Предыдущая публикация
Модар эй маҳбуби қалбам шоҳи зебоӣ дилам,
Ишқи бе поёни ман дилдори шайдои дилам.
Ханда бар лаб мезанӣ то ман надонам дарди ту,
Ҷони ман гардад фидоят ишқу рӯёи дилам.
Шармсор аз рӯи моҳат гар туро ранҷондаам,
Ҷуз ту ғамхоре надорам эй тасаллои дилам.
Гар хазонам карда дунё навбвҳорони манӣ,
Шаҳрзоди қисса гӯям моҳи шабҳои дилам.
Зита❤
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 17
Дунйо ба умед асту умедам доди
То бар сари ман чи ояд аз бешу ками
Ту бар сари гахвора навидам доди
Модар эй маҳбуби қалбам шоҳи зебоӣ дилам,
Ишқи бе поёни ман дилдори шайдои дилам.
Ханда бар лаб мезанӣ то ман надонам дарди ту,
Ҷони ман гардад фидоят ишқу рӯёи дилам.
Шармсор аз рӯи моҳат гар туро ранҷондаам,
Ҷуз ту ғамхоре надорам эй тасаллои дилам.
Гар хазонам карда дунё навбвҳорони манӣ,
Шаҳрзоди қисса гӯям моҳи шабҳои дилам.
Бар шири ту эхтиром модар
Хар соату субу шом модар
Аз чону дилам Салом модар .
Бигу бар ман, чи сони Модари ҷон?
Бибӯсам дасти ту бар дида молам,
Ба мисли мағзи ҷони Модари ман.
Оча ожанги рухат ҳарфи Худо
Зери ин чархи фалак ҳеҷ гаҳе
Нашавам кош ман ай Оча ҷудо.
Аз ман ошиқтар бар ман , девонаву бемори ман .
Васфи ту натвон ба садҳо дафтару девон навишт ,
Эй ки васфат рузу шабҳо , то абад дар кори ман .
Парваронди ҷони ман , бо ранҷҳои бешумор ,
Кай шавад қурбониат , ин ҷони бемиқдори ман .
Харҷ карди умри худро , то бируид ҷони ман ,
Ман ба лутфат зиндаам , эй абри беборони ман
.