Иброҳим ва нишонаҳои растохез
Мардуми Бобил аз рафоҳ дар зиндагй бархӯрдор ва зери сояи неъматҳо орамида буданд, аммо дар торикиҳои зулмат даступо мезаданд ва дар водии гумроҳӣ суқут карда буданд, зеро ба дасти худ бутҳое тарошида, дар баробари дидагони худ онҳоро сохта ва сипас ононро худоёни худ ҳарор дода ва ба ҷои Худованде, ки ононро офарида ва неъматҳои ошкор ва пинҳон ба онон арзонӣ дошта буд, ба ибодати бутҳо пардохта буданд.
Намруд писари Канъон, писари Куруш зимоми подшоҳии Бобилро дар қабзаи ихтиёри худ дошт. Ӯ ҳукмроне худраъй ва фармонравое мустабид буд ва чун нозу неъмат ва рафоҳу шукӯҳ ва тасаллуту қудрати ҳудро дид ва дид, ки мардум дар нодонӣ ба сар мебаранд ва басирати худро аз даст додаанд ва дилу фикрашон бо нодонй ва кӯрдилӣ омехтааст, худро худои эшон хонд ва мардумро ба парастиши куд даъват намуд. (Ва бо худ фикр кард, ки) чаро мардумро ба ибодат ва таъзим ва хузӯъ дар баробари худ фаро нахонад, дар ҳоле ки ҷаҳлу нодонй ҳама ҷоро фаро гирифта ва ақоид фосид гашта ва қавм дар гумроҳии ошкоре фурӯ рафта буданд, магар онон сангҳои беҷону пайкараҳои дарунхолиро, ки қудрати шунавоӣ ва биной ва суду зиён расондан ба мардумро надоранд парастиш намекунанд, дар ҳоле ки ӯ сухан мегӯяд, қудрати дарку фаҳм дорад, хайр ва неъматро ба онон мебахшад ва шарро аз онон дафъ менамуд ва метавонад фақирашонро сарватманд ва азизашонро залил намояд ва бар онон тасаллут ва қудрат дорад.
Дар миёни чунин муҳити фасоде ва дар шаҳри Фадоми ором[6] , яке аз шаҳрҳои мамлакати Бобил Озар дорои фарзанде шуд, ки номи ӯро Иброҳим гузоштанд. Иброҳим кам-кам бузург шуд, Худованд ӯро парварид ва ақлу фаҳм дод ва ба сӯи ҳаҳ ва ҳақиқат ҳидоят намуд. У низ бо андешаи саҳеҳ ва фикри дуруст ва бо кӯмаки ваҳйи Парвардигори худ дарёфт, ки Худованд яке аст ва ӯст, ки бар тамоми ҷаҳон султа ва сайтара дорад. Ва дарёфт, ки бутҳо ва пайкараҳое, ки мардум метарошанд ва мепарастанд, ононро аз Худованд бениёз намегардонанд ва аз ин рӯ тасмим гирифт, ки бо азме ҷиддӣ мардумро ба ягонапарастӣ ва тавҳид даъват намояд ва онҳоро аз дарраҳои амиқи ширк ва ботлоқи разолатҳо наҷот диҳад ва аз ин рӯ худро барои баргардондани онон аз гумроҳӣ ва ҷаҳолат омода намуд.
Қалби Иброҳим (а) моломол аз имон ба Парвардигораш буд, ба қудрати офаридгораш итминон ва яқин дошт ва ба он чи Худованд дар мавриди зинда кардани инсонҳо баъд аз марг ва муҳосибаи аъмоли онҳо дар дунёе дигар ба ӯ ваҳй карда буд, имон дошт. Аммо мехост, ки бар басират ва имон ва итминон ва яқинаш афзуда гардад ва кунҷков шуд, ки нишонаи ошкор аз растохезро ламс намояд ва ҳоҷати возеҳ бар зинда кардани мурдагонро бо чашми худ бубинад. Аз ин рӯ, аз Парвардигораш хост, ки ба ӯ нишон диҳад, ки чӣ гуна мурдагонро баъд аз марг ва парешоншавии ҷисмҳояшон зинда мегардонад? Худованд ба ӯ фармуд: Оё магар ба растохез имон надорӣ? Иброҳим ҷавоб дод: Чаро, ба ман ваҳй фиристодай ва ман имон оварда ва тасдиқ намудаам, аммо муштоқам, ки онро айнан ва бо ду чашми худ мушоҳида кунам, то дилам ором гирад ва бар яқинам афзуда гардад. Ва аз он ҷое ки қасди Иброҳим итминони хотир ва оромиши дил буд, Худованд ба дархосташ ҷавоби мусбат дод ва ба ӯ амр намуд, ки чаҳор парандаро бигирад, онҳоро дар канори худ нигаҳ дорад, то аҷзои онҳоро бишиносад ва дар хилқаташон тааммул намояд ва он гоҳ пас аз куштан, онҳоро тика- тика намояд ва гӯштҳояшонро дар ҳам биомезад. Он гоҳ онҳоро қисмат карда, ҳар қисматро бар сари кӯҳе оигузорад ва онҳоро ба сӯи худ бихонад, то ба изни Парвардигор шитобон ба сӯи ӯ биёянд.
Ҳангоме ки Иброҳим чунин кард, аҷзои ҳар паранда дар ҳар маконе, ки буданд, ба ҳам мепайвастанд ва зиндагй ба суръат ба лошаи паррандагон бозмегашт ва онҳо ҷон мегирифтанд ва бо қудрат ва иродаи Парвардигор ба сӯи Иброҳим (а) мешитофтанд иа ӯ нишонаҳои ошкори Парвардигор ва қудрати хирзкунандаашро мушоҳада менамуд, қудрате, ки ҳеҷ чиз дар осмонҳо ва замин наметавонад бар он чира шавад.
Инҳо паррандагоне буданд, ки ҷон аз танҳояшон берун рафта буд ва аҷсодашонро Иброҳим (а) ба дасти худ тика-тика карда ва ба ҳам омехта ва дар баробари дидагони худ аъзои онҳоро чанд қисмат карда ва ҳар қисматро бар рӯи кӯҳе гузошта буд. Аммо ба маҳзи фаро хондани онҳо аҷзои онҳо баҳам омаданд ва паррандагон ҷон гирифтанд, ба тарафи Иброҳим (а) шитофтанд ва дар канори ӯ гирд омаданд. Чӣ касе метавонад чунин ҳодисаеро бубинад ва дар дарунаш кӯчактарин гумон ва шакке дар мавриди қудрати Худованд бар зинда кардани мурдагон ва ҳашру нашри онҳо роҳ ёбад. Муназзаҳ аст Худованд, ки ҳар гоҳ чизеро ирода кунад, албатта он чиз таҳаққуқ мепазирад ва ӯ бо иззат ва ҳикмат аст.
6. Дар Муъҷамул булдон 4/238 Фаддон забт шуда гуфта шудааст, ки қаряе аз тавобеъи Ҳаррон дар шимолу шарқи Фурот мебошад ва гуфта мешавад, ки Иброҳим дар он ҷо таваллуд шуд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев