Зани мубталои бемории чузом (махав)
Мардум дар атрофи хонаи Каъба тавоф менамуданд. Садои онхо бо зориву тавалло ва нидохои такбиру тахлил омехта мегашт. Дар миёни ин мавчи пурчўши тавофкунандагон нигохи Умар (р) ба зане афтод, ки ў мубталои бемории махав буд ва бо вучуди он тавоф менамуд. Умар (р) ба он зан гуфт:
-Эй бандаи Худо, мардумро озор надех. Агар дар хонаат менишасти хеле хуб буд (то касеро ба он бемори мубтало насози). Он зан хохиши амирулмўъмининро пазируфта ва дар хонааш ќарор гирифт ва аз он берун набаромад, то ин ки Умар (р) аз дунё гузашт.
Боре шахсе аз назди хонаи он зан гузар карда, ба ў чунин гуфт:
- Оне, ки туро манъ карда буд, аз дунё гузашт. Пас, бемалол аз хонаат баро ва тавоф кун. Он зан гуфт:
- Ман чунон нестам, ки дар зиндагияш итоат намоям ва баъди маргаш аз фармони ў хорич шавам.
Он зан то охири умр аз хонааш берун набаромад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев