ноҷӯри ман.
Бахт то оғӯш бикшояд, ба сӯям ҳар саҳар,
Бо дуо ёдам намояд, модари раҳдури ман.
Хандаро бар хеш одат медиҳам, монанди гул,
То нагардад, ноумед, асло биҳиштиҳури ман.
Ман туро аз ҳастиям бисёртар дилбастаам,
Боварат шояд наояд, ҳамдами мағрури ман.
---
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3
Боварат шояд наояд, ҳамдами мағрури ман