Дар миёни фариштагони Худованд сухан аз офаридагон ва ибодатҳову тоатҳо ва ё маъсияти онон боло гирифта буд. Яке аз онон гуфт: Имрӯз бар рӯи замин касе беҳтар аз Айюб вуҷуд надорад. Ӯ мӯъмине парҳезгор ва обиде шабзиндадор аст, Худованд рӯзии ӯро фарох ва умрашро дароз намудааст, дар молаш ҳаққи бенавоён ва дармондагонро мепардозад ва рӯзҳоро ба ибодати Парвардигор ва сипоси неъматҳояш сипарӣ мекунад ва ибодати ӯ ҳуҷҷате барои сарватмандон ва ашрофи қавм гаштааст ва ҳамагӣ суханони ӯро таъйид ва даъвати ӯро бовар мекунанд.
Иблис ки байни ӯ ва фариштагон ҳиҷобе набуд ва аз ҳавзаи онон низ дур набуд, суханони ононро шунид ва ба назари ӯ бисёр ногувор омад, ки бар рӯи замин касе вуҷуд дошта бошад, ки Худовандро он гуна ки Айюб ибодат мекунад, парастиш намояд ва аз он ҷое ки ҳасду ҳадафи ӯ дар замин фиреби афроди некӯкор ва ба табоҳӣ кашидани афроди боимон ва васваса андохтан дар даруни афроди мутеъи Парвардигор аст, худро ба Айюб расонд, то ӯро иғво карда, гумроҳаш намояд. У Айюбро марде ёфт, ки дар миёни нозу неъмат ба сар мебурд ва дар бӯстони сарват ва рафоҳ гаштугузор мекунад. Аммо молу сарват ӯро фиреб надода ва аз роҳи ҳақ дур накарда буд. Забонаш ҳамвора ба зикру ёди Худованд машғул буд, бо хонаводааш ба некӣ рафтор мекард, нисбат ба зердастон ва хидматкоронаш меҳрубон буд. Гуруснаро сер, асирро озод мекард ва урёнро мепӯшонд ва бо кушодарӯӣ ба мустамандон кӯмак мекард. У дар муқобили ситамкор меистод ва нодонро омӯзиш медод ва илму маърифатро дар миёни мардум мунташир мекард.
Иблис кӯшид, ки худро ба қалби Айюб наздик созад ва дар пушти гӯшаш ба васвасаи ӯ бипардозад ва дунё ва самтҳои онро барояш биёрояд ва аз ибодати Парвардигор ва натоиҷи он дур намояд. Аммо гӯши ӯро барои шунидани суханони нодуруст баста ва қалби ӯро барои тамоюл ба ҳавову ҳавас қуфлшуда дид ва ӯро яке аз бандагони мухлиси Худо ёфт, ки наметавонист бар ӯ тасаллут ёбад. Иблис он чиро, ки дида буд, хушоянди худ наёфт ва аз вокуниши Айюб ба васвасаҳояш нороҳат ва нигарон шуд ва силас, ба даргоҳи Худованди мутаол бозгашт ва дар муқобили ӯ ҳамчун замоне ки ҳанӯз аз даргоҳи раҳматаш ронда нашуда ва дур нагашта буд, қарор гирифту гуфт: Парвардигоро! Бандаи Ту Айюб, ки бо ситоишу тақдиси Ту машғул аст ва дилаш ба ёди Ту метапад вирди забонаш ҳамвора тасбеҳи Туст, сирфан ба хотири майли дарунӣ ва алоқаи хеш ба ибодати Ту напардохтааст, балки ибодаташ танҳо дар муқобили молу фарзандон ва сарвату амлоке аст, ки ба ӯ ато кардаӣ. Ва ибодаташ ба тамаъи ин аст, ки молро барои ӯ нигаҳ дорӣ ва дунёяшро, ки шомили ҳазорон гӯсфанду шутур ва садҳо гову улоғ ва теъдоди зиёде барда ва хидматгор ва мулке паҳновару густарда ва духтарону писарон ва киштзорҳое сарсабзу хуррам аст, барояш муҳофизат намоӣ. Оё вуҷуди ин ҳама неъмат шоиста ва ангезаи он нест, ки ӯро аз тарси ин ки мабодо рӯзе ин ҳама неъматро аз даст бидиҳад, ба сипос ва ситоиши Ту водорад ва бар он ёрӣ диҳад? Пас, ибодаташ оғушта ба тарсу тамаъ ва умеду орзуст. Неъматҳоятро аз ӯ бозситон ва сарваташро бигир, он гоҳ хоҳӣ дид, ки забонаш аз зикру ёди ту лол хоҳад гашт ва аз тоатат даст хоҳад кашид.
Худованди мутаол фармуд: Айюб бандае мӯъмин аст ва имонаш холис ва бидуни риё ва тамаъ аст. Фақат ба хотири ҳаққи ибодат Маро мепарастад ва ба зикру ёди Ман намепардозад, магар ин ки ба зарурат ва шоистагии зикр ва ёди Ман огоҳ аст. Ва зикру ибодаташ холӣ аз ҳар гуна дунёдӯстй ва тамаъу ғаразе мебошад. Иҷозаи тасарруф дар молу дороиҳояшро ба Ту медиҳам. Пас тамоми сипоҳиён ва ёварону тарафдоронатро ба кор гир ва ҳар гуна ки мехоҳед, дар молу дороиҳояш дахлу тасарруф намоед. Сипас бингаред, ки саранҷоми коратон ба куҷо меанҷомад ва ба ин гуна Айюб машъале тобон дар имон ва улгуе олӣ дар сабру яқин гардид.
Иблис ба ҷойгоҳи худ бозгашт ва тамоми шаётини пир ва дӯстдори худро гирд овард ва ба онон эълон намуд, ки: Худованд иҷозаи дахл ва тасарруф дар моли Айюбро ба ӯ додааст, ки онро аз байн бибарад ва ӯ аз тамоми дӯстонаш мехоҳад, ки ҳар кадом дар аз байн бурдани дороии Айюб саҳме дошта бошад, то Айюб бидуни дороӣ ва мол гардад ва баъд аз он имонашро аз даст бидиҳад.
Шаётин ба роҳ афтоданд ва кори худро шурӯъ карданд ва бар шутурон ва гӯсфандону улоғҳо ва бардагон ва хулоса ҳар тару хушке аз амволи Айюб фуруд омаданд ва ҳамаро аз байн бурданд ва Айюб дасти холӣ ва бидуни молу амвол шуд.
Иблис ба сурати марде солхӯрда, ҳакиму таҷрибадида назди Айюб зоҳир шуд ва ба ӯ гуфт: Оташ дар молу амволат афтода ва онро решакан сохтааст, ҳайвонотат талаф шудаанд ва тамоми хадаму ҳашамат аз байн рафтаанд ва киштзорҳоят хушкидаанд. Ва мардум дар муқобили ин ҳама бало ва мусибат, ки бар сари ту омадааст, моту мабҳут шудаанд. Яке мегӯяд: Айюб аз ибодаташ мағрур ва ба хотири намозу закоташ гумроҳ шудааст ва дигаре мегӯяд: Агар Худованд метавонист, шарру бадиро дафъ ва хайру некиро ҷалб кунад, Айюб шоистатар аз ҳар каси дигаре буд. Ва саввумй мегӯяд: Худованд ин корро фақат ба хотири он анҷом додааст, ки бо он даҳони душманашро дар ҳаққи вай боз кунад, ё дӯсташро доғдор намояд.
Иблис гумон намуд, ки бо додани ин хабарҳои фоҷеабор ва ҳаросангез метавонад бар имони Айюб таъсир бигузорад ва рӯҳу равонашро ба табоҳӣ бикашонад. Аммо Айюб, ки дорои имоне қавӣ ва шадидан мутеъи Парвардигораш буд ва қалбашро бо парҳезгорӣ обод карда ва марде хирадманд ва фарзона буд, гуфт: Молу дороӣ амонатҳое аз тарафи Худованд буданд, ки онҳоро пас гирифтааст, муддати замоне моро аз он баҳраманд намуда, ки Ӯро ба хотири он неъматҳояш сипос мегӯям ва имрӯз он неъматҳоро пас гирифтааст. Пас ситсиш аз они Ӯст чи дар ҳоле ки ато мекунад ва розӣ ва судрасон аст ва чи дар он ҳол ки бозпас мегирад ва хашмгину осебрасон аст. Ҳамаи мулк ва дороӣ аз Уст, мулкашро ба ҳар кас ки бихоҳад, ато мекунад ва аз ҳар кас ки бихоҳад, бозпас мегирад, ҳар касро, ки бихоҳад, азиз ва ҳар касро ки ирода кунад, залил хоҳад кард. Айюб инро гуфт ва сипас саҷдакунон сарашро барои Худованд бар замин ниҳод ва Иблисро ки шарманда ва расво нигоҳ мекард, раҳо кард.
Аммо Иблис ба сӯи Худованд бозгашт ва хост, ки барои нияти бадкирдоронааш либосе ҷадид бибофад ва гуфт: Парвардигоро! Агар Айюб неъматро бо шукр ва мусибатро бо сабр ҷавоб медиҳад, фақат ба хотири ин аст, ки дорои фарзандони зиёде аст ва ба онҳо эҳсоси иззат мекунад ва умедвор аст, ки онон мояи пуштгармӣ ва неруи дасту бозуи ӯ гарданд ва ба кӯмаки онҳо битавонад дубора молу сарвати аздастрафтаашро ба даст оварад. Ва агар Ту маро бар авлоди ӯ мусаллат гардонй, то он чиро, ки Айюб дӯст надорад, бар сари онҳо оварам, дар он сурат яқин дорам, ки башиддат кофир ва носипос хоҳад шуд ва роҳи ҷаҳлу инодро дар пеш хоҳад гирифт. Зеро ҳеҷ чиз сангинтар аз фитнаи авлод ва ҳеҷ фоҷеае дардноктар аз мусибати аз даст додани фарзандон нест.
Худованд дар ҷавоби ӯ фармуд: Ман туро ба фарзандони Айюб мусаллат мегардонам, аммо ту наметавонӣ заррае аз имони ӯ ва қатрае аз дарёи сабру иродааш кам кунӣ.
Иблис бозгашт ва тарафдорону ёронашро бо худ ҳамроҳ намуд ва ба сӯи иқоматгоҳи фарзандони Айюб ба роҳ афтод. Фарзандони Айюб дар нозу неъмат ва рафоҳ дар кохе афрошта зиндагӣ мекарданд. Иблис кохро ларзонд ва бунён ва деворҳояшро фурӯ рехт ва ҳамаи фарзандони Айюбро ба боди фано дод.
Ҳангоме ки Иблис ба муроди худ расид, ба шакли марде мутаассиф ва тасаллиятгӯ дар муқобили Айюб зоҳир шуд ва хабари марги фарзандонашро ба ӯ дод ва гуфт: Агар имрӯз фарзандонатро медидӣ, ки чӣ гуна кушта шуданд, чӣ гуна яке захмӣ ва яке пора-пора буд ва чӣ ҷароҳатҳо бардоштанд ва чӣ гуна тиккапора шуданд, ба таҳқиқ медонистӣ, ки Худованд подоше сазовори ибодатҳоят ба ту надодааст ва он гуна ки шоиста аст, туро муроот накардааст.
Ашк аз чашмони Айюб сарозер шуд ва гирист, аммо гуфт: Худованд Худ ато карда ва худ бозпас гирифтааст. Чи он ҳангом ки ато мекунад ва хушнуд ва судрасон аст ва чи дар он ҳангом ки пас мегирад ва хашмгин ва осебрасон аст. Ситоиш ва шукр аз они Уст, сипас ба саҷда афтод ва Иблис, ки аз хашм наздик буд мунфаҷир шавад ва кина гулӯяшро фишор медод, Айюбро тарк кард.
Сипас, Иблис ба сӯи Худованд бозгашт ва гуфт: Парвардигоро! Айюб молу дороӣ ва фарзандонашро аз даст дод, аммо ҳанӯз аз тандурустӣ ва саломати баданӣ бархӯрдор аст ва умедвор аст, ки ба кӯмаки он битавонад молу фарзандонашро дубора ба даст оварад. Аммо агар Ту маро бар ҷисму бадани ӯ мусаллат гардонӣ ва иҷоза диҳӣ, ки тандурустияшро аз вай бигирам ва ӯ ба дарду беморӣ мубтало шавад, замонат мекунам, ки нисбат ба ибодати Ту суст хоҳад , шуд ва либоси тоатро аз тан дархоҳад овард ва машғул шудан ба беморӣ ӯро аз зикру ёди Ту боз хоҳад дошт.
Пас Худованд ирода намуд, ки аз Айюб бандае боимон, бурдбор ва шукргузор бисозад, ки достонаш дарси ибрате барои мусибатдидагон, мояи дилдории дзрдмандон, тасаллиятдиҳандаи беморону маҷрӯҳон бошад ва ӯ дар тӯли даврон муаллими аввали сабру бурдборӣ ва намунаи олӣ дар имон бошад. Дар ин дунё номашро пуровоза гардонад ва дар охират мақомашро боло барад. Аз ин рӯ, ба Иблис гуфт: Туро бар ҷисму бадани Айюб мусаллат мегардонам, аммо ҳушёр бош, ки ба рӯҳу ақлу забон ва равонаш наздик нагардӣ, зеро сирри имон ва мазҳари дин ва ирфонаш дар он нуҳуфтааст.
Иблис бо ҳилаву фиребе, ки дар зеҳн дошт, ба тарафи Айюб ба роҳ афтод ва дар бадани ӯ дамид ва Айюб фавран ба марди бемор ва алилу нотавон табдил шуд. Аммо ҷуз бар имон ва сабру дирояташ наяфзуд. Ва ҳар замон ки дард бар ӯ фишор меовард ва беморияш шиддат меёфт, бар шукру тоаташ афзуда мешуд ва имону яқинаш қавитар мегашт.
Рӯзҳо гузашт ва солҳо ба сар омад ва Айюб ҳамчунон бемор буд, то ин ки баданаш наҳифу лоғар ва заиф шуд ва сураташ устухонӣ ва рангпарида гашт. Ва аз шиддати дард наметавонист дар рахтихобаш ором бигирад. Дӯстон ва ёронаш аз гирди ӯ пароканда шуданд ва касе. ба ҷуз ҳамсари меҳрубон ва дилсӯзаш, пеши ӯ намонд. Он зан то он ҷо, ки метавонист ва бо ҳамаи вуҷуд ва қалби меҳрубонаш бо меҳру шафқат ва иноят бо Айюб рафтор мекард ва вуҷуду дилашро дар роҳи ӯ гузошта ва болу пари меҳрубонашро барои ӯ густурда буд. Вай шикояте надошт, ба ҷуз баёни ғаму андӯҳ аз дардҳо ва хатароте, ки ҷони ҳамсарашро тахдид мекард ва дар даврони бемории Айюб ҳамвора боимон, розӣ, умедвор ва сипосгузор буд.
Аммо Иблис, ки дигар аз дасти Айюб хаста шуда ва имону яқини Айюб бар ӯ бисёр гарон омада, нокомияш ӯро нигарон карда буд, як бори дигар тарафдоронашро гирд овард ва аз ин ки дар мавриди Айюб ба хостаҳои худ нарасида ва Айюб бо имону сабраш ӯро хор карда буд ва пас аз тасаллут ёфтани ӯ бар молӯ фарзандонаш, ҷуз бар шукр ва имони Айюб афзуда нашуда ва баъд аз тасаллут ёфтан бар ҷисму баданаш ҳам, забрмаш аз ёди Худо ғофил нашуда ва қалбаш аз имони ба У мунҳариф нашуда буд, шикоят намуд ва атрофиёнаш ба вай гуфтанд: Макру фиреб ва диқҳати васваса ва иғвогариҳои зираконаат чй шуданд? Оё ҳамаи онҳо дар муқобили Айюб аз кор афтоданд? Яке аз онон гуфт: Ту Одами Абулбашарро аз биҳишт берун рондӣ, аз чӣ роҳе бар ӯ ворид шудӣ? Иблис гуфт: Аз тариқи ҳамсараш бар ӯ ворид шудам. Пас гуфтанд: Дар баробари Айюб низ аз тариқи ҳамсараш ворид шав, ки ба натиҷа мерасӣ. Иблис гуфт: Дуруст гуфтед ва назари саҳеҳе ироа додед.
Иблис ба тарафи ҳамсари Айюб, ки дар ҳоли муроқибат аз Айюб буд, ба роҳ афтод ва ба шакли марде дар муқобили ӯ зоҳир шуд ва пурсид: Шавҳарат куҷост? Зани Айюб гуфт: Шавҳарам ин марди бемор аст, ки ба ҳолати марг афтодааст. Аз таб месӯзад ва аз дард ба худ мепечад, на мемирад, ки бар ӯ сугворӣ кунам ва на умеде ба беҳбудӣ ва саломати ӯ ҳаст.
Иблис бо шунидани ин суханон ба фиребу иғвои он зан тамаъ варзид ва аз даврони ҷавонй ва тандурустиву шодобии ҳамсараш ва нозу неъмати фаровони он даврон сухан гуфт. Ёду хотираи гузашта дар зеҳни зан пайдо шуд ва ғуссаҳои кӯҳнаро зинда карду ғаму андуҳ ва дилтангӣ ӯро фаро гирифт ва яъсу ноумедӣ бар қалбаш чира гашт. Вай ба сӯи Айюб рафт ва гуфт: Худованд то кай туро азоб медиҳад? Молу фарзандону дӯстонат ку? Куҷост он ҷавонӣ ва шодобӣ ва иззати қадимат? Айюб гуфт: Ба таҳқиқ, Шайтон туро ба васваса андохта ва фирефтааст. Оё бар иззати аздастрафта ва фарзандони мурдаат гиря мекунӣ? Зан гуфт: Чаро аз Худованд намехоҳӣ, ки андӯҳатро
бартараф кунад ва бало ва мусибатро аз ту бардо рад. Айюб гуфт: Чанд сол дар осоишу рафоҳ ба сар бурдаам? Зан гуфт: Ҳаштод сол. Айюб гуфт: Чакд сол дар бало ва мусибат будай? Зан ҷавоб дод: Ҳафт сол. Айюб гуфт: Ман аз Худованд шарги медорам, ки бихоҳам балоро аз ман рафъ намояд. дар ҳоло ки ба муддати даврони рафоҳи ман аз он сипарй нашуда бошад. Аммо гумон мекунам, ки батадриҷ имони ту дорад заиф мешавад ва фармони Парвардигор бар дили ту сангинй мекунад. Агар беҳбуд ёфтам ва нерӯ ва тавонамро ба даст овардам, туро сад тозиёна хоҳам зад ва аз имрӯз ба баъд бар ман ҳаром аст, ки аз дасти ту бихӯрам ва биошомам ва ё кореро ба ту вогузорам ва аз ту бихоҳам, ки аз ман муроҳибат намоӣ. Пас маро танҳо бигузор, то ин ки Худованд он кореро, ки шуданй аст, ба анҷом расонад.
Ва чун Айюб дид, ки яккаву танҳо мондааст ва дардҳояш шиддат ёфта ва бемориаш беш аз ҳад бар ӯ фишор овардааст, рӯй ба сӯи Худованд намуд ва бо ҳолате бо зориву тазаррӯъ ва дуогуна ва аз ҳар гуна гила ва нороҳатӣ дур, гуфт: «Парвардигоро Ман ба зиён ва беморӣ дучор шудаам ва ту бораҳмтарини раҳмкунандагонӣ». Дар ин лаҳза Айюб ба киҳояти имон расида буд ва дар муқобили васвасаи Шайтон поӣдорӣ карда ва бо сабри аҷибе худро муҷаҳҳаз карда ва ғаму балоеро таҳаммул карда буд, ки кӯҳҳо тобу тавони пазириши онро надоштанд ва ба он марҳилае расида буд, ки Худованд ирода карда буд, яъне намунаи олӣ барои сабру паёмоварй аз паёмоварони имон. Пас Худованд дуояшро мустаҷоб намуд ва ба шикояташ гӯш фаро дод ва ба ӯ ваҳй намуд: Поҳоятро бар замин бизан, то чашмаи обе биҷӯшад, аз он бинӯш ва худро бо он шустушӯ деҳ! Сиҳҳату тандурустиат ба ту боз хоҳад гашт ва нерӯву тавони гузаштаатро ба даст хоҳӣ овард. Ба маҳзи ошомидан ва шустушӯи бадан бо он об чиркҳояш аз байн рафтанд ва ҷароҳатҳояш сиҳҳат ёфтанд ва ҷисми Айюб солим шуд ва беморӣ аз он рахт барбаст ва ба комилтарин навъи саломату тандурустӣ бозгашт.
Ҳамсари Айюб дилаш барои ӯ сӯхт ва бар ӯ тараҳҳум намуд ва нафси каримаш ба ӯ иҷоза намедод ки ҳамсарашро ба ҳоли худ танҳо бигузорад. Ӯ ки аз ибтидои беморй ҳамроҳи ҳамсараш буд ва қабл аз он низ дар нозу неъматҳои ӯ шарик буд баргашт, то ба нигоҳубини ӯ бипардозад ва корҳояшро анҷом диҳад. Аммо ӯ чизи шигифтангезе дид. Вай ҷавоне шодобу ботароват ва танумандро дар муқобили худ ёфт ва дар ибтидо ӯро нашинохт ва сипас ба маҳзи ин ки ӯро шинохт, даст дар гарданаш овехт ва Худовандро ба хотири бозгардонидани сиҳҳату саломат ба Айюбе, ки дар ниҳояти имон ва яқин боқӣ монда буд, сипос гуфт.
Сипас Худованд ба Айюб ваҳй намуд, ки як даста ҷорӯб бардорад ва бо он зарбае ором бар ҳамсараш бизанад, то ба савгандаш амал намуда бошад ва низ он зани мухлис ва боимонро, ки ӯро дар беморӣ таҳаммул намуда ва шарики дардҳояш буд, наёзурда бршад. Ва Худованд Айюбро ба хотири сабраш ҷазо ва подпш дод, молашро ба ӯ бозгардонд ва фарзандоне чанд баробар ба ӯ ато фармуд. Зеро Айюб намунаи як бандаи боимон буд, ки ҳамвора рӯ ба сӯи Худованд дошт.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2