ОДАМ (а)
Худованд заминро дар ду рӯз (давра) биофарид ва бар он кӯҳҳое устувор сохт ва дар он баракат андохт ва ризқу рӯзиҳои (аҳли) онро ба сурати мусовӣ барои дархосткунандагон дар чаҳор рӯз (давра) дар он муҳайё намуд, сипас рӯ ба сӯи осмон овард дар ҳоле ки дуд буд. «Ва ба осмон ва замин гуфт: Ба майли худ ва ё ба икроҳ ба сӯи ман биёед, он ду гуфтанд. Мо фармонбардорона ба майли худ меоем». Сипас ба Арш муставлӣ шуд ва хуршед ва моҳро тасхир намуд, то ҳар як то замоне маълум ба ҷараёни худ идома диҳанд ва он гоҳ фариштагонеро офарид, ки ба ситоиши ӯ тасбеҳ гӯянд ва номашро муқаддас бидоранд ва ӯро холисона парастиш намоянд.
Сипас иродаи Худованд бар ин устувор гардид ва ҳикматаш чунин иҳгизо намуд, ки Одам ва фарзандонашро биофаринад, то дар замин сокин шаванд ва дар имрон ва ободонии он бикӯшанд ва аз ин рӯ ба фариштагонаш хабар дод, ки ӯ офариниши дигар эҷод хоҳад кард, ки дар замин ба саъй ва талош бипардозанд ва дар гӯшаву канори он ҳаракат ва такопу намоянд ва наслашон дар ҳама ҷои он пароканда шавад ва аз рӯиданиҳои-он бихӯранд ва ганҷҳо ва хайроти даруни онро берун оваранд ва ҳамвора иддае аз онон ҷонишини иддаи дигар шаванд.
Фариштагон махлуқоте буданд, ки Худованд ононро барои ибодати худ баргузида, неъмати худро ба тазри фаровон бар онон фурӯ рехта, фазли худро ба онҳо ҳадя дода ва онҳоро ба касби ризояти худ муваффақ ва ба тоъаташ ҳидоят намуда буд. Ва дар натиҷа бар онон бисёр гарон омад, ки Худованд махлуқе дигар, ғайр аз ононро биофаринад ва тарсиданд, ки ин амали Парвардигор ба иллати кӯтоҳии онҳо дар ибодат ва ё мухолифати яке аз онон бо Парвардигор буда бошад. Аз ин рӯ, ба суръат ба табриаи худ пардохтанд ва гуфтанд: Парвардигоро! Чӣ гуна ғайр аз моро меофаринӣ, дар ҳоле ки мо ҳамвора ба тасбеҳи ту машғулем ва ном ва ёди туро муҳаддас медорем? Ононе, ки ту дар замин ҷонишин мегардонӣ, ба ночор ба иллати вуҷуди манофеъ дар замин ва ҷалби манфиъат аз ҷониби ҳар кадом, бо ҳам ба ихтилоф мепардозанд ва дар замин фасод мекунанд ва хуни зиёде хоҳанд рехт ва ҷонҳои афроди бегуноҳро аз онон хоҳанд ситонд. «Оё дар он касонеро қарор медиҳӣ, ки дар он ба фасод ва хунрезй мепардозанд, дар ҳоле ки мо ҳамвора ба ситоиши ту тасбеҳгӯ ҳастем ва туро муқаддас медорем ?». (Бақара, 30)
Ин суханонро ба далели алоқа ба чизе, ки шакку шубҳазшонро бартараф кунад ва васвосеро, ки дар сина доштанд бизудояд, гуфтанд ва умедашон чашминтизорӣ аз Худованд буд, то ки онҳоро дар замин ҷонишин гардонад, зеро онҳо дар риъояти неъматҳои Илоҳӣ пешқадам ва дар шинохти ҳаққи Худованд шоистатар буданд. Ва ин саволи онон ба манзалаи инкори амали Худованд ва ё шак дар ҳикмати ӯ ва ё баршумурдани нуқри ҷонишини ӯ ва наводагонаш набуд. Зеро фариштагон авлиёи муқарраби Худованд ва бандагони гиромии ӯ буданд, ки бар сухани ӯ пешӣ намегирифтанд ва ба дастуроти ӯ гардан мениҳоданд. Худованд ба онон ҷавобе дод, ки боиси итминони дилҳояшон ва мояи оромиши қалбҳояшон гашт. Худованд фармуд: «Ба ростӣ ман чизеро медонам, ки шумо намедонед». (Бақара, 30)
Ва аз ҳикмати ҷонишинии ӯ аз чизе огоҳам, ки шумо дарк намекунед, пас ҳар чиро, ки бихоҳам, меофаринам ва ҳар киро, ки бихоҳам, ҷонишин мегардонам за он чиро бар шумо пинҳон ва пӯшида мондааст, ба зудй хоҳед дид. «Пас ҳар гоҳ хилқати ӯро комил намудам ва аз рӯҳи худ дар ӯ дамидам, саҷдакунон дар муқобили ӯ сар фуру оваред». (Сод, 72)
Худованд Одамро аз гили хушки сиёҳи бадбӯ ва тағйири шакл ёфта ба сурати колбади инсонии устувор офарид ва сипас аз рӯҳи худ дар ӯ дамид ва он гоҳ насими зиндагй дар ӯ вазид ва ӯ инсони комил шуд. Сипас Худованд ба фариштагон дастур дод, ки Одамро саҷда кунанд ва онон фармонбардорона хостаи Парвардигорашонро иҷобат намуданд ва барои бузургдошти Одам ба сӯи ӯ шитофтанд ва дар муқобилаш саҷдакунон лешониҳои худро бар хок кашиданд, ба ҷуз Иблис, ки аз дастури Парвардигораш сар боззад ва ба маъсияти Парвардигор гаравид ва «сарпечӣ кард ва такаббур варзид ва ҷузви кофирон гашт»[1].
Худованд иллати худдорӣ кардани Иблисро аз ӯ пурсид ва аз ӯ хост, ки ҳикмати сарпечии худро баён кунад ва фармуд: «Чӣ чиз туро аз саҷда намудан ба офаридаи дасти ман манъ намуд, оё такаббур варзидӣ ва ё худро баландмартаба пиндоштӣ?». (Сод, 75)
Иблис чунин пиндошт, ки аз ҷиҳати унсурӣ беҳтар аз Одам аст ва ҷавҳари поктар аз ӯ дорад ва гумон кард, ки касе дар қадр ва манзалат ба поиӯ намерасад ва рақиби ӯ намешавад ва ба макони болотар аз ҷойгоҳи ӯ намерасад. Аз ин рӯ, гуфт: «Ман аз ӯ беҳтарам, маро аз оташ офаридӣ ва ӯро аз хок». Ӯ бо ин суханон исёнашро ошкор намуд, мухблифат ва дурӯғи бофтаи худро аланӣ намуд ва нисбат ба дастури Парвардигораш такаббур ва аз саҷда намудан ба офаридаи дасти Худованд иҷтиноб варзид ва ҷузви кофирон гашт. Худованд ба сабаби сарлечии шайтон ва мухолифати ӯ бо амраш Иблисро ҷазо дод ва ба ӯ гуфт: «Пас, аз биҳишт хориҷ шав, ба ростӣ, ки ту рондашудай ва то рӯзи қиёмат лаънат бар ту аст». (Ҳиҷр, 34-35)
Иблис аз Парвардигор дархост намуд, ки то рузи қиёмат ба ӯ мӯҳлат диҳад ва зиндагонии ӯро то рӯзи, зинда шудани мурдагон тӯлонӣ намояд. Худованд (бахше аз) хостаи ӯро иҷобат намуд ва ба ӯ гуфт: «Ту аз муҳлатдодашудагонй, то рӯзи вақти маълум (нафхаи аввал)». (Ҳиҷр, 37-38)
Ҳангоме ки хостаи Иблис иҷобат шуд ва у ба орзуи худ расид, фазли Худовандро шукргузорӣ накард, балки неъматашро бо куфрон ва фазлашро бо инод па инкор ҷавоб дод ва гуфт: «Худовандо! Ба иллати ин ки маро гумроҳ намудӣ, дар роҳи рости ту ба камини онон менишинам, то ононро фиреб диҳам па дар гумроҳ намуданашон аз ҳеҷ кӯшише фурӯгузорӣ намекунам (ва сипас) аз пеши рӯ ва ақиб ва росту чапашон ба тарафи онҳо меравам ва ту бештари ононро шукргузор нахоҳӣ ёфт». (Аъроф, 16-17)
Худованд Иблисро аз раҳмати худ дур кард ва ба ӯ мӯҳлат дод, то ба орзуяш бирасад ва ба у гуфт: «Роҳеро, ки баргузидаи, дар пеш гир ва дар равиши баде, ки хоҳони онӣ, пеш бирав, (бо савт ва оҳанги худ) ҳар кадом аз ононро метавонӣ таҳти таъсири худ қарор деҳ ва барои ғалаба бар онон савора ва пиёдаи худро фаро бихон ва дар мол ва авлоди онон шарик шав». (Исро, 64)
Ба онон ваъдаҳои дурӯғин бидеҳ ва зеҳни ононро ба орзуҳои дур аз дастрас машғул намо, аммо ҳаргиз байни ту ва он бандагони мухлисе, ки ақидаи саҳеҳ ва азми қавӣ доранд, озодат нахоҳам гузошт, то бар онон тасаллут ёбӣ, султае барои онон надори, зеро дилҳои онон ба ту тамоюле надорад ва гӯшҳояшон суханони туро нахоҳад шунид. Аммо ҳар чи ту дар гумроҳ кардан ва дар фитна андохтани одамиён бикушӣ, ҳисобат сангинтар ва ҷазоят дардноктар хоҳад шуд ва «Албатта ман ҷаҳаннамро бо ту ва тамоми ононе, ки дунболарави ту бошанд, пур хоҳам намуд».
Фариштагон бар Одам саҷда бурданд ва бартарии ӯро пазируфтанд ва иқрор намуданд, ки мақоми ӯ бартар ва аз онон ба Худованд наздиктар аст. Аммо шояд гумон менамуданд, ки дониш ва дарк ва фаҳми онон бештар аст, аз ин рӯ Худованд аз илми худ ба Одам ато намуд ва аз нури худ ба ӯ сарозер кард ва номҳои тамоми мавҷудотро ба ӯ ёд дод ва ин мавҷудотро ба фариштагон арза намуд ва гуфт: «Номҳои ин мавҷудотро ба ман хабар диҳед, агар рост мегӯед», то нотавонӣ ва нуқси онҳоро ошкор намояд ва онон низ бидонанд, ки ҳикмати Худованд чунин иқтизо намудааст, ки Одам шоистатар ба баёни номҳо бошад ва ҳақ ва шоистатар ин аст, ки ҷонишинии ӯ мавриди инкор қарор нагирад. Фариштагон дар муқобили ин рӯёрӯӣ шигифтзада шуданд ва ҳангоме ки талош намуданд, то барои посух дар даруни худ ба ҷустуҷӯ бипардозанд, мутаҳаййир ва пушаймон шуданд ва замоне, ки ба илми собиқи худ руҷуъ намуданд, роҳе ба ҷавоб наёфтанд ва аа ин рӯ, ба нотавонии худ иқрор ва ба кӯтоҳӣ ва нуқси дониши худ эътироф намуданд «ва гуфтанд: Худовандо! Ту муназзаҳӣ, моро донише нест, магар он чи ту моро омӯхтаӣ, ба дурустӣ, ки ту бисёр доно ва боҳикмат ҳастӣ». (Бақара, 32)
Ҳангоме ки Одам аз файзи Парвардигор лабрез гашт ва шӯълаҳое аз нури илми ӯ баргирифт, Худованд ба ӯ дастур дод, ки фариштагонро аз он чи онон дар шинохтанаш нотавон монданд ва фаҳми онон аз дониш дар мавриди он кӯтоҳӣ кард, хабар диҳад, то ба ин васила фазли худро ошкор ва ҳикмати ҷонишин шудани худро баён намояд. Ҷонишини Худованд фариштагонро аз чизе, ки онон дар мавриди он оҷиз монданд, хабар дод ва Худованд ононро нидо дод: «Магар ба шумо нагуфтам, ки ба дурустӣ, ман ғайби осмонҳо ва заминро медонам ва ба он чи, ки ошкор ва пинҳон мекунед, огоҳам?». (Бақара, 33)
Дар ин ҳангом фазли Одам бар фариштагон мушаххас гардид ва онон ба рамзи офаридани ӯ пай пурданд ва ҳикмати ҷонишинии ӯ бар онҳо ошкор гардид.
Худованд қудрат ва бебокии худро ба Иблис нишон дод ва вайро дармонда сохт ва аз ӯ салби неъмат намуд ва Одам ва ҳамсарашро мавриди иноят қарор дод ва ононро дар биҳишт ҷой дод. Ва ба Одам ваҳй намуд, ки неъматам бар худатро ба ёд овар, ки ман туро бо офаринише тоза ва нав офаридам ва ба иродаи худ туро ба сурати инсоне комил даровардам ва аз рӯҳи худ дар ту дамидам, фариштагонамро ба саҷца кардан бар ту водоштам ва шуълае аз дониши худро ба ту арзонӣ доштам ва ин Иблис аст, ки вайро ба иллати берун рафтанаш аз тоат аз раҳмати худ ноумед ва ӯро рондам ва лаън намудам. Ва ин биҳишти ҷовидон аст, ки онро манзил ва макони ту қарор додам. Агар маро итоат кунӣ, бо некӣ ба ту ҷавоб хоҳам ва туро дар биҳишт ҷовидона хоҳам сохт. Аммо агар тарки аҳд намоӣ, туро аз манзили биҳишти худ берун хоҳам, кард ва ба оташи худ туро азоб хоҳам дод ва низ фаромӯш накун, ки ин Ибслис душмани ту ва душмани ҳамсари туст, пас ҳушёр бош, ки туро аз биҳишт берун накунад, ки дар ин сурат бадбахт хоҳед шуд. Худованд Одам ва Ҳавворо дар биҳишт озод гузорид, то аз ҳар он чи ки мехоҳанд, фаровон бихӯранд ва он дуро наҳй намуд, ки аз миёни он ҳама дарахтон фақат ба як дарахт наздик нашаванд. Ва барои ин ки ибҳомро аз онон бизудояд, то дар шиҷохти он дарахт, шакке надошта бошанд, ба сурати маълум ва муайян ба он дарахт ишора намуд, то аз ҳар шакке, ки мумкин аст дар даруни онон роҳ ёбад, ҷилавгирӣ намояд. Ва ба онон ваъда дод, ки дар сурати наздик шудан ба он дарахт ва бо хӯрдани меваи он, дар зумраи ситамкорон қарор хоҳанд гирифт ва ваъда наиуд, ки дар сурати парҳез кардан аз он дарахти манъшуда, асбоби
неъмат ва роҳати онҳоро дар биҳишт бештар ва бо давомноктар мекунад, ба сурате, ки ҳаргиз дар он гурусна ва урён намешаванд ва ташнагй ва хастагӣ ба онон роҳ намеёбад ва фармуд: «Эй Одам! Ту ва ҳамсарат дар биҳишт сокин шавед ва аз он дар ҳар ҷо, ки мехоҳед, фаровон бихӯред ва наздики ин дарахт нашавед, ки дар ин сурат ҷузви ситамкорон қарор хоҳед гирифт». (Бақара, 35)
«Ва эй Одам! Ту дар биҳишт на гурусна мешавӣ ва на бараҳна мемонӣ ва дар он на ташна мешавӣ ва на гармои офтоб озорат медиҳад». (Тоҳо, 118-119)
Одам дар биҳишт сокин шуд ва аз ҳар он чи нафси одамй иштиҳо менамояд ва чашм аз дидани он лаззат мебарад, баҳраманд мегашт ва шояд дар миёни дарахтони он гашту гузор мекард ва дар сояҳои онҳо менишаст, аз гулҳои он мечид ва аз хӯрдани меваҳои он лаззат мебурд ва аз оби гуворояш сероб мешуд. Ва дар ин баҳрабарӣ аз лаззатҳо, ҳамсараш низ шарики ӯ буд ва он ду муддате дар биҳишт ин гуна ба сар бурданд ва аз чашмаҳои он оби хушбахтӣ меошомиданд. Хушбахтии Одам дили Иблисро сӯзонд ва бар ӯ бисёр гарон омад, ки Одам ва ҳамсараш (аз он чи ӯ қаблан баҳраманд буд) ва дар ҳоле ки ӯ аз раҳмати Худованд рондашуда ва аз биҳишт дур гашта буд, баҳраҳо бибаранд. Аз ин рӯ, ӯ тасмими қатъӣ гирифт, ки бинои хушбахтии Одамро фурӯ резад ва неъмати биҳиштро аз ӯ салб намояд, магар ин Одам набуд, ки ӯро аз он баландӣ поин кашид ва аз неъмат ва ризояти Илоҳӣ дур гардонд ва магар на ин буд, ки ба сабаби ӯ инкор ва такаббури Иблис нисбат ба Худованд бармало гардид ва вай абадӣ малъун шуд? Пас бояд интиқоми худро аз ӯ бигирад ва ба тадриҷ аз арзиши касе, ки фариштагон маъмур ба саҷда намудан барои ӯ ва эътироф ба фазли ӯ шуданд, бикоҳад. Он гоҳ оҳиста ва бо гомҳои кӯтоҳ ба сӯи биҳишт ба роҳ афтод ва пинҳонӣ бо Одам сӯҳбат намуд ва барои Одам чунин вонамуд кард, ки дӯсти содиқ ва андарздиҳандаи мухлис аст. Ва кӯшиши бисёр намуд, ки дили ӯро ба даст оварад, аз ҳар роҳе ворид мешуд ва ҳар дареро мезад ва меҳрубонй ва дӯстии худро ба Одам ва ҳамсараш изҳор менамуд ва нисбат ба заволи неъмат аз он ду дилсӯзӣ нишон ме-дод ва ба онон гуфт: «Ба ин сабаб Парвардигоратон шуморо аз ин дарахт манъ намудааст, то шумо табдил ба ду фаришта нашавед ва ё ин ки дар биҳишт ҷовидона намонед». (Аъроф, 20)
Иблис чун дарёфт, ки он ду аз суханони ӯ изҳори безорй мекунанд ва аз ҳамсӯҳбат шудан бо ӯ дурӣ мегузинанд ва гӯшҳояшон аз шунидани садри ӯ ва гӯш додан ба андарзҳои ӯ кар шудааст, барои онҳо савганд хӯрд, ки ӯ панддиҳанда аст ва намехоҳад ба онҳо осебе бирасонад ва бо онҳо душманй намояд ва ононро шикаст диҳад. Ва савганд хӯрд, то бар дурустии қасди худ таъкид намояд ва дурустии назари худро нишон диҳад ва бидуни шак Иблис то метавонист бар хостаи худ пофишорӣ намуд ва дар фиреб додани Одам муддати зиёде исрор варзид ва кӯшиш намуд, то ӯ ва ҳамсарашро бо роиҳаи хуши он дарахт, таъми беназир ва ранги зебои меваҳои он фиреб диҳад. Саранҷом Одам ва Ҳавво аз суханони ӯ фиреб хӯрданд ва мафтуни зебоии суханонаш ва ширинии ваъдаҳояш гаштанд ва дар лағзиш афтоданд ва дунболарави ӯ шуданд. Ба маҳзи берун шудани Одам ва Ҳавво аз фармони Парвардигор, Худованд неъматро аз онҳо салб ва биҳиштро бар онон ҳаром кард ва Парвардигорашон ононро нидо дод: «Оё шуморо аз он дарахт манъ накарда будам ва ба шумо нагуфта будам, ки шайтон душмани ошкори шумост?». (Аъроф, 22)
Одам ва Ҳавво ба сӯи Худо бозгаштанд ва аз кардаи худ изҳори пушаймонй намуданд ва «гуфтанд: Парвардигоро мо ба худамон ситам намудем ва агар ту моро мавриди омӯрзиш қарор надиҳӣ ва раҳм накунй, ба таҳқиқ мо аз зиёнкорон хоҳем буд. Худованд гуфт: (Ба замин) фуруд ойед, иддае аз шумо душмани иддаи дигар хоҳад буд ва то муддате дар замин мустақар гашта ва аз он баҳра бибаред». (Аъроф, 23-24)
Худованд тавбаи он дуро пазируфт ва аз лағзиши онҳо даргузашт. Пазириши тавба мояи хурсандй ва чашмрӯшании онҳо гашт ва умедвор шуданд, ки Худованд онҳоро дар биҳишт боқӣ нигаҳ дорад ва дубора аз неъматҳои он баҳраманд шаванд. Худованд аз он чи дар зеҳни онҳо мегузашт, огоҳ ва бар он чи нафси онҳо тамоюл дошт, воқиф буд. Аммо ба онҳо дастур дод, ки аз биҳишт фуруд оянд ва ба онон хабар дод, ки душмании байни онон ва шайтон идома хоҳад дошт, то аз фитнаҳои ӯ худро дур нигаҳ доранд ва ба фиребҳои ӯ гӯш надиҳанд ва фармуд: «Ҳамаи шумо аз биҳишт фуруд ойед, бархе душмани бархе дигар хоҳед шуд. Пас агар аз ҷониби ман ҳидояте барои шумо омад, ҳар кас аз он ҳидоят пайравӣ кунад, гумроҳ ва бадбахт нахоҳад шуд». (Аъроф, 23)
Ҳамин гуна Худованд дар тӯли зандагии Одам ҳадаф ва орзуе барои ӯ таъин намуд, то барои раск дан ба он талош намояд ва ба ӯ хабар дод ки дигар замони роҳат ва осоиши комил ва неъмати холис ба поён расида ва ӯ баъд аз хуруҷ аз биҳишт ва маҳрум шудан аз неъматҳои он вазъияти дигаре пайдо мекунад, ки дар он ду роҳ бештар вуҷуд надорад: Ҳидояту гумроҳӣ, имону куфр ва растагориву зиён. Пас ҳар кас дунболарави ҳидояти Илоҳӣ, ки Худованд ташриъ мекунад, бошад ва роҳи рости ӯро, ки мушаххас намудааст, дар пеш бигирад, аз васвасаҳои шайтон ва фиребҳои ӯ ҳеҷ ҳаросе надорад. Аммо он кас, ки аз ёди Худованд рӯйгардон бошад ва бо роҳи рости ӯ зиддият кунад, зиндагонии танге хоҳад дошт ва аз ононе хоҳад шуд, ки «кӯшиши онҳо дар зиндагии дунё роҳ ба ҷое намебарад, дар ҳоле ки худи онон гумон мекунанд, ки аъмоли дуруст ва неке анҷом медиҳанд».
1. Иблис бо вуҷуде, ки дар миёни фариштагон буд, аз ҷинси онон набуд ва аз ҷин буд - мутарҷим.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1