Имом ибни Қаййими Ҷавзӣ дар китоби пурарзиши худ «الداء و الدواء Дарду дармон», ки махсус дар ин мавзуъ навиштааст (яъне мавзуъи гуноҳ ва маъсият) ва аз ҳақиқату моҳияти гуноҳ ва анвоъи он ва усули он ва мадохилу асбоби он ва паёмадҳои он сухан кардааст, чунин меорад:
«Гуноҳу маъсият он қадар осори қабиҳ ва мазмуму зарароваре бар қалбу ҷисми инсон дорад дар ин дунё ва охират, ки ҷуз Аллоҳ таъоло онро касе намедонад.
Аз ҷумла:
1. Маҳрумият аз илм.
Илму дониш нуре ҳаст, ки Аллоҳ таъоло дар қалбҳо мегузорад, ва гуноҳ ин нурро хомӯшкунанда ҳаст.
Чун Имом Шофеъӣ назди Имом Молик нишаст (барои талаби илм), имом Моликро аз заковат ва камоли фаҳми Шофеъӣ хушаш омад, ва гуфт:
إني أرى الله قد ألقى على قلبك نورًا، فلا تطفئه بظلمة المعصية
Мебинам, ки Аллоҳ таъоло бар қалби ту нуре фикандааст, пас барҳазар бош, ки бо торикии маъсият онро хомуш нагардонӣ. (Торихи Димашқ, 51/286).
Ва ҳамчунин имом Шофеъӣ гуфтааст:
شكوتُ إلى وكيعٍ سوءَ حفظي … فأرشدَني إلى ترك المعاصي
وقال اعلَمْ بأنَّ العلمَ فضلٌ … وفضلُ الله لا يؤتاه عاصِ
«Ба Вакиъ аз бадии ҳофизаам шикоят бурдам,
Ӯ маро ба тарки гуноҳон васият кард.
Гуфто: бидон, ки илм фазилат аст,
Ва фазли илоҳиро ба гунаҳкорон нахоҳанд дод.»
(Девони имом Шофеъӣ).
2. Маҳрумият аз ризқу рӯзӣ.
Дар Муснад омадааст, ки:
إنّ العبد لَيُحْرَم الرزقَ بالذنب يصيبه
«Банда аз сабаби гуноҳаш аз ризқ маҳрум мешавад».
Чуноне ки тақво ва парҳезгорӣ сабаби ҷалби арзоқ мебошад, ҳамчунин тарки тақво сабаби ҷалби фақру нодорӣ ҳаст. Ва аз тарки гуноҳ дида ҳеҷ чизе ҷалбкунандатари ризқи Аллоҳ нест!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев