ЗУЛҚАРНАЙН
Зулқарнайн ба қасди фатҳу ҷиҳод ба тарафи Мағриб ба роҳ афтод. Ҳеҷ сарзамини ноҳамворе набуд, ки онро пушти сар нагузорад ва ҳеҷ баландие набуд, ки бар пушти он қарор нагирад ва бо ҳеҷ душмане рӯ ба рӯ нашуд, ки силоҳашро дарҳам нашиканад ва пару болашро начинад ва ӯро ба шикаст вонадорад. Ӯ дар ҷиҳод дар роҳи Худо таваҷҷӯҳе ба гармову сармо ва ҳамвору ноҳамвор намекард, зеро Худованд дар заминаш ба ӯ қудрату тамкин бахшида буд ва итоату сарсупурдагии маҳз аз тарафи сипоҳиёнашро ба ӯ ато карда ва ҳар чизеро, ки боиси истеҳкоми мамлакаташ мешуд, ба ӯ дода буд ва дар ҷанг низ баҳрае зиёд аз пирӯзиҳо ва футӯҳоти ошкор ба ӯ бахшида буд.
У шабу рӯз ба роҳи худ идома медод, то ин ки дар ниҳоят ба чашмаи обе расид, ки обу гилаш дар ҳам омехта буданд ва ба назари ӯ чунин меомад, ки хуршед дар он чашма ғуруб мекунад ва дар пушти он пинҳон мегардад. Ва гумон намуд, ки дар варои он чашма сарзамине барои фатҳу ҷиҳод вуҷуд надорад. Аммо дар канори он чашма қавмеро дид, ки аз куфрашон дар ҳарос афтод ва зулму туғёнашон бар ӯ гарон омад. Зеро онҳо дар он сарзамин ба иллати пайравӣ аз Шайтон ва тамоюлоти нафсонӣ ба фасоду табоҳӣ пардохта буданд ва хунҳо мерехтанд. Пас ӯ аз Худованд хост, ки ӯро аз чигунагии рафтор бо онон огоҳ намояд. Худованд ӯро байни ду кор мухайяр намуд, ки якеро баргузинад ва дигареро вогузорад: Ё ононро бикушад ва ба муҷозоти аъмолашон бирасо- над ва ё ин ки ба онон мӯҳлат диҳад ва ба роҳи ҳақ даъваташон намояд, шояд дар миёни онон касоне бошанд, ки ҳидоят ёбанд ва аз гуноҳ бозгашта пушаймон шаванд. Зулқарнайн мӯҳлат ва некӯиро бар куштор ва сахтгирӣ тарҷеҳ дод ва гуфт: «Аммо ҳар кас, ки ситам кунад, ӯро азоб хоҳем дод ва сипас ӯ ба сӯи Парвардигораш боз гардонда хоҳад шуд ва Худованд низ ӯро азоби бисёр сахте хоҳад дод. Ва аммо он кас, ки имон оварад ва кирдори нек анҷом диҳад, барои ӯ подоше нек дар роҳ аст ва мо низ дар амри худ бар ӯ осон мегирем». (Каҳф, 87-88)
Зулқарнайн муддате дар миёни онон боқӣ монд, ситамкоронро муҷозот ва ситамдидагонро ёрӣ мекард ва дасти заифонро мегирифт ва сутуни адлу дод ва парчами ислоҳро дар он сарзамин барафрошт. Сипас, тасмим гирифт, ки ба тарафи Шарқ азимат кунад. Пас монанди муҷоҳиде пирӯз ва хушбахт бо фатҳу зафар масири Шарқро идома медод, то ин ки ба ҷое аз замин расид, ки дар он имрону ободонӣ набуд ва дар он ҷо қавмеро ёфт, ки хуршед бар онон тулӯъ мекард ва он мардум хонаҳое надоштанд, ки ононро аз гармои хуршед дар амон нигаҳ дорад. Ва дар он ҷо дарахтоне вуҷуд надоштанд, ки мардум зери сояҳояшон биёсоянд. Ва шояд он мардум дар ҳолате аз ҳараҷу мараҷ ва ҷаҳолату нодонӣ ба сар мебурданд... Ва ӯ чатри фармонравоияшро бар сарзамини онон густурд ва бо нури илму назараш он сарзаминро нуронӣ намуд. Баъд аз он ононро пушти сар гузошт ва барои ҷиҳод озими сарзаминҳои шимолӣ шуд ва бо фатҳу пирӯзӣ пеш мерафт, то ин ки ба сарзамине миёни ду риштакӯҳ расид, ки ақвоми сокин дар он ба забоне сӯҳбат мекарданд, ки камтар касе забони ононро медонист ва мафҳуми суханони онҳоро дарк мекард. Аммо он қавм дар ҳамсоягии Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ буданд ва онон қавме фосид ва табаҳкор бар рӯи замин ва афроде гумроҳ ва гумроҳкунанда буданд.
Ва чун он қавм диданд, ки Зулқарнайн подшоҳе бисёр қудратманду тавоно ва дорои мамлакате васеъ ва сипоҳе фаровон аст, ба ӯ паноҳ бурданд ва аз ӯ хостанд, ки байни онон ва ҳамсояашон Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ садде бино кунад, ки байни он ду сарзамин фосила андозад ва дар натиҷа ононро аз душманонашон ҷудо кунад. Зеро қавми Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ, қавме буданд, ки бадкирдорӣ дар зоти онон ҷо гирифта буд ва фасоду табоҳӣ дар гӯшту хунашон буд. Ҷангу шамшер монеъи онон намешуд ва маҳол буд, ки насиҳат низ ҳеҷ суде дошта бошад. Онон бо худ шарт бастанд, ки амволи зиёде дар ихтиёри Зулқарнайн қарор диҳанд. Аммо Зулқарнайн, ки Худованд табъи ӯро бар хайру фитраташро бар салоҳ қарор дода ва аз ганҷҳои замин ва хайроти он ба ӯ ато карда буд, ба дархосташон ҷавоб дод ва ато ва амволашонро напазируфт ва ба онон гуфт: «Он чи ки Парвардигорам дар ихтиёри ман ниҳодааст, беҳтар аст». (Каҳф, 95). Ва сипас аз онон хост, ки дар сохтани сад амалан ба ӯ кӯмак кунанд ва ёрияш диҳанд. Пас он қавм барои ӯ пораҳои оҳану мис ва ҳезуму зуғол гирд оварданд ва ӯ оҳанпораҳоро байни ду кӯҳ қарор дод ва атрофи онро бо ҳезуму зуғол пӯшонид ва сипас оташ рӯшан кард ва миси гудохтаро дар шикофҳои он оҳану зуғол рехт ва байни ду кӯҳ садде баланд ва маҳкам барафрошт, ки Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ ба иллати софу лағжанда будани он наметавонистанд аз он боло биёянд ва ба иллати истеҳкоми он наметавонистанд дар он шикоф ва ё сӯрохе эҷод кунанд. Ва Худованд қавмеро, ки аз азият ва озори онон шикоят мекарданд ва аз душмании онон дар азоб буданд, аз шарри онон осуда кард. Аммо Зулқарнайн чун саддро маҳкам ва монанди қалъае нуфузнопазир дид, аз таҳи дил фарёд баровард: «Ин раҳмате аз тарафи Парвардигори ман аст. Пас, ҳангоме ки ваъдаи Парвардигорам фаро расад, он садро мунҳадим ва бо хок яксон мекунад ва ваъдаи Парвардигорам ҳақ аст». (Каҳф, 96)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев