Предыдущая публикация
Ба ғамҳо, эй дил, одат карданат чист?
Ба бемеҳре муҳаббат карданат чист?
Ба фармони сукут умре сари хам
Чу зиндонӣ итоат карданат чист?
Аё эй ишқ эй шоҳи ғаму дард,
Дилу ҷон қатлу ғорат карданат чист?
Даруни масчиди беишқ, эй дил.
Дуруғона ибодат карданат чист?
Равонӣ мисли дарё умри ширин.
Надонам тарки соат карданат чист?
Табиби ман дили бишкастаамро.
Ба беҳуда табобат карданат чист?
Рабуда қалби моро, ишқи зебо.
Ба ғам тақсиму қисмат карданат чист?
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3
Печу хам, шодию гам, дорад мукофоту итоб.
Медихад гохе туро бахт, мекунад гах сархамат,
Гах бипурсад бахри х,ар коре зи ту як-як хисоб.
Гах дилатро мефишорад дар гами бешу камаш,
Мегудозад гах туро чон, бо хама кину азоб.
Умри инсон хамчу оби руд шитобон бигзарад,
Мешавад ин умри кутах достон, чилд-чилд китоб.
Ваъдае бар мо бидоданд - хаст бихишту дузахе,
Боядо, пас фарк гузорем бар гуноху бар савоб.
Наояд бе пойон парешониям
Ту мехохи аз хам бисузониям
Аз ин пас дигар ру ба вайрониям
Надорад тавофут хакикат шуд
Бедонам надонам бароям чи суд
Тамошои дардат тавонамро бурд
Накарда гунах ин сазоят набуд
Нихам сари зону сари хастаро
Ба охе кушоям лаби бастамро
Фуру резад аз дида ашком чу борон
Надорам гурезе аз ин ранчи пинхон.