ЯК ТУЛӮЪИ ТОЗА, ЯК САЛОМ
Барои меҳрубонӣ вақт ёбед,
Барои сабзҷонӣ вақт ёбед.
Барои “Дўст дорам” гуфтани ёр,
Барои дилфишонӣ вақт ёбед.
Ба як сӯҳбат, ба як лабханди зебо,
Ба васлу комронӣ вақт ёбед.
Дилам аз кӯҳнагӣ озор дидаст,
Барои навҷавонӣ вақт ёбед.
Пас аз атри гули ёре шамидан,
Барои гулнишонӣ вақт ёбед.
Тамоми орзуҳо ормонист,
Ба умри ормонӣ вақт ёбед.
Ману ту ҷовидон ҳаргиз набудем,
Ба ишқи ҷовидонӣ вақт ёбед!
Комментарии 8
Чумла медонад Худои холгардон гам махýр .
Агар холис шави бо У садоят мекунад ҳатман.
Агар беҳуда ранҷиди аз ин дунёи бераҳми
Ба даргоҳаш қаноат кун иноят мекунад ҳатман.
Гул аз пайи гул чу мавчи сунбул хезад
Файзи кадами вай ончунон хаст фузун
К аз лонаи акка тухми булбул хезад .
Бандаи хоси дари борат манам хорам макун
Ҷуз ту ман ҳаргиз надорам ҳеҷ касе
Бар касу ҳар нокасе интавр дилозорам макун.
Гар дилозори насибам мекуни неку бидеҳ
Ҷуз роҳи Ҳаққ ба ҷуз чизе озорам макун
Ман умед дорам зи даргоҳат эй Холиқи пок
Ки ту манро бишнавию сарсону ҳайронам макун.