мардумро ба гиря
овард. Билол (р) аввалин
касе буд, ки ба фармони
Паёмбари Худо (с) дар
масҷиди навсохтаи Мадинаи
Мунаввара бо овози
дилнишини худ азон гуфт ва
наздик ба даҳ сол буд, ки
азон ҳамчун масъулияте бар
души ў гашта буд, ҳама
мардумонро низ аз овози ў
хуш меомад. Аммо Билол (р)
пас аз вафоти дўстдоштааш
Паёмбари гиромӣ тоқати дар
Мадина истоданро накард ва
ба назди халифаи аввали
мусалмонон ҳазрати Абубакр
(р) омад ва гуфт: Эй халифаи
Паёмбари Худо! Ман аз
Расули Худо (с) шунида
будам, ки мегуфт: «беҳтарин
амали муъмин, дар роҳи Худо
баромадан аст…» Абубакр (р)
гуфт: чи гуфтан мехоҳи эй
Билол? Гуфт: мехоҳам дар
роҳи Худо бароям то инки
аҷал бар сари ман биояд.
Абубакр (р) ғамгин шуд ва
гуфт: пас кӣ барои мо азон
мегўяд эй Билол? Ашк аз
чашмони Билол (р) сарозер
шуд ва гуфт: ман пас аз
Паёмбари Худо барои касе
дигар азон намегўям…
Абубакр (р) гуфт: аз суханат
баргард ва барои мо азон
бигу.. Билол (р) ғамгин шуд
ва гуфт: эй Абубакр! Агар ту
маро аз ғуломӣ барои он
харида боши, ки зери
фармони ту бошам пас бо ду
дида сухани туро мепазирам,
аммо агар маро барои Худо
озод карда боши пас маро ба
ҳолам гузор. Абубакр (р) аз
шунидани ин сухан ашк аз
чашмон сарозер шуд ва гуфт:
балки туро барои Худо озод
карда будам. Билол тушаи
роҳро гирифт ва ба сўи Шом
роҳсипор шуд ва чанд солеро
дар роҳи Худо онҷо сипарӣ
намуд. Ў дар бораи худ
мегуфт: ман пас аз вафоти
Паёмбари Худо (с) дигар
тоқати истодан дар Мадинаро
надоштам. Ҳаргоҳ ў мехост
азон бигўяд пас аз расидан ба
«Ашҳаду анна Муҳаммада-р-
расулуллоҳ» овозаш дар гулў
печ зада ба гиря меомад. Аз
ин сабаб буд, ки дигар тоқати
истодан дар Мадинаро
надошт ва ба сўи Шом рафт.
Пас аз гузашти солҳо Билол
(р) Паёмбари Худоро дар хоб
дид, ки мегуфт: «пн чи дурӣ
аст эй Билол! Туро чи
шудааст, ки ба зиёрати мо
намеои?» Билол ғамгин гашт
ва дарҳол ба сўи Мадина
роҳсипор шуд. Ў ба назди
қабри Паёмбари Худо (с)
омад ва онҷо нишаст ва аз
гиря худро дошта
наметавонист. Ҳасан (р) ва
Ҳусайн (р) ба назди Билол
омаданд ва Билол онҳоро ба
оғуш гирифта мебусид. Ҳасан
ва Ҳусайн (р) гуфтанд: мо
бисёр пазмони шунидани
овози ту шудаем, аз ту
мехоҳем бомдодон барои мо
азон бигуи. Билол гуфт: эй
фарзандони Паёмбари Худо
(с)! Ман чорае надорам магар
инки хости шуморо
бипазирам. Бомдодон Билол
(р) болои масҷид баромад ва
бо овози дилнишин ва
шинохтае, ки солҳо онро
аҳли Мадина нашунида
буданд, гуфт: «Аллоҳу акбар-
Аллоҳу акбар». Ҳама
ҳайратзада шуданд, ва чун
гуфт: «Ашҳаду ал-ло илоҳа
иллаллоҳ» Мадина ба ларза
омад. Вақте ба «Ашҳаду анна
Муҳаммада-р-расулуллоҳ»
расид ҳама занҳои Мадина аз
хонаҳо берун омаданд, ки
ҳеҷгоҳ чунин рўзи пургиряе
пас аз вафоти Паёмбари Худо
(с) дида нашуда буд. Билол
пас аз зиёраташ боз ба сўи
Шом баргашт. Ҳамчунин вақте
Умар (р) аз Шом дидан
менамуд баъзе аз
мусалмонон аз ў хостанд
Билол (р)-ро водор намояд то
барояшон як бор азон бигўяд.
Умар (р) Билол (р)-ро ба
наздаш хонд ва чун вақти
намоз расида буд хост азон
бигўяд. Билол болои
баландие баромад ва азон
гуфт. Саҳобагоне, ки бо Билол
(р) дар вақти ҳаёти Паёмбари
Худо дар Мадинаи Мунаввара
буданд ҳама ба гиря омаданд,
ки ҳеҷгоҳ чунин пазмонӣ ва
гиря дар онҳо дида нашуда
буд, ҳатто худи Умар (р) аз
ҳама бештар ба гиря омад.
Вақте марг ба ў фаро расид
ҳамсараш Ҳола бинти Авф,
хоҳари Абдураҳмон ибни
Авф болои сараш нишаста
буд ва гиря мекард. Билол (р)
гуфт: «гиря накун… фардо ба
дидори дўстон, Муҳаммад ва
ёронаш мушарраф
мешавем»
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 5