Қавми Од дар сарзамини Аҳқоф байни Яман ва Умон муддате замони тӯлониро дар хушӣ ва оромиш ба сар мебурданд. Худованд неъматҳои зиёдеро ба онон ато карда буд. Онҳо рӯдҳои зиёде бар рӯи замин ба ҷараён андохта ва ба зироат рӯй оварда ва боғу бустонҳои зиёдеро падид оварда ва кохҳо бино карда буданд. Илова бар ин неъматҳо, Худованд ба онон нерӯи ҷисмонии зиёд ва ҷуссаҳое тануманд бахшида буд ва он чиро, ки ба ҳеҷ як аз ҷаҳониён ато накардааст, ба онон дода буд.
Аммо онон дар мавриди мабдаи ин офариниш тафаккур нанамуданд ва барои шинохтани масдари ҳамаи ин неъматҳо накӯшиданд. Ва тамоми он чи ба зеҳн ва ақли онҳо расида буд ва ба он дил хуш карда буданд, ин буд, ки бутҳоеро ба худоӣ гирифта буданд, ки дар муқобили онҳо пешонӣ бар хок мемолиданд ва гунаҳояшонро ба хок ва ғубори онон меолуданд. Дар ҳангоми хушӣ ва неъмат онҳоро шукр намуда, месутуданд ва ҳангоми зарар ва зиён барои талаби ёрӣ ба онҳо мутавассил мешуданд. Сипас, онҳо дар замин ба фасод ва табоҳӣ рӯй оварданд, қудратмандонашон заъифонро хору залил намуда буданд ва бузургон ба зердастон зӯргӯӣ мекарданд. Аз инрӯ, Худованд аз рӯи раҳм ва карами худ ирода намуд, ки ба хотири ҳидояти қудратмандон ва қудрат бахшидан ба нотавонон ва пок намудани равонҳо аз ҷаҳле, ки онҳоро пӯшонида буд ва бардоштани пардаҳое, ки бар рӯи чашмони ин мардум афтода буд, паёмбаре аз миёни худашон барояшон бифиристад, то бо забони худашон бо онон сухан гӯяд, бо равиши худашон ононро мухотаб қарор диҳад ва ба сӯи Холиқашон раҳнамунашон кунад ва беарзишии ибодати онҳо барои бутҳоро ошкор намояд.
Ҳуд марде аз он қавм буд, бо насабе баргузида, ахлоқи бисёр неку ва ҳилм ва садри кушоди бисёр бартар. Худованд ӯро ба унвони амини рисолат ва соҳиби даъвати худ баргузид, то ин зеҳнҳои гумроҳро ҳидоят ва ин равонҳои каҷро рост намояд. Ҳуд амри илоҳиро ошкор ва ба расондани рисолат қиём намуд ва худро бо азме, ки кӯҳҳоро ба ларза дармеовард, ҳилме, ки ҷоҳилонро ба сутӯҳ меоварад, яъне он чи ки ҳар соҳиби даъвате бояд ба он муҷаҳҳаз бошад, муҷаҳҳаз намуд ва он гоҳ ба миёни қавми худ рафт ва ба инкори бутҳо ва тавҳин ва таҳқири кбодати онҳо пардохт.
Ҳуд гуфт: Эй қавм! Ин сангҳое, ки тарошида ва ба парастиши онҳо машғул шудаед ва ба онҳо паноҳ мебаред, чистанд? Аҳамият ва фоидаи онҳо кадом аст? Инҳо чӣ нафъ ва зараре метавонанд барои шумо дошта бошанд? Онҳо наметавонанд суде ба шумо бирасонанд ва зиёнеро аз шумо дафъ намоянд. Ин кори шумо таҳқири ақл ва иҳонат ба каромати худатон мебошад, (инҳо чизе нестанд). Аммо Худои ягонае вуҷуд дорад, ки шоистаи парастиш аст ва Парвардигоре аст, ки бояд ба ӯ рӯй овард, Парвардигоре, ки шуморо офарида ва рӯзиятон додааст, шуморо зинда намудааст ва мемиронад, шуморо дар замин тасаллут ва қудрат дода ва зироатро бароятон рӯёнда ва ҳайкал ва бадане тануманд ба шумо бахшида ва дар ҳайвоноти шумо баракат додааст, пас ба ӯ имон оваред ва аз чашмпӯшӣ аз ҳақ ва нодидани ҳақиқат ва инод варзидан дзо амри Худованд бипарҳезед, ки агар чунин накунед, бз он чи қавми Нӯҳ дучор шуданд, дучор хоҳед шуд ва замони қавми Нӯҳ аз шумо дур нест.
Ҳуд инҳоро мегуфт ва умедвор буд, ки суханонаш дар аъмоқи дарун ва ё ақли онҳо нуфуз кунад ва имон биёваранд, ё оқилона фикр кунанд ва роҳи ҳидоятро пеш гиранд. Аммо ӯ чизе надид, ҷуз чеҳраҳое дигаргун ва чашмоне хира", зеро онҳо суханеро мешуниданд,
ки қаблан нашунида буданд ва бо он улфате надоштанд. Аз ин рӯ, гуфтанд: Ин чӣ ёваҳое аст, ки мегӯӣ ва дар он фурӯ рафтаӣ? Чй гуна аз мо мехоҳӣ, ки Худовандро ба танҳой ва бидуни шарик бипарастем? Мо ин бутҳоро мепарастем, то моро ба Худованд наздик созанд ва назди ӯ моро шафоъат намоянд. Ҳуд гуфт: Эй қавм! Худованд ягона аст ва шарике надорад ва аслу асос ва зоти ибодат он аст, ки танҳо У холисона парастиш шавад. У аз шумо дур нест ва аз раги гардан ба шумо наздиктар аст. Аммо бутҳое, ки ба умеди наздик карданатон ба Худо ва шафоъататон назди ӯ мепарастед, бар хилофи гумони шумо, ки бо ин васила ба Худо наздик хоҳед шуд, аз Худованд дуратон мегардонанд ва бар ҷаҳл ва гумроҳии шумо гувоҳӣ медиҳанд, дар ҳоле ки гумон мекунед медонед ва мефаҳмед.
Онҳо аз Ҳуд рӯй баргардонданд ва гуфтанд? Ту ҷуз фарде сабуксар ва бехирад нестӣ, ки оини моро ба истеҳзо гирифтаӣ ва бар он чи ки падаронамон бар он буданд, айб ва эрод мегирӣ. Ту дар миёни мо кистӣ ва чӣ имтиёзе бар мо дорй? Ту ҳам монанди мо хӯрок мехӯрӣ ва об менӯшӣ ва ҷараёни зиндагият монанди ҷараёни зиндагии мост, чаро Худованд рисола- ташро ба ту ихтисос дода ва туро барои даъваташ тарҷеҳ додааст? Ба гумони мо, ту фақат дурӯғгӯе беш нестй.
Ҳуд гуфт: Эй қавм! Ман бехирад ва кӯтаҳфикр нестам. Ман рӯзгори дарозе дар миёни шумо зистаам ва шумо бар ман эроде нагирифтаед ва аз ман ҳамоқат ва сабуксарӣ надидаед ва ин ки Худованд якеро аз миёни қавмаш барои анҷоми рисолат ва ба дӯш гирифтани даъваташ баргузинад, чизи аҷибу ғарибе нест. Амри аҷибу ғариб он аст, ки онбнро бидуни паёмбар раҳо кунад, то бидуни ҳеҷ раҳбар ва барномае дар ҳарҷу марҷ ва пароканда зиндагй кунанд. Пас аз он ҷо ки ман аз имон овардани шумо ноумед ва аз рафтори нодонои шумо дилтанг нестам, бо руҷӯъ ба ақли
худ, андеша ва тафаккур намоед ва бо басират дар ҳақоиқ, бо дикҳат фикр хунед, то ба ягонагии Худованд дар ҳама чиз пай бибаред ва осори ягонагии Уро дар низоми аҷиб ва офариниши ғариби осмону имин ва ситорагон ба равшанӣ бубинед. Ҳар чизе нишонае бар ягонагии ӯст. Пас ба ӯ имон биёваред ва аз ӯ талаби омӯрзиш намоед, то бо борондани борони зиёд шуморо баҳраманд созад, ба амволатон фузунӣ бахшад ва қудрататонро чанд баробар созад ва монанди муҷримон рӯйгардон набошед. Бидонед, ки баъд аз марг зинда хоҳед шуд, он кас, ки кирдори нек анҷом дода бошад, худаш суд хоҳад бурд ва кирдори бад низ чизе ҷуз азоб еа зиён барои соҳибаш дарбар надорад. Пас дар мавриди худ тадбире биандешед ва барои охирататон худро омода кунед. Ман он чиро, ки пазифаи рисолати ман аст, ба шумо расондам ва бо он шуморо аз фарҷоми аъмолатон бим додам ва тарсондам.
Қавмаш ба ӯ гуфтанд: Бидуни шак, яке аз худоёни мо бар ту хашм гирифта, ақлатро зоил ва халалнок ва афкоратро парешон намудааст, ба гунае, ки ҳазён гуфта, суханоне дур аз ҳақиқат бар забон меронӣ, ки ба ҷуз дар фикр ва андешаи ту, ҷое ва маконе барои онҳо нест. Вагарна он талаби омӯрзиш чист, ки Худованд баъд аз он борон биборонад, молро фузунӣ бахшад ва қудратро чанд баробар созад? Ва он рӯзи растохез чи чизе аст, ки ту гумон мекунӣ мо баъд аз табдил шудан ба ҷасадҳое гандида ва фурӯрехта ва устухонҳои пӯсида дубора дар он зинда мешавем? Он чиро, ки ту ваъда медиҳӣ ва гумон мекунй, бисёр дур аз ҳақиқат аст, бисёр дур! Ва зиндагӣ ва марг фақат ҳамин зиндагии мо дар ин дунё мебошад ва ба ҷуз рӯзгор ва гузашти он чизе моро аз байн намебарад.
Илова бар инҳо, ин азоб чи азобе аст, ки ба мо ваъда додаӣ ва интизор дорӣ, ки мо ба он дучор мешавем?! Мо он чиро, ки ту мегӯӣ, қабул надорем ва аз ибодати бутҳоямон даст барнамедорем ва ту низ агар рост мегӯӣ, он азоберо, ки ба мо ваъда додаӣ, биёвар.
Ҳангоме ки ситеза ва исрори қавми Од бар суханон ва гуфторашон бар Ҳуд маълум гашт, ба онон гуфт: Ман Худовандро гувоҳ мегирам, ки рисолатамро расонда, дар он кӯтоҳӣ накардам ва дар роҳи даъват талош ва муҷоҳада намудам ва аз он даст накашидам ва ҳамчунон ба расондани рисолати худ ва талош дар роҳи он идома хоҳам дод, ба ҷамъи шумо аҳамият намедиҳам ва аз зӯргӯиҳои шумо намеҳаросам. Ҳар коре, ки мехоҳед, бар зидди ман анҷом диҳед ва ҳар ҳилае медонед, алайҳи ман ба кор баред, «ман бар Худое, ки Парвардигори ман ва шумост, таваккул кардаам, ҳеҷ ҷунбандае вуҷуд надорэд мггар ин ки таҳти назорати ӯст ва ҳамоно Парвардигорам бар роҳи рост аст». (Ҳуд, 55)
Ҳуд ҳамчунон қавми худро даъват мекард ва онон низ аз ӯ рӯй бармегардонданд, то ин ки рӯзе абри сиёҳеро дар паҳнои осмон диданд ва ба умеҷи ин ки бориши хубе барои онҳо дошта бошад, шодмонона ҷамъ шуданд ва ба он нигаристанд ва барои истиқбол аз он киштзорҳои худро барои боронаш омода намуданд. Аммо Ҳуд ба онон гуфт: Ин абри раҳмат нест, балки боди азоб ва уқубат аст ва ҳамон чизе аст, ки зуд омаданашро дархост намудед, боде аст, ки азобе дарднок бо худ дорад.
Аммо қавмаш натарсиданд то ин ки диданд бод оо болҳои қавии худ тамоми васоил ва ҳайвонстеро, ки дар саҳро доштанд, ба ҳаво баланд мекард ва ба ҷоҳои дур меандохт. Дар он ҳангом буд, ки ваҳшату ҳарос ва нолаву фарёд, ононро фаро гирифт ва ба суръат ба самти хонаҳои худ фирор карданд ва дарҳоро маҳкам бастанд, ба гумони ин ки аз дасти бод наҷот пайдо карда, дар амон хоҳанд буд. Аммо бало ва хатар ва фарохон, умумй ва фарогир буд ва бод реги саҳроро башиддат бо худ меовард ва ҳафт шабу ҳашт рӯз пушти сариҳам идома ёфт. Ва қавми Ҳуд чунон бар замин афтоданд, ки мисли баданаи рошаҳои дарахти хурмои сарозершуда ва аз реша баромада буданд ва ба зудӣ асаре аз онҳо боқй намонд. Ва таърих низ ҷуз номе аз онон барои ояндагон боқӣ нагузошт, «ва Парвардигорат аҳли ҳеҷ қаряеро ба ноҳақ ҳалок намекунад, дар ҳоле ки аҳли он ислоҳгар бошанд», (Ҳуд, 117)
Аммо Ҳуд, ёрони боимонаш даври ӯ гирд омаданд ва дар макони худ боқй монданд ва бод дар атрофи онон садо медод ва регҳоро бо худ мебурд, дар ҳоле ки онон дар амон ва осоиш буданд, то ин ки бод ором гашт ва вазъ ба ҳолати оддӣ бозгашт. Сипас Ҳуд бо пайравонаш озими Ҳазарамавт шуд ва бақияи умрашро дар он ҷо ба сар бурд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев