ДИДӢ ДИЛО, КИ УМР ЧӢ СОН БЕХАБАР ГУЗАШТ...
Пирӣ расиду фасли ҷавонӣ дигар гузашт,
Дидӣ, дило, ки умр чӣ сон бехабар гузашт.
Моро дигар чӣ чашми умиде, зи пирист,
К-аз пеши ман ҷавонӣ бо чашми тар гузашт.
Ай ғарк бод, киштие умре, ки рӯзу шаб,
Дар баҳри оби дидаву хуниҷигар гузашт.
Дидӣ дило, ки умр чӣ сон бе хабар гузашт,
Аз даст кори ман шуду, ҷонам ба лаб расид.
Аз модар уфтодаму обам, зи сар гузашт,
Дидӣ дило,ки умр чӣ сон бехабар гузашт.
Пирӣ расиду фасли ҷавонӣ дигар гузашт,
Дидӣ дило, ки умр чӣ сон бехабар гузашт.
Маjнун Бахтиёрович
Комментарии 9
Ба дунë омадан бар захмати́ рафтан намеарзад.
Агар сад Сол бар дунë Хама шахду шакар ну́ши́.
Ба он як соати талхии чонкандан намеарзад.
Навбати пири расид, сад ғами дигар фузуд.
Ҷавонӣ норизо, бо сад шикоят меравад аз ман,
Ҷавонӣ аз ману ман аз ҷавонӣ шикваҳо дорем,
Илоҷе нест ғайр аз ҳар нафас ин ҳарфҳо гуфтан: