Низоми зиндагии Одам ва Ҳавво бар рӯи замин замоне, ки Ҳавво худро барои истиқбол аз навзодонаш омода менамуд, шурӯъ ба комилтар шудан кард. Ин навзодон аввалин гулҳои боғи инсонӣ буданд, ки мешукуфтанд ва аввалин роиҳаҳои атрогини башариятро ба атроф мепароканданд ва Ҳавво ҳамроҳ бо ҳамсараш Одам бо онон ҳамдам мешуданд ва эҳсоси хушбахтй менамуданд. Одам ва Ҳавво бо дидани ҷигаргӯшаҳояшон бар рӯи замин мамлӯъ аз ишқ ва шодии бисёр шуданд. Ҷигаргӯшаҳое, ки бар рӯи замин пароканда мешуданд ва ҷо-ҷои заминро бо насли худ пур мекарданд, дар гӯша ва канори замин ба рафгуомад мепардохтанд ва аз рӯзии Худованд баҳра мебурданд. Одам фарзандонашро бо меҳрубонӣ ва оғӯши боз мепазируфт ва Ҳавво бо рағми тамоми дардҳо ва хатарҳо бо ба дунё омадани онон бисёр шод ва хушҳол буд. Ин дардҳо ва хатарот ҳамворё дар чунин ҳолате мулозими модар ҳастанд, аммо муддати зиёде намегузарад, ки аз ҳавои меҳр ва дилсӯзӣ сархуш мешавад ва он гоҳ дигар шодмон ва дилгарм аст.
Ҳавво ду бор дугоник ба дунё овард, як бор Қобил ва хоҳарашро ва бори дигар Ҳобил ва хоҳарашро. Фарзандон зери сарпарастӣ ва тарбияи падару мо дар бузург шуданд. Шодобии зиндагӣ ва неруи ҷавонй ононро дар бар гирифт ва духтарон ба корҳои марбут ба занон гароиш пайдо карданд ва писарон барои касби рӯзӣ ва талаби хайр заминро тай мекарданд. Қобил бар рӯи замин ба зироъат машғул шуд ва Ҳобил ба чӯпонии гӯсфандон рӯй овард. Гаҳвораи зиндагӣ барои ду бародар нарм ва ором шуд ва зиндагонӣ ба роҳатӣ ва осонӣ пеш мерафт ва хаймаҳои сафо, самимият ва амният хона водаи хушбахт ва поки Одамро фаро гирифта буд. Бо сипарӣ шудани даврон ва гузашти замон ғаризаи мардонагӣ дар ду ҷавон қавй шуд ва ҳар кадбм аз онҳо ба доштани ҳамсаре барои худ тамоюл нишон доданд, то дар канораш ором ёбанд ва ба мусоҳибаташ биёсоянд. Ин орзуи гуворо ва ширин зеҳни ҳар кадом аз ин ду ҷавонро ба худ машғул карда буд ва ҳар кадом дар ҷустуҷӯи ҳамсари худ буд ва ҳар роҳеро барои расидан ба он дунбол менамуд. Иродаи Худованди ҳаким аз рӯзи азал чунин иҳтизо намуда буд, ки фарзандони Одам бар паҳнаи замин мавриди имтиҳон қарор гиранд, то мол ва фарзандон афзуда шаванд ва замин зебо ва пурзинат ва шодиовар шавад. Такдир инчунин буд, ки мардум ҳамагӣ як уммат набошанд, чаро, ки ҳеҷ гурез ва гузире аз вуҷуди гуна-гунашавй ва гуногунии зиёд дар андешаҳо, равишҳо, аҳдоф, чигунагӣ, офариниш, хушбахтӣ ва бадбахтӣ нест. Аз ин ру, Худованд ба Одам Абулбашар ваҳй намуд, ки барои ҳар як аз писаронаш духтари дугоники бародарашро ба унвони ҳамсар интихоб кунад. Одам бо ин ваҳйи Илоҳӣ худро ба фарзандонаш расонд, ба ин умед, ки сухани ӯ қотеъ ва тамомкунанда бошад ва агар саркашии ҳавои нафси инсонӣ ва гарои чи он ба ҳалокат ва зиёнкорӣ намебуд, падар ба орзуи худ мерасид. Ҳирс ва тамаъ аз аркони ғаризаи инсонӣ мебошанд, ҳар кас битавонад бар майлҳо ва саркашиҳои нафсонии худ ғолиб ояд ва шукӯҳу қудрати онро дарҳам шиканад ва ақлашро бар ҳавои нафсонӣ мусаллат намояд, ӯ аз он касоне хоҳад буд, ки Худованд дар дунё ва охират ононро гиромӣ доштааст. Аммо он кас, ки майлҳои шаҳвонй ва нафсо- нии худро озод гузорад ва зимоми орзуҳояш аз дасти ақлаш хориҷ шавад, аз ононе аст, ки «аъмолашон» ҷуз зиён чизе дар бар надорад ва талоши онон дар зиндагии дунё роҳ ба ҷое намебарад ва ин дар ҳоле аст, ки гумон мекунанд, ки аъмолашон нек ва писандида аст». Ин санги маҳаки табиъати инсонй ва маҳалли имтиҳони нафси башарӣ бар рӯи ин курраи хокӣ аст. Баъд аз ин ки Одам он чиро дар синааш пинҳон буд, барои писаронаш бозгуфт. Қобил барошуфт ва таслими иродаи падар нашуд. Зеро духтаре, ки саҳми ӯ шудааст, аз духтаре, ки саҳми бародараш гаштааст, аз зебоии камтаре бархӯрдор буд. Аз ин рӯ ба бародараш ҳасад варзид ва ба ин қисмат рози нашуд ва дӯст дошт, ки хоҳари дугоники худаш насиби ӯ шавад, на бародараш. Зебоии табиъӣ қамвора гирдбоде будааст, ки бар нафси башарӣ фуруд омада ва ӯро дар миёни худ фурӯ бурдааст ва одамиро ба ҳалокат ва нестӣ кашондааст ва ҳамвора чунин хоҳад буд. Зебоӣ сабаби ҷудой, хашм ва кинаи байни ду бародар гашт ва яке аз ононро аз итоати падар берун кашид ва он чиро, ки падар бар он исрор дошт, нақз намуд. Пайвандеро, ки мехост маҳкам намояд, қатъ намуд, афкори Одам ошуфта гардид, ҳолате, ки то он вақт надида ва на интизорашро кашида буд ва дар миёни андешаи иҷрои майлу хоҳишоти писарони худ ва ин ки бигузорад, ки сулҳ ва амният ҳамчунон дар Сайни онҳо боқӣ бимо- над, дудила шуд. Саранҷом Худованд ӯро ба роҳи чорае, ки садде дар муқобили тӯфони дарунаш бошад, роҳнамои намуд ва ӯ ҳар ду писарашро фаро хонд ва аз онҳо хост, ки ҳар ду барои Худованд қурбонӣ намоянд ва ҳар кас, ки қурбонияш пазируфта шуд, шоиста аст он чиро, ки орзу дорад ва хоҳони он аст, аз они худ намояд. Он гоҳ Ҳобил шутуре аз чаҳорпоёнашро ва Қобил миқдоре гандум аз зироаташро пешкаш кард ва дар даруни ҳар ду бародар умед ба пирӯзӣ дар мусобиқа ва баранда шудан мавҷ мезад. Дар ин мусобиқа Ҳобил бисёр хушбахт буд ва гомҳои муваффақиятомезе бардошта буд, ки баранда шуд ва қурбонияш мавриди қабули Худованд қарор гирифт ва қурбонии бародараш Қобил пазируфта нашуд. Зеро ӯ ба ҳукми падар тан дар надода буд ва дар такдими қурбонияш хулуси ният надошт. Пас аз ин моҷаро Қобил дармонд, чаро, ки чароғи орзуяш ба хомӯшӣ гароида буд ва ӯ қурбонии худхоҳӣ ва кинатузӣ шуд. Шарорат дар даруни ӯ ҷӯшид ва тундӣ ва хушунаташ шиддат ёфт ва вуҷуди ӯро фаро гирифт ва бародарашро таҳдид намуд, ба ӯ гуфт: Албатта туро хоҳам кушт, то мани бадбахт дигар бо хушбахтии чун ту ҳамроҳ набошам ва бародаре надошта бошам, ки ба орзуяш расида ва комёб бошад. Дар ҳоле ки ман эҳсосотам маҷруҳ гашта ва ғамзада ва ноком мондаам. Ҳобил дар ҳоле ки барои бародараш афсӯс мехӯрд, ба ӯ гуфт: Бародарҷон! Барои ту сазовортар ва беҳтар он аст, ки дардро бишиносӣ ва он гоҳ дар садади решакании он бошй ва роҳҳои саломатро биҷӯй ва онҳоро дар пеш гирӣ, зеро Худованд курбонӣ ва ғайри онро намепазирад,магар аз парҳезгорон. Ҳобил марде буд, ки Худованд аз лиҳози ақлӣ ва ҷисмӣ баҳраи зиёде ба ӯ дода буд ва аз зумраи он касоне буд, ки аз амонате, ки бар душаш гузошта аст, муҳофизат ва нигаҳдорӣ мекунанд ва ҳикматеро, ки ба онон ато шуда, бар дигарон ошкор мекунанд. У ризои Парвардигорро бар мегузид ва ба итоати волидайнаш ишҳ меварзид, ба қисмати Парвардигораш розӣ буд ва зиндагонии дунёро матоъе зудгузар ва тағйирёбанда медонист. Нисбат ба бародараш бисёр дилсӯз ва вафодор буд ва ҳамвора ӯро насиҳат мекард, (то аз ҷаҳолат ва нодонӣ даст бардорай). Аммо дар даруни худ нерӯе аз ҷониби Парвардигор эҳсос мекард, ки аз таҳдиди Қобил, ки мағрур, кинатуз ва саркаш шуда буд, тарсе ба худ роҳ надиҳад. Ҳобил қадр ва сарнавиштро ба ҳоли худ гузошт ва дар ниҳодаш ҳеҷ иродаи баде нисбат ба бародараш пайдо нашуд ва нафсаш ӯро ба азият намудани бародараш васваса ва водор накард. Зеро он Худованде, ки покиҳоро офаридааст, табиъати ӯро аз рӯзи аввал бар покӣ қарор дода буд. У аз Худованде, ки Парвардигори ҷаҳониён аст, метарсид. Аз он вақт ба баъд Ҳобил гоҳу бегоҳ ба насиҳати бародараш мепардохт, шояд суханонаш шифое бошад, ки бемории кинаро аз қалби бародараш бизудояд ва ба ӯ мегуфт; Бародарҷон! Ту ситамкор шуда ва аз роҳи рост мунҳариф гаштаӣ, тасмимат гуноҳи бузурге ва раъят дур аз ҷоддаи ҳақиқат аст. Аз ин рӯ сазовортар ва шоистатар барои ту он аст, ки аз Худованд талаби бахшиш намой ва аз гумроҳии худ бозгардӣ. Аммо агар дар тасмими худ усгуворӣ ва он чиро, ки қасд кардаӣ, ҳатман анҷом модиҳӣ, ман аз тарси ин ки мабодо ба гуноҳе дучор шавам ва нафсам ба саркашӣ аз амри Худованд тамоюл пайдо кунад, ин мавзӯъро ба Худованд вогузор мекунам ва он гоҳ ту ба танҳоӣ бори ин гуноҳро ба дӯш хоҳӣ кашид ва ба оташи ҷаҳаннам гирифтор хоҳӣ шуд ва ҷазои ситамкорон ҳамин аст. Пайванди бародарӣ натавонист дар муқобили кинаи фурӯзони мавҷуд дар синаи Қобил восита шавад ва ангезаҳои меҳрубонӣ ва муҳаббат низ натавонист ҷӯшу хурӯши он оташфишони ҷӯшонро ором намояд ва тарс аз Худованд ва риъояти ҳуқуқи падару модар низ натавонист монеъе дар муқобили он касе шавад, ки аввалин ҷиноятро дар миёни мардум бар рӯи густараи ин курраи хокӣ анҷом дод.
Дар соате аз сооти шабонарӯз ва ба сабаби ҷӯшиши ҳаваси пасти нафсӣ афсори гусехтаи одамӣ он чи ки намебоист, иттифоқ афтод ва Ҳобил ба дасти бародараш кушта шуд ва қурбонии ҳамоқат, нодонӣ ва ишқ шуд. Ниҳоли сабз ва шодоби Ҳобил хушк ва пажмурда гардид ва чароғи равшани ҳаёташ хомӯш гашт ва аз уфуқе, ки ҳамвора аз он ба падараш чашм медухт, нопадид гардид. Одам ин ғайбатро эҳсос кард ва ваҳшатзада шуд ва ба ҷустуҷӯи фарзандаш Ҳобил пардохт, то шояд асаре аз ӯ биёбад ва бо хабаре аз ӯ ташнагии шавқашро фурӯ нишонад ва аз Қобил аҳволи бародарашро ҷӯё шуд. Қобил бо садои пур аз дастпочагӣ ва хиффат ҷавоб дод: Намедонам, ман ки вакил ва муҳофизи ӯ набудам. Одам дигар дарёфт, ки фарзандаш кушта шудааст ва парешону ғамзада сукутро ихтиёр кард ва шӯълаҳои дарунашро, ки аз андӯҳи фарзанди аз дастрафта ва шафқат ва тараҳҳум нисбат ба бародараш забона мекашид, фурӯ нишонд,
«Ба унвони тасаллият ва дилдорӣ ба худ мегӯям, (ишколе надорад) яке аз дастҳои худам маро зада ва худаш ҳам ба он розӣ набуда ва онро намехостааст».
Ҳобил аввалин инсоне буд, ки бар рӯи ин курраи хоки кушта шуд[2] ва Қобил намедонист, ки чӣ гуна ҷасади бародарашро пинҳон намояд ва онро дар халтае андохт ва бар пушт гузошт. Нигарону саргардон ва парешонхаёлу дилошуфта буд ва чаро чунин нашавад, дар ҳоле ки даруни ӯ майдони низоъе шуда буд байни кина ва отифа ва ӯ азоб мекашид ва бистараш беқарорӣ ва мусибат ва болишташ ғусса ва андуҳ ва нангу ор буд.
Бӯи ҷасади Ҳобил баланд шуд ва Қобил зери бори он аз по даромада ва намедонист роҳи чора чист. Дар ин ҳангом ба иллати вуҷуди он ҷасади пок ва гиромидошти Одам ва фарзандонаш ва низ барои поягузории як суннат барои офаридагон аз поин омадани раҳмати Илоҳӣ гузире набуд ва низ лозим буд, ки дарси сахт ва сангин ба он мағрури нодон ҳам дода шавад. У шоистагии ваҳй ва ё илҳоми худоиро надошт, балки мебоист шогирди як калоғ шавад, то фаҳм ва идрокаш дар муқобили таҷрибаи он мавҷудг сиёҳ ва заъиф таҳқир шавад. Ва баъд аз ин дарои дарднок, ки залилона ва дилсӯхта онро фаро мегирифт, шахсияташ несту нобуд гардад. Худованд ду калоғро фиристод ва (дар муқобили дидагони Қобил) бо ҳам ҷангиданд, яке аз калоғҳо калоғи дигарро кушт ва сипас бо минқораш заминро кофт ва лошаи калоғи кушташударо дар зери хок пинҳон кард. Дар ин ҳангом Қобил афсӯс хӯрд ва эҳсоси пушаймонй кард ва гуфт: «Вой бар ман, оё ман наметавонам монанди ин калоғ бошам ва ҷасади бародарамро дафн намоям?»[3].
2. Қобил то рӯзи қиёмат дар гуноҳи ҳар қотиле саҳм дорад, зеро Паёмбар (с) фармудаанд: «Ҳар кас роҳу равиши бадеро вазъ кунад, то рӯзи қиёмат гуноҳи он кор ва гуноҳи тамоми касоне, ки ба он амал мекунанд, бар ӯхдаи ӯст (бар иловаи гуноҳе, ки бар гардани амалкунанда аст)».
3. Моида, 31 (ин достон дар оёти 27-31 сураи Моида омадааст- мутарҷим).
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1