Имсол таҷлили Рӯзи дониш, Дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсилро, ки ба арафаи таҷлили яке аз санаҳои муқаддаси таърихи давлатдориамон – 32‐солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад, ба ин муносибат мо маъмурияти гурӯҳи
ИшҚи ҶонСуз ![💔](https://st.okcdn.ru/static/emoji/14-0-0/20/1f494@2x.png)
РоЗи ДиЛҳО кулли кормандони соҳаи маориф, омӯзгорону донишҷӯён, хонандагон, падару модарон ва мардуми сарбаланди Ватанамонро самимона табрик мегӯем. Бигзор ҳар рӯзи кишвари мо рӯзи донишу маърифат, рӯзи хираду заковат ва рӯзи фарҳангу маънавиёт бошад.
Рӯзи дониш муборак !
Эй муаллим, чашмаи меҳру вафо,
Эй муаллим, шаҳчароғи раҳнамо.
Панди ту бошад ғизои маънавӣ,
Меҳри ту андар дили мо гашта ҷо.
Агар лахзае аз давраи кӯдаки ,хангоми аввалин бор ба мактаб рафтанатон ба хотиратон бошад дар комментария ёдоварӣ намоед, бисёр лаҳзаи хушҳол кунандае буд он замон.
БОЗ ҲАМ РӮЗИ ДОНИШ МУБОРАК!!!!
Комментарии 94
Ба муносибати Рӯзи дониш муваффақиятҳои рузафзун ва ояндаи рӯшанро барои тамоми донишомӯзон таманно менамоем.
Бигзор ҳамеша бо талош ва кӯшишҳои фаровон ба самти ҳадафҳоятон пеш биравед ва доимо сарбаланду муваффақ бошед.
Ба бекорию нодони намонем.
Ба олам ҳар касе бекор гардад.
Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Дар димоғам буи сумкаи нав меояд
Дар димоғам буи ременти аз миёнам калон меояд
Дар димоғам буи каламу ручка меояд
Як моҳ пешаки чанбор либосора мепушидему меровардем
Ҳаркасе либоси мактаби харад рафта медидем
Дар бозор либос бисёру туфли бисёр
Агар кадомеашро мо барои худамон интихоб кунем дар нигоҳамон аз ҳамашда ини худамон хушру метобад
Ба муносибати Рӯзи дониш муваффақиятҳои рузафзун ва ояндаи рӯшанро барои тамоми донишомӯзон таманно менамоем.
Бигзор ҳамеша бо талош ва кӯшишҳои фаровон ба самти ҳадафҳоятон пеш биравед ва доимо сарбаланду муваффақ бошед.
Ба хурдтаракон рузи аввали мактаб рузи "Дониш"-ро ба шумо табрик ва муборакбод намуда бароятон хониши хубу аъло таманно дорам...
Агар хоҳӣ ту ҳам ҷовид монӣ,
Ба хоки мулк бояд реша ронӣ.
Писарро тарбият бинмо падарвор,
Ки гардад он мубориз халқро ёр.
…”Ба фарзандат сабақ омӯз, з-инҳор,
Ки аз макри адӯ бошад хабардор.
Ба ҳар ҷо илм бурда ҷаҳл ронад,
Қасос аз ҷаҳлу нодонӣ ситонад.
Фишорад гарм дасти дӯстдоронро,
Мададгорӣ кунад афтодагонро.
Ба мисли заррае тобанда бошад,
Ба ҳар маҳфил чароғи зинда бошад.
Ба олам насл аз мо ёдгор аст,
Ба ӯ фардои инсон чашмдораст.
Ба хама рузи дониш муборак
Я к рузи фаромушношавандае хаст ки аз ёд намеравад
Вакте соли 2005 ман аввалин бор ба мактаб по ниходам,маро духтари калонии амакам рохнамои мекард.
Моро дар синфхона дароварданд ва дар дасти харяки мо гулдаста буд.
Бояд хар як одам шеьре кироат мекард ва гулдастаро ба дасти муалимаи аввалин медод.
Инак навбати ман омад ман чунин шеьро кироат кардам...
Мо бо рохи у по мегузорем,
Панди варо мо дар ёд дорем.
Хар кас набинад руи маломат,
Хохем умре бошад саломат.
Муалими мо, муалими мо
Чои фаромушношавандааш ин аст ки хама баьди шеьро хондан гулдастаи худро ба муалима медод а ман бошам шеьро хондаму гулдастаро гирифта рост рафта дар парта нишастам.Хама инро дида хандиданд
Занги аввал, дарси нав омӯхтӣ.
Занги аввал, медиҳад имрӯз садо,
Занги мактаб, занги дилҳо занги мо
Занги аввал, занги охир нест, нест,
Занги аввал, занги таътил нест, нест.
Занги аввал, занги дилгир нест, нест.
Занги мактаб, занги дилҳо занги мо,
Занги аввал, рӯзи донишу забон.
Занги аввал, рӯзи сулҳ аст, дар чаҳон
Занги аввал, рӯзи завқи кӯдакон,
Занки мактаб, занги дилҳо занги мо.
Занги аввал, занги зисту зиндагист,
Занги аввал, занги чузъи бандагист
Занги аввал, занги илму Рӯдакист,
Занги мактаб, занги дилхоҳ занги мо.
1,2 дарс мехондм нопрсида меомадм хона.
Бад калон шидм дарсгрез шидм
ЭЙ МУАЛЛИМ ЧАШМИ ТУ КАМНУР ШУД.
РОСТ КАРДИ КАЧ МА КАЧ ХАРФОИ МАН.
ТО НАВИСАМ РОСТ ТАЬРИХИ ВАТАН.
Хама муаллимону муаллимахоро,хамкасбони худро хама толибилмонро
,бо рузи Дониш муборакбод карда, барошон комебиву муваффакиятхо орзу дорам.
То ҳанӯзам ба ёд меорам.
Мезанад ҷӯш то ҳанӯзам дил,
Гар ман он рӯзро ба ёд орам.
Хоҳарам дасти кӯчакам бигрифт,
Ҳамраҳи ӯ ба раҳ равон гаштам.
Бӯсид аз рӯи кӯчакам модар,
Эй бас аз шавқ шодмон гаштам.
То ҳанӯз мо даст бар дастем,
Гарчи ҳоло дигар наям кӯчак.
Аҳли оила мешиносандам,
Чун ҳамон наврасу ҳамон кӯдак .
Як дуо ҳам падар нисорам кард,
Ҳамчу як ҳадяе бароям буд.
Ҳадяи рӯзи донишу мактаб,
То ба имрӯз дар канорам шуд.
Эй басо шод роҳ мерафтам,
Дар дилам буд як ҷаҳон уммед.
Як умеде зи рушноиҳо,
Як умеде зи роҳҳои сапед.
Чун расидем мо ба даргаҳи илм,
Раҳбари синф дасти ман бигрифт.
Бурд то назди ҳамсабақҳоям,
Ман намеғуҷидам ба худ зи шигифт.
Занги аввал садои худро дод,
Гуиё хатми кудакиям буд.
Эй басо андарун будам шод,
Беҳтарин занги зиндагиям буд.
Солу рӯзу маҳи зиёд гузашт,
Ман кунун бисту ҳашт солам ҳаст.
Лек он занги аввали мактаб,
Мисли дирӯз дар хаёлам ҳаст.
Заҳмати беш мекашид устод,
Заҳматаш банда мекашонидам.
Эй басо ранҷ дид устодам,
То ба ...ЕщёАввалин рӯзи мактабиамро,
То ҳанӯзам ба ёд меорам.
Мезанад ҷӯш то ҳанӯзам дил,
Гар ман он рӯзро ба ёд орам.
Хоҳарам дасти кӯчакам бигрифт,
Ҳамраҳи ӯ ба раҳ равон гаштам.
Бӯсид аз рӯи кӯчакам модар,
Эй бас аз шавқ шодмон гаштам.
То ҳанӯз мо даст бар дастем,
Гарчи ҳоло дигар наям кӯчак.
Аҳли оила мешиносандам,
Чун ҳамон наврасу ҳамон кӯдак .
Як дуо ҳам падар нисорам кард,
Ҳамчу як ҳадяе бароям буд.
Ҳадяи рӯзи донишу мактаб,
То ба имрӯз дар канорам шуд.
Эй басо шод роҳ мерафтам,
Дар дилам буд як ҷаҳон уммед.
Як умеде зи рушноиҳо,
Як умеде зи роҳҳои сапед.
Чун расидем мо ба даргаҳи илм,
Раҳбари синф дасти ман бигрифт.
Бурд то назди ҳамсабақҳоям,
Ман намеғуҷидам ба худ зи шигифт.
Занги аввал садои худро дод,
Гуиё хатми кудакиям буд.
Эй басо андарун будам шод,
Беҳтарин занги зиндагиям буд.
Солу рӯзу маҳи зиёд гузашт,
Ман кунун бисту ҳашт солам ҳаст.
Лек он занги аввали мактаб,
Мисли дирӯз дар хаёлам ҳаст.
Заҳмати беш мекашид устод,
Заҳматаш банда мекашонидам.
Эй басо ранҷ дид устодам,
То ба ин ҷойҳо расонидам.
Рӯзи донишатон ҳумоюн бод!
Роҳбарҳои мушфиқу ғамхор.
Аз шумову самимияти шумо,
Ман тамоми ҳаёт миннатдор.
Ғайратҷон Ҳотамӣ
Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам,
Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам,
Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
З-ин рӯ бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим,
Дар олами маонӣ ҳам роҳбар, муаллим.
Ҳарфе дуруст хондам, аз шавқ медамидӣ,
Ноқис, ки менавиштам, бар хеш метапидӣ,
То сарбаланд бошам, бисёр сар хамидӣ,
Бори гарони меҳнат бар дӯши худ кашидӣ.
З-ин рӯ бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим,
Дар олами маонӣ ҳам роҳбар, муаллим.
Омӯхта бароям одоби гуфтугӯро,
Во карда пеши чашмам дунёи орзуро,
Суде барои мардум бахшанда бин Амуро,
Дар роҳи бахтёбӣ маънои ҷустуҷӯро.
З-ин рӯ бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим,
Дар олами маонӣ ҳам роҳбар, муаллим.
Дар гиру дори ҳастӣ, гуфтӣ, ки боҳунар шав,
Бар авҷ сар кашидӣ, аз қаър бохабар шав,
Аз дониши замонат пайваста баҳравар шав,
Дар ҳифзи халқу кишвар фарзанди номвар шав.
З-ин рӯ бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим,
Дар олами маонӣ ҳам роҳбар, муаллим.
Тақдири насли миллат бар зиммаи ту бор аст,
З-ин бештар ба...ЕщёШеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам,
Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам,
Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам,
Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
З-ин рӯ бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим,
Дар олами маонӣ ҳам роҳбар, муаллим.
Ҳарфе дуруст хондам, аз шавқ медамидӣ,
Ноқис, ки менавиштам, бар хеш метапидӣ,
То сарбаланд бошам, бисёр сар хамидӣ,
Бори гарони меҳнат бар дӯши худ кашидӣ.
З-ин рӯ бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим,
Дар олами маонӣ ҳам роҳбар, муаллим.
Омӯхта бароям одоби гуфтугӯро,
Во карда пеши чашмам дунёи орзуро,
Суде барои мардум бахшанда бин Амуро,
Дар роҳи бахтёбӣ маънои ҷустуҷӯро.
З-ин рӯ бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим,
Дар олами маонӣ ҳам роҳбар, муаллим.
Дар гиру дори ҳастӣ, гуфтӣ, ки боҳунар шав,
Бар авҷ сар кашидӣ, аз қаър бохабар шав,
Аз дониши замонат пайваста баҳравар шав,
Дар ҳифзи халқу кишвар фарзанди номвар шав.
З-ин рӯ бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим,
Дар олами маонӣ ҳам роҳбар, муаллим.
Тақдири насли миллат бар зиммаи ту бор аст,
З-ин бештар ба дунё дигар чӣ эътибор аст?
Омӯзгор он гаҳ мамнуну бахтёр аст,
Шогирди бовафояш бар халқ ифтихор аст.
З-ин рӯ бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим,
Дар олами маонӣ ҳам роҳбар, муаллим.
Боқӣ Раҳимзода