Он мард дуъоҳои зебое мекард, ки ба дилиҳазрати Мусо (алайҳиссалом) нисбати у раҳм ҷой гирифт ва у ба худ гуфт:
- Гар ба дасти ман иҷобати дуъои у мешуд- албаттаҳоҷаташро бароварда мегардонидам.
Дар ҷавоби ин гуфтахо Аллоҳи Мутаъол ба у хабаре фиристод ки:
- Ё Мусо! Ман аз ту дида зиёдтар ба ин мард меҳрубонтарам. Бале! У бо дуъову тазарруъ суи Ман даст бардоштааст, аммо у ин дуъоро танҳо ба забон менамояд ва аммо дилу фикру хаёли у бо раммаи гусфандонаш аст ва у дар фикри он гусфандонаш аст. Ман дуъои он нафареро, ки дилаш дар фикриғайри Ман бошад ҳангоми дуъо иҷобат нахоҳам кард!
Мусо (Алайҳиссалом) зуд ба он мард ин хабаре, ки Худованд ба у равон кард расонд. Он мард ҳамон замон тавба кард ва бо «ҳузури дил» дуъо намуд ва Аллоҳи Меҳрубон дуъои уро иҷобат намуд!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3