Қавми Од ба хотири гуноҳонашон ҳалок шуданд ва Худованд сарзамин ва диёри ононро ба қавми Самуд вогузор кард ва қавми Самуд ҷои қавми Одро дзр он гирифтанд ва беш аз пеш ба имрон ва ободонии он сарзамин ҳиммат гузоштанд, чашмаҳо ҷорӣ сохтанд, боғҳо за бӯстонҳо эҷод карданд ва кӯҳҳоро тарошида дар миёни онҳо хона сохтанд ва аз нобасомониҳои рӯзгор ва ҳаводиси бади он дар амон буданд ва дар нозу неъмат ва рафоҳ ва осоиш ба сар мебурданд. Аммо Худовандро шокир набуданд ва бар фазлу неъматаш ӯро ситоиш ва сипос намекарданд, балки ба зулм ва саркашӣ за фасоди бештар дар замин пардохтанд, аз ҳақ ва ҳақиқат дур гашта бештар такаббур варзиданд ва ба ҷои Худованди ягона бутҳоро парастиданд ва барои Худованд шарик қоил шуданд ва аз оёт ва нишонаҳои ӯ рӯй баргардонданд ва гумон намуданд, ки дар он неъматҳо ҷовидонаанд ва дар он нозу неъмат раҳо мешаванд.
Худованд Солеҳро, ки аз лиҳози насаб шарифтарини онҳо ва аз лиҳози ҳилм ва ақл бартарини онҳо буд, ба сӯи онҳо мабъус намуд. Ва ӯ низ қавмашро ба ибодати Худованд фаро хонд ва эшонро ба ягона донистанаш ташвиқ кард ва ба онон эълон намуд, ки Худованд аст, ки ононро аз хок офарида ва заминро ба василаи онон обод намуда ва ононро дар замин ҷойгузин намуда ва неъматҳои ошкор ва пинҳонашро ба онон арзонӣ доштааст. Сипас ононро аз ибодати бутҳо наҳй намуд, чаро ки бутҳо наметавонанд суду зиёне ба онон бирасонанд ва суд ва зиёне дар даст кадоранд ва ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонанд ононро аз Худованд бениёз кунанд.
Солеҳ (а) равобити хешовандӣ ва пайвандҳои наздики насабии худ бо қавмашро ба онон ёдовар шуд, зеро ки онон аз қавм ва қабилаи ӯ буданд ва ӯ хайрхоҳи онон буд ва судашонро мехост ва дар ҷиҳати хайри онҳо кӯшиш мекард ва нияти баде нисбат ба онон надошт ва шарре барояшон намехост. Аз онон хост, ки аз Худованд талаби бахшиш ва ғуфрон намоянд ва аз гуноҳоне, ки муртакиб шудаанд, ба сӯи у тавба кунанд, зеро Худованд ба он кас, ки ӯро бихонад, наздик аст, ба он кас, ки аз ӯ бихоҳад, ҷавоб медиҳад ва барои он кас, ки ба сӯи ӯ бозгардад, шунаво аст ва тавбаашро мепазирад.
Дар муқобил, гӯшҳои қавми Солеҳ ношунаво шуда ва дарвозаи қалбҳояшон баста шуда ва бар чашмонашон парда афканда шуда буд. Нубувваташро инкор намуданд ва даъваташро ба боди истеҳзо гирифтанд ва гумон намуданд, ки даъвати ӯ дур ва барканор аз ҳақ ва рости аст ва сипас ба сарзаниши ӯ пардохтанд на чунин суханонеро аз фарди андешавар ва оқиле нун ӯ баъид донистанд ва ба ӯ гуфтанд: Эй Солеҳ! Мо ҳамвора туро фарде ёфтаем дорои андешаи равшан на раъй ва назари дуруст ва аломатҳои хайр ва некӯӣ на нишонаҳои хирад ва булуғфикрӣ бар ту ҳувайдо буд ва мо туро беҳтарин захира барои рӯзи мабодо па ҳаводиси ногувор дар назар гирифта будем, то бо нури ақлат торикиҳо разшан ва бо назароти саҳеҳат мушкилот гушуда шаванд ва умедвор будем, ки дар ҳангоми сахтӣ ва бало ту паноҳгоҳ ва пуштибони мо бошӣ. Аммо акнун ба ҳазён ва ёвагӯӣ рӯй овардаӣ ва аз чизи аҷиб ва нописанд сухан мегӯӣ, ин чи чизе аст, ки моро ба он даъват мекунӣ? Оё моро аз парастиши он чи падаронамон мепарастиданд бозмедорӣ, дар ҳоле ки бо он бузург шуда ва ба он дил баста ва одат намудаем. Аз тарафи дигар, мо дар даъвати ту бисёр шак дорем, ба суханонат итминон намекунем ва эътимоде бар сидқи даъвати ту надорем ва ҳаргиз он чиро, ки падаронамонро бар он ёфтаем, тарк намекунем ва аз ҳавову ҳаваси ту пайравӣ нахоҳем кард.
Солеҳ ононро аз мухолифат бо худ барҳазар дошт, рисолаташро дар миёни онон эълон намуд, неъматҳоеро, ки Худованд ба онон арзонӣ дошта буд, ба ёдашон овард ва ононро аз хашкл ва кудрат ва азоби Худованд тарсонд ва барои ин ки ҳар гуна шакку шубҳаеро аз даруни онҳо бизудояд, ба онон гуфт, ки: Дар варои даъваташ ба дунболи ҳеҷ суд ва манфиати шахсие нест. Чашм ба ғанимате надӯхтааст, хоҳони дастёбӣ ба раёсат нест ва дар ивази насиҳат кардан ва ҳидояти онон аҷр ва музде аз онон намехоҳад ва аҷр ва муздаш танҳо оо Худост, ки Парвардигори ҷаҳониён аст.
Иддае аз зуъафо ва ситамдидагони қавм ба Солеҳ имон оварданд, аммо ашроф ва бузургони қазм, ки такаббур меварзиданд, бар ситезакории худ пофишорӣ карданд, ба саркашии худ идома доданд ва ҳамчунон ба парастиши бутҳои худ чанг заданд ва ба Солеҳ гуфтанд: Ту ақлатро аз даст додаӣ ва роҳи савобро гум кардаӣ, ба гумони мо, касе ҷини худашро бар ту андохта ё туро ҷоду намудааст, ки ин гуна чизҳоеро, ки бад-он ноогоҳӣ, ҳазён мегӯй ва суханеро, ки худ ҳам намедонӣ, бар забон меоварӣ. Ту ҷуз башаре монанди мо нестӣ, насабат шарифтар аз мо ва ҳасабат бартар аз мо нест ва аз лиҳози иззату ҳурмат ва сарват аз мо бештар надорӣ ва дар миёни мо касоне ҳастанд, ки барои паёмбарӣ аз ту шоистатаранд, чизе туро ба ин роҳ ва равиш накашондааст, ҷуз он ки ту моил ба бузург сохтан ва бузургдошти худат ҳастӣ ва раёсат бар қавми худро мехоҳӣ.
Онон кӯшиданд, ки Солеҳро аз динаш боздоранд ва аз даъваташ мунсариф гардонанд ва ба гумони худ ба ӯ чунин нишон доданд, ки агар онон ба ӯ имон биёваранд, аз роҳи рост ва устувор дур гашта ва мунҳариф мешаванд. Солеҳ ба тӯҳматҳои онон таваҷҷӯҳ накард ва ёвагӯиҳояшонро ношунида гирифт ва ба онон гуфт: Эй қавм! Агар ман бо вуҷуде, ки Парвардигорам ҳидоятам фармуда ва аз ҷониби худ раҳмате ба ман додааст, аз роҳу равиши шумо пайравӣ кунам ва аз Парвардигорам нофармонӣ
намоям, он вақт дигар чӣ касе маро аз азоби ӯ дар амон нтгаҳ хоҳад дошт ва аз иқоби ӯ муҳофизат хоҳад кард? Дар ҳакиқат шумо ифтиро мебандед ва дурӯғ мегӯед.
Ҳангоме ки қавми Солеҳ дарёфтанд, ӯ бар раъй ва назар ва роҳи ҳаққи худ чанг зада ва пофишорӣ мекунад, мутакаббирони қавм тарсиданд, ки пайравонаш зиёд шаванд ва ёридиҳандагонаш қудрат бигиранд ва бар онон гарон омад, ки Солеҳ муршид ва роҳнамои қавм ва дар нобасомониҳо паноҳгоҳи онҳо шавад ва ҳамонанди ситорае дурахшон дар торикиҳо роҳгушои онон бошад. Он гоҳ дар ин сурат мардум аз он ашроф ва мутакаббирон рӯйгардон шаванд ва дар ҳар амре даст ба домани Солеҳ зананд ва дар ҳар ғаму мусибате дарвозаи хонаи ӯро бикӯбанд. Бидуни шак ӯ низ ононро ба самти наздик шудан ба Худованд ҳидоят менамуд ва монеаҳои расидан ба Худовандро аз пеши пои онон бармедошт. Аз ин рӯ ашроф аз заволи давлат ва тазъифи қудрат ва султаи худ дар ҳарос афтоданд ва хостанд, ки аҷз ва нотавонии Солеҳро ба мардум ошкор намоянд ва аз ӯ нишонае барои дурустии гуфтор ва мӯъҷизаи ошкор барои сидқи рисолаташ талаб намуданд. Солеҳ (а) ба онон гуфт: (Мӯъҷизаи ман), ин шутуре аст, ки (аз дили харсангҳо берун меояд ва) об як рӯз саҳми ӯст ва тамоми онро ченӯшад ва як рӯз ҳам саҳми шумо бошад ва шумо (навбатро риъоят кунед) ва онро ба ҳоли худ бигузоред, ки дар замини Худованд ба чаро бипардозад.
Мардум қаблан ҳаргиз шутуреро надида буданд, ки як рӯз тамоми обро ба худ ихтисос диҳад ва пеши онҳо аслан собиқа надошт, ки касе ё ҳайвоне як рӯз тамоми ононро аз нӯшидани об манъ намояд ва дар ин шакке нест, ки Солеҳ бо пофишории қавми худ бар куфр ва чанг задани онҳо ба ботил ошно буд ва медонист, ки инкоркунанда аз ошкор шудани ҳуҷҷат ва далели тарафи муқобил тарсон ва нигарон ва аз равшании бурҳони ӯ дар ҳарос аст ва зоҳир шудани шоҳид ва нерӯмандӣ далели тарафи муқобилаш хашм ва кинаи пинҳони ӯро таҳрик мекунад, Аз ин рӯ аз эҳтимоли икдоми онон ба куштани шутур тарсид ва ишонро аз дастдарозӣ кардан нисбат ба шутур парҳез дод ва ба онон гуфт: «Бо нияти бад ба. шутур дастдарозӣ накунед, зеро агар чунин кунед, азоби наздике шуморо фаро хоҳад гирифт».
Шутур муддате дар миёни қавм бокӣ монд, дар замини Худо мечарид, рӯзе барои нӯшидани об меомад ва рӯзи дигар аз он канора мегирифт. Бидуни шак вуҷуди шутур дар миёни қавм боис шуда буд, ки теъдоди зиёде аз афроди қавм ба Солеҳ тамоюл пайдо кунанд, зеро бо мӯъҷизаи шутур дурустии рисолати ӯ барояшон равшан шуда буд ва қавмаш ба дурустии иддиои паёмбарияш яқин пайдо карда буданд. Ин масъала боиси нигаронии ашроф ва бузургони қавм шуд ва тарсиданд, ки давлаташон поён ёбад ва султа ва қудраташон завол пазирад. Онон ба зуъафо ва ситамдидагони қавм, ки дар дилҳояшон нури имон тобида ва дарунҳояшон бо он равшан ва обод шуда ва гаравидаи он шуда буд, гуфтанд: Оё шумо муътақидед, ки Солеҳ фиристодаи Парвардигораш аст? Онон дар ҷавоб гуфтанд: Дар ҳақиқат мо ба он чи ки ӯ барои он фиристода шудааст, имон дорем. Аммо бештари қавм ҳеҷ гуна нармише аз худ нишон надоданд ва аз кори худ даст бар надоштанд, балки куфрашонро ошкоро эълон намуданд ва сареҳан ба такзиби мӯъминон пардохтанд ва гуфтанд: Мо ба он чи ки шумо ба он имон овардаед, кофирем ва ба он эътиқод надорем.
Шояд ин шутур ҳайвони мутамойиз ва қавиҳайкале буда бошад, ки чаҳорпоёни қавмро рам медод ва шутуронашонро метарсонд. Аз ин рӯ вуҷудаш миёни онон мояи нохушнудии қавм гашта буд ва аз тарафи дигар ихтисос додани як рӯзи маълум ба навбати оби ӯ ва як рӯз ба мардум, гоҳе боис мешуд, ки дар замони ниёзи шадиди мардум ба об шутур монеъи онҳо аз об шавад ва мардум дар он рӯз натавонанд ба об даст ёбанд.
Ва ё шояд ангезаҳои шар ва ботил ононро ба самти пинҳон намудани ин ояти ошкори Илоҳӣ ва мӯшондани осори возеҳи далолаткунанда бар мӯъҷиза будани он мехонд, зеро онон медиданд, ки ба сабаби шутур дилҳо ба Солеҳ ҷазб шуда ва равонҳо ба ӯ мутамойил шудаанд. Аз ин рӯ тарсиданд, ки теъдоди имоноварандагони ба ӯ зиёд ва срон ва пайравонаш дар ҳама ҷо пароканда мешаванд, шояд ин ё он далел боис шуда ба ҳар далел, ки буда бошад, онон бо вуҷуди ҳушдори Солеҳ бар омадани азоб ва ҳалок шудани онон дар сурати дастдарозӣ ба шутур тасмим ба пай кардани шутур ва куштани он гирифтанд. Онон шутурро хатаре бисёр ваҳшатнок ва бузург мепиндоштанд. Дар мазриди қатли он бисёр андешиданд ва тарафҳои корро мӯшикофона баррасӣ карданд. Аммо танҳо аз куштани он дар ҳарос буданд ва аз ҳалоки хеш бим доштанд ва ҳар замон озими куштани шутур мешуданд, бим ва ҳарос ононро фаро мегирифт ва ноумедона боз мегаштанд.
Қавм муддате бар ин ҳолат буданд, нияти бад онҳоро ба куштани шутур фаро мехонд ва тарсу ҳарос ононро аз анҷоми кор бозмедошт. Касе аз онҳо ба худ ҷуръат намедод, ки шутурро азият кунад ва касе барои дастдарози ба он лешқадам намешуд, то ин ки даст ба домони занон шуданд то ишваву ноз ва фиребандагии зебоии зоҳири худро ба кор гиранд ва агар зане дастуре бидиҳад, мардон бо ҷону дил итоат мекунанд ва барои таҳаққуқи орзуҳои ӯ аз ҳам гӯйи сабқат мерабоянд. Ва ин ҷо он зан ҳамин Садуқ духтари Муҳайё ашрофзодаи сарватманд аст, ки худро бар Масдаъ ибнй Маҳраҷ арза менамояд, ба шарте, ки ӯ шутурро, ки мӯъҷизаи ошкори Солеҳ аст, пай занад. Ва он ҷо Аниза пиразани кофир аст, ки Қудор ибни Солифро ба назди худ хонда ва яке аз духтаронашро ба ӯ арза намудааст ва аз ӯ на бахшише мехоҳад ва на ҳадяе ва на мола, фаҳат аз ӯ мехоҳад, ки шутурро аз пой дароварад. Шутуре, ки дилҳоро ба худ мутамойил карда ва шӯълаҳои имонро дар дилҳои мӯъминон фурӯзон намуда буд ва аз тарафи дигар хоре дар чашми бузургони қавм ва обе дар хобгоҳи онон аст, ки як рӯз навбати оби онҳоро ба худ ихтисос дода буд ва чаҳорпоёни онҳо аз ӯ рам мекарданд.
Иғвои ин занон бо майл ва ҳазои худи он ду мард ба ҳам пайваст ва дар даруни он ду коргар афтод. Ба онон нерӯи бештар бахшид ва ҷуръат пайдо карданд, (то ба нияти шуми худ амал намоянд) он ду нафар ба миёни қавм рафтанд ва дунболи касоне буданд, то ба онҳо кӯмак ва дар анҷоми амал аз онҳо пуштибонӣ кунанд. Ҳафт нафари дигар аз миёни қавм ба онҳо ҷавоби мусбат доданд ва ҳамроҳи он ду раҳсипор шуда ба камини шутур нишастанд ва мунтазири расидани он шуданд. Ҳангоме ки шутур аз обашхури худ бозмегашт ва меомад, Масдаъ ибни Маҳраҷ, ки дар роҳи шутур камин карда буд, бо тире ба соқи пои шутур зад ва Қудор ибни Солиф бо шамшер ба он ҳамлавар шуд ва зарбае бар зонуи он ворид кард, ба гунае, ки шутур бар замин афтод ва сипас найзае бар гардани ӯ зад ва ҳайвонро забҳ намуд. Ва ин гуна аз бори ғами бузург ва сангине, ки бар душ доштанд, роҳат ва осуда гаштанд ва барои расондани он хабари хуш ба сӯи дӯстонашон бозгаштанд. Мардум ба истиқболи онон омаданд, он гуна, ки гӯӣ ба истиқболи фармондеҳе пирӯз ва подшоҳе фотеҳ мерафтанд ва дар пешвози он ду фарёди шодӣ сар доданд ва ҳар гуна ситоиш ва таърифро нисори он ду намуданд.
Онон шутурро пай карданд ва куштанд, аз дастури Парвардигорашон сар боззаданд, он чиро дар дарун доштанд, ошкор намуданд ва таҳдиди Солеҳро ночиз ангоштанд ва ба ӯ гуфтанд: Эй Солеҳ! Акнун агар ту аз паёмбарон ҳастӣ, он чиро, ки ба мо ваъда дода будй, биёвар.
Солеҳ ба онон гуфт: Ман ба шумо ҳушдор додам, ки ба шутур осебе нарасонед ва онро аз байн набаред, аммо шумо ба гуноҳ даст задед ва муртакиби ҷиноят шудед. Пас, се рӯз дар хонаҳои худ бимонед на баъд аз он азоб шуморо фаро хоҳад гирифт ва иқоби Илоҳӣ ниҳояти кори шумо хоҳад буд ва ин ваъдае аст, ки дар он дурӯғе нест.
Шояд Солеҳ бо таъйини ин ваъда ва мӯҳлат мехост онҳоро ба тавба ва бозгашт ба сӯи Худованд моил намояд ва ба гӯш фаро додан ба даъвати худ ташвиқ кунад. Аммо шак ва гумон ҳанӯз ҳам дар даруни онҳо реша давонда ва бар дилҳояшон чира буд ва онон ба худ намеомаданд ва ҳушёр намешуданд, балки ваъдаҳои Солеҳро дурӯғ ва ҳушдорҳояшро дур аз ҳақиқат мепиндоштанд. Ва ҳамчунон ба таҳқир ва истеҳзои худ идома доданд ва аз ӯ хостанд, ки дар овардани азоби онҳо шитоб кунад ва ваъдаеро, ки додааст, бароварда намояд. Солеҳ ба онон гуфт: «Эй қавм! Чаро қабл аз даст ёфтан ба хайр ва некӣ барои расидани бадиҳо шитоб мекунед? Чаро шумо аз Худованд талаби мағфират намекунед, шояд ки мавриди тараҳҳум қарор бигиред».
Аммо онон дар гумроҳӣ фурӯ рафта ва нафаси худро таслими ангезаҳои шар ва бадӣ намуда буданд, ба Солеҳ гуфтанд: «Мо ту ва ёронатро ба фоли бад гирифтаем». Ва сипас чанд нафар аз қавми Солеҳ гирди ҳам омаданд ва аҳду паймон карданд, ки дар торикии шаб, пинҳонӣ ба Солеҳ ҳамла кунанд ва ӯ ва хонаводаашро дар ҳоле ки мардум дар хоб орамиданд, бидуни ин ки касе онро бубинад, аз миён бардоранд ва паймон бастанд, ки ин масъаларо ба унвони як роз миёни худ нигаҳ доранд ва бо ҳеҷ кас онро дар миён нагузоранд.
Онон нисбат ба Солеҳ нияте бад карданд ва тасмими ниҳонии ба қатли ӯ ва хонаводааш гирифтанд,
ба гумони ин ки бо ин кор аз азоб дар амон хоҳанд буд ва аз иқоби Илоҳӣ наҷот хоҳанд ёфт. Аммо Худованд ба онон мӯҳлат надод, балки фиребашонро ботил намуд ва макрашонро ба худашон баргардонд ва Солеҳро аз тавтиаи онои наҷот дод. У ва имоноварандагони ба ӯро аз азоб раҳонид ва барои таҳаққуқ бахшидан ба ваъдаи Солеҳ ва пуштибонӣ аз паёмбараш азоб ва иқобашро бар кофирон нозил кард ва ба иллати ситамҳое, ки карда буданд, садои ҳавлнок ононро фаро гирифт ва дар хонаҳояшон беҷон бар рӯи замин афтоданд ва бадон часпиданд ва қасрҳои баланде, ки барпо карда, амволи зиёде, ки андӯхта, боғҳои паҳноваре, ки эҷод карда ва хонаҳои маҳкаме, ки дар дили сангҳо тарошида буданд, натавонистанд ононро аз азоби Илоҳӣ наҷот диҳад.
Ва Солеҳ саранҷоми онҳоро дид, замоне ки табдил ба пайкараҳои хушк ва беҷоне шуда буданд ва хонаҳояшон, ки холӣ аз сокинон ва вайроншуда буд. рӯй аз онҳо бартофт, дар ҳоле ки афсӯс дар дг рунаш лона карда буд ва ҳасрат ва андӯҳ наздик суд, ки банди дилашро пора намояд, «ва гуфт: Эй қавм! Дарвоқеъ ман рисолати Парвардигорамро ба шу- мо расондам ва шуморо панду андарз додам, аммо шумо насиҳаткунандагонро дӯст намедоштед». (Аъроф, 79)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев